АСОСӢ / ГУНОГУН / РОМАНИ «МАН ГУНАҲГОРАМ»

РОМАНИ «МАН ГУНАҲГОРАМ»

«Ман гунаҳкорам» ба зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо бахшида шудааст. Роман аз оғоз, шонздаҳ боб ва хотима иборат мебошад. Дар оғоз

Ҷ. Икромӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба утоқи кории прокурор ҷалб менамояд. Шахси ба ҷавобгарӣ кашида дар назди прокурор мегӯяд: «Бале… бале… ман гунаҳгорам, ҳамаи гуноҳ аз ман содир шуд…»

Ин сухан боиси пайдо шудани саволҳо мегардад: ин шахс кист?

Чаро худро гунаҳгор мешуморад? Ва гуноҳаш чист? Мундариҷаи асосии асар ба саволҳои боло ҷавоб медиҳад. Ҳар боб бо эпи- граф — як порчаи шеърӣ аз назми хаттӣ ё шифоҳии тоҷик шурӯъ мешавад. Эпиграфҳо ба мазмуни бобҳо ишора карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба мундариҷаи асар бештар менамоянд. Боби аввал ба табиати зебои деҳаи Лолазор ва зиндагии осудаҳолонаи оилаи директори мактаби деҳа Анвар Салимов бахшида шудааст. На- висанда мувофиқи мундариҷаи боб чор мисраъ шеъри Саъдиро чун эпиграф интихоб намудааст:

Алами давлати Наврӯз ба саҳро бархост, Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост. Ҳар касеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд, На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Чунин порчаҳои шеърӣ дар дохили бобҳои асар низ омада, боиси ифодаи боз ҳам ҷолиби мазмуну муҳтавои он мегарданд.

Мазмуни асар чунин аст: дар деҳаи Лолазор директори мак- таб Анвар Салимов бо занаш — муаллимаи мактаб Сурайё ва ду фарзандаш осудаҳолона зиндагӣ доранд. Дар ин деҳа Мухтор Махсумов низ ҳаёт ба сар мебарад. Ӯ котиби шӯрои ҷамоа буда, бо Анвар мухолифат дорад.

Рӯзе корманди идораи маорифи вилоят Зайнаб Кабирова ба- рои тафтиши мактаби деҳа меояд. Зайнаб ҳафт сол боз бо Мух- тор муносибати наздик дошт. Зайнаб бо ҳидояти Мухтор дар хо- наи Анвар ҷой мегирад. Анвар ба ҳусну ҷамоли Зайнаб мафтун гардида, ба ӯ ошиқ мешавад. Моҷарои ишқи нобаҳангоми Ан- вар дер давом намекунад, вале ба ин оилаи тинҷу осудаи деҳотӣ ташвишҳои зиёд меорад.

Анвар, ки барои рафтори номуносибаш, ҳам аз ҷониби Су- райё ва ҳам аз тарафи Зайнаб мавриди сарзаниш қарор гириф- та буд, дар вазъияти ноороми рӯҳӣ меафтад. Дар ҳамин вазъия- ти ноҳинҷор барои овардани маоши муаллимон ба ноҳия рафта, баъди гирифтани пул дар хонаи як дӯсташ то мастшавӣ менӯшад. Дар бозгашт дар назди деҳаи Лолазор халтаи пулро фаромӯш карда, оқибат кораш ба мақомоти тафтишотӣ меафтад.

Мухтору Зайнаб, ки ба сафар баромада буданд, халтаи пул- ро меёбанд. Мухтори ҳарис пулро пинҳон карда, худ аз пайи ба мақомоти қудратӣ маълум кардани «ҷинояти» Анвар мешавад. Зайнаб баъди андешаҳои зиёд дар танҳоӣ аз Мухтори бадхоҳу бадният ва фосиқ абадан тарки алоқа мекунад ва халтаи пулро бурда ба мактаб месупорад. Мазмуни асар басо ҷолиб аст.

Образҳои асар

Образи асосии роман Анвар мебошад ва масъалаҳои асар, пеш аз ҳама, ба воситаи образи ӯ ҳал гардидааст. Задухӯрд, асо- сан, дар ботин ва дили Анвар рӯй медиҳад ва дар ниҳоди ӯ байни ҳиссиёту ақл ва ишқи ногаҳониву вазифаи инсонӣ талош сар ме- шавад. Гирифтории Анвар ба ишқи нобаҳангом дар боби ҳафт хеле самимӣ ва муфассал тасвир гардидааст. Анвар айёми баҳор дар шаби маҳтобии Лолазор бо Зайнаб ба сайругашт баромада буд ва аз ҳусни дилҷӯ, суханҳои дилангез, шеърхониҳои латифи ин зани ҷавон ба ваҷд омада, бо тамоми ҳастӣ мафтуни ӯ гардид. Рохбари мактаб як лаҳза фаромӯш кард, ки шахси баобрӯйи деҳа ва соҳиби зану фарзанд мебошад. Вале дарҳол ба худ омад ва ақлро кор фармуд: «Дар ин ҷо ба хотири Анвар расид, ки гапро кӯтоҳ кардан лозим аст, агар ҳамин тавр рафтан гирад, Худо ме- донад, ки сухан то куҷоҳо мерасад».Дар романи «Ман гунаҳгорам» асосан чор образ фаъолият мекунад: Анвар Салимов, ҳамсари ӯ Сурайё, Зайнаб Кабирова ва Мух- тор Махсумов. Воқеаи асосй байни Анвари зебопараст ва Зайнаби танноз[1] сурат мегирад. Зайнаб зани беиро- даест, ки дар ҳаёт раҳгум зада, ба доми Мухтори қаллоб[2] гириф- тор шудааст ва ҳоло роҳи наҷот меҷӯяд. Чун Зайнаб ба деҳаи Ло- лазор омад, Анвар чанд муддат ишқи ӯро дар дил парварид.

Анвар ягон нияти бад ё нопокие надошт ва фақат чанд рӯз дар қайди ин ишқи нобаҳангом монда буд, вале ин ҳодисаро боадола- тона муҳокима намуда, барои ҳамин ишқу ҳаваси яклаҳзагӣ ҳам худро гунаҳгор шумурд, сабабҳои ба Сурайё, ба ин зани покдо- ману оқила хиёнат карданашро ҷустуҷӯ намуда ба чунин натиҷа расид, ки беху решаи гуноҳ ана дар ҳамин аст: занро ҳурмат на- кардан! Инро ҳоло фаҳмида ва эътироф менамоям. Занро ҳурмат накардан худро ҳурмат накардан аст.

Анвар ҳуқуқ, ҳунар ва мавқеи иҷтимоии занро не, балки шаъ- ни инсонии ӯро дар ҷойи аввал мегузорад ва шахсияти ин ҷинси латифро лоиқи ҳурмату эҳтиром мешуморад. Қаҳрамони асосии асар дар натиҷаи андешаи амиқ ва тафаккури зиёд ба ин хуло- са расидааст. Бинобар ин, Анвар дар насри тоҷик қаҳрамони нав мебошад, ки масъулиятшинос буда, қобилияти худтаҳлилкунӣ ва худбаҳодиҳӣ дорад.

— Образи Сурайё низ ҷолиб ва ба худ хос мебошад. Ин об- раз дар асар чун зани ботамкин, рӯзгордида ва модари мушфиқу меҳрубон намоён мегардад. Ботамкинӣ ва дурандешии Сурайё махсусан, ҳангоми аз тарафи Мухтор расондани хабари бо Зай- наб ба лаби дарё рафтани шавҳараш равшан мушоҳида меша- вад. Мухтори фитнагар бо ин ҳам қаноат накарда, манзараи «ишқварзии» Анварро ба ӯ нишон додан мехоҳад. Дар ин дам қатъияти хислати Сурайё батамом намоён мешавад: «Сурайё бо нафрат дасти худро аз дасти ӯ ҷудо карда гирифт. Равед аз ин ҷо! — гуфт ӯ. Дар овози Сурайё ончунон оҳанги нафрат ва бадбинӣ буд, ки Мухтор ба худ ларзид.

— Дафъ шавед! — гуфт Сурайё андак овозашро баланд карда ва бо дасташ ба сӯйи берун ишора кард. Дую дубора ба хонаи мо пойи қадами шуми худро нагузоред».

Тасвири пайдарпайи хислатҳои ҳамидаи Сурайё симои ӯро чун зани некукирдору инсони комил дар хотирҳо муҷассам ме- намояд. Рафтори вай баъди фаҳмидани маоши муаллимонро гум кардани шавҳараш аҳамияти муҳимми омӯзандагӣ ва тарбиявӣ пайдо мекунад. Сурайё ба «чӣ кор кунем?» гуфта савол додани шавҳараш мегӯяд: «Дар сандуқ ду либосворӣ сатин ва шоҳӣ до- рем, костюми нави ман ҳаст, ҳалқаи тилло ва ангуштаринҳои аз модарам меросӣ ҳаст… Ҳамаи инро мефурӯшем…»

Ҷ. Икромӣ ба воситаи образҳои Зайнаб ва Мухтор мавқеи таълиму тарбияро дар ҳаёти инсон таъкид мекунад. Мухтор аз хурдӣ дар тарбияи падари ӯгай[3] — Абдулло мемонад. Абдулло, ки худ бо фиребгарӣ рӯз мегузаронд, Мухторро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия намуд. Мухтор дар қаллобию дасисакорӣ[4] аз падари ӯгай гузаронд. Ин образ нафратовар ва дилнокаш мебошад.

Зайнаб духтари ягонаи раиси комиҷроияи вилоят — Очилбат- рак мебошад ва муҳити оилавӣ ӯро нозук ва нозпарвар намудааст. Ҳамин зудбоварию кӯтоҳандешӣ боис шуд, ки ӯ ба доми тазвири[5] Мухтор афтад. Оқибат бо мушкилӣ ва душворӣ тавонист, ки роҳи дурусти зиндагиро интихоб намояд. Азобу ташвишҳои Зайнаб гувоҳ бар он аст, ки дар интихоби рафиқи ҳаётӣ саҳлангорӣ кар- дан оқибатҳои нохуш дорад.

Дар романи «Ман гунаҳгорам» услуби Ау          «\ таҳлилии тасвир мавқеъ дорад. Аз ҷумла, дар кушодани олами маънавии персонажҳои асар монологи ботинӣ истифода шудааст. Нависан- да ба воситаи монологҳо ҳар чизи дар дилу ниҳоди персонажҳо ҷойдоштаро ошкор месозад. Масалан, Сурайё дар бораи шавҳараш чунин андеша меронад: «Анвар содагӣ дорад ва зудбо- вар аст. Баъзан фиреб мехӯрад, баъзан ба дом меафтад ва ногувориҳоро боз зуд фаромӯш мекунаду боз ба ӯ ҳар чӣ гӯянд, бовар мекунад ва ҳар чӣ фурӯшанд, ба нақд харида мегирад».

Чунин услуби нигориш, ки насри андеша унвон гирифтааст, баъдҳо дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод, С. Турсун, А. Самад, Ҷ. Акобиров, Сайф Раҳим идома ва такмил ёфт. Вале номи Ҷ. Икромӣ дар таърихи адабиёти тоҷик чун устоди насри андеша боқӣ мемонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Романи «Ман гунаҳгорам» аз чанд боб иборат аст ва чӣ хел оғоз меёбад ?
  2. Эпиграфҳо ба мундариҷаи асар чӣ муносибат доранд ?
  3. Мазмуни романро баён намоед.
  4. Чаро Анвар худро гунаҳгор мешуморад ?
  5. Кадом хислатҳои Сурайё ба шумо маъқул шуд?
  6. Аз амалиёти Зайнаб ба чӣ хулоса омадед?
  7. Оид ба услуби тасвири асар маълумот диҳед.

[1]   Танноз — нозкунанда, дилрабо.

[2]   Қаллоб — сохтакор, фиребгар.

[3]   Падари ӯгай — падарандар.

[4]   Дасиса — макру ҳила.

[5]   Доми тазвир — фиреб, ҳила.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …