АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сандарус ва фоидаи вай

Сандарус ва фоидаи вай

Сандарус —  Ин чизест монанди қаҳрабо ва аз ҷинси он аст. Рангаш зард, баъзе порчаҳои он сурхранг, аз қаҳрабо резатар, дар равғани кунҷид ба оташ гузоранд, гудохта мегардад. Равгани машҳур, ки наққошон истифода мекунанд ва мутахассисони Ҳиндустон сохта, ба ҳарир мемоланд ва аз он мумҷома месозанд, аз ҳамин аст.

  Сандарус зоҳиран шилми дарахте мебошад, ки маълум нест. Дида мешавад, ки дар магзи онҳо кирмҳои майда ва мӯрчаҳо ҳастанд. Аз ин маълум аст, ки дар вақти нав ва рақиқ (суюқ) будани ин шилм он ҷонварон дар он ғӯтида ва баъди шах шудани шилм хамон тавр мондаанд. Ин ҳам далели он аст, ки сандарус аз қабили шилм аст.

Шилм - сандарус - клейи дарахт ширеш

  Сандарус чор навъ мебошад: 1. Он, ки беруни он зард ва дарунаш сурхи барроқ (ялаққосӣ); 2. Он, ки зарди камранг, бисёр суст, яъне мулоим. 3. Он, ки моил ба кабудӣ ва суст. 4. Он, ки рангаш сиёҳ ва сабуки сахт. Қисми якумаш беҳтарини ҳамаи он аст. Хубтарин сандарус он асг, ки монанди қаҳрабо коҳро ба худ бикашад. Қуввати он то 20 сол боқӣ мемонад. Ин аз давоҳои волоқадр ба ҳисоб меравад. Фарқи мобайни сандарус ва каҳраборо муайян кардан бисёр душвор аст. Зеро ки ин низ коҳро монанди каҳрабо ба худ мекашад. Вале фарқаш дар ҳамин аст, ки ин аз каҳрабо сусттар аст ва чун ба оташ андозақд, аз ин бӯйи бад, яъне бӯйи шохи ҳайвони сӯхта меояд ва аз сӯхтаи кахрабо бӯйи оби мустако шамида мешавад. Дигар он, ки аз каҳрабо бӯйи оби лиму меояд, хусусан, ки бимоланд ва гарм кунанд, ин бӯй зиёдтар зоҳир мегардад. Таъми сандарус андак талх мебошад, вале каҳрабо талхӣ надорад. Қуввати хасро ба худ кашидан дар сандарус камтар аз каҳрабост.

  Мизоҷи сандарус дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст ва ба қавле дар якум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он; инро ос карда бихӯранд, рутубатҳои зиёдатии майна ва дигар узвҳоро хушк мегардонад; хун қай кардан ва хунравиро аз ҳамаи узвҳо хоҳ аз дарун бошад, хоҳ аз берун манъ мекунад; исҳоли хунинро шифо мебахшад, балғамро аз меъда ва рӯдаҳо канда дафъ менамояд, кирмҳои ин ҳар ду узвҳо, ҳатто кирми кадудонаро мекушад, пешоб ва ҳайзро равон месозад: агар асаб аз зиёд шудани балғам, сардӣ ва рутубат суст ва нотавон шуда бошад, ислоҳ мекунад; дилтапак (дилбозӣ), васвос, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафаси балғамӣ, табҳои давоӣ, бемориҳои сипурз, бавосир ва исҳоли кӯҳнаро шифо мебахшад, Инро бо сиканҷабин якҷо бо мудовамат бихӯранд, фарбеҳиро дафъ мекунад, арақ карданро манъ месозад, қуввати баданро нигоҳ медорад — бинобар ҳамин гуштингирҳо инро мехӯранд.

  Агар инро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд, хуни ҳайз ва пешобро меронад.

  Сандарусро бо сирко ё сиканҷабин ва ё бо ҳар ду якбора биёшоманд, бачаи занони ҳомиларо аз шикам башиддат меафтонад.

  Агар сандурусро бо асал даромехта ба чашм кашанд, гули чашм ва захми онро дафъ мекунад, доғхои аз ҳар захм ё реш боқимонда ва шилпуқиро сиҳат мекунад.

  Чун сандарусро соида, ба ҷигари гӯсфанд ё оҳу пошида, дар рӯйи оташ кабоб кунанд ва оберо, ки аз он барояд, ба чашм кашанд, шабкӯриро дафъ мекунад. Ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад, гаронии гӯшро бартараф мекунад. Ин обро бо равғани зайтун ё бо равғани гулисурх даромехта бичаконанд, ҷароҳати даруни онро ба ҳам меоварад.

 Сандарусро бо шакар якҷо сӯхта, дудашро бигиранд, зуком ва бавосирро қатъ мекунад, носурро, ки захми кӯҳнаи лоилоҷ аст, хушк мекунад, яъне сиҳат мебахшад.

  Агар сандаруси кӯфтаро ба дандон бимоланд, дарди ин узвро таскин медихад ва дандони ҷунбонакро мустаҳкам месозад, инчунин решҳои милки дандонро сиҳат мекунад.

  Кӯфтаи инро бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

  Агар инро дар равғани бодоми ширин ҷӯшонида ба кивом оваранду бимоланд, кафидани ҳар узверо, ки бошад, шифо мебахшад. Ва агар бо равғани гулисурх кивом карда муттасил бимоланд, кафидани гӯштҳои дасту поҳоро сиҳат мекунад; бо қатрон (дёготь) даромехта бимоланд, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.

  Агар соидаи сандарусро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад. Дар дигар хислатҳо монанди каҳрабо аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …