АСОСӢ / ГУНОГУН / Ривоҷи соҳибкорӣ — рушди иқтисодиёт

Ривоҷи соҳибкорӣ — рушди иқтисодиёт

Имрӯз саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёт, со- зандагию бунёдкорӣ ва таъ- мини аҳолӣ бо молу маҳсулот хеле назаррас аст. Чуноне ки раиси Ассотсиатсияи «Ми- лал — Интерн» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Боймаҳмад Алибахшов мегӯяд, дар кишвар баъди барқарор гардидани сулҳу субот ба хоти- ри рушди иқтисодиёт қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ба василаи эълон гардидани си- ёсати дарҳои боз, кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ҳадафи стратегии давлат эълон шуда буд, баромад. Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб, Қалъаихумб -Қулма, Хоруғ, Мурғоб — Қошғар ифтитоҳ ёфтанд. Таъсиси бозорҳои наздимарзӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим ва Дар- воз ба рушд ва вусъат ёфтани соҳибкорӣ такони муассир гузошт. Бо истифода аз чунин фурсати муносиб соли 2011 Ассотсиатсияи “Милал-Интерн” бо ширкати соҳибкорони вата- нию хориҷӣ Форуми байнал- милалии «Помир-Инвест»-ро таъсис дод. Дар ин давра бо кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ, соҳибкорони Вилояти Мух- тори Кӯҳистони Бадахшон ва шарикони рушд 6 маротиба форум баргузор гардид. Дар ин форумҳо аз кишварҳои хориҷӣ низ соҳибкорону сар- моягузорони хориҷӣ ширкат доштанд ва бо соҳибкорони ВМКБ ҳамкорӣ барқарор карданд.

Хурсандиовар аст, ки соли 2019 дар баргузории форум баробари Ассотсиатсияи «Милал- Интерн» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ фаъолона ширкат варзид. Ассотсиатсия кӯшиш намуд, ки барои пайдо ва ба роҳ гузоштани ҳамкорӣ бо сар- моягузорони дохилию берунӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ кӯмак расонад.

Дар ибтидои солҳои 2000 дар вилоят кулли соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ хусусӣ гардонида шуданд. Дар солҳои сипаришуда 100 корхонаи хурд, махсусан, дар соҳаи сав- до ва хизматрасонӣ таъсис ёфта буданд. Бо вуҷуди мушкилот соҳаи соҳибкорӣ рушд кард. Ҳоло, тибқи маълумоти оморӣ, 98 дарсади гардиши мол дар вилоят ба зиммаи соҳибкорон аст. Дар сохторҳои хусусӣ 70 дарсади аҳолии қобили кор фаъолият доранд, 50 дарса- ди буҷети вилоят аз ҳисоби соҳибкорон таъмин мегардад.

Боиси таассуф аст, ки ҳанӯз ҳам бештари соҳибкорони маҳаллӣ ба харидуфурӯши молу маҳсулот машғуланд ва иддаи ками соҳибкорон ба соҳаи саноат, аниқтараш, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ рӯ овардаанд. Пас аз он ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чору- ми стратегии кишварро рушди соҳаи саноат эълон карданд ва ба соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ машғул мешаванд, имтиёзҳо муқаррар шуд, теъдодашон рӯ ба афзо- иш ниҳод. Ҳоло соҳибкорони муваффақи вилоят Соҳиббахт Мардонаева, Набот Додихудо- ева, Лаълӣ Мамадсултонова, Абдуллоҳ Таваллоев, Фирӯз Амонбеков, Қурбонбек Шера- лиев, Орифшоҳ Қурбоншоев ба таъсис додани корхонаҳои саноатӣ оғоз намудаанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар ВМКБ солҳои охир имкониятҳои му- соид фароҳам оварда шудаанд. Асоси пешбурди кор он аст, ки соҳибкорони вилоят имконият пайдо карданд, ки мубоди- лаи молу маҳсулоти худро бо соҳибкорони бурунмарзӣ ба роҳ монанд. Онҳо ба кишварҳои Чину Туркия, По- кистон ва мамлакатҳои Ав- рупо сафар карда, таҷрибаи соҳибкорони ин давлатҳоро меомӯзанд ва баъди бозгашт кӯшиш мекунанд, ки мувофиқи имкониятҳои молию иқтисодӣ дар фаъолияти худ навовариҳои
техникӣ ва технологӣ ворид на- моянд. Ҳамчунин, ҳар сол дар намоишгоҳҳои байналмилалии марбут ба тиҷорату саёҳат ширкат варзида, таҷриба меомӯзанд.

Бояд хотиррасон кард, ки соҳибкорӣ соҳаи пурмасъу- лият аст, каме фориғболию бепарвоӣ ва интихоби роҳи нодуруст метавонад ҳамаи заҳматаҳоро барбод диҳад. Коре бояд кард, ки сармоягузо- рон на танҳо аз лиҳози маблағ аз соҳибкорон пуштибонӣ ку- нанд, балки бозорро низ ба- рояшон пайдо намоянд. Зеро дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бозорҳо барои тиҷорат чандон васеъ нестанд. Ба гунаи ми- сол, дар ҳудуди вилоят барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ашёи зиёди хом мавҷуд аст, аммо барои табдил додани он ба маҳсулоти тайёр касе ҷуръат намекунад. Зеро харидоронаш кам аст ва барои берун баро- вардани он аз ҳудуди вилоят шарикони боэътимод пайдо намекунанд. Ҳатто аз санге, ки дар гирду атроф зиёд аст, дуруст истифода намешавад. Агар аз санг биноҳоро бунёд кунанд, онҳо садсолаҳо ха- роб намешаванд. Ба ҷуз ин, садҳо тан аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Ё бигирем корка- ди пӯсту пашмро. Ҳамасола даҳҳо тонна чунин маҳсулоти қимматбаҳо дар вилоят нобуд мешавад. Дар ин бора бисёр мегӯянду менависанд, аммо ягон соҳибкоре ба ҳаллу фасли ин масъала ҷиддӣ машғул на- мешавад. Дар коркарди санги мармар низ ҳамчунин. Барои бунёди коргоҳҳои коркарди обҳои маъданию лозурӣ ва шарбатҳо имконияту шарои- ти хуб муҳайё аст.

Дар назди бозорҳои марзӣ коргоҳҳои коркарди пашму пӯстро таш- кил кардан лозим аст. Талабот ба пӯсту пашми тозакарда- шуда беандоза зиёд аст. Дар ноҳияи Ишкошим хокаи талк аст, ки аз он барои биноҳои баландошёна ранг истеҳсол мекунанд. Ин маҳсулот на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки дар бозорҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон талабгорони зиёд дорад ва нархаш ҳам хеле баланд аст. Дар ноҳияи Ванҷ як навъ ашёи хоме мавҷуд аст, ки аз он хокаи гаҷ ё алебастр истеҳсол мекунанд. Мутаасси- фона, соҳибкорони маҳаллӣ ба чунин корҳо таваҷҷуҳи камтар доранду бештар ба харидуфурӯши молу маҳсулоти воридотӣ машғуланд

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …