Саломалек

Саломалек

Саломалек (Саломалейкум) —  ин пиёзаки хушбӯест, ки сахт, кулӯлаи дарозак ва баъзе фақат дарозак ва ғайра. Гиёҳаш дар заминҳои корам ва ғайрикорам мерӯяд, ки намнок бошанд. Инро мардум мешиносанд. Дар тиб пиёзаки зеризаминии сиёҳ, пӯсти дарунаш сафед, хушбӯйи сахти он ба кор меравад. Навъҳои дигараш зарарнок, ҳатто заҳрнок аст. Ба забони русси Осока меноманд.

Мизоҷи кисми дарунаш сафеди хушбӯйи он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Ба қавли баъзеҳо, дар аввал гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро кӯфта гузошта банданд, заҳри каждумро бе ҳеҷ гуна дард кашида берун меоварад. Ва агар бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, даҳани рагҳоро мекушояд, ҳамаи бадбӯйиҳои аъзоро дафъ мекунад ва инчунин фаҳм ва ақлу фаросатро зиёда мегардонад; дарди сарро, ки сабабаш сардӣ бошад, пшфо мебахшад; бадбӯйии бинӣ, бавосири даруни бинӣ, агар кӯфтаи онро ба воситаи найча пуф кунанд — ҳамаашро дафъ мекунад. Агар гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.

Саломалей СаломалекумСаломалейкумро бихӯранд, ранги рӯйро некӯ мегардонад; дилтапак (дилбозӣ) ва зардпарвинро шифо мебахшад; меъда ва узвҳои ҳозимаро, ки иборат аз меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қавӣ месозад; асабҳоро қувват мебахшад; боҳ ва иштиҳоро бармеангезад, захмҳои меъдаро сиҳат мекунад ва бодҳоро пароканда менамояд.

Чун ин пиёзакро бо об соида, дар зарфи сафолӣ бар рӯйи оташ гузоранд, рутубаташ макида гардад, баъд гирифта ҳар рӯз ба дили наҳор камакак аз он бихӯранд, барои қавӣ сохтани меъда ва дафъ кардани сӯзиши сари меъда, ки сабабаш бадҳазмӣ бошад ва инчунин бадбӯйии даҳанро, ки вобаста ба меъда бошад, яъне бо ширкати меъда бошад, дармон мешавад.

Агар оби онро дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро дафъ мекунад. Онро бимоланд, дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад, даҳанро хушбӯй месозад, захм ва бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад. Хушки инро кӯфта бипошанд, ба решҳои тари кӯҳна гӯшт мерӯёнад, барои дардҳои сард, ки аз ҷамъ шудани бод бошанд, даво мешавад. Агар инро пай дар пай гузошта банданд, низ бемориҳои номбурдаро шифо мебахшад.

Кӯфтаи онро бо зифти санавбар сиришта бимоланд, ҷӯшишҳои пӯсти сарро сиҳат мекунад.Инро дар об ҷӯшонида, бо он об рӯйро бишӯянд, гунаи рухсораро соф мегардонад.

25 грамм пиёзаки сафеди саломалекро дар 300 грамм шароб ҷӯшонида, 25 грамм аз он бинӯшанд, ҳамаи намудҳои кирми меъда ва кирмҳои дигари шикамро (ҳатто кирми кадудона— солитёр)-ро дафъ мекунад.

Агар пиёзаки саломалекро бо решааш истеъмол кунанд, қуввати онро вайрон мегардонад, ба ҳалқ ва овоз зарар дорад — дар ин маврид шакар бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд. Ба шуш ҳам зиён мекунад, дар ин ҳолат арпабодиён бихӯранд, зарараш ислоҳ мегардад.

Агар ин пиёзакро аз меъёр зиёда бихӯранд ва ё бардавом истеъмол намоянд, хунро месӯзонад, иллати махавро пайдо мекунад. Барои ин қабил зарарҳояшро нест кардан, онро се рӯз дар асал ва сирко тар кунанд, кифоя аст, ки безарар гардад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз пиёзаки саломалек аз 3,5 то 9 грамм аст..

Агар инро дар собунгарӣ дохили собун намоянд, боиси хушбуйӣ ва шифобахшии он мегардад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …