АСОСӢ / ГУНОГУН / Сабаби қурби доллар дар ноябри соли 2020 боло рафтан дар чи буд?

Сабаби қурби доллар дар ноябри соли 2020 боло рафтан дар чи буд?

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт ва нисбатан муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ дар дохили кишвар, сиёсати пулию қарзиро баҳри нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, ба танзим даровардани афзоиши ҳаҷми пул дар муомилот тавассути механизму фишангҳои монетарӣ амалӣ намуда истодааст.

Мутобиқи “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ва давраи миёнамуҳлат” дар давоми соли равон сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфта татбиқ гардида истодааст. Тибқи реҷаи мазкур, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар гардида, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои аз эътидол зиёд тағйир ёфтани қурб, ба вазъи бозор дахолат намояд.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ноустувор гашта, зиёда аз 30,0 фоиз нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд.

Яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи таъсири омилҳои берунаи мазкур, фарқияти байни қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда (2 фоиза) гузашта то ба 9,3 фоиз зиёд гардид.

Бо вуҷуди ин, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ вобаста ба хавфҳои ҷойдошта боз ҳам зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он зарурати амалӣ намудани чораҳои иловагии фаврӣ ба миён омадааст.

Айни ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон баҳри коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор, бо истифода аз тамоми манбаъ ва имконияту воситаҳо, аз ҷумла механизми хариду фурӯши рубли русӣ ва иҷро намудани уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаро таъмин намуда истодааст.

Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ намуда, қурби расмиро барои 1 доллари ИМА баробар ба 11,30 сомонӣ муайян менамояд.

Тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гарданд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба беҳтар намудани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.

Бо назардошти таҳлилҳо, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА барои дар сатҳи мувозинатӣ нигоҳ доштани рақобатпазирӣ дар намояи қурби самараноки воқеии пули миллӣ низ мусоидат намуда, эҳтимолияти муътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъорро зиёд мегардонад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмин кардани муътадилии бозори дохилии асъор ва боэътидол нигоҳ доштани қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.

Назди admin

Инчунин хонед инро

188

Чӣ гуна дар замони СССР тоҷиконро ба узбак табдил доданд

Чӣ гуна дар ИҶШС тоҷиконро ба узбек табдил доданд ва чаро ҳоло ҳам дар Узбакистон …