Шӯриши Восеъ соли 1888 дар Бухорои Шарқӣ ба амал омада, пояи ҳукумати Манғитияро ба ларза овард. Дар насри бадеӣ асари калонҳаҷме, ки образи Восеъро ба тамоми паҳлу мавриди тасвир қарор дода бошад, романи «Восеъ» аст.
С. Улуғзода ба таърихи муборизаҳои адолатхоҳонаи мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз солҳои 30-юми асри ХХ мароқ зоҳир намуд. Баъдтар нависанда ба омӯзиши шӯриши мардуми тоҷик бо сардории Восеъ ҷиддан машғул шуда, солҳои 1961 — 1967 ро- мани «Восеъ»-ро таълиф кард ва соли 1969 аввалин чопи китобии он дастраси хонанда гардид.
«Восеъ» ба жанри романи таърихӣ тааллуқ дошта, аз 33 боб иборат аст. Хонанда дар ду аввал нахуст ба симои манфӣ — Мирзоак- рамбой ва баъд ба қаҳрамони асосӣ — Восеъ
шинос мешавад. Ин ду образ (махсусан Восеъ) аз аввал то охири асар иштирок намуда, дар ҳалли зиддият ва масъалаҳои асосӣ мавқеи марказӣ доранд.
— Дар боби дуюм ҷувозкундае тасвир ёфтааст, ки онро Восеъ ба пушт бардошта ба хонааш мебарад: «Восеъ ҷувозкундаро бағал карду озод бардошта ба болои харсанге гузошт ва баъд онро ба пушташ гирифта, хам шуда, калавида-калавида равон шуд.
— Намурӣ, Восеъ! Ёдат ба хайр!.. Қанд бизан! — қоил шуда таҳсин мекарданд шариконаш аз қафо.
Восеъ бори вазнини худро ба ҳавлиаш расонда, дар пеши дари ҷувозхона боэҳтиёт ба замин гузошт… Ва ба ҷувозкунда даст зада, мамнунона илова намуд:
— Соз! Аз тути пир тарошондамаш. Дар ин, иншооллоҳ, бист-сӣ сол ҷувоз мекашам, занак».
Ин ҷувозкунда дар охири боби 33-юм низ зикр гардидааст. Вақте ки хоҳари Восеъ — Фотима аз Шаҳрисабз баргашта, хаба- ри ба дор кашидани бародарашро ба ҳамдиёронаш мерасонад, мардуми Дараи Мухтор ва деҳоти гирду атрофи он як ҳафта азо мегиранд: «Дар поёни ҳафтаи азодорӣ пирамарде ба ҷувозхонаи Восеъ ишора карда, ба ҷамоат чунин гуфт:
— Додарон! Дар ин ҷо Восеъ ҷувоз мекашид. Ин ҷувозкундаро худаш фармуда тарошонда буд. Биёед, аҳду паймон кунем, ки
ҳаминро аз Восеъ ба ёдгор нигоҳ медорем. Восеи шаҳид дар вата- наш қабр надорад, ҳамин ҷувозхона ба ҷойи қабраш зиёратгоҳи ӯ шавад. Омин оллоҳу акбар! Хурду калон — ҳама бо ҳамроҳии пирамард даст ба рӯй кашиданд».
Ин ҷувозкунда, ки ҳоло ҳам побарҷо буда, чун зиёратгоҳи мардум эътибор дорад, маънои рамзй касб кардааст ва нишонаи он аст, ки халқи тоҷик мисли Восеъ фарзандони баҳодуру сар- баланди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Баъди боби дувум, дар боби охири асар, такрор шудани ҷузъи ҷувозкунда робитаи мантиқии қисматҳои романро қувват бахшидааст.
Мисли ҳамин, истифодаи бамаврид ва моҳиронаи манзараи табиат, қиёфа (портрет), муколама ва порчаҳои шеърӣ бандубас- ти лаҳзаҳои алоҳидаи «Восеъ»-ро таъмин намуда, боиси афзоиши ҷозибаи тасвир гардидааст.
Восеъ ҳодисаву воқеаҳоро ки дар охири сари 19 дар қаламравӣ Бухорои шарқӣ ба вуқуъ пайваста буд дар бар мегирад.
С. Улуғзода хонандаро аввал ба амалиёти ҳарисонаи Мирзо- акрамбой ном мансабдори аморати Бухоро шинос намуда, баъд ба тасвири зиндагии Восеъ ном марди кӯҳистонӣ ва аҳли оилаи ӯ мегузарад. Восеи ҷувозкаш бо ҳалолкорӣ, қавииродагӣ ва ёриву мададгорӣ дар байни ҳамдиёрон эътибори калон пайдо мекунад.
Дар Бухорои Шарқӣ хушксолӣ ба вуҷуд меояд ва аҳволи мар- думи меҳнатӣ сол то сол бад ва тоқатфарсо мешавад. Дар ҳамин вазъияти барои аҳолии мавзеъҳои Ховалинг, Балҷувон ва Сари- хосор сангин амири нави Бухоро — Абдулаҳадхон (1885 — 1910) Мирзоакрамбойро мири Балҷувон таъин менамояд ва супориш медиҳад, ки аз аҳолӣ андози сесоларо ҷамъ кунад. Мирзоа- крамбой молу пули зиёде сарф карда, ба ин мансаб соҳиб шуда буд. Бинобар ин, дар бадали ду ҳафта хароҷоташро ду баробар рӯёнда, барои хазинаи амир ҳам ҳадяи муносиб тайёр намуд. Ин амали беадолатона ва аз даҳони мардум кашида гирифтани охи- рин луқмаи нон косаи сабри аҳолиро лабрез намуд ва боиси сар задани шӯриш гардид.
Деҳқонону чӯпонон ва дигар табақаҳои камбизоати аҳолии бекигарии Балҷувон бо калтаку шохину белу каланд ва тешаву табар мусаллаҳ гардида, «дод аз дасти манғит» — гӯён сарбозо- ни бекии Балҷувонро торумор намуданд. Бек фирор кард. Амир Абдулаҳадхон ба кӯмаки мири шикастхӯрда ҳазор тан сарбо-
зи варзидаву мусаллаҳ фиристод. Ҳокими Ҳисор Остонақул — қӯшбегӣ ба сарбозони аз Бухоро омада дастаеро илова намуда, ба Балҷувон сафар намуд.
Шӯришгарон ба муқобили сарбозони аз Ҳисор омада, мири Кӯлоб ва дастаи ғоратгари Туғай мардонавор ҷангиданд. Аммо бо белу каланд ба муқобили сарбозони мусаллаҳ истодагарӣ кар- дан душвор буд.
Оқибат шӯриш ба шикаст рӯ ба рӯ омад. Восеъро бо дӯстонаш (Назир, Одина, Саид мерган, Нозим, Давлат Айюб) дастгир на- муда, аввалан ёронашро ба қатл расонданд ва баъд худашро ба ҳузури амир Абдулаҳадхон бурданд. Чун амир дар Шаҳрисабз буд, Восеъро баъди ба амир нишон додан ба дор овехтанд.
Сужети асар бо таъкиди қадршиносии ҳамдиёрон, ки ҷувозкундаи Восеъро то ҳол аз харобшавӣ эмин дошта, деҳаи Да- раи Мухторро ба зиёратгоҳ табдил додаанд, ба охир мерасад.
Дар маркази роман образи Восеъ қарор дорад. Тасвири ин образ аз лаҳзаи ба дуредга-
Образи Восеъ
ри Дараи Мухтор супориш кардани тароши- дани ҷувозкунда оғоз меёбад. Дар ин ҳолат Восеъ соҳиби зан, се фарзанд ва обрӯю эътибор мебошад. Баъд- тар нависанда воқеаҳои даврони ҷавонӣ, ба Назири сайёд баро- дархонд шудан, Аноргул ном духтарро ба занӣ гирифтан ва Ша- кар ном падари ғамхору ҳалолкор доштани Восеъро тасвир меояд. Ин лаҳзаҳо сарчашмаи ташаккули характери қаҳрамон ме- бошанд.
Восеъ аз ҳама хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдор аст. Му- дом меҳнат мекунад, паҳлавон аст, нангу номусро дар ҷойи аввал мегузорад ва меъёри асосии ӯ дар зиндагӣ ҳақиқату адолат аст.
Восеъ Ризо ном ятимбачаро ба тарбияи худ мегирад ва ба занаш, ки ба хона овардани ин бачаи оворагардро намехост, мегӯяд: «Аммо, ман мегӯям, ӯ бачаи хуб аст. Писархондаш кунем, савоб мешавад. Фоидааш ба ӯ, савобаш ба мо. Ту ба шумии ӯ, ба қилиқҳои бемазааш нигоҳ накун, ҷони ширин, инҳо ҳама аз беса- риву бенасибӣ аст. Ман донистам, ҷавҳари бача пок аст, тарбия- таш кунем, одам мешавад, ба ман дастёри хуб мешавад».
Восеъ дар ҷустҷӯйи бародархондаш — Назир ба Ҳисору Қаршӣ ва Шаҳрисабзу Самарқанд сафар мекунад, дар мусофират ба беадолатӣ ва ноинсофиҳои мансабдорон дучор мешавад. Дар Самарқанд ба воситаи Муллосафар ном ҳамдиёраш ба ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш шинос мегардад. Ошноӣ ба
зиндагии пурмоҷарои сокинони шаҳрҳои номбурда ҷаҳонбинӣ ва ҳисси худшиносии Восеъро афзун гардонда, мантиқи гуфто- ри ӯро боз ҳам қувват мебахшад. Пешвои шӯришгарон ба ҳар гуна таҳқир оҷизона тан додани шахсро чунин маҳкум менамо- яд: «Худо туро одам офаридааст, агар туро хар карда савор ша- ванду ту ба ин тан диҳӣ, тоқат кунӣ, одам нестӣ. Офарандаатро муттаҳам кардаӣ. Туро ба ноҳақ хор кунанд, зери по кунанду ту хап истӣ, номардӣ, ору номус надорӣ; занат ва фарзандонат, ёру дӯстонат ҳақ доранд, ки аз ту рӯй гардонанд».
Восеъ ба зарбаҳои зиндагӣ мардонавор тоб меорад. Вақте ки сарбозони амир бандиҳоро мебурданд, ду нафар зани сарбараҳна, пойлуч ва саропо хоколуд ба муқобилияти сарбозон нигоҳ накар- да пеш баромаданӣ мешаванд. Восеъ онҳоро мешиносад: яке дух- тараш Гулъизор ва дигаре хоҳараш Фотима буд.
— Ота-а-а!.. Ота-а-а!.. — рӯканону мӯканон дод мезад Гулъизор. Восеъ қадам нигоҳ дошт.
— Духтарҷонам!.. Хоҳаракам! — аз ҷигар фарёд кашид ӯ.- Алвидоъ! Ба модарат бигӯ, Гулъизор, ба додараконат бигӯ, пада- ри шумо ба золимон сар хам накард, ҷангид, шаҳид шуд!..
С. Улуғзода дар тасвири характери фардӣ ва симои ҳақиқии Восеъ аз ҷузъҳои бадеии сар хам накардан, қад барафрох- та рост истодан бо маҳорат истифода кардааст. Аз ин ҷиҳат, вохӯрии Восеи асир ба амир Абдулаҳадхон омӯзанда аст. Амир Абдулаҳадхон сарвари шӯришгарони тоҷикро, ки пояи ҳукуматашро ба ларза оварда буд, дидан мехоҳад. Вохӯрии Во- сеъ ба амир дар ҳавлии қалъаи Шаҳрисабз ташкил мешавад. Вақте ки амир аз дари қалъа намудор мегардад, мансабдорон, сипоҳиён, нӯкарон — ҳама якбора ба таъзим хам мешаванд. «Дар байни саллаҳои сафеду сабзу кабуд ва телпакҳои сиёҳу сурхтобу хокистарранги қафқозии қариб то ба замин хамшуда танҳо Во- сеъ қад барафрохта рост меистод. Амир ба вай чашм дӯхт, вай ҳам ба амир чашм дӯхт. Восеъ гӯё бо нигоҳаш ба вай мегуфт: «Ту маро дидан хостӣ. Инак ман! Бубин! Душманони ту ҳама монан- ди мананд! Ман ҳоло асири туам, аммо ба ту сар хам намекунам, аз ту наметарсам!»
С. Улуғзода дар шахси Восеъ симои барҷастаеро офарид, ки аз корномаҳои он мардуми тоҷик солҳои сол дарси хештаншиносӣ меомӯзад. Аз ҷумла, ҳамдиёрони Восеъ Сафар Амиршоев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Саидаҳмад Каримов ба хо-
тири дифоъ аз нангу номуси инсони дар Ҷанги Бузурги Ватани қаҳрамонии ҳамватани хешро такрор карданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Шӯриши Восеъ кай ва дар куҷо ба вуқӯъ пайвастааст ?
- Шӯриши Восеъ аз кадом солҳо таваччуҳи С. Улуғзодаро чалб намуд?
- Оид ба бандубасти асар чи гуфта метавонед ?
- Дар бораи сужети роман сухан гӯед.
- Чаро Восеъ қаҳрамони асосии асар дониста мешавад?
- Кадом хислатҳои Восеъро медонед?
- Ҷузъҳои бадеии сар хам накардан ва қад барафрохта рост истоданро шарҳ диҳед.
ДИГАР ОБРАЗҲОИ РОМАН
Ёрони Восеъ |
Дар роман персонажҳои мусбати Назир, Ризо, Нозим, Одина, Давлат Айюб, Муллоса- фар, Саидали ширкат меварзанд ва ҳар кадо- ми онҳо дар инкишофи воқеаҳо ва ҳалли зид- дияти асар саҳми муайян доранд.
Дар байни ёрон ва наздикони Восеъ образи писархонд ва баъдҳо домоди ӯ — Ризо зиёда диққатчалбкунанда аст. Покиву росткори, шавқу завқи чавони, далерию чобуки ва чуръату кордо- нии ин чавон хонандаро ба вачд меорад. Махсусан, муқобилияти Ризо ба сарбозони Остонақул- қушбеги ҳангоми гузаштан аз дар- ёи Вахш симои ӯро хеле хуб намоён месозад. Ризо ба муқобили душман аввал гулӯлаандози ва баъд сангандози мекунад ва чун як қисми сарбозон ба воситаи амад[1] аз дарё гузаштани мешаванд, ӯ худро ба об андохта ба амад мерасад ва бо кордча гупсарҳои[2] таги амадро чок карда, сарбозонро бо тиру туфангу шамшерҳояшон ғарқ мекунонад. Ризо вақте ки ба соҳил мебарояд, тир мехӯрад. Нозим Ризоро дар бағал гирифта чунин нола мекунад:
— Садқаат шавам, Ризочон, ту коре карди, ки ҳеч фарзанди одам накардааст. Номи туро дар қиссаҳо нависанд, меарзад. Кошки тир ба ман мерасиду ту сиҳат мемонди.
Дар қатори симоҳои мусбат образи Муллосафар мавқеи му- носиб дорад. Муллосафар типи ҷавонони кӯҳистоние мебошад, ки дар шаҳр таҳсил карда, илмҳои гуногун ва ҳунарҳои заргарй, наққошӣ, муҳрканӣ, хаттотиро аз худ кардааст. Баъди шиносоӣ ба ақидаҳои маорифпарварии Алломаи Дамирӣ дар ӯ инқилоби фикрӣ пайдо мешавад. Восеъ ва Назир дар Самарқанд чанд муд- дат дар хонаи Муллосафар зиндагӣ мекунанд ва аз андешаҳои маорифпарварии ӯ баҳра мебардоранд. Муллосафар дар бораи давлатдорони замонаш, аз ҷумла, чунин андеша дорад: «Худои таоло аз ин амирони ҷоҳил, вазирони коҳил[3], сипоҳиёни гумроҳи ғофил кайҳо рӯй гардондааст». Ва муҳокимаҳои мантиқиашро чунин хулоса мекунад: «Давлати амир дер намепояд».
Мутаассифона, Муллосафар то охир ба ақидаҳои иҷтимоии худ устувор намемонад, оқибати нохуши шӯришро ҳис карда, дар таҳлука меафтад. Хатои калони Муллосафар ин буд, ки ӯ ба савганди риёкоронаи ҳоҷӣ Яъқуби мударрис оид ба бахшидани «гуноҳи» Восеъ бовар карда, дар паси обпари Гулдара паноҳ бур- дани дӯсташро ошкор месозад.
Муллосафар чанд лаҳза халосӣ ва озодии Восеъро дар хаёл оварда, дар дил хурсандӣ мекард. Вале чун яқин кард, ки Восеъ, Назир ва Давлат Айюбро ба Бухоро бурда мекушанд, фаҳмид, ки беихтиёр ба дӯстони худ хиёнат кардааст. Ин фоҷиа барои ӯ бис- ёр вазнин буда, оқибат боиси ҳалокаташ гардид. Муллосафар ба дастаи бандиён расида, дар назди Восеъ худро хиёнаткор номид ва баъд ба хонаи ҳоҷӣ Яъқуб рафта ба ӯ дарафтид: «Эй беимон! Каззоби[4] қасамзада! — дар нимторикии маҳтобшаб ба гиребони мударрис бехудона чанг зад Муллосафар. — Фиребгари дӯзахӣ! Восеъ куҷост?! Ту ӯро ба куштан додӣ? Ту — дағопешаи кофиркеш динат, имонатро ба манғит фурӯхтӣ!»
Ин марди фиребхӯрда дар коҳдони ҳоҷӣ Яъқуб ҷон дод. Фоҷиаи Муллосафар фоҷиаи зиёиёне буд, ки ба ҷараёни пуртало- туми зиндагӣ назари воқеъбинона дӯхта натавонистанд.
Дар роман дар қатори Фотима, Аноргул, Гулъизор ва Заррагул барин образҳои мусбат симоҳои манфие чун Марзия ва Лутфия низ тасвир ёфтаанд.
Аз образҳои мусбат, пеш аз ҳама, хоҳари Восеъ — Фотима дар хотири хонанда нақш мебандад. Фотима ҳамагӣ дар се лаҳза (дар бобҳои IV, ХХУ ва ХХХШ) фаъолият дорад. Симои Фоти- ма, махсусан дар боби охири асар, хеле муассир ба назар мерасад. Вақте ки сарбозон Восеъ ва ду нафар бандии дигарро аз Балҷувон ҷониби Ҳисор мебаранд, «Фотима монанди девонаҳо афтону хезон дод зада» ба корвон ҳамроҳ мешавад. Сарбозон ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ӯро аз корвон дур карда наметавонанд. Дар роҳ Фотима пӯшокҳои Восеъро мешӯяд, нон, қурут, меваи хушк ба- рин хӯрданиҳоеро, ки бошандагони маҳаллаҳои сари роҳ ба ӯ ме- доданд, ба бародараш пешкаш менамояд. Хоҳари дилсӯз то пояи дори Шаҳрисабз ба бародараш қувват бахшида, охирин нигоҳи ӯро дар худ эҳсос мекунад ва боз пойи пиёда, танҳову саргардон ба зодгоҳаш баргашта, хабари сарбаландона ба марг рӯбарӯ гаш- тани бародари шаҳидашро ба ҳамдиёронаш мерасонад: «Акама ба дори баланд кашидан. Акам натарсид, сарбаланд ҷон дод. Халқон гуфтанд: «Ёдуш ба хайр, баҳодур будай!»
Нависанда бо тасвири пурсӯзи ҷонфидоиҳои Фотима нисбат ба бародари гирифтораш ба офаридани симои миллии духтари тоҷик муваффақ гаштааст.
Дар боби ХХ1 лаҳзаи хайрбоди Восеъ бо аҳли оилааш тас- вир ёфтааст. Восеъ ба шӯриш печидани норозигии мардумро дида, аҳли оилаашро ба деҳаи кӯҳии Баландсар гусел менамояд ва ҳангоми хайрухуш ҳамсари азизашро дилбардорй менамояд. Аноргул низ ба шавҳараш хайрухуш мекунад ва аз ҳар ибора ва ҷумлаи ӯ бӯйи меҳр, садоқат ва вафодорй меояд:
— Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, — гуфт Аноргул.
— Илоҳӣ сиҳат-саломат, хушу хуррам гашта биёӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард… Ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ ме- кашидам. Ман туро аз барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дӯст доштам, ҳозир аз пештара ҳам зиёд дӯстат медорам… Тани зори ман дар ин ҷо ё дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ…
Марзия ва Лутфия бошанд, аз образҳои мусбат бо ҷоҳилӣ, беномусӣ ва бадтинативу бахилӣ фарқ доранд. Макру ҳила ва рашку ҳасад дар ниҳоди онҳо чунон пурқувват мебошанд, ки ҳар ду ба куштор даст задаанд.
Марзия зоҳиран бадрӯй ва ботинан нопок аст ва ба ҳар ҷое, ки қадам гузорад, он ҷо ба вайрона табдил меёбад. Назири сай- ёд баъди вафоти занаш ба Марзия хонадор шуда, дар андак муд-
дат хонахароб ва сарсону саргардон мегардад. Ягона дилхушии Назир набераи дӯстрӯяки дусолааш — Азиза буд. Марзия ҳамин тифли бегуноҳро ба ҷарӣ тела дода мекушад ва бо ҳамин оилаи Назирро тамоман бадбахт мегардонад. Умуман, Марзия ва Лут- фия чун симоҳои манфур боиси бадбахтиҳои мардуми бегуноҳ гардиданд.
[1] Амад — чӯбҳои ба ҳам баста, ки барои гузаштан аз дарё ба кор мебаранд.
[2] Гупсар — машки оббари, ки дарунашро пурбод карда, дар таги амад мебан- данд.
[3] Коҳил — суст, танбал, лаванд.
[4] Каззоб — дурӯғгӯ.
Дар байни образҳои манфии асар Мирзо- акрамбой, амир Абдулаҳадхон, Ҷобирдоруға, бештар доранд. Махсусан, кирдор ва фаъоли- яти Мирзоакрамбой ҷолиб аст. Ҳирси манфиатҷӯйӣ ва Саидасрор ва Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис мавқеи
мансабталошӣ тамоми вуҷуди Мирзоакрамбойро фаро гирифта- аст. Симои Мирзоакрамбойи мансабталош ҳангоми ба амри Абдулаҳадхон мисли бедона ба «ҷанг» даромаданаш хеле ночиз ва нафратовар ба назар мерасад: «Мирзоакрами шӯрбахт хоҳу нохоҳ хам шуда, ҳамчунин ҳолати чорпо ба худ гирифту ба ҷойи бедонаҳои худ ба ҷанг даромад. Ҳоҷиқул ва ӯ ба якдигарашон нӯл мезаданд, каллаҷанг мекарданд, якдигарашонро ба танашон пахш менамуданд. Ҳоҷиқул мисли бедона бол меафшонд, питпилиқ[1] мекард ва гоҳо бедона буданашро фаромӯш карда, мо- нанди хар ҷуфтак мезад. Оқибат Мирзоакрамбойи фарбеҳу ғафс ба обу арақ ғӯтида, нафасаш танг шуда ғалтида монд. Пешхидма- тони ҳоким ӯро ба пойгаҳ кашида, ба сараш аз сатил оби хунук рехтанд. Бечора тамоман аз ҳол рафта қариб буд, ки қолиб тиҳӣ кунад».
Хислату характери манфури Мирзоакрамбой аз забони зани сеюмаш ба таври возеҳ ошкор гардидааст. Вақте ки модари Зебӣ хабари ба Абдулаҳадхон пешкаш намудани духтари ноболиғашро мешунавад, ӯ ба Мирзоакрамбой дарафтода, дар зери қамчинзании шавҳараш фарёд мекашад: «Куш маро! Ё зиндаву зор дар гӯрам тиққону баъд духтарамро бурда ба ҳокимат тортуқ[2] кун! Шумо шармандаҳо, беномусҳо, мансаб гуфта бачаҳотонро мефурӯшед, ҳатто духтарҳои ноболиғатонро ба фоҳишагӣ медиҳед!..»
Образи Мирзоакрамбойро симои Абдулаҳадхон боз ҳам тақвият медиҳад. Абдулаҳадхон, чи дар замони валиаҳд буда- наш ва чи дар замони амириаш, танҳо ба айшу нӯш, дилхушӣ,
бедонабозй, шаҳватпарастӣ ва ришваситонӣ машғул аст.
Дар боби XIV лаҳзаи марги падараш — амир Музаффарро интизори кашидани Абдулаҳадхони валиаҳд[3] ҷолиби диққат аст. Абдулаҳадхон дар Кармина[4] хабари вафоти падарро бесаброна интизор аст. Зеро «ин хабар ӯро якбора соҳиби тахти аморат, мо- лики рақоби[5] сеюним миллион фуқарои мамлакат хоҳад кард. Ба назари тӯра вақт хеле ба оҳистагӣ мегузарад. Ӯ хавотир кашида фикр мекунад, ки мабодо мисли ду моҳ пеш падараш боз сиҳат ёбад! Инро фикр мекунаду ба худ ларзида дар дилаш мегӯяд: не, не, ҳеҷ мумкин нест, ки вай намирад! Бояд бимирад!»
Ҳирси бемайлони ба мансаби олӣ ва сарвату ҷоҳу ҷалол соҳиб гардидан Абдулаҳадро аз камтарин ҳиссиёти инсонӣ ва одатҳои одамгарӣ маҳрум гардонидааст, ба дараҷае ки ҳар чӣ тезтар ва- фот ёфтани падарашро бо ҷону дил хоҳон аст.
Нависанда дар офаридани характерҳои мусбату манфии ро- ман услуби пуртазоди тасвирро истифода кардааст. Барои Нази- ри шикорчӣ вафоти набераи дусолааш фоҷиаи бузургест, аммо Абдулаҳадхон хоҳони ҳар чӣ тезтар вафот ёфтани падараш мебо- шад; чун Фотима хабари қатли Восеъро ба ҳамдиёронаш расонд, мардум азо гирифт ва «маъракаи азодорӣ як ҳафта давом кард. Аз деҳу дараҳои дуру наздик ба Дараи Мухтор тӯда- тӯда мар- думон саллаҳошонро ба миён баста, ба даст асо гирифта меома- данд, мотам мегирифтанд», аммо мурдаи амир Музаффарро «бо шитобу ҷадал… ба хок супурданд. Аз пушти тобути ӯ на вориси тахташ рафт ва на ягон писари дигараш».
Ҳамин тариқ, образҳои романи «Восеъ» ҳар кадом дорои хис- лату характери ба худ хос буда, дар маҷмӯъ зиндагии як давраи таърихии халқи тоҷикро хеле табиӣ ва бо тамоми паҳлуҳояш инъ- икос намудааст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дӯстон ва ҳаммаслакони Восеъ киҳо буданд?
- Дар бораи корнамоии Ризо маълумот диҳед.
- Сабаби ба фоҷиа анҷом ёфтани ҳаёти Муллосафар дар чист?
- Симои Фотима чӣ тавр тасвир ёфтааст ?
- Кадом хусусияти образи Мирзоакрамбойро медонед ?
- Образи Абдулаҳадхон чӣ гуна тасвир ёфтааст?
- Нависанда дар офаридани образҳо аз услуби пуртазоди тасвир чӣ тавр истифода кардааст ?
[1] Питпилиқ — овози тақлидии бедона (парандаи кӯтоҳпарвози хушхони ҷангара).
[2] Тортуқ кардан — пешкаш кардан, пора додан.
[3] Валиаҳд — писари амир ё подшоҳ, ки ҳуқуқи баъди вафоти падар ба тахт нишастанро дорад.
[4] Кармина — шаҳри 8 км дуртар аз Бухоро.
[5] Рақоб — назорат кардан.