АСОСӢ / ГУНОГУН / Русҳову Украиниҳо ба Тоҷикистон куч мебандад

Русҳову Украиниҳо ба Тоҷикистон куч мебандад

Дар моҳҳои ахири тобистон ва авоили тирамоҳи соли 2022 ба Тоҷикистон вуруди зиёди хориҷиён аз Украина ва Русия мушоҳида мешавад ва ҳама медонанд, ки ин ба далели замонҳои душвор дар ин кишварҳост, ки мардум хеле нигаронанд ва дар дигар кишварҳо манзил меҷӯянд.

Дар моҳи август донишҷӯён умдатан ба пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе барои дарёфти манзил меоянд ва ин раванд мисли мавсими ҷустуҷӯи манзил то охири моҳи сентябр идома дорад. Дар ин росто якбора сафарбарӣ (мобилитзатсия) дар Русия ва вуруди зиёди русҳо ба Тоҷикистон ва ғайра кишварҳои ҳамсоя талабот ба манзил ва нархи иҷораи он таъсир мерасонад.

konОдатан дар пойтахт хонаҳои 3-ҳуҷрагӣ дар як моҳ аз 2000 то 5000 сомонӣ арзиши иҷоравӣ доранд, аммо нархи миёнаи онҳо 3000 ва 4000 сомонӣ аст. Аммо манзилҳои якҳуҷрагӣ 1500-2000 сомонӣ арзиш доранд (бо шароиту ҷиҳоз). Арзонтар аллакай бе шароит (бе мебел). Дар маркази Душанбе иҷораи манзил ба маротиб гаронтар ва арзонтарро танҳо дар канори шаҳр пайдо кардан мумкин аст.

Беҳтарин ҷой бо назардошти нарх ва шароити иҷораи манзил дар шаҳри Душанбе ноҳияи Сино мебошад, ки дар фасли зимистон ҳамаи хонаҳо гарм карда мешаванд. Масалан, маҳалаҳои 92, 82, 102, 103, 33 , 14, профсоюз, автовокзал, гулистон, саховат, испечак зарафшон.

Дигар манотиқи шаҳр гарон аст ё дар фасли зимистон квартираҳо  гармӣ надоранд. Як чизро бояд гуфт ки барои руссҳову украиниҳо дар Тоҷикистон ёфтани маоши муносиб мушкил асту тамом. Дар дигар лаҳзаҳо Тоҷикистон қариб як биҳишти руи замин аст, ки ҳама чиз арзону фаровонист ва, мардумаш меҳрубону меҳнатдуст мебошанд.

Варианти хуб барои зист инчунин осоишгоҳ аст, ки дар он бо нархи 25-30 доллар дар як рӯз шумо метавонед расман сабти ном шуда, табобат ва 3 хӯрок дар як рӯз дастрас кунед. Чунин ҷойҳоро метавон осоишгоҳи Шоҳамбарӣ ва Хоҷа-Обигармро ном бурд, ки аз пойтахти Тоҷикистон 15—30 километр дур воқеъ гардидаанд.

Дигар маконҳои арзон барои маскун шудан дар Тоҷикистон шаҳрҳое ба мисли Турсунзода, Конибодом ҳастанд, ки дар як моҳ бо нархи 1000-2000 доллар як хонаеро ки бо боғу ҳавлиаш ба иҷора гирифтан мумкин аст, аммо дар ин шаҳрҳо гармидиҳии шаҳрӣ нест.

Мо тавсия медиҳем, ки манзилро дар сайтҳое мисли agentstva.tj ва Somon.tj ҷустуҷӯ кунед

Инчунин хонед инро

Samyie-neobyichnyie-nalogi-v-mire

Намудҳои ҷолиби Андоз – аҷоибот!

Комитети иҷроияи шаҳрии курортии Ялта қарор дод, ки аз парашют андоз ситонад. Андозбандии патентии ин …