АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сабӯс ва фоида у

Сабӯс ва фоида у

Сабус  — дар тиб асосан сабӯси орди гандум исгифода мешавад ва банудрат сабӯси орди донҳои дигарро низ кор мефармоянд.

  Мизоҷи сабӯси орди гандум дар гармӣ камтар аз орди гандум, вале хушктар аз он аст, хуллас, дар дараҷаи якум гарм ва хушк мебошад.

сабус

  Хислатҳои шифобахши он: сабӯси орди гандумро дар сирко як шаб тар карда, баъд тафсонда бухорашро ба машом бикашанд, зукомро дафъ мекунад.

  Сабӯси орди гандумро дар об бо шакар, асал ва равғани бодоми ширин ҷӯшонида ва он обро ҷурьа- ҷуръа биёшоманд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, барои дафъ кардани хуни ҷамъшуда бо қай мадад мерасонад; дағалии узвҳои даруни сина, сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳй ва бодҳои ғализро дафъ мекунад, инчунин барои одамони камқуввати аз беморӣ навхеста ғизо мешавад.

  Аз сабӯси орди гандум нон пухта бихӯранд, қабзиятовар аст, рутубатҳои зиёдатии меьдаро хушк мекунад.

  Ин сабӯсро дар шароб пухта гузошта банданд, дарди пистонро таскин медиҳад ва варами онро, ки аз шах шудани шир сурат гирифта бошад, таҳлил медиҳад.

  Сабӯсро дар оби барги турб пухта гузошта банданд, дарди газидани каждумро таскин медиҳад. Сабӯсро бо намак дар об пухта ё сабӯси хушкро бо намак якҷо кӯфта гузошта банданд, газимдани мори афъӣ ва каждумро шифо мебахшад, бодҳо ва варамҳои сардро таҳлил медиҳад. Сабӯсро бо сирко ва асал пухта гузошта банданд, ҷӯшишҳои мурчагазакро, ки даванда бошанд, қӯтури решгашта, шукуфаи пӯст ва варамҳои гармро шифо мебахшад.

  Сабӯсро дар сирко як шаб тар карда, баъд гузошта банданд, ҷамра (карбункул)-ро, ки реши мӯҳлиқ аст, даво мешавад. Агар сабӯсро бо андак намак тафсонида, дар халтача ҷо дода, гармбандӣ кунанд ва вақте ки сард шуд, бо халтачаи дигар гармбандӣ намоянд, варамҳои бодиро таҳлил медиҳад ва дардҳои гуногунро низ сокин мекунад.

  Сабӯси орди ҷавро дар об ҷӯшонида, он обро кам- кам ва бардавом бирезанд, барои хориш ва шаро (аллергия) даво мешавад.

  Сабӯси орди наскро сӯзонида, дудашро ба машом кашавд, ҳангоми хоб дар ҷогаҳ шошиданро шифо мебахшад, шапуш ва ришкро дафъ мекунад. Сабӯси орди боқилоро дуд кунанд, гули дарахтонро аз рехтан манъ менамояд.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …