Таълифи китобҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» зиёда аз 15 сол давом мекунад. «Духтари оташ» воқеаҳои ибтидои асри ХХ то инқилоби Бухороро фаро мегирад. «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» ба воқеаҳои солҳои 1920-1922 оид мебошанд. Дар асарҳои сегона зиёда аз 300 персонаж фаъолият доранд.
«Духтари оташ» дорои сужети мураккаб ва мавзӯъҳои гуногун мебошад. Нависанда солҳои зиёд воқеаҳои таърихии Бухорои ибтидои асри XX ва тақдири таърихии занони тоҷикро дар ин давра меомӯзад.
Дар ин миён саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ном зани муборизу далер таваҷҷуҳи ӯро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ин зани 76-солаи бухорой дар хурдӣ ҳамроҳи модаркалонаш — Дилором- каниз дар ҳавлии Қароқулибой хидмат мекардааст. Баъди вафоти модаркалон рӯзгори фоҷианокеро аз сар гузаронида, баҳри зиндагии арзандаи занони тоҷик талош мекунад. Саргузашти Саломат Ҷаҳонгирова ба нависанда барои навиштани асари «Духтари оташ» роҳ мекушояд.
Аз ин рӯ, дар «Духтари оташ» як қисм образҳо шахсҳои таъ- рихианд ва баъзан, бо номҳои худашон дар асар ширкат доранд. Аз ҷумла, прототипи образи Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова буда, Дилоромканиз бо номи худаш ширкат дорад.
Романи «Духтари оташ» аз се қисм иборат аст. Қисми «Дило- ромканиз» аз ҳафт боб иборат буда, рӯзгори Дилоромканиз ва набераи ӯ — Фирӯзаро дар гузари Абдуллохӯҷаи Бухоро дар бар мегирад. Ин қисмат саргузашти Дилоромкампири навадсола, ба мактаби Оймуллои Танбӯр даромадани Фирӯза ва моҷарои тӯйи Ғаниҷонбойбачаро фаро гирифта, бо марги Дилоромканиз анҷом меёбад.
Қисми дуюм «Дарбадарӣ» ном дошта, аз 16 боб иборат аст ва тақдири Фирӯзаро баъди марги модаркалонаш фаро мегирад. Дар ин бахш воқеа миёни образҳои мусбат ва манфӣ торафт шид- дат меёбад ва Фирӯза бо ёрии хешовандон ва эътиқодмандонаш Ҳайдарқул, Асо ва Аҳмадҷони Машкоб аз дасти Ғаниҷонбой ҷон ба саломат мебарад.
Қисми «Дӯст ва душман» аз 14 боб иборат буда, фаъолияти Фирӯза ва ҳаммаслаконашро то инқилоби Бухоро фаро мегирад.
Барҳам хӯрдани ҳукумати амирӣ барои Фирӯза ва дигар заноне, ки ба ҳарамсаройи амир хидмат мекарданд, ҳодисаи фараҳбахш буд.
Умуман, дар романи «Духтари оташ» 130 персонаж мушоҳида мешавад ва ба воситаи амалиёт ва бархӯрди онҳо масъалаҳои бис- ёре мавриди тасвир қарор мегиранд. Образҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Аҳмадҷони Машкоб, Оймуллои Танбӯр, Шамсия, Асо, Ҳайдарқул, Истад (мусбат), Ғаниҷонбойбача, Абдурраҳмонбек, Мағфират, Қароқулибой, Нусратулло (манфӣ) ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳм гирифтаанд.
Дар байни мавзӯъҳои гуногуни «Духтари оташ» мавзӯи зан мавқеи марказӣ дорад. Ҷалол Икромӣ дар тасвири образи занон роҳу усулҳои ба худ хосро истифода карда- аст. Нависанда зиндагии камбағалона ва ҳаёти ногувори табақаҳои поёни занони тоҷикро тасвир карда, пеш аз ҳама, масъалаҳои шаъну эътибори инсонӣ, иззати нафс, сарбаландӣ ва шарафу номусро ба миён мегузорад.
Дилоромканиз як умр хидмати боёну мансабдоронро ба ҷо овардааст. Ӯ бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиро аз сар гузаронд ва шоҳиди беадолатию нобаробариҳои зиёде гар- дид. Хислати Дилоромканиз дар ҷараёни зиндагӣ такмил меёбад ва рафта-рафта ба дараҷае мерасад, ки назди қувваи иродаи вай ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мемонанд. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътибо- рашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад. Дилоромканиз ба оқсақол[1], ки ӯро ноқисулақл меномад, чунин ҷавоб медиҳад:
— Ту, оқсақол, ҳанӯз ба собуни ман ҷомашӯйӣ накардаӣ! — гуфт вай таҳдидомезона. — Ноқисулақл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаъламҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда, аз атрофи сари дегат бохабар шав!
Суханҳои нишонраси вай ҳар гуна рақиби тундмизоҷро ҳам мағлуб менамояд. Бойдухтари даҳанкалону ҳавобаланд Мағфират рӯзи тӯяш Фирӯзаро меранҷонад ва ба ғазаби Дилоромканиз ги- рифтор мешавад. Ба суханҳои кампир: «Шӯхиатонро ба тайи чимилчиқ[2] ҷамъ карда монед, пошшохон[3]!», ё «бисёр телба[4] наша- вед, пошшохон, ба сӯзу гудоз вақт меёбед» Мағфират ҷавоб ёфта
наметавонад. Дилоромканиз дар айни ҳол зани ҳалиму меҳрубон аст. Ӯ такягоҳ ва саробони наберааш Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Аҳмадҷони Машкоб, Асо мебошад. Ба Ҳайдарқул, ки қасоси зану фарзандашро аз Ғаниҷонбой гирифтан мехост, маслиҳатҳои фои- даовар медиҳад.
Агар образи Дилоромканиз танҳо дар «Духтари оташ» ба на- зар расад, пас образи Фирӯза дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» низ давом мекунад. Вале хислату шахсияти ин образ дар китоби аввали сегона инкишоф ва такмил меёбад. Баъд аз вафоти Дилоромканиз Фирӯзаи 12-соларо Оймуллои Танбӯр ба тарбияи худ мегирад. Ин зани бомаърифат ва меҳрубон ба Фирӯза савод меомӯзад ва ӯро ба пастиву баландиҳои зиндагӣ ошно месозад.
Фирӯза як муддат дар ҳавлии Ғаниҷонбой дар қатори кани- зони ӯ ҷой гирифт. Меҳнати вазнин ва муносибати дағалона дар ин даргоҳ боиси обутоб ёфтани характери Фирӯза гардид ва дар ниҳоди ӯ ҳисси кӯшишу талошро бедор кард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам».
Хислатҳои сарбаландӣ, кордонӣ ва ҳақталошиҳои Фирӯза аз модаркалонаш ба мерос мондааст. Ӯ дар охири асар чун зани собитқадам ва дорои иззати нафси баланд ба назар мерасад. Су- ханони зерини Фирӯза симои ҳақиқии ӯро равшану возеҳ нишон медиҳанд: «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед, ки, — гуфт бо ово- зи баланд Фирӯза, — мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг на- метарсем. Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзаду хокистар шавад хонумонатон, ки хонумони моро сӯхтед».
Дар китоби «Духтари оташ» ҳар як образ, хоҳ асосӣ бошад ва хоҳ ёрирасон, симои хоси худро дорад. Махсусан, образҳои Ой- муллои Танбӯр ва Шамсия ҷолиби диққатанд. Оймуллои Танбӯр ба таълиму тарбияи Фирӯза ва Шамсия саҳм дорад ва шогирдон- ро чун фарзанд азиз медорад. Ин ҳолатро, алалхусус, аз тасвири лаҳзаи хатхонии Оймулло бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Шамсия, духтари Абдурраҳмонбеки миршаб, чун нишонаи эъти- роз ба қувваҳои бадӣ худкушӣ мекунад ва пеш аз марг як порча хатти видоӣ менависад. Падар баъди ба хок супоридани духта- раш Оймуллои Танбӯрро барои хондани хатти Шамсияи марҳум даъват мекунад.
Оймулло ҳангоми хондани мактуб чандин маротиба модар- вор мегиряд. Аз ҷумла, баъди хондани байти зерин:
Ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам, Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам?
Оймулло боз ба зӯрй гиряашро фурӯ бурду гуфт:
— Саъдихонам, шеърдонам, шоираи ширинкаломам!
Мактуби видоии Шамсия басо пурсӯз ва ҷонгудоз буда, дар айни ҳол муносибати самимонаи устоду шогирдро ба таври возеҳ ошкор месозад. Шамсияи ноком дар охири мактуб аз падар хоҳиш мекунад: «Шумо агар арвоҳи маро шод кардан хоҳед, Оймуллои азизамро муҳтарам шуморед».
Дар асар нақши мардон низ назаррас аст. Образҳои мусбат Ҳайдарқул, Асо, Аҳмадҷони Машкоб, Ашрафҷон, Истад — ҳама мардони оқил, росткор, поктинат ва адолатхоҳ мебошанд ва дар ҷараёни зиндагӣ ботинан комилтар мегарданд. Ҳайдарқул дар аввал танҳо баҳри қасосгирӣ аз Ғаниҷонбой ва Саиди Маст бархоста буд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ меку- нам: ниқор![5] Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфатзадаам ва ниқори худамро мегирам». Вале баъдтар маҳдудии мақсади худро дарк намуда, баҳри озодӣ ва хушбахтии тамоми ҳамватанон талош меварзад.
Образҳои манфӣ низ боварибахш ва табиӣ ба тасвир ома- даанд. Нависанда гоҳо персонажҳои манфиро ба андеша во- дор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро равшану возеҳ мекушояд. Масалан, дараҷаи баланди беномусӣ, гарданшахӣ ва ҷоҳилии Абдурраҳмонбеки миршаб аз андешаи зерини ӯ маълум мешавад: «Миршаб… хатро… ба кисабағалаш андохт ва… аз хаёлаш мегу- заронид, ки ба ҳамаи ин ҳодиса ва фоҷиа, пеш аз ҳама, мактаб ва босаводӣ гунаҳгор аст, агар Шамсия босавод намешуд, агар шеърдону китобхон намебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ қадам намегу- зошт».
Ҳамин тариқ, образҳои «Духтари оташ» дар баробари таъси- ри бадеӣ доштан хонандаро водор мекунанд, ки ба ҷомеа ва ода- мон муносибати оқилона дошта бошад ва аз ҳар рӯйдоди зиндагӣ панде гирад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Чаро зиндагии Саломат Ҷаҳонгироваи 76-сола таваччуҳи Ҷалол Икромиро чалб намуд?
- Кадом образҳои «Духтари оташ» дар дигар романҳои сегона низ ширкат меварзанд?
- Дар бораи фаслҳои роман маълумот диҳед.
- Чаро образи Дилоромканизро бозёфти адабии Ҷ. Икромӣ мено- манд?
- Дар бораи образи Фирӯза чӣ медонед?
- Боз кадом образҳои занҳо дар хотиратон нақш бастаанд?
- Образҳои мусбати мардҳо кадомҳоянд ?
- Образҳои манфии мардҳо ном баред?
САВОЛИ ТЕСТӢ
- Кадом образ, аз занони «Духтари оташ», чун нишони эътироз худкушӣ мекунад?
- Оймуллои Танбӯр: Б) Шамсия;
- Фирӯза;
Г) Мағфират;
Ғ) Савсан.
- Ҷ. Икромӣ барои эчод кардани кадом асараш сазовори Ҷоизаи ада- бии Точикистон ба номи Рӯдакӣ гардид?
- барои қиссаи «Ҷавоби Муҳаббат»
Б) барои романи «Ман гунаҳгорам»
- барои романи «Зоғҳои бадмур»
Г) барои романи «Духтари оташ»
Ғ) барои романи «Хатлон»
[1] Оқсақол — сардори маҳалла, шахси боэътибор.
[2] Чимилчиқ — чодар, чодари арӯсӣ.
[3] Пошшохон — шоҳдухтар, духтари баландмартаба.
[4] Телба — саросема шудан, шитоб кардан.
[5] Ниқор — қасос