Бисёре аз занон, хусусан дар давраи ҳомиладорӣ мехоҳанд худро зебо ҳис кунанд ва зебо ба назар намоянд. Барои якеҳо тағйир додани ҷевони либос кофӣ ҳаст, барои дигаре буридани мӯй ё рангубори нохун ва сеюмин мехоҳад, ки мӯяшро ранг намояд ё ранги мӯяшро навсозӣ кунад, агар онҳо аллакай пеш аз хомила шудан истифода карда буданд.
Вале дар ин маврид модарон дуруст саволи муҳимро муқаррар менамоянд, ки оё имкони ранги мӯйи сари худро доранд ва ин ба кӯдак зарар намерасонад? Дар ин хусус омор ва тадқиқотҳо чӣ мегӯянд? Духтурон чи маслиҳат медиҳанд?
- Агар имконият бошад, албатта, беҳтар аст, дар давраи ҳомиладорӣ мӯйи сарро ранг накунед ва интизор шавед, то баъд аз таваллуд чӣ тавре, ки маъқул аст, муйи худро ба тартиб оред. Дар баъзе сомонаҳо шумо метавонед ҳатто қаблан барои муйи худ ранги мувофиқ ва тартиби мӯйро интихоб намоед.
- Ба он модароне, ки бояд муйи сари худро ранг намоянд, бояд қайд кард, ки баъзе аз маводҳои кимиёвӣ ва газҳо, ки дар сартарошхонаҳо истифода бурда мешавад, ба саломатии кӯдакони таваллуднашуда зарар мерасонад. Баъзе аз онҳо хеле заҳролуд буда, ба воситаи пусти сар зуд ба организм ворид мешаванд ва баъд аз ним соат онҳоро ҳатто дар пешоб пайдо кардан мумкин аст. Илова бар ин, баъзе тадқиқотҳо нишон доданд, ки хатари хурд имкон дорад (тақрибан 3%), ки ранги мӯй метавонад ба рушди бемориҳои дил дар тифлон боис гардад.
- Албатта, агар рангҳои заҳролуди мӯй ва моддаҳои дигар мунтазам ва бисёр истифода бурда шаванд, метавонанд боиси мушкилотҳои ҷиддӣ гарданд. Айнан, барои ҳамин касби сартарошӣ яке аз касбҳои хеле хатарнок барои занони ҳомила мебошад, зеро алоқаи мунтазам бо рангҳои заҳролуд метавонанд сабаби камбудиҳои модарзодӣ ва рушди кӯдак ва ҳатто бачапартои гардад. Агар шумо сартарош бошед (касбӣ ё худфаъолият), пас дар давоми ҳомиладорӣ ба шумо тағйир додани касб беҳтар аст, ё ба ранг кардани мӯйи сари касе худдори намоед.
- Он заноне, ки дар давраи ҳомиладорӣ қарор доданд як ё ду бор ранги мӯйи худро иваз намоянд, дар ин маврид он қадар бад нест ва агар шумо якчанд қоидаҳоро пайравӣ намоед, шумо метавонед хатарро коҳиш диҳед.
- Қоидаи аз ҳама муҳим — ранги мӯйи худро на камтар аз 12 ҳафтаи баъд аз ҳомиладорӣ ранг намудан! Чунки 3 моҳи аввал махсусан барои ташаккулёбии кӯдак муҳим аст.
- Пеш аз кор бо ранги мӯй, аз духтур маслихат пурсед, ки кадом роҳҳо ва рангҳо барои занони ҳомила камтар зарароваранд. Ва дар сартарошхона машварат гиред, ки маҳз кадом намуди рангро ба шумо истифода карданиянд.
- Агар шумо қарор додед, ки мустақилона мӯи худро ранг мекунед, он гоҳ ранги бо тавсияи духтур харидаатонро бо пайравӣ аз чораҳои бехатарӣ истифода баред. Дар мавриди ранг намудани мӯйи худ танҳо дастпўшакҳои резинро истифода намоед ва барои аз ҳад зиёд нафас нагирифтани буғи заҳролуд бо тирезаҳои кушода кор кунед. Пеш аз истифодабарӣ фаъолияти ранги интихобнамудаатонро ба якчанд тори муйи худ санҷиш кунед, чунки дар давраи ҳомиладорӣ, хосиятҳои мӯй тағйир ёфта реаксия ба ранги муйи одаткардаатон метавонанд дигар бошад.
- Рангро дар мӯйи саратон ба муддати дароз нигоҳ надоред — фақат то даме ки лозим бошад, вақти ҳадди ақал ва сипас мӯи худро хеле бодиққат шуед.
- Андеша кунед, барои тағйир додани ранги мӯй истифода бурдан аз рангҳои безарари табиӣ, ба монанди ҳино ва басма беҳтар аст.