АСОСӢ / ГУНОГУН / Рӯзҳои таҷлили Наврӯз баъзе кӯчавҳои Душанбе муваққатан баста мешаванд

Рӯзҳои таҷлили Наврӯз баъзе кӯчавҳои Душанбе муваққатан баста мешаванд

Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 16 марти соли 2019 аз соати 07:00 то 11:00   ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ муваққатан қатъ гардидани ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр, аз ҷумла, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин робита Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин мавридҳо аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе истифода бурда, қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъӣ риоя намоянд.

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …