Себарга (ба русси Клевер) — як намуди растании хамешасабз, ки ду навъ мебошад: навъи бӯстонӣ ва намуди саҳроӣ дорад. Ду гурӯҳ дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Беҳтаринаш қисми сафедгули он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши бӯстонии он: оби аз себаргаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи себарга меноманд. Усораи инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ мекунад, реши чашмро шифо мебахшад.
Себаргаро кӯфта бо шароб бихӯранд, истисқо ва зардпарвинро даво мешавад, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, заҳрҳои қаттолро аз бадан дур менамояд, пучакҳоро мепазонад ва мекафонад; ҳолати бади ахлоти сегона — хун, балғам ва сафроро, агар мурдор гашта бошанд, ба ислоҳ меоварад, дарунро мулоим мекунад, иштиҳоро мекушояд.
Барги тарашро қима карда, бо андак равған бирён намуда, бардавом тановул кунанд, иллати истисқоро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, сиҳат мекунад. Арақи инро низ бардавом бинӯшанд, истисқоро шифо мебахшад.
Тариқи гирифтани арақи себарга чунин аст. Барги тарашро кӯфта, дар анбиқ андохта, ба оташ мегузоранд ва ба рӯйи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбиқ расида, қатраҳои об гашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Вале арақи ин монанди нӯшокиҳои масткунанда таъсир намекунад.
Аз себарга равған ҳам тайёр мекунанд. Ошомидани равғани он ҳар рӯз як маҳал 4,5 грамм дарди буғумҳо ва дарди хояҳоро дафъ мекунад. Вале агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, дарди гулӯро ба амал меоварад. Дар ин ҳолати зараркардааш коҳу ва коснии тару тоза бихӯранд, ислоҳи зарар мекунад. Ин равғанро ба мабдоъи асабҳо ва поҳои касе, ки замингир, яъне барҷомонда бошад ва қобили хестан набошад, бимоланд, шифо мебахшад.
Тайёр кардани равғани он чунин аст. Барг ва банди баргҳои тарашро ҷамъ намуда, дар соя хушк кунанд. Аз ин ҳар қадар, ки хоҳанд бигиранд. Дар шаш бароба-ри он оби борой ё оби муқаттар як шабонарӯз тар намоянд. Баъд то ду ҳиссаи об бухор шудан бо оташи мулоим биҷӯшонанд. Сонӣ онро аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф гардонанду дар зарфе бар болои он об аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун андозанду бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки об тамоман бухор шавад ва равған бимонад. Аломати ба тамом бухор шудани об он аст, ки аз ҷӯш мемонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Гирифтани равғанн ин тарзи дигар ҳам дорад. Як миқдор оби себаргаи тару тозаро дар зарфе карда, аз болояш ҳамон миқдор, равғани зайтун андохта, ба тариқи якум тайёр мекунанд. Тухми себаргаи бӯстониро бихӯранд, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар инро кӯфта, бо об хамир карда бимоланд, доғи кунҷидакро дафъ мекунад. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми себаргаи боғӣ то 10,5 грамм аст.
Себаргаи саҳроиро гулаш сурх ва баргаш калонтар аст, ки инро юнучқаи кӯҳӣ ё себаргаи сурх меноманд. Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он оби гиёҳи тару тозаи онро бинӯшанд, саръ ва дарди паҳлуро шифо мебахшад, меъдаро қувват медиҳад ва дардашро ҳам дафъ мекунад; бодҳоро пароканда месозад, исҳолро мебандад, сардии хичакро ислоҳ мекунад, чакмезакро шифо медиҳад; ҳайз, шир ва пешобро равон мекунад, арақ меоварад. Ин обро дар бинӣ чаконанд, барои иллати саръ ва девонагӣ дору мешавад. Агар оби инро ба ҷойи газидаи каждум бирезанд, заҳр ва азияти онро дафъ мекунад, вале ба узви солим бирезанд, дар он дард пайдо мекунад.
Инро дар об ҷӯшонида, кӯдаконро дар он об бинишонанд, онҳо зуд ба роҳ медароянд. Равғани инро бимоланд, дарди узвҳоро таскин медиҳад. Бо оби ин гиёҳ бишӯянд, башара, яъне пӯстро аз ҳар гуна доғҳо пок мегардонад. Истеъмоли ин ба дарун дарди сар меоварад ва ба одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат кашниз ва растаниҳои дигари сардмизоҷ бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.
Мизоҷи тухмаш гармтар ва хушктар аз гиёҳи он аст. Хӯрдани ин қуввати боҳ мебахшад ва поккунандаи пӯст мебошад. Агар инро кӯфта, бо об хамир карда бимоланд, чирк ва доғҳои кунҷидаки рӯйро дафъ мекунад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин то 10,5 грамм аст. Вале хӯрданаш дар пӯсти бадан қӯтур пайдо мекунад, дар ин ҳолат катиро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд; ба узвҳои даруни сина ҳам зиён дорад дар ин маврид каллақанд бояд хӯрд, ки дафъи зарар кунад.
Яке аз хусусиятҳои он чунон аст, ки барг ва решаи онро бар рони чапи зан бибанданд, зоиданро осон ва сабук мегардонад. Бояд ки баъд аз зоидан зуд кушода партоянд. Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст, ки чун решаи себаргаи сафедро дар соя хушк карда, баъд онро дар об ё дар гулоб бисоянду дар чашм кашанд, мӯйи мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад, обравӣ ва қӯтури чашмро дафъ месозад.
Чун ин оби барги тару тозаи онро гирифта, дар 32 грамм обаш 132 грамм шири гов андохта бихӯранд, пешоби бандшударо мекушояд. Агар решаи онро ба миқдори мурч бо як дона мурч ба хӯрданаш оғоз намуда, ҳар рӯз ба миқдори як дона мурч аз реша зиёд карда ва мурчро ҳам якдонагӣ афзуда то чил рӯз ва рӯзи чилум чил баробари мурч ва бо чил дона мурч бихӯранд ва аз рӯзи чилум як миқдорӣ решаро ба андозаи як мурч ва мурчро низ як донагӣ кам карда, дар рӯзи ҳаштодум боз решаро ба миқдори донаи мурч ва мурчро ба як дона биёваранду бихӯранд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ва тарӣ сарзада, табҳои балғамии кӯҳнашуда, фуромадани об дар хояҳо ва поҳо ва инчунин ба ҷоҳои дигар фурудомада дарднок бошад, барои ҳамааш дармон мешавад.