АСОСӢ / Маориф / Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ

Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ, Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ, Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр, Аз ин рӯ, ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ.

(Лоиқ)

sadriiddin_ayniСадриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ шахсияти барҷастаи фарҳангиест, ки халқи тоҷик дар садаи ХХ ба тамаддуни умумибашарӣ пешниҳод намудааст. Устод Айнӣ дар қатори

Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Лу Син (Чин), Таҳа Ҳусейн (Миср) чун яке аз чор тан бузургони адабиёти давраи нави Машриқзамин эътироф шудааст.

Устод Айнӣ дар ҳассостарин давраи таърихи халқи тоҷик умр ба сар бурда, ба халқу ватани хеш хидмати бедареғ намуд ва аз худ мероси гаронбаҳои илмию адабӣ боқӣ гузошт. Адиб дар даврони шӯравӣ чун Ходими хидматнишондодаи илми Тоҷикистон, ака- демики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва доктори илмҳои фило- логия шинохта шуд ва дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардид.

Фаъолияти эҷодии ин чеҳраи дурахшони фарҳангӣ ба ду марҳалаи инкишофи адабиёти тоҷик иртибот дорад. Роҳи адабию фарҳангии устод Айнӣ аз поёни қарни Х1Х пайваста ба вазъияти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии аморати Бухоро оғоз гардида, то солҳои 50-уми асри ХХ, ки давраи Иттиҳоди Шӯравӣ буд, идома ёфтааст.

С. Айнӣ сардафтари адабиёти давраи нави тоҷик мебошад. Устод ба мисли Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, М.Турсунзода, Ф.Ниёзӣ,
Р.Ҷалил, М. Миршакар, А.Деҳотӣ, Р.Ҳошим, П.Толис шогирдо- ни зиёдеро ба воя расонд, ки онҳо дар инкишофи адабиёти давраи нави тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд. Асарҳои гаронбаҳои устод Айнӣ ба зиёда аз сӣ забони халқҳои гуногуни дунё тарҷума ва чоп гардида, мавриди баҳрабардории хонандаи умумиҷаҳонӣ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки 100-солагии зодрӯзи нависанда (1978) бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси байналхалқӣ ҷашн гирифта шуд. Соли 2018 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон 140-солагии бузург- дошти устод Айнӣ таҷлил гардид.

Оила: Фаъолияти эҷодии С.Айниро бе мутоли- аву омӯхтани зиндагиномаи ӯ ба таври амиқ муайян кардан душвор аст. Умри 79-солаи адиб бағоят ибратомӯз аст.

Исми хонаводагии адиб Садриддин Сайидмуродхоҷа буда,

Айнӣ тахаллуси эҷодии ӯст. Садриддин 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё ома- дааст.[1] Падараш — Сайидмуродхоҷа асосан ба касби кишоварзӣ шуғл дошт. Дар ин хонавода чаҳор писар бо номҳои Муҳиддин, Садриддин, Сироҷиддин ва Киромиддин рӯзгор доштанд. Падар аз ҳосили ду таноб заминаш рӯзгори оиларо таъмин карда наме- тавонист, аз ин рӯ, ба касбҳои бофандагиву сангиосиёбтарошӣ низ машғул буд.

Садриддин айёми бачагиро дар ду деҳа — Соктаре, ки марбути тумани Ғиждувон буд ва Маҳаллаи Боло, ки дар қаламрави ту- мани Шофирком қарор дошт, гузаронидааст. Падари Садриддин чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил доштааст ва дар наз- ди писар шеърҳои Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Соиб ва Исомахдум ном шоирони он замонро қироат намуда, боиси бедор гардидани завқи шеърфаҳмии ӯ шудааст.

Садриддин дар шашсолагӣ ба мактаб меравад. Азбаски дар мактаби писаронаи деҳа чизе омӯхта наметавонад, ӯро падар ба мактаби духтарона медиҳад ва чанд сол дар назди Бибихалифа сабақ омӯхта, аз девонҳои Ҳофизу Бедил ва ашъори ӯзбекии На- воию девони озарии Фузулӣ як андоза баҳравар мегардад.

Такдир ба рӯйи Садриддин нахандид. Тобистони соли 1889 ба Бухоро ва атрофи он касалии вабо омад. Садриддин дар байни чиҳил рӯз аз падару модар ҷудо шуд ва чанд гоҳ дар бе- мордории бародарон қарор гирифт. Рӯзе дар деҳаи Маҳалла, ҳамсояқишлоқи Маҳаллаи Боло, яке аз мунавварфикрони Бухоро — Садри Зиё меҳмон шуд. Садриддин, ки ба Маҳаллаи Боло ба хабаргирии модаркалонаш рафта буд, бо ҳоҳиши Муҳиддин ба деҳаи Маҳалла рафта ба дидори ин меҳмони олиқадр мушарраф гардид. Меҳмон дар суҳбат аз зиракии Садриддин пай бурда чу- нин таъкид кард:

«Ин бачаро барои хондан ба шаҳр бурдан лозим аст, ӯ қобилиятнок менамояд». Ҳамин лутфу иқдом буд, ки Садриддин сентябри соли 1890 дар сафи муллобачаҳои мадрасаҳои Бухоро қарор гирифт.

Дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил 19 сол давом мекард. Дар ин муддат муллобачаҳо аз

сарфу наҳви забони араби, мантиқ, ақоиди ис- лом (илми калом), фиқҳи исломИ (тарзи иҷрои

таҳорат, намоз, рӯза ва ғ.) дарс мегирифтанд.Садриддин то соли 1906 дар мадрасаҳои Мири Араб (1890-1891), Олимҷон (1892­1893), Бадалбек (1894-1896), Хоҷа Зоҳид (1896-1898) ва Кӯкалтош (1899-1906) таҳсил карда, душвориҳои зиёди зиндагиро аз сар гу- заронидааст.

Садриддин аз камбизоаттарин муҳассилини мадрасаҳои Бу- хоро будааст. Бинобар ин, бештари вақти ӯ на ба дарсхониву такрори дарсҳо, балки ба таъмини рӯзгор сарф мешудааст. Бе попӯши мондан, аз хунуки кафҳои поҳо кафида хуншор шудан, мудом аз байни ангуштони поҳо хун шоридан лаҳзаҳои нохушу даҳшатборе буданд, ки ҳамвора ба Садриддини толибилм дучор меомаданд.

Дар ташаккули минбаъдаи шахсияти Садриддин шиносои ба аҳли илму фарҳанги Бухоро мусоидат намуд. Садриддин октябри соли 1891 ба хидмати Шарифҷонмахдуми Садри Зиё даромад, ки ин ба тақдири минбаъдаи ӯ таъсири ҷидди расонд. Шоири ҷавони боистеъдод Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат дилбастагии Садриддин- ро ба шеъру шоири тақвият бахшид.

Ибтидои соли 1917 ҳодисае рӯй дод, ки С. Айни маҷбур шуд аз Бухоро фирор намояд. Бо таъсири инқилоби феврали соли 1917-и рус фаъолияти ислоҳталабии ҷавонбухориён вусъат пай-
до кард ва амири Бухоро — Олимхон маҷбур шуд, ки 22 апрели соли 1917 дар хусуси ислоҳот фармон барорад. Ҷавонбухориён 23 апрел ба намоиши шукрона баромаданд, вале ба аксулҳаракати сахти ҳукумат дучор шуданд. Рӯзҳои 23-24 апрел бо фармони амир садҳо маорифпарварону озодипарастон таъқиб гардиданд. Ҳукумати амирӣ С. Айниро низ, ҳарчанд дар намоиши шукрона ширкат надошт, 75 чӯб зада ба зиндон партофт.

Аскарони инқилобӣ С.Айниро дар қатори дигар ислоҳотхоҳон аз зиндон озод намуда, ба беморхонаи Когон бурданд. Дар он ҷо нависанда 52 рӯз табобат карда, 25 амалиёти ҷарроҳиро аз сар гуза- ронд. Баъд Айнӣ ба Самарқанд, ки дар тасарруфи Русия буд, сафар кард ва қисми зиёди умри минбаъдаи худро дар ин шаҳр гузаронд.

Ҳодисаи дигаре, ки ба худогоҳии С.Айнӣ мусоидат карда, мавқеи ӯро ба сиёсати аморати Бухоро тамоман муайян намуд, воқеаи Колесов[2] буд. Бар асари ин ҳодиса 9-уми марти соли 1918 бародари нависанда — Ҳоҷӣ Сироҷиддин ба қатл расонда шуд. С. Айнӣ ба ин муносибат марсияи пурсӯзу гудозе навишт, ки банди аввалаш ин аст:

Дӯстон! Фоҷиаи сахт биомад ба сарам,

Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам. Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш, Баъд аз ин кай шавад аз ҳушу дилу ҷон хабарам?! Хабар ин аст, ки бо теғи ситам кушта шудаст, Додарам — қуввати рӯҳу дилу қути ҷигарам. Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам, Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам!

Ҳукумати амирӣ Айниро дар Самарқанд ҳам таъқиб кард ва аз ҷосусони дар Самарқанд будаи худ қатли нависандаро дар- хост намуд. С.Айнӣ бо ёрӣ ва дастгирии инқилобиёни Самарқанд ба Тошканд фирор мекунад ва аз 22 апрел то 22 октябри соли 1918 дар он ҷо мемонад. Баробари бартараф шудани хатар ба Самарқанд баргашта, дар яке аз мактабҳои усули нав ба касби омӯзгорӣ машғул мешавад.

Ҳамаи ин воқеаҳо ва боз шиорҳои адолатхоҳонаи болшеви-

кон ба он сабаб шуд, ки Айнии деҳқонзода инқилоби Октябрро бо хушӣ пазирад ва бо тамоми ҳастӣ пирӯзии инқилобро ситоиш намояд. Вале Айнӣ бо ҳама сарсупурдагиву эътиқод дар замони шӯравӣ низ ба як қатор нокомиҳо рӯ ба рӯ омад. Мудҳиштарин воқеае, ки ба ҳаёту эҷодиёти минбаъдаи нависанда таъсири амиқ гузошт, соли 1937 «душмани халқ» эълон шудани ӯ буд. Дар ин айём суратҳои нависандаи рӯзгордида аз деворҳои қироатхонаҳову мактабҳо фуроварда ва асарҳояш аз рӯйхати китобхонаҳо ба- роварда шуданд. Айнӣ маҷбур шуд, ба Абулқосим Лоҳутӣ, ки он вақтҳо дар Маскав мезист, муроҷиат намояд. Бо кӯшишҳои бедареғи Лоҳутӣ ва дахолати бевоситаи сардори Давлати Шӯравӣ И.В.Сталин номи неки устод Айнӣ барқарор гардид.

Ҳодисаи соли сиюҳафтум боиси тағйироти мундариҷавӣ дар эҷодиёти устод гардид. Нависанда дар замони ҷанги солҳои 1941­1945 дар маркази асарҳои бадеии худ образҳои фолклорию таърихи- ро қарор дод ва баъди ҷанг ба навиштани «Ёддоштҳо» шурӯъ намуд.

Айнӣ дар синни 45-солагӣ хонадор шудааст ва фарзандо- наш — Камолиддин, Холида ва Лутфия дар ҳамин шаҳри босто- нии Самарқанд ба дунё омадаанд. Вале нависанда дар ҳаёти адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамуд. Ҳар сари чанд вақт ба Сталинобод[3] омада, маҷлисҳои адабӣ ва фарҳангиро сарварӣ менамуд. Баҳори соли 1951 шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шуд ва Айнӣ аввалин президенти АИ Тоҷикистон интихоб гардид. Ин воқеа боис шуд, ки устод мин- баъд шаҳри Сталинободро низ ҷойи истиқомат қарор диҳад.

Устод Айнӣ моҳи майи соли 1954 дар Сталинобод бемор ме- шавад ва 15 июл, нисфирӯзӣ, аз ҷаҳон мегузарад. Дар маросими видоъ, ки дар майдони «800-солагии Маскав» баргузор гардид, дусад-сесад ҳазор ихлосманди устод аз тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок доштанд. Оромгоҳи ин шахсияти беназир, ки дар боғи самти шимолии шаҳри Душанбе қарор дорад, макони зиёрати тоҷикистониён ва аҳли фарҳанги ҷаҳон мебошад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Айёми хурдсоливу наврасии Садриддин дар кадом деҳот гузаштааст ?
  2. Садриддин дар кадом мактабҳои Соктаре таҳсил кардааст?
  3. Садриддин кай ба Бухоро омад ва зиндагиаш чӣ гуна буд?
  4. Садри Зиё дар зиндагии Садриддин чи гуна нақш бозид?
  5. Чаро АйнИ ба Самарканд ҳиҷрат кард ?
  6. Оё АйнИ дар Душанбе низ истиқомат доштааст ?
  7. Оромгоҳи устод Айнй дар куҷо ҷойгир шудааст ?

[1] Дар адабиётшиносӣ ҳолномаи устод такмил ёфтааст. Адабиётшинос Соҳиб Табаров дар «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 2008.-480 с.) ном ки- тобаш шаҷараи устод Айниро аз Абӯабдуллоҳ Пояндаи Соктарегӣ (вафот соли 1601) оғоз карда, таъкид намудааст: «Акнун вақти он расидааст, ки моҳу соли таваллуди Садриддин Айниро на 15 апрели соли 1878, балки 15 апрели соли 1875 шуморем».

[2] Воқеаи Колесов — раиси Шӯрои комиссарони халқии Туркистон И.Ф. Колесов 2 марти соли 1918 ҳамроҳи ҷавонбухориён барои сарнагун кардани ҳукумати амир ба Бухоро ҳуҷум намуд, вале бемуваффақият анҷом ёфт.

[3] Шаҳри Душанбе аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном гирифта буд.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …