Равғани зайтун — Мурод аз ин равғани зайтуни хӯрокӣ аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 65 грамм равғани зайтунро бо 300 грамм оби гарм ё оби ҷав биёшоманд, дарунро башиддат меронад, дарди узвҳои бадан ва ирқуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад; агар инро бо шароб ва оби гарм биёшоманд, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, кирмҳои меъдаро хориҷ месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, арақ меоварад, пешобро меронад; дардҳои буғумҳо, ирқуннасо, дарди сурин ва ғайраҳоро ба ибро меоварад. Агар равғани зайтун хӯрда қай кунанд, заҳрҳоро аз бадан дафъ месозад.
Бо равғани зайтун нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, кулинҷи варамӣ ва гиреҳӣ, дарди миён, дарди буғумҳо ва иркуннасоро шифо мебахшад.
Агар инро бимоланд, дардҳоеро, ки сабабашон моддаҳои ҳунукмизоҷ, ва аз ҳунукӣ бошанд, таскин медиҳад.
Микдори як бор ҳӯрдан аз равғани зайтун дар як рӯз то 35 грамм аст.
Агар баъд аз кашида шудани равғани зайтун шаш сол бигузарад, онро равғани зайтуни қадим меноманд, вале баъзеҳо инро баъд аз шаш моҳ гуфтаанд. Ба ин мафҳум илова намоем, ки дар қуттиҳои ба мамлакати мо аз мамлакатҳои гуногун овардашудаашон тару тозагии мӯҳлати онро шаш моҳ гуфтаанд.
Мизоҷи равғани зайтуни қадим гармтар аз навъи нави он асг.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, моддаҳои ғализро тахдил медиҳад, дарун ва башараро мулоим мекунад, хислати давоҳоро ислоҳ менамояд ва қувватҳои ногувори онҳоро заиф мегардонад, шах шудани узвҳои баданро манъ мекунад, зарари сарморо дафъ месозад.
Агар инро ба чашм кашанд, чашмро қувват мебахшад; гули чашмро, ки тунук бошад, шилпуқӣ ва қӯтури чашмро дафъ мекунад. Ин равған дар бобати дафъ кардани зардоби дар гавҳараки чашм фуромада ба ҷойи қадҳ (бахури Марям) кор фармуда мешавад, ки он низ дафъкунандаи зардоби сӯрохи гавҳарак аст.
Ин равғанро гарм карда ба ҷоии каждум газида бимоланд, дардашро таскин медиҳад.
Равғани зайтуни навро доғ кунанд, то ба нисф расад, баробари равғани зайтуни қадим мегардад. Агар равғани зайтун аз ҳафт сол бигузарад, қуввати шифобахшии он беҳтар аз равғани баласон мегардад. Ин равған ҳарчанд кӯҳнатар шавад, қавитар мегардад.
Қуввати равғани зайтун то чор ҳазор сол боқӣ мемонад.
Чун равғани зайтунро бо ҳамвазни он об биҷӯшонанд, то об бухор шуда равад ва ҳамчунин то шаст маротиба оби нав андохта биҷӯшонанд, баъд он равғанро то нисфаш мондан доғ кунанд, ки инро дар мартабаи шифобахшӣ баландтар аз равғани баласон донистаанд ва инро аз асрори аҷиба шуморидаанд.
Он чӣ равғанро аз самари норасидаи зайтун гиранд, онро зайт-ул-анфоқ меноманд. Беҳтаринаш он аст, ки ба ғайри сӯзон ва бидуни тезӣ бошад.
Мизоҷи ин мӯътадил дар гармиву сардӣ, бо қуввати қабзият аст. Ва ба қавли баъзеҳо, мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад, милки дандон ва худи дандонро мустаҳкам мекунад, узвҳои баданро қувват мебахшад, барои меъда форам ва мувофиқ аст; ахлотро (хун, балғам, сафро ва савдоро) соф мекунад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бадбӯйиро барҳам медиҳад, дамидани арақи баданро манъ менамояд, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, пешоби барзиёдро ислоҳ менамояд. Шустаи онро бихӯранд, ба дарди асабҳо ва моддаҳои гарммизоҷ мувофиқ аст, ранги рухсорро некӯ мегардонад.
Чун 77 грамми онро бо ҳамон микдор асал, бо 25 грамм шилми мустако ва 25 грамм равғани сиёхдона дар ҳаммом се рӯз пайи ҳам биёшоманд ва дар он рӯзҳо оби хунук нанӯшанд, аз тамоми иллатҳои сардмизоҷ, карахтӣ, фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва дигар бемориҳо наҷот меёбанд ва шаҳвати боҳи пирони садсоларо ба ҳаракат меоварад, яъне барқарор месозад.
Равғане, ки аз зайтуни бӯйгирифта кашида бошанд, хӯрданаш дар бадан моддаҳои мурдор ва хориш пайдо мекунад. Дар ин ҳолат шарбати бунафша биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.
Равғани зайтуни даштиро дар хосиятҳои таббӣ монанди равғани гулисурх медонанд.
Ин навъи равғани зайтунро бихӯранд, моддахои рехта ва равоншавандаро рад ва узвҳои баданро сард мегардонад, сиёҳии мӯйро нигоҳ медорад ва рехтани онро манъ мекунад, дандони ҷунбонакро мустахкам мегардонад, намегузорад, ки ба забончаи халқ рутубатҳо, ки ба он сустӣ меоваранд, рехта шаванд, рафтани хунро аз милки дандон манъ менамояд.
Тарзи тайёр кардани ин равған дар замони кадим чунин буд. Самари зайтунро ҷамъ карда ба офтоб мегузоштанд ё дар зарфе ба танӯри тафсон мемонданд, то ки пажмурда ва мулоим гардад. Баъд онро қӯфта, бо роҳи фишурдан равғанашро меситониданд ё ин ки дар об меҷӯшониданд, то бипазад. Баъд молида, соф карда, аз нав то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшониданд. Эҳтиёт мекарданд, то ин ки дар вақти ҷӯшидан равған доғ нагардад.