АСОСӢ / ГУНОГУН / РАСИДАНИ СЎҲРОБ БА ДИЖИ САФЕД

РАСИДАНИ СЎҲРОБ БА ДИЖИ САФЕД

asp-suhrob

Диже буд, к-аш хондандӣ Сапед,
Бад-он диж буд эрониёнро умед.
Нигаҳбони диж размдида Ҳаҷир.
Ки бо зўру дил буду бо гурзу тир.
Ҳанўз он замон Гаждаҳам хурд буд,
Ба хурдӣ гарояндаву гурд буд.
Яке духтараш буд гурду савор,
Бадандешу гарданкашу номдор.
Чу Сўҳроб наздики он диж расид,
Ҳаҷири диловар мар ўро бидид.
Нишаст аз бари бодпое77 чу гард,
Зи диж рафт пўён ба дашти набард.
Чу Сўҳроби ҷанговар ўро бидид,
Барошуфту шамшери кин баркашид.
Зи лашкар бурун тохт бар сони бод,
Чунин гуфт, к — «Ай, дода ҷонат ба бод!
Ту танҳо ба ҷанг омадӣ хира-хир,
Кунун пой дору инон сахт гир.
Чи мардиву ному нажоди ту чист,
Ки зояндаро бар ту бояд гирист?».
Ҳаҷираш чунин дод посух, ки «Бас!
Ба ҷангат набояд маро ёр кас.
Ҳаҷири далери сипаҳбуд манам!
Ҳам акнун саратро зи тан барканам.
Фиристам ба наздики шоҳи ҷаҳон,
Танатро канад каргас андар ниҳон».
Бихандид Сўҳроб, к-ин гуфтугўй
Ба гўш омадаш, тез бинҳод рўй.
Сабук найза бар найза андохтанд,
Ки аз якдигар боз нашнохтанд.
Чу оташ биёмад гави пилзўр,
Чу кўҳе равон кард аз ҷо сутур.
Яке найза зад бар миёнаш Ҳаҷир,
Наёмад синон андар ў ҷойгир.
Синон бозпас кард Сўҳроби шер,
Буни найза зад бар миёнаш далер.
Зи зин бар гирифташ ба кирдори бод,
Наёмад ҳаме з-ў ба дил дар-ш ёд.
Бизад бар заминаш чу як лахти кўҳ,
Ба ҷону дилаш андар омад сутўҳ.
Зи асп андар омад, нишаст аз бараш,
Ҳамехост аз тан буридан сараш.
Бипечиду баргашт бар дасти рост,
Ғамӣ шуд, зи Сўҳроб зинҳор хост78.
Раҳо кард з-ў ҷангу зинҳор дод,
Чу хушнуд шуд, панди бисёр дод.
Бубасташ ба банд он гаҳе ҷангҷўй,
Ба наздики Ҳумон фиристод ўй.
Ба диж ҳамчу огаҳ шуданд аз Ҳаҷир,
Ки ўро гирифтанду бурданд асир.
Хурўш омаду нолаи марду зан,
Ки гум шуд Ҳаҷир андар он анҷуман!

Муаллиф: А. Фирдавси

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …