Шакар — Ин оби найшакар аст, ки ҷӯшонида, ба қивом расонида, баъд хушк мекунанд — шакар мегардад. Агар инро аз оби найшакари сафед тайёр намоянд, шакараш сафед ва аз оби найшакари сурх бигиранд, шакараш сурх мегардад.
Агар аз шакар қанди сафед тайёр кунанд, онро дар тиб набиз ва агар набот созанд, онро шакари сулаймонӣ мегӯянд.
Мизоҷи шакари сафед дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Мизоҷи шакари сурх дар охири дараҷаи дувум гарм ва дар охири якум хушк аст.
Хислатхои шифобахши он: инро бихӯранд, дарун, ҳалқ, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим ва инчунин узвҳои мазкурро аз рутубатҳо пок мекунад, бо ин восита ба ҷоҳои дур ва чуқури бадан нуфуз менамояд ба зудӣ; барои қувват додан ба рӯҳҳои ҳайвонӣ, нафсонӣ ва табиӣ, илова бар ин ба ҷигар, таҳлил додани бодҳои рӯдаҳо, қувват додан барои боҳ (пушти камар), пайдо кардани хуни солим, мустаҳкам сохтани асабҳову устухонҳо, манъи пирӣ ва дафъ кардани моддаҳои савдовӣ, инчунин бемориҳои савдовӣ ва ғизо додан барои беморон давои зуд таъсиркунанда аст.
25 грамм шакарро бо оби гарм ва равғани бодоми ширин бихӯранд, барои гирифтагии овоз даво мебошад, иллати қулинҷро шифо мебахшад; бо ду мисли он равғани гов, ки 50 грамм аст, нимгарм бихӯранд, барои дарди ноф ва гиреҳи дарун дармон мегардад ва занонеро, ки қобили ҳайз дидан бошанд, пок мегардонад, душвор шошиданро ислоҳ мекунад.
Ҳар рӯз 25 грамм наботро як пора-як пора ба даҳан гирифта об кунонида фурӯ баранд, сурфа, дағалии овоз, дарди узвҳои даруни сина, ларзак, дилтапак (дилбозӣ)- ро, ки аз бисёрии мубошарат бошад, дафъ мекунад. Агар ин миқдор наботро бо оби гарм биёшоманд, барои гирифтагии овоз, ки сабабаш назлаҳо бошад, шифо мебахшад ва агар инро бардавом бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.
Аз набот ҷуллоб ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Як килограмм наботи сафедро бо се килограмм гулоб якҷо дар оташи мулоим меҷӯшонанд, кафкашро мебардоранд ва соф менамоянду то ба нисф расидан боз меҷӯшонанд. Баъд 3,5 грамм заъфаронро бо гулоб соида, дохил намоянду дар зарфе нигоҳ доранд, вақти ҳоҷат ба кор баранд.
Ҷуллоби наботро бо гулоб ва оби хунук биёшоманд, барои ибтидои табҳои сӯзон даво мешавад. Агар ҷуллобро бо гулоб ва дигар давоҳои хушбӯй хӯриш дода ё батанҳоӣ бо оби нимгарм барои беморон ба қадри ҳоҷат бихӯронанд, агар тезтаъм бошад, нафъ мекунад, зеро ки ин поккунандаи бадан аст. Агар бо маскаи нав биёшоманд, хислати поккунандагиаш зиёда мегардад, решҳоро аз рим пок мегардонад; барои хоридани пилкҳои чашм бо набот, қанди сафеди сахт кӯгури пилк ва гули чашм ва инчунин гӯшти зоидӣ, яъне гӯшти ҳароми онро дафъ мекунад; агар бо набот ва марворид бихӯранд, шилпукӣ ва кӯтури чашмро нест месозад.
Набот ё шакарро кӯфта, бо гӯгирд, қатрон (дёготь), сандаруси кӯфта ва навшодир даромехта гузошта банданд, шукуфаи пӯст, пес, доғисафеди пӯст ва дигар доғҳоро аз пӯсти бадан дафъ мекунад.
Кӯфтаи қанди сафед ва наботро бипошанд, хунеро, ки аз узви қатъшуда ва ҷароҳат равон бошад, бозмеистонад ва гӯшти ҳаром ва мурдори ҷароҳатро дур карда, гӯшти солим мерӯёнад.
Наботро сӯхта, дудашро ба машом бигиранд, зукомро дафъ мекунад, бастагии сӯрохи биниро мекушояд.
Вале истеъмоли набот, қанд ва шакар ба дарун ба беморони сил, исқол, дарди рӯдақо ва касони сафро ва мизоҷ зарар дорад, хусусан, ки ҳангоми гурусна будани шикам бихӯранд; дар одамони тармизоҷ агар балғам ва рутубат дар бадани онҳо зиёд бошад, дарди сар мекунад. Аммо соҳибони ин мизоҷ бо равған ва туршӣ истеьмол намоянд, зиёнаш бисёртар аст. Агар шакар, қанд ва набот хеле кӯҳна шуда бошад, моддаҳои фоиданоки баданро мурдор мегардонад ва хунро месӯзонад. Дар вақти зиён карданаш бодоми ширин, шири навдӯшида, туршиҳо, оби анорҳо; оби биҳӣ ва коҳу истеъмол намоянд, ислоҳ менамояд. Миқдори хӯрдан аз ин дар як рӯз то 100 грамм аст.