АСОСӢ / Ҷаҳон / Раёсат
Раёсат

Раёсат

Раёсат – ин як намуди идоракунӣ дар сатҳи давлат ва ё корхона мебошад, ки бо мақсади кам кардани хавф ва зиёд кардани самаранокии раванди идоракунии масъалаҳои кориву ҷамъиятӣ равонашуда мебошад.

Шакли идоракунии раёсатиро ба забони руссӣ «Правление» номида солҳои баъди истиқлолият дар саросари Тоҷикистон хело васеъ истифода мешавад. Барои дар сатҳи баланд ба роҳ андохтани фаъолияти раёсати Низомнома, нақшаи корӣ ва ҳайати аъзоёни Раёсат қабул карда мешавад. Барои гирифтани маълумоти бештар дар поён оиди намунаи Низомномаи Раёсати Тиҷоратбонк оварда шудааст ки истифодааш ройгон мебошад.

НИЗОМНОМА

ДАР БОРАИ РАЁСАТИ ҶСП «ТИҶОАТБОНК”

МУНДАРИҶА

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ………………………………….*
  2. ҲАЙАТИ РАЁСАТ ВА ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ОН……….. *
  3. РЕГЛАМЕНТИ КОРИ РАЁСАТИ БОНК……………………….. *
  4. БА НАҚШАГИРИИ КОРИ РАЁСАТ………………………………..*
  5. ҶАЛАСАҲОИ РАЁСАТ……………………………………………………… *
  6. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ КАРОРҲОИ РАЁСАТ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИШ
  7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ АЪЗОИ РАЁСАТ………………………………………………………….
  8. МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ РАЁСАТИ БОНК………………………………………………………………..
  9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ……………………………………………………………………………………
  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
    • Низомнома дар бораи Раёсати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тиҷоратбонк» (минбаъд — «Низомнома») тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи ҶСП «Тиҷоратбонк» (минбаъд — Бонк) таҳия гардидааст.
    • Низомнома тартиби таъсисёбии Раёсати Бонк (минбаъд — Раёсат), тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Раёсат ва қабули қарорҳо, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти аъзои Раёсат, муайян менамояд.
    • Раёсати Бонк дар фаъолияти худ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Бонк, қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шурои нозирон, Низомномаи мазкур ва дигар хуҷҷатҳои дохилии Бонкро ба роҳбарӣ мегирад.
    • Раёсат ба Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шурои нозирон ҳисоботдиҳанда мебошад. Раёсат иҷроиши қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шурои нозиронро амалӣ менамояд.
    • Қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорон ва Шурои нозирон, ки дар доираи ваколатҳояшон қабул гардидаанд, барои Раёсат ҳатмӣ мебошад.
  2. ҲАЙАТИ РАЁСАТ ВА ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ОН
    • Раёсат мақомоти иҷроияи дастаҷамъии Бонк буда, таҳти роҳбарии Раиси Раёсат идоракунии ҷории фаъолияти Бонкро дар доираи ваколатҳое, ки дар Оинномаи Бонк муқаррар шудааст, ба амал мебарорад.
    • Ҳайати Раёсат аз 4 нафар аъзо, аз ҷумла Раиси Бонк, 1 нафар муовин ва 2 нафар корманди роҳбарикунанда дар бонк иборат мебошад.
    • Раиси Бонк, ҳамзамон Раиси Раёсат мебошад. Аз таърихи ба амал баровардани ваколатҳои худ Раиси Бонк метавонад Бонкро бе ваколатнома намояндагӣ кунад, хуҷҷатҳоро имзо намояд, фармонҳоро интишор намуда, фармоишҳо барорад, аҳдҳо ва шартномаҳоро дар доираи ваколатҳояш ба имзо расонад.
    • Салоҳият ва ваколатҳои Раиси Раёсат ва аъзои Раёсат дар асоси қонунгузорӣ ва Оинномаи Бонк муайян мегардад.
    • Раиси Раёсат ва аъзои Раёсат аз ҷониби Шурои нозирон таъин карда мешаванд. Ҳангоми таъин намудани Раиси Раёсат ва аъзои Раёсат, Шурои нозирон бо қарори худ муҳлати ваколати Раиси Раёсат ва аъзои
    • Раёсат, инчунин шумора ва ҳайати шахсии аъзои Раёсатро муқаррар менамояд.
    • Пеш аз муҳлат катъ гардидани ваколатҳои Раиси Раёсат ва аъзои Раёсат
  1. РЕГЛАМЕНТИ КОРИ РАЁСАТИ БОНК

БА НАҚШАГИРИИ КОРИ РАЁСАТ

  • Раёсат дар асоси нақшаи кории Раёсат фаъолияти худро ба амал мебарорад.
  • Лоиҳаи нақшаи Кори Раёсат ба баррасии Раёсат ҳар семоҳа на дертар аз 7 руз то аввали семоҳа пешниҳод карда мешаванд.
  • Таҳияи лоиҳаи нақшаи Кори Раёсат, назорати иҷрои он ва ташкили гузаронидани ҷаласаҳои Раёсат ба зиммаи Котиби Раёсат вогузор мегардад.

ҶАЛАСАҲОИ РАЁСАТ

  • Ҷаласаи нақшавии Раёсат дар як моҳ як маротиба гузаронида мешавад: дар муҳлати то санаи 15-уми моҳ барои баррасӣ ва баҳогузории ҷамъбастии фаъолияти Бонк, дар давраи ҳисоботии гузашта ва барои баррасии дигар масъалаҳое, ки ба нақшаи кории Раёсат ворид карда шудаанд. Дар мавриди зарурӣ ҷаласаи Раёсат берун аз нақша бо ташаббуси Раиси Раёсат метавонад даъват карда шавад.
  • Котиби Раёсат гузаронидани ҷаласаҳои Раёсатро дар мувофиқа бо Раиси Раёсат, ҳангоми набудани ӯ аз ҷониби муовине, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои Раиси Раёсатро иҷро менамояд, ташкил менамояд.
  • Рӯзномаи ҷаласаи Раёсатро Котиби Раёсат дар асоси нақшаи Кори Раёсат ва масъалаҳои иловагие, ки аз тарафи аъзои Раёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк пешниҳод мегарданд, тартиб дода мешавад.
  • Пешниҳодҳо оид ба ворид намудани масъалаҳои иловагй ба рузномаи ҷаласа бояд на дертар аз муҳлате, ки дар банди 4.8. нишон дода шудааст, ворид гарданд. Ворид намудани масъалаҳо ба рузномаи ҷаласа аз ҷониби Раиси Раёсат дар асоси муроҷиати хаттии аъзои Раёсат ё роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонк амалӣ мегардад.
  • Маводҳо барои баррасӣ дар ҷаласаҳои Раёсат аз ҷониби аъзои Раёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Саридораи Бонк ба котиби Раёсат то 5 руз пеш аз баргузории он, пешниҳод карда мешаванд.
  • Ба масъалае, ки ба баррасии ҷаласаи Раёсат бароварда мешавад, ҳуҷҷатҳои зерин бояд замима гарданд: лоиҳаи қарор, тавзеҳнома, маводҳои иттилоотӣ (маълумотнома, ҷадвалҳо, ҳисобҳо ва ғ.), дигар маълумотҳое, ки барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо зарур мебошанд.

Маводҳои ба ҷаласа пешниҳодшаванда бояд чоп гардида, аз тарафи иҷрокунандаҳо ба имзо расонидашуда, аз тарафи аъзои Раёсат, роҳбарони сохторҳои дахлдор, ки барои омода намудани масъала масъуланд ва Сардори шуъбаиҳуқуқ, ки таъмини ҳуқуқиро ба зимма дорад, мувофиқа карда мешаванд.

Дар лоиҳаи қарорҳои Раёсат муҳлати иҷроиши чорабиниҳои дарназардошташуда ва шахсони мутассадӣ барои иҷро ва назорати онхо нишон дода мешаванд.

Дар ҳолати пайдо шудани эродҳои чиддӣ аз ҷониби аъзои Раёсат ва сохторҳои воҳидии Бонк нисбати маводҳое, ки барои баррасй ба ҷаласаи Раёсат пешниҳодгардидаанд, маълумотнома оиди ислоҳҳои воридшуда аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори Бонк замима мегардад.

  • Котиби Раёсат, Раиси Раёсатро бо ҳолати тайёрии масъала барои муҳокимаи он дар ҷаласа, шинос мекунад. Дар ҳолати тайёрии нокифоя ва/ё мавҷуд будани мухолифати ҷиддӣ байни пешниҳодҳои аъзои Раёсат оиди моҳияти масъала, Раис ҳуқуқ дорад онро аз рузномаи ҷаласа бе муҳокима хориҷ намуда, барои такмил додан ба иҷрокунанда баргардонад.
  • Пас аз мувофиқа карда шудани санаи ҷаласаи навбатӣ, рузномаи ҷаласа ва руйхати даъватшудагон бо Раиси Раёсат, маводҳои ҷаласа ба аъзои Раёсат ва шахсони даъватшуда 3 руз пеш аз баргузории ҷаласа аз тарафи котиби Раёсат пешниҳодкарда мешаванд.
  • Ҷаласаҳои Раёсат метавонанд дар шакли маҷлис ҳангоми иштироки аъзои Раёсат ва дар шакли овоздихии ғоибона, ки қарорҳояш бо роҳи пурсиш қабул мегарданд, гузаронида шаванд.
  • Ҷаласаи Раёсат ҳангоми иштироки беш аз нисфи ҳайати умумии аъзои Раёсат ваколатдор (комилҳуқуқ) мегардад.
  • Дар ҷаласаҳои Раёсат Раиси Раёсат ва ҳангоми набудани у муовин — иҷрокунандаи ҳуқуқ ва ухдадорихои Раиси Бонк раисӣ мекунад. Котиби Раёсат, ки бо фармони Раиси Бонк таъин гардидааст ва дар ҳолати муваққатан ҳузур надоштани Котиби Раёсат вазифаҳои ӯро корманди Бонк, ки бо фармони Раиси Бонк муайян шудааст, иҷро менамояд.
  • Раисикунанда дар ҷаласаи Раёсат: роҳбарии ҷаласаро ба зимма дорад, барои маърузаву баромад сухан медиҳад, музокираҳоро ҷамъбаст менамояд, риояи регламентро таъмин мекунад, лоиҳаи карорҳо ва пешниҳодҳоро вобаста ба масъалаҳое, ки дар ҷаласа баррасӣ мегарданд ба овоз монда, натиҷаи онро эълон мекунад, ҷаласаро пушида эълон менамояд, протоколро имзо мекунад.
  • Баррасии масъалаи рузнома дар ҷаласаи Раёсат бо тартиби зерин амалӣ мегардад: маърузаи шахсе, ки барои омода намудани масъала масъул мебошад, шунида мешавад, ба маърузачӣ ва дигар шахсони дар ҷаласа иштирокдошта саволҳо дода мешавад, раисикунанда пешниҳодҳои воридгардидаро нисбати лоиҳаи қарорҳо ҷамъбаст менамояд.
  • Дар ҷаласаи Раёсат вақт барои маърузаҳо то 10 дақиқа, баромадҳо — 5 дақиқа, барои маълумот — 3 дақиқамахдуд карда шудааст. Ҳангоми муҳокимаи масъала аъзои Раёсат ва ё даъватшудагон метавонанд пешниҳодҳои худро бо асосноккунии он на зиёда аз як маротиба изҳор намоянд. Ҳуқуқ барои баромади такрорӣ танҳо бо розигии раисикунанда дода мешавад. Муҳокимаи масъала бо пешниҳоди раисикунанда қатъ мегардад, ки онро ба овоз мемонад ва ё аз рузномаи ҷаласа хориҷ менамояд.
  • Масъалаҳое, ки нисбаташон аз ҷониби аъзои Раёсат дар ҷараёни мувофиқасозии қаблй эродҳои хаттӣ ворид нагардиданд, бе муҳокима ба овоз монда мешавад.
  • Забони корӣ дар ҷаласаҳои Раёсат забони давлатӣ мебошад.
  • Котиби Раёсат дар ҳолати зарурӣ сабти стенографй, аудиоиро ба амал бароварда, нигоҳдории минбаъдаи маводхои мазкурро таъмин менамояд.
  • Овоздиҳи дар ҷаласаи Раёсат аз рӯи рӯзномаи ҷаласа кушода мебошад. Қарорҳо бо аксарияти овозҳои аъзои иштирокдоштаи Раёсат қабул мегарданд. Ҳар як аъзои Раёсат соҳиби як овоз буда, вогузор намудани он ба шахси дигар мумкин нест. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози Раиси Раёсат ҳалкунанда мебошад.

БА РАСМИЯТДАРОВАРДАНИ ҚАРОРҲОИ РАЁСАТ ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИШИ ОНҲО

  • Ҳалли масъалахои Раёсат вобаста ба рӯзномаи ҷаласа бо қарор ба расмият дароварда мешавад. «Ҷараёни гузариши ҷаласа аз ҷониби Котиби Раёсат дар протокол қайд мегардад. Дар протоколи ҷаласа рақами тартибии протокол аз аввали сол, санаи ҷаласа, ному насаби раискунанда, аъзои Раёсат, ному насаб ва вазифаи шахсоне, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳое, ки ба овоздиҳй гузошта шудаанд ва натиҷаҳои овоздиҳӣ аз рӯи онхо, инчунин қарорҳои қабулшуда нишон дода мешавад. Протокол дар муҳлати на дертар аз 3 руз баъд аз гузаронидани ҷаласа ё овоздиҳии ғоибона тартиб дода мешавад.
  • Протоколро Раисикунандаи ҷаласа ва котиби Раёсат ба имзо мерасонад. Қарорҳои Раёсатро Раиси Раёсат ба имзо мерасонад.
  • Протоколҳо, қарорҳо ва иқтибос аз онхо аз тарафи котиби Раёсат баъд аз ба имзо расидан фавран ба воҳидҳои дахлдори сохторӣва амалиётии Бонк, инчунин дар ҳолати зарурӣ ба дигар шахсон расонида мешаванд.
  • Протоколҳо ва қарорҳои Раёсат дар Саридораи Бонк нигоҳ дошта мешаванд.
  • Назорат аз рӯи иҷроиши қарорҳои Раёсат аз ҷониби котиби Раёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ амалӣ мегардад.

Котиби Раёсатҳуқуқ дорад, ки дар доираи амалӣ намудани назорат аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва амалиётӣиҷроиши қарорҳои Раёсатро талаб намояд.

  • Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ уҳдадоранд то ба итмом расидани муҳлати иҷрои карори Раёсат ба котиби Раёсат дар бораи иҷро шудани онҳо ва дар сурати дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро нашудан — бо шарҳи сабабҳои иҷро нашудан, маълумотнома пешниҳоднамоянд.

Ҳангоми дар муҳлатҳои муайянгардида иҷро нашудани қарори дахлдори Раёсат, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадоранд дар муҳлати на камтар аз 3 рӯзи то ба итмом расидани муҳлати иҷрои он бо дархост ба Раиси Бонк дар бораи дароз намудани иҷроиши карори мазкур бо шарҳи сабабҳои иҷро нагардидани он муроҷиат намуда, аз натиҷааш котибро хабардор намоянд.

  • Доир ба рафти иҷрои қарорҳокотиб ҳармоҳа ба Раис ва аъзои Раёсат иттилоъ медиҳад.
  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРҲОИ АЪЗОИ РАЁСАТ
    • Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аъзои Раёсат тибқи конунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Бонк ва ҳамин Низомнома муайян карда мешаванд.
    • Аъзои Раёсати Бонк ҳуқуқ доранд:
  • даъвати ҷаласаи Раёсатро талаб намоянд;
  • масъалаҳоро бобати ворид намудан ба рӯзномаи ҷаласаи Раёсат пешниҳоднамоянд;
  • аз рӯи масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласаи Раёсат гузошташуда овоздиҳанд;
  • ҳама гуна маълумотро, ки ба ваъзи молиявии Бонк ва натичаҳои фаъолияти он дахл дорад, аз тамоми воҳидҳои сохторӣ, шуъбаҳои амалиётӣ ва хадамотҳои Бонк дастрас намоянд;
  • дигар ҳуқуқхое, ки бо қонунгузорй ва Оинномаи Бонк пешбинӣшудаанд.
    • Аъзои Раёсат уҳдадоранд:
  • дар ҷаласаҳои Раёсат иштирок намоянд;
  • аз амалҳое, ки метавонад ва ё эҳтимолияти ба вуҷуд овардани бархурди манфиатҳоро байни манфиатҳои аъзои Раёсат ва манфиатҳои Бонк ба миён меоранд, худдорй намоянд ва дар ҳолати пайдо шудани чунин бархурд — фавран ба Шурои нозирони Бонк ва Раиси Бонк хабар диҳанд;
  • маълумотҳоро вобаста ба фаъолияти Бонк махфӣ нигоҳ доранд;
  • қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорони Бонк, Шурои нозирон ва Раёсатро иҷро намоянд;
  • қоидаҳои идоракунии корпоративиро дар Бонк риоя намоянд.
    • Аъзои Раёсат ҳуқуқ надоранд вазифаҳоро дар дигар ташкилотҳои қарзй ишғол намоянд. Аз ҷониби аъзои Раёсат, ки корманди штатии Бонк мебошад, ишғол намудани вазифа дар макомотҳои идоракунии дигар ташкилотҳое, ки ташкилотҳои қарзй намебошанд, танҳо бо ризоияти Шурои нозирон роҳ дода мешавад.
    • Аъзои Раёсат ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқҳои худ ва иҷроиши вазифаҳояшон бояд ба манфиатҳои Бонк бошуурона ва боинсофона фаъолият намоянд.
    • Аъзои Раёсат, ки вазифаҳои воҳиди бастиро дар Бонк ишғол менамоянд, ҳуқуқи гирифтани подошпулй барои фаъолият дар Раёсат доранд.
  1. МАСЪУЛИЯТИ АЪЗОИ РАЁСАТИ БОНК
    • Асос, ҳаҷм ва шакли масъулияти аъзои Раёсати Бонк барои зарари ба Бонк расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян мегардад.
  2. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЙ
    • Тасдиқи Низомномаи мазкур, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он дар асоси қарори Шурои нозирони Бонк амалй мегардад.
    • Дар ҳолати мухолифат доштани меъёрҳои Низомнома ба талаботҳои Оинномаи Бонк, меъёрҳои Оиннома мавриди амал қарор мегиранд.
    • Агар дар натиҷаи тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои алоҳидаи Низомнома ба он мухолифат намоянд, ин бандҳо эътибори худро гум карда, Низомнома дар қисме, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад, амал менамояд.

Инчунин хонед инро

Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ — нависанда

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ чун адиби пуркору сермаҳсул дар рушду нумуи насри давраи нави тоҷик …