АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / САЛҶУҚИҲО ВА НИЗОМУЛМУЛК

САЛҶУҚИҲО ВА НИЗОМУЛМУЛК

Ҷанги Дандонақон, ки дар соли 1040 сурат гирифта, тақдири давлати Ғазнавиёнро ҳал карда буд, боиси тамоман ба Хуросон соҳиб шудани Салҷуқиён гардид.[1]

Туғралбеки Салҷуқӣ (1040–1063) пас аз ин ғалаба фавран худашро «султон» эълон кард ва бародари худро дар Хуросон гузошта, ба тарафи Гургон лашкар кашид. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ нафақат Гургон, Табаристон, Хоразм ва Озарбойҷонро ба таҳти тасарруфи худ гирифт, балки як қисми вилоятҳои ғарбии Эрони кунуниро низ ишғол намуда, дар соли 1055 пойтахти хилофати Аббосӣ шаҳри Бағдодро ба дасти худ даровард ва салтанати давлати салҷуқиро расман эълон кард. Султон Туғрал Кирмон ва Форсро низ забт намуда, дар Кавказ ба қӯшуни давлати Румия шикасти сахт ворид овард.

Пас аз вафоти Туғрал бародарзодаи ӯ Алпарслон (1063– 1072) ба тахт нишаста, хоки давлати салҷуқиро хеле вусъат дод. Алпарслон баъзе ҷойҳои Мовароуннаҳрро ба худ тобеъ кард. Вай инчунин императори Румия — Романи IV Диогенро мағлуб намуд.

Дар вақти ҳукмронии Ҷалолиддини Маликшоҳ (1072–1092) ҳудуди давлати салҷуқӣ ба дараҷае тавсеа ёфт, ки аз соҳилҳои баҳри Миёназамин сар карда, то сарҳади давлати императории Чин қариб тамоми мамлакатҳои исломии Осиё дар таҳти тасарруфи он қарор гирифтанд. Аммо пас аз фавти Маликшоҳ давлати паҳновари салҷуқӣ аз ҳам пош хӯрда, ба якчанд мулку давлатчаҳо тақсим шуда рафт.

Дар асри ХII пойтахти давлати салҷуқии аҳди Санҷар (1118– 1157) шаҳри Марв буд. Ин шаҳр хеле тараққӣ карда, масоҳати бузургеро ишғол менамуд, каналҳои зиёди обёрӣ ва маҳаллаҳои калони пешаварӣ дошт. Марв ҳамчунин яке аз марказҳои мадании онвақта ба шумор мерафт. Ёқут чунин менависад: «Вақте ки ман онро (яъне Марвро.– Б.Ғ.) тарк кардам, дар он ҷо даҳ китобхонаи вақф мавҷуд буд, ки дар бобати фаровонӣ ва бартарии китобҳои маҳфузгардида назири чунин як ганҷинаи китобро дар олам надидаам».[2]

Дараҷаи маданияти Салҷуқиёни бодиянишин нисбат ба савияи мадании халқҳои мутеъгардидаи Мовароуннаҳр ва Хуросон хеле паст буд. Кормандони дараҷаи дувум ва севуми давлати салҷуқиро як сӯ гузорем, худи «Салҷуқиёни бузург» низ аз дониш дур буданд. Масалан, Туғрал ва Алпарслон, ҳатто савод ҳам надоштаанд.

Ин вазъият сабаб шуд, ки дар умури идораи ҳукумати Салҷуқиён мардони сиёсии маданитарин халқҳои ин сарзамин — форс, тоҷик ва туркони муқимӣ роли муҳиме бозанд. ҳамеша дар чунин мавридҳо фотеҳон дар таҳти таъсири халқҳои мутеъ, вале хеле маданӣ қарор мегирифтанд.

nyzam_mulkБузургтарин арбоби давлатии аҳди салҷуқӣ Абӯалӣ ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқ буд, ки дар Хуросон таваллуд ёфта, тақрибан 30 сол (1063–1092) дар замони ҳукмронии Алпарслон ва Маликшоҳ хидмати вазириро адо кардааст. Ў дар дарбори ин подшоҳон, алалхусус Маликшоҳ, обрӯй ва нуфузи бениҳоят пайдо намуда, лақаби «Низомулмулк»-ро гирифтааст. Низомулмулк як марди хеле оқил ва фозиле буд. Ӯ дар корҳои мамлакатдорӣ комилан ба таҷрибаҳои давраи Сомониён такя мекард ва барои эҳё намудани анъанаҳои мадании он давра кӯшишҳои зиёде ба харҷ медод.

Бештар бо ташаббус ва фаъолияти Низомулмулк усули идораи давлати салҷуқӣ ба тартиб андохта шуд. Чи навъе ки тамоми сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ мекунанд, айёми ҳукмронии Салҷуқиён то як андоза давраи тараққиёти осоишта ва ривоҷи тиҷорату иқтисодиёти феодалӣ буд. Шаҳрҳо умрону обод гардида, дар онҳо миқдори пешавароне, ки бо дастаҷамъӣ ва муташаккилона кор мекарданд, хеле афзоиш пайдо намуд.

Лекин вазъияти оммаи меҳнаткаш дар замони Низомулмулк низ ҳамоно бад буд. Низомулмулк ба мақсади пешгирӣ кардани тороҷгариҳое, ки феодалон нисбат ба барзгарон раво медиданд ва ин ҳол оқибат боиси кам шудани оидоти давлат мегардид, маҷбур шуд гузаронидани як қатор тадбирҳоро ба ҳокимони салҷуқӣ пешниҳод намояд. Ин тадбирот худсариҳои сардорони ҳарбӣ ва иқтаъдоронро маҳдуд мекард, то ки мардум тамоман муфлис нагардад ва дар айни замон ба ҳукмронии худи феодалон осебе нарасад.

Низомулмулк барои марказиятнок шудани идораи давлат ҳам чораҳои муассир пешбинӣ намуд. Вале ҳеҷ яке аз ин тадбирот бидуни ташкили дастгоҳи маъмурӣ, бидуни одамони доно ва босавод амалӣ намегардид.

Низомулмулк барои ташкил намудани мактабҳои олии диния – мадрасаҳо кӯшиши зиёде кард. Дар бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла, дар Бағдод, Нишопур, ҳирот, Балх, Марв ва ғайра ин қабил мактабҳо таъсис ёфта, ба шарафи ташкилкунандаи худ унвони «Низомия»-ро гирифтанд. Программаи таълими мадрасаи «Низомия»-и Бағдод дар баробари аз ёд кардани Қуръон, ҳадисҳо ва дигар риштаҳои улуми динӣ, ҳамчунин илми ҳуқуқ, забон ва адабиёти араб, риёзиёт ва амсоли инро дар бар гирифта буд. Мадраса мебоист намояндагони табақаи амалдорро дар рӯҳи эътиқод ба дини ислом тарбия карда, ба ин васила зумраи соҳибмансабро бо рӯҳониёни мусулмон наздик ва яксон намояд. Ғайр аз ин, дастпарварони мадраса бояд аз болои мардум назорати диниро анҷом дода, онҳоро аз равияи исмоилия дур мекарданд.[3]

Низомулмулк инчунин дар  бобати тавсеаи тиҷорати хориҷӣ чораҳои лозима дид, аз ҷумла, ба бекор кардани боҷҳои зиёде, ки ба тараққии бозаргонӣ мамониат мекарданд, муваффақ шуд.

Баъзе муаррихон Низомулмулкро берун аз ҳад ситоиш намуда, ҳамчун муборизи беҳбудии халқ ба қалам медиҳанд. Албатта, ӯ ҳеҷ гоҳ чунин шахс набуд. Агар баъзе тадбироти пешбиникардаи вай худсариҳои сардорони ҳарбӣ ва феодалонро маҳдуд намуда ва худи ӯ барои ба вуҷуд овардани мадрасаҳо ғамхорӣ карда бошад, пас ҳамаи инҳо фақат барои мустаҳкам гардидани иқтидори Салҷуқиҳо, барои ҳарчи бештар пур шудани хазинаи давлат хидмат мекарданд.

Дар усули иқтаъ ва иқтаъдории давлати Салҷуқиён, пеш аз ҳама, манфиати аъён ва ашрофи туркони салҷуқӣ ба назар гирифта шуда буд. Ба тавассути иқтаъ мадохили асосии мамлакат ба дасти аъзои хонадони салтанатии Салҷуқиён медаромад. ҳар яке аз аъзои ин хонадон ба шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷудогонаи зироатӣ соҳиб шуда, даромади инро ба манфиати шахсии худ сарф  мекарданд. Хешу табори подшоҳони салҷуқӣ ва сардорони ҳарбии онҳо низ бо роҳи иқтаъ ба тамоми як деҳа ва ҳатто ноҳияе соҳиб буданд. Ҳамаи ин, албатта, дар байни феодалони маҳаллӣ, ки пас аз ба сари ҳокимият омадани Салҷуқиён аз қисми зиёди оидоти худ маҳрум шуда буданд, ҳисси эътироз ва норизоятӣ ба вуҷуд меовард.

[1] Бартольд В.В., 1963 в, с. 569–583; Заходер Б.Н., 1945. Таърихи минбаъдаи Салҷуrиён дар ин асар муфассалан тавзеҳ ёфтааст; Воsworth С.Е., 1968 а.

[2] Ёқут, IV, с. 509

[3] Tritton A.S., 1957,p. 102 ӯt seq; Makdisi G., 1961; Tibawi A.L., 1962.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …