АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)
Садаф
Садаф дар сурат

САДАФ дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин ҷонварест обӣ, ки дар даруни он марворид ба ҳам мерасад ё ба ҳам намерасад. Беҳтарини садафҳо дар оби ширин мезиянд. Мизоҷашро баъзеҳо гарм ва баъзеҳо сард донистаанд. Вале баъди сӯхтан мизоҷаш гарм ва латиф мегардад, хушкӣ дар сӯхтаи он зиёда аз он, ки носӯхта бошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, моддаҳои ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) гардонида дафъ месозад, сатҳи узвҳои дохилиро аз моддаҳои часпак пок менамояд, исҳолро мебандад, хун қай карданро манъ мекунад. Кӯфтаи онро бипошанд, хунравиҳоро боз медорад. Инро ос карда, ба дандонҳо бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мекунад, захмҳои онро шифо мебахшад, решаҳои хӯрандаи милки дандонро ба ибро меоварад, дандонро аз чирк пок мегардонад.

Садафи сафедро (хусусан пӯсти дохилии онро) ос карда, бо найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад. Садафи сафедро маҳин суда, чун сурма ба чашм кашанд, реши чашм ва шилпуқиро шифо мебахшад, мӯйи зоиди дар милки он рӯидаро аз рӯидан манъ мекунад.

Садафи зардро сӯхта, бо қатрон сиришта, ба пилкҳои чашм бимоланд, мӯйи зоидро аз рӯидан манъ мекунад. Агар инро бо сирко сиришта, бар озахҳо ва бавосир бигузоранд, онҳоро дафъ менамояд. Садафи сӯхтаро бо намак даромехта, ба дандонҳо бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад, милки суст гаштаи дандонҳоро мустаҳкам мегардонад ва рутубати онро хушк мекунад ва бадбӯии решҳои даҳанро дур месозад. Ва агар инро ба истисқо (водянка) гузошта банданд, фоида мебахшад, ба шарте ки аз бадан ҷудо нанамоянд ва бигузоранд, то он ки худ ба худ ҷудо гашта бирезад.

Садафро соида, бо сафедии тухми мурғ даромехта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; бо оби гарм ва ё равғани гарм ё ки бо тухми кӯфтаи харбуза, ё сиёҳдона ҳамроҳ карда гузошта банданд, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, башараро ба равнақ мегардонад. Садафро бо сирко соида, бар баногӯш бимоланд, дарди сари доимиро, ки аз назла бошад, дафъ мекунад.

Садафи сӯхтаро маҳин ос карда, ба ҷоҳои бадан, ки аз сардӣ ва тарии зиёд дард мекарда бошад, бимоланд, дардро таскин медиҳад ва сардию тарии онҷоро дафъ мекунад. Ҳаким Ҷолинус гуфтааст, ки садафи сӯхтаи ҳиндиро соида гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.

Гӯшти садафакро гузошта банданд, тири даромадаро ба берун мекашад. Агар инро бихӯранд, ҳамаи бодҳо ва хунукиҳоро аз бадан дафъ мегардонад. Ин гӯштро ба зери ноф ва бар миён гузошта банданд, боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад. Садафакҳоро шӯрбо карда бихӯранд, дарунро меронад.

Садафи бунафшро дар равған ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, мӯйро аз рехтан нигаҳ медорад. Агар инро бо сирко биёшоманд, сипурзро ба дараҷае пок мегардонад, ки ёфтани он мушкил мегардад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …