Мехоҳед, ки худро бисанҷед ки магар шумо фаъолияти бонкиро медонед ва ё не ? Пас ин саволнома барои шумост. Ин саволҳои тестӣ барои имтиҳон дар донишгоҳ ё санҷишу озмун барои ба кор даромадан ба бонк ё худ барои гирифтани вазифаи баланд дар ҷойи корӣ масалан барои раис шудан, хеле кумак хоҳад кард.
Савоҳои осону вазбин (вазнин) аз бахши бонк:
- Бонк чист? (Бонк ё худ бонк ин муассисаи махсуси молиявӣ будар барои хизматрасонӣ кардан ба аҳолӣ ё корхонаву ташкилотҳо таъсис дода мешавад ки мақсади асосиаш ин гирифтани фоида мебошад. Лек инчунин бонкҳои давлатӣ низ ҳастанд ки мақсадашон ин пеш бурдани сиёсати давлатӣ дар бахши сиёсати пулию қарзӣ мебошад. Бонкҳо чунин хизматрасониҳо барои мизоҷони худ пешниҳод мекунанд: қарзӣ, амонатӣ, ҳисоббаробаркунӣ, эквайринг, интиқоли маблағ, ивазкунии пул, мубодила, майдакунии пул, нигаҳории сармоя дар сейфҳо ва ғайра).
- Пул чист? (Пул ин молҳои махусуси буда ба сифати миёнарав барои хариду фуруш кардани дигар молу хизматрасониҳо лозим аст. Ба сифати пул қоғазҳои махсуси давлатӣ (банкнота) ва тангаҳо дар солҳои охир баромад мекунанд. Солҳои пеш бошад ба сифати «Пул» тилло, нуқра ва баъзеи намудҳои сангҳои қимматбаҳо баромад мекарданд. Аз ин ҳам пеш бошад ба сифати Пул мол аз ҷумла чорво, ҳосили зироативу меваҷотӣ ва ё олотҳои оҳанӣ ба мисли табар, корд, дег, шамшер, кӯза ва ғайраҳо баромад мекарданд.)
- Қарз чист? (Қарз ин муносибатҳои арзишӣ байни хоҷагиҳо (яъне одамону ташкилотҳо) бо мақсади қонеъ гардонидани талаботҳои молиявии онҳо барои харид бо шартҳои баргардонй, мӯҳлатнок ва музднок мебошад)
- Амонат чист? (Ин маблағи пулӣ ё дигар намуди дороие, ки асосан дар бонк бо мақсади нигаҳдорӣ, гирифтани фоида ва ё дигар сабабҳо аз ҷониби шахсони воқеъию ҳуқуқӣ бо муҳлати муаян ё номуайян, гузошташаванда мебошад. Ба сифати амонат метавонанд дороиҳои зерин баромад намоянд)
- Актив ё худ Дорои чист? (Актив ин воситаҳои пулию модии дар бонк буда бо мақсади қонеъ кардани талаботҳои худ истифода мешаваду аз он даромади пуллӣ ва ё моддию маънавӣ гирифта мешавад, номида мешавад. Дороии бонк аз ҳисоби ҷалби воситаҳои пулию модии саҳомон, мизоҷони амонатгузор ва ё аз ҳисоби пулҳои корхонаву ташкилотҳо ташаккул дода мешавад);
- Пассив ё худ Уҳдадориҳои бонкӣ чист? (Ин бахши манфии тавозуни Бонк буда дар он воситаҳои пулии ташкилот бо мақсади иникос кардани ҳаҷми пулҳои мардуму корхонаву ташкилотҳо ба сифати муваққатан истифодабарӣ нигоҳ дошта мешаванд, номида мешавад. Масалан маблағхои амонат, пасандоз, қарзҳои аз дигар ташкилотҳои молиявӣ гирифташуда ва ғайра);
- Тавозун чист? (Тавозун ин ҳуҷҷати молиявӣ буда дар он бақияи воситаҳои пулӣ, молӣ ва маънавии корхона аз нигоҳи маблағ таҷасумшаванда ба санаи муайян мебошад ки аз 2 қисм иборат аст ки яке Актив ва дигаре Пассив мебошад ва бақияи ҳарду тарафи он бояд баробар бошанд)
- Сармоя чист? (Ин воситаҳои пулӣ ва ё молӣ ки дар қисми пассивии тавозунӣ бонк таҷассум гардидааст мебошад. Онро инчунин капитал менаманд ва он бо мақсади дидани ҳаҷми пули худии соҳибмулкони корхонаву ташкилотҳо ташаккул дода мешавад. Инчунин дар бахши сармоя маблағҳои фоидаву зиёни ташкилот таҷассум карда мешавад);
- Эквайринг чист? (Ин амалиёти бонкӣ буда дар асри 21-пайдо шудааст ва он иборат аз ҳисоббаробаркунии байни 2 мизоҷ ки яке фурушандаи мол ва дигаре харидор мебошад. Масалан ин харидани мол тариқи корти пластикӣ аз шабакаи интернет)
- Таваррум чист? (Таваррум ё худ инфляция ин паст шудани қобилияти харидории пул аст. Масалан соли гузашта шум обо 100 сомонӣ 7 кило гушт, 7 кило шакар ва 7 кило бодиринг мехаридед вале соли ҷорӣ бо ҳамон миқдор пул алакай 5 килогӣ молҳои номбаршударо харидеду пулатон тамом шуд. Яъне беқурбшавӣ нисбати молу хадамот);
- Дефляция чист? (Дефляция ин ҳолати баракси таваррум ё худ инфлясия мебошад ки аз пурзур шудани тавоноии харидории пул шаҳодат медиҳад);
- Девалватсия чист? (Ин паст шудани тавоноии мубодила шудани асъори миллӣ нисбати асъори хориҷӣ. Масалан қурби пули сомонӣ назар ба доллар 2 маротиба паст фаромад ва аз 5 сомони ба 10 сомонӣ баробар шуд).
- Деноминатсия чист? (Ин иваз кардани пулҳои нав ба пулҳои куҳна бо мақсади беҳтар кардани сиёсати пулии кишвар аст. Масалан 1000 рубли куҳнаро ба 10 сомонӣ иваз кардан);
- Қурби асъор чанд намуд мешавад? (Қурби асъор 2 намуд мешавад, ки яке қурби мустақим ва дигаре қурби баракс мебошад)
- Асъори криптӣ чист? (Онро ҳамчун криптовалюта дар забони русӣ мешиносанд ва он асъори ғайри физикӣ буда танҳо рақам мебошад ва тариқи омилҳои сунъӣ ҳаҷмаш зиёд шуда асосан дар шабакаи интернет машҳур аст. Албата бо ин намуди асъор молу хизматрасонӣ дар баъзе мавридҳо харида мешавад вале мутассифона кафолати ягон кишвар, бонк ё дигар ташкилот барои барҳам хурдани бақияи ин асъор вуҷуд надорад).