АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / САБЗИИ САҲРОӢ дар Канзи Шифо (Китоб)
Сабзии сахрои

САБЗИИ САҲРОӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сабзии саҳроӣ — Бехрешаи ин дар ғафсӣ ба андозаи ангушти даст ва бориктар аз он низ мебошад. Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тухми сабзии саҳроӣ дар ҳама бобат қавитар аз сабзии бӯстонӣ мебошад, барои сурфаи кӯҳна дору мешавад, ахлоти нодаркорро аз узвҳои даруни сина дафъ менамояд; узвҳои ҳозима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) ва боҳро қавӣ мегардонад, маниро зиёда месозад, бодҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғализи балғамиро пароканда мекунад, гиреҳҳои баданро мекушоад, пешобро меронад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад; ҳайзи бандшударо равон ва бачадонро пок месозад, инчунин барои ҳомила шудан кӯмак мерасонад, душвор зоиданро осон мекунад, буғумҳои сустро мустаҳкам ва дарди онҳоро дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро барҳам медиҳад, харошида шудани рӯдаҳои кӯдаконро ба ибро меоварад; ба истисқои бодӣ, ки ҳангоми бо даст бар шикам задан садои табл шунида мешавад, шифо мебахшад, газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳрнокро дармон мешавад.

Агар тухми сабзии саҳроиро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои нармро таҳлил медиҳад. Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи каждумгазида бирезанд, нафъ дорад. Вале хӯрдани ин бинобар он, ки мизоҷаш гарм аст, барои боҳи одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат шилми мисвокро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд, ба хичак ҳам зиён дорад, дар ин маврид мустако хӯрдан даркор аст. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухми сабзии саҳроӣ 3,5 грамм аст ва агар эҳтиёҷ афтад, то 7 грамм ошомидан мумкин аст.

Сурат-расми Сабзии саҳроӣ

sabzii_sahroi-2

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …