АСОСӢ / ГУНОГУН / Шартнома чист ва намунаи он

Шартнома чист ва намунаи он

Шартнома ин созиши байни ду ва ё зиёда тарафҳо (субъектҳо), оид ба барпо кардани ҳама гуна масъалаҳо, тағир додан ё қатъ кардани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ғайра мебошад. Шартнома ҳамчун манбаи ӯҳдадориҳои ахлоқӣ ё ҳуқуқӣ хизмат мекунад.

dogovorШартнома яке аз қадимтарин сохторҳои ҳуқуқӣ мебошад. Ҳоло он дар бисёр соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ ва давлатӣ истифода мешавад. Шартнома метавонад хаттӣ ва ё шифоӣ (овозӣ) шавад.

Намунаи Шартномаи
иҷораи воситаи нақлиёт

шаҳри Душанбе “12” январи соли 2018

ҶДММ «Тоҷикхайтек», ки минбаъд “Иҷорагир” номида мешавад, дар шахсияти Директор Салимзода Шариф Саид, ки дар асоси Оиннома амал менамояд, аз як тараф, ва Ҳазратов Шамшод Абдулазизович, шаҳрванди ҶТ, бо шиносномаи силсилаи А02608456, ки аз тарафи ШВКД-и ш Бохтар, в Хатлон, аз “10” августи соли 2019 дода шудааст, РМА 2855204280, истиқоматкунандаи суроғаи: ш Бохтар, к Ҳоҷи Шариф х 10, ки минбаъд “Иҷорадеҳ” номида мешавад, аз тарафи дигар, ки минбаъд якҷоя “Тарафҳо” ва ҳар яке алоҳида “Тараф” номида мешаванд, шарномаи мазкурро дар хусуси зерин бастанд:

1.Предмети Шартнома

1.1.Иҷорадеҳ ба Иҷорагир воситаи нақлиётиро: рақами бақайдгирӣ 0025BC01, тамға (навъ) Тайота-камри 2,1, ки ба Иҷорадеҳ дар асоси Шаҳодатномаи баќайдгирии воситаи наќлиёт тааллуқ дошта, мувофиқи шартномаи бақайдгирии силсилаи ВА0705289 аз “03” марти соли 2020 тасдиқ мегардад (минбаъд “Воситаи нақлиёт”), ба истифодаи муваққатӣ месупорад, Иҷорагир бошад ӯҳдадор аст иҷорапулиро дар мӯҳлати амали Шартномаи мазкур пардохт намуда, ба Иҷорадеҳ Воситаи нақлиётро пас аз анҷоми мӯҳлати амали Шартномаи мазкур баргардонад.

2.Мӯҳлати амали Шартнома

2.1.Мӯҳлати амали Шартномаи мазкур аз “22” апрели соли 2020 то “22” апрели соли 2021 ҳамчунин муқаррар карда шудааст.
2.2.Тарафҳо ба созиш омаданд, ки агар Тарафҳо мӯҳлати амалро ба мӯҳлати нав дароз кардан хоҳанд, он дар шакли созишномаи иловагӣ ба Шартномаи мазкур ба расмият дароварда мешавад.

3.Пардохт аз рӯйи Шартнома

3.1.Пардохт барои истифодаи автомашина ҳамчун илова ба музди маош ҳисоббарорӣ карда мешавад.

4.Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои Тарафҳо

4.1.Иҷорадеҳ ӯҳдадор аст:
4.1.1.Ба Иҷорагир Воситаи нақлиётро дар ҳолати коршоям ба истифода дода, онро мустақилона идора кунад.
4.1.2.Хизматрасонии Воситаи нақлиётро бо қувваи худ таъмин намояд.
4.1.3.Ҳолати техникии матлуби Воситаи нақлиётро нигоҳ дорад, аз он ҷумла, таъмири ҷорӣ ва асосии онро амалӣ намояд.
4.1.4.Воситаи нақлиётро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта намояд.
4.2.Иҷорагир ӯҳдадор аст:
4.2.1.Иҷорапулиро саривақт пардохт намояд.
4.2.2.Пас аз анҷоми мӯҳлати амали Шартномаи мазкур ба Иҷорадеҳ Воситаи нақлиётро дар ҳолати коршоям бо назардошти фарсоиши мӯътадил баргардонад.

5.Ҷавобгарии Тарафҳо

5.1.Ҳангоми қисман ё пурра иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои худ аз рӯйи Шартномаи мазкур, Тарафҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгаранд.
5.2.Иҷорагир дар назди Иҷорадеҳ ба зараре, ки ба шахсони сеюм ва молумулки Иҷорадеҳ дар ҷараёни идораи Воситаи нақлиёт расонидааст, дар доираи амали Шартномаи мазкур ҷавобгар аст.

6.Қувваҳои рафънопазир ва ҳалли баҳс

6.1.Ҳеҷ яке аз Тарафҳо дар назди дигар Тараф ба қисман ё пурра иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ ҷавобгар нест, агар исбот намояд, ки иҷрои матлуб дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир, яъне ҳолатҳои фавқуллода ва бартарафнопазир дар ин маврид, ки пешгӯӣ ё пешгирӣ карда намешаванд, имконнопазир гардидааст.
6.2.Тарафе, ки ӯҳдадории худро дар натиҷаи таъсири ҳолатҳое, ки дар банди 6.1 Шартномаи мазкур муқаррар карда шудаанд, иҷро карда наметавонад, Тарафи дигарро дар хусуси ҳолатҳои мазкур ва таъсири онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ аз рӯйи Шартномаи мазкур бояд огоҳ намояд.
6.3.Тарафҳо ба созиш омаданд, ки ҳама баҳсҳое, ки аз Шартномаи мазкур ба вуҷуд меоянд, бо гуфтушунид ҳал карда мешаванд. Ҳангоми ба созиш нарасидан, баҳсҳои мазкур ба баррасии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе супорида мешаванд.

7.Муқаррароти хотимавӣ

7.1.Шартномаи мазкур ҳар вақт бо созиши мутақобилаи Тарафҳо метавонад бекор карда ё тағйир дода шавад, ки он дар шакли созишномаи иловагӣ ба расмият дароварда мешавад.
7.2.Шартномаи мазкур дар 2 (ду) нусха, ки ҳар ду эътибори баробари ҳуқуқӣ доранд, яктоӣ (1) ба ҳар як Тараф тартиб дода шудааст.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …