АСОСӢ / ГУНОГУН / Себ чигуна фоида дорад?

Себ чигуна фоида дорад?

Себ —  Маълум аст, ки ин самари дарахт мебошад. Беҳтаринаш расидаи шодоби он аст.

  Мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар асг; мизоҷи турши он дар аввали дувум сард ва хушк; мизоҷи себи майхуш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст ва дар якум хушк мебошад. Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахташ сард ва хушк аст. Барг ва мевааш қуввати тарёқӣ дорад.

apple

  Хислатҳои шифобахши он:  ҳамаи навъҳои меваашро бихӯранд, фараҳ мебахшад; дил, майна ва ҷигарро қавӣ мегардонад, инчунин бӯйиданаш ҳам чунин хислатҳоро доросг. Хӯрдани он барои дилтапак (дилбозӣ) ва душвории нафас дору мешавад; сари меъдаро қувват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта гарданд, инчунин иштиҳоро мекушояд.

 Себи ширинро бихӯранд, фараҳ мебахшад, сабуккунандаи рӯҳи ҳайвонӣ, яъне кувватҳои ҷисмониро кушоиш медиҳад ва агар дар меъда хилти сафро бошад, худаш низ зуд ба сафро табдил меёбад. Агар инро пухта бихӯранд, барои сурфаи хушк дармон мешавад. Обашро бо шарбати қандин ва обгӯшт биёщоманд, иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Руббаш, яъне обашро то гафс шудан ҷӯшонида ё шароби инро биёшоманд, дар ҳама ҷиҳат қавитар мегардад. хусусан барои фараҳ овардан, дар бобати қувват бахшидан ба меъда ва дил назар ба мевааш қавитар мебошад, васвоси савдовиро дафъ мекунад, ваборо шифо мебахшад ва тафси баданро таскин медиҳад. Мураббояш ҳам хислатҳои дар боло зикрёфтаро дорад.

  Себи тунҷро дар миёни хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, барои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себро кӯфта ба чашм гузошта банданд, дарди чашмро нафъ дорад.

  Агар себи туршро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба табҳои мураккаб гирифтор мекунад, шикамро пурбод месозад, иллати беҳаракат мондани узвро ба амал меоварад, мушакҳоро ба дард меоварад, ларзак мекунад. Дар ин ҳолатҳо дорчинӣ хӯрдан даркор аст, то ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

 Себи туршро бихӯранд, дарунро мебандад, қай ва ташнагиро таскин медиҳад ва барои меъдаҳои сафронок мувофиқ ва форам мебошад. Агар инро дар хамир пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад ва давоҳои заҳролудкунандаро ислоҳ мекунад.

 Қоқи себро кӯфта, бо оби анор бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, исҳоли сафровиро мебандад ва қайро таскин медиҳад. Вале агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, барои узвҳои даруни сина зарарнок аст, варами шушро ба амал меоварад ва дар рагҳо бодҳои гуногунро пайдо менамояд. Дар ин ҳолат гулқанд ва дорчинӣ бихӯранд ва асал билесанд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

  Себи майхуш, яъне туршу ширинро бихӯранд, дар бадан моддаҳои сара пайдо мекунад, ташнагиро мешиканад, қайи сафровиро манъ месозад, исҳолро мебандад ва дар дигар хислатҳо монанди себи турш аст.

  Ба қавле, ҳамаи навъҳои себро бихӯранд, агар ба моддаҳои гарммизоҷи дар меъда буда бирасад, онҳоро дафъ мекунад.

  Себи хом, яъне себчаро бихӯранд, дар бадан хилти хом пайдо мекунад, таб мегиронад.

  Себро кӯфта, дар давраҳои аввал ба варамҳо гузошта банданд, нафъ дорад.

  Рубби себи турш, яъне оби себи туршро ҷӯшонида ғафс гардонидааш мизоҷ дар дараҷаи якум сард ва дар тариву хушкӣ мӯътадил аст. Инро бихӯранд, сафроро кам ва фишори баланди хунро паст мекунад, исҳоли сафровиро мебақдад ва қайи сафровиро манъ мекунад. Ин ба касоне, ки исҳоли хунин дошта бошанд ва инчунин ба шуш ҳам зарар меоварад. Агар инро дар хӯрдан мудовамат намоянд, ба асабҳо зиён мекунад. Шароб ва мураббои он дар манфиат монанди худаш мебошад, фақат камтар гармӣ дорад ва барои васвоси савдовӣ назар ба пшрини он манфиатноктар аст.

  Усораи себи расида ва баргҳо, яъне оби барг ва самараи (себи) онро дар офтоб ғафс гардонанд, усораи он номида мешавад. Микдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз аз 25 то 35 грамм аст. Агар инро бимоланд, низ захри каждумро дафъ мекунад, инчунин газанди дигар заҳрҳоро мешиканад.

  Барги тари себро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро дар аввали пайдоиш нафъ дорад.

  Гули себро хоҳ бо заъфарон, хоҳ бо савсани кӯҳй ё бо ҷадвор бихӯранд, ахлоти бадбӯйро дар бадан ба ислоҳ меоварад.

  Мураббои гули себ, яъне гулқанди гули себ барои сустии дил, майна ва барои барангехтани орзу ва ҳаракати боҳ (пушти камар) даво мешавад. Гули онро бо ду баробар вазни он шираи гулқанди гули сурх даромехта, монанди гулқанди гули сурх тартиб диҳанд. барои бемориҳои мазкур нафъ дорад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз гулқанди гули себ дар як рӯз то 30 грамм аст.

  Хуллас, бояд ки одамони гарммизоҷ себи турш ва майхуши онро бихӯранд ва сардмизоҷон ширинашро тановул намоянд. Касони балғамимизоҷ ширину тунҷи онро бояд бихӯранд. Агар аз хӯрдани ин дар худ вазнинӣ ҳис кунанд, бояд аз болои он оби хунук нанӯшанд, инчунин таоми турш тановул накунанд ва, инак, то аз меъда фуромадани он гизо истеъмол нафармоянд.

  Себи бемазаро ба ҳеҷ кас раво нест, ки бихӯранд.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …