АСОСӢ / ГУНОГУН / РМА чист? — барои чиз лозим ба АНДОЗ ….

РМА чист? — барои чиз лозим ба АНДОЗ ….

Нахуст, бигӯед, ки рақами мушахаси андозсупоранда чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва он ба киҳо дода мешавад?

Рақами мушаххаси андозсупоранда ҳуҷҷатест, ки дар баробари шиносномаи шаҳрвандӣ ба ҳар як сокини доимии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғуланд, дода мешавад. Бо ибораи дигар гӯем, ба ҳар андозсупоранда – шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми баҳисобгирӣ дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад. Инчунин, ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ, дар баробари додани рақами ягонаи мушаххаси бақайдгирии давлатӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад.

56950Расмиёти баҳисобгирӣ, пешниҳоди рақами ягонаи мушаххас, рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатнома ройгон анҷом дода мешавад. Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба шахси воқеӣ-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дар шиносномаи ин шахси воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори дахлдори давлатӣ сабт карда мешавад. Ёдрас мешавем, ки рақами мушаххас ба андозсупоранда танҳо як маротиба дода шуда, тағйир дода намешавад ва наметавонад ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ) ҳатто дар ҳолати барҳам дода шудани ҳамин андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳидаи он), қатъ гардидани фаъолияти филиали (намояндагии) шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ, дода шавад.

Ҳангоми бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва (ё) намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар баробари додани рақами ягонаи мушаххаси бақайдгирии давлатӣ шаҳодатнома низ дода мешавад. Инро метавонед шарҳ диҳед? Бале, мақомоти андоз ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад. Дар сурати мавҷуд будани воҳидҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, дигар объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои марбут ба андозбандӣ ба шахсони зикргардида, инчунин, рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан муқаррар карда мешаванд. Ин гуна рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, ба муассисаи доимии ғайрирезиденте, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе филиал (намояндагӣ) ё агентҳои ваколатдорнамудаи худ анҷом медиҳад низ муқаррар карда мешаванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар кадом синну сол метавонанд рақами мушаххаси андозсупорандаро гиранд? Шахсони воқеӣ-резидентони то синни 16 Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ихтиёран ва шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд, уҳдадоранд барои гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда ба мақомоти андоз муроҷиат намоянд. Новобаста аз муқаррароти Кодекси андоз, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ-ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти андозбандӣ дорад, бо пешниҳоди ариза аз лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ оид ба пардохти андозҳо дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуда, бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин карда мешавад. Дорандагони рақами мушаххаси андозсупоранда кадом уҳдадориҳоро ба зимма доранд? Андозсупорандагон уҳдадоранд рақами мушаххаси худро дар ҳисоботи андозӣ, мукотибот бо мақомоти андоз, гумрук ё молия, дар муносибатҳои мутақобила бо дигар мақомоти ваколатдор, дар эъломияҳои гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, харҷномаҳо, чекҳои дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, ҳуҷҷатҳои корӣ, шартномаҳо, бланкҳо ва муҳрҳо нишон диҳанд.

Бояд дар хотир дошт, ки анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ, аз ҷумла амалиёт бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, ки барои онҳо ситондани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, инчунин, додани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо ва шаҳодатномаҳои бақайдгирии ҳуқуқӣ истифодаи қитъаи замин, ба кор қабул намудан, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва ё воситаи дигари ҳисоботи молиявӣ, маблағгузаронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, насия додани молҳо (бо пардохти арзиши онҳо аз рӯи муҳлатҳо), додани қарз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ба истиснои амалиёти воридот ва хароҷот аз рӯи ҳисоботи амонатии (пасандозии) шахсони воқеӣ ва барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ бе пешниҳоди рақами мушаххаси андозсупоранда манъ аст.

Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақами мушаххаси андозсупоранда, рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, инчунин, қоидаҳои тайёр намудани муҳрҳо, гузоштани муҳрҳо ва ба расмият даровардани сабти рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …