АСОСӢ / ГУНОГУН / ШЕЪРҲОИ ТОҶИКИСТОНИИ ЛОҲУТИ

ШЕЪРҲОИ ТОҶИКИСТОНИИ ЛОҲУТИ

Шеърҳои тоҷикистонии устод Лоҳутӣ аз соли 1925, аз шеъри «Саройи тамаддун» оғоз меёбад ва баъдтар як қисми ин силси- лаи шеърҳо бо номи «Шеърҳои тоҷикистонӣ» (1940) дар шакли китоби алоҳида ба табъ мерасад. «Саройи тамаддун», «Духтари инқилоб», «Одами оҳанпо», «Хар ва трактор», «Тоҷикистон шуд мунаввар», «Ман фарзанди як деҳқоне будам», «Хабар», «Тоҷу байрақ» аз беҳтарин асарҳои ин силсила буда, дар онҳо ҳаёту ма- ишати халқи тоҷик тараннум ёфтаанд. Устод Лоҳутӣ аз шинох- ти аввал таваҷҷуҳи хонандаро ба решаҳои ҳазорсолаи фарҳанги мардуми тоҷик ҷалб менамояд:

Abolqasem_LahoutiДар сарсутуну сардари айвону сақфи он Бо хатти зар навишта ҳазорон катибаҳо. Аммо сиёҳ гаштаву яксар шуда ниҳон Дар зери дуд он ҳама осори пурбаҳо. Ҳо, як китоби пора! Бихонем аз ин китоб.

Шояд шавад падид, ки ин хона мулки кист… Оҳ,

Ин бино тамаддуни тоҷик будааст, Он хонае, ки нур фишондӣ ба коинот.

Шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ мувофиқи талаби замони шӯравӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардуми заҳматкаш ба тав- ри содаву оммафаҳм эҷод гардида, дорои хусусияти публитсистӣ ва тарғиботӣ мебошанд. Бинобар ин, ҳар кадом ба дили хо- нанда зуд роҳ ёфта, ӯро ба корномаҳо раҳнамун месозад. Соли 1929 ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистонро Лоҳутӣ дар шеъри «Тоҷикистон» табрик мекунад.

Шеъри «Ба Тоҷикистон» соли 1939 ба муносибати 10-солагии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон эҷод гардида, эҳсосоти шоирро аз ин ҳодисаи фараҳбахш ба таври амиқ ифода менамояд:

Эй умеди дили рамидаи ман, Қуввати дасту нури дидаи ман. Ватани кору хонаи ишқам, Табъи шеъру таронаи ишқам. Ваҳ, чӣ рахшонӣ, эй шарораи сурх, Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх. Бурҷи машриқ агарчи хонаи туст, Лекин олам пур аз фасонаи туст.

Воситаҳои тасвир, ба монанди хитобаҳо, ташбеҳу истиора ва тавсифу муболиға ва махсусан се маротиба такрор ёфтани байти зерин, қувваи ифоданокии шеъри «Ба Тоҷикистон»-ро афзун гар- дондаанд:

Эй умеди дили рамидаи ман, Қуввати дасту нури дидаи ман.

Таркибҳои умеДи Дили рамиДа, куввати Даст, нури ДиДа таъ- кид бар он доранд, ки Тоҷикистон чун сарвати бебаҳо барои ҳар тоҷик басо азизу мукаррам аст.

Абулқосим Лоҳутй дар «Хабар», «Мо ранҷбарзодагонем», «Озодии занҳо», «Таронаи партизанӣ» «Духтари Тоҷикистон» аз шаклҳои нави шеърӣ, ки дар адабиёти русу Аврупо роиҷ буд, истифода кардааст. Масалан, таронаи «Духтари Тоҷикистон» аз шаш банди чаҳормисраӣ (қофияи ҳар банд а а б а) иборат мебо- шад ва дар охири ҳар банд таркиби «Ҷони манӣ ту!» чун мисраи васила такрор мешавад:

Духтарак, эй духтарҷон,

Духтари Тоҷикистон, Пахта ба фабрик додӣ, Газвора кардӣ арзон, Ҷони манӣ ту!

Такрори таркиби Ҷони манӣ ту! дар вазну қофияи алоҳида самимият ва ҷозибаи шеърро афзун намудааст.

Дар миёни шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ асарҳои калонҳаҷм низ ҳастанд, ки достони «Тоҷу байрақ» намунаи хуби онҳост. Ин асар назираи ҷавобия ба «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ме- бошад. Лоҳутӣ аз як лаҳзаи «Шоҳнома» иқтибос оварда, баъд дар ҳамон вазну қофия асари ҷолиби диққате меофарад, ки дар ҳашт боби он масъалаи нангу номуси инсонӣ дар шароити нави таърихӣ ба тасвир омадааст.

Қаҳрамони «Шоҳнома» Баҳроми гурд[1] баҳри ба даст оварда- ни тоҷи подшоҳӣ, ки дар майдони душман ба замин афтида буд, ҷонбозиҳо мекунад ва оқибат тоҷро ба даст дароварда, шарафу номуси инсонӣ ва ватандориро ба ҷо меорад. Дар достони «Тоҷу байрақ» чунин корнамоиро Ориф дар майдони меҳнат ба ҷо мео- рад. Ориф чун сардори гурӯҳи пахтакорӣ ба воқеаи аз даст додани байрақи шараф муросо карда наметавонад ва шабу рӯз мардона та- лош меварзад, то гурӯҳи ӯ аз нав ба байрақи шараф соҳиб гардад.

Дар «Тоҷу байрақ» рӯҳи мутантани тасвири «Шоҳнома» нигоҳ дошта шудааст. Симои Ориф бо тавсифу ташбеҳ ва муболиғаҳои фирдавсиёна дар пеши назари хонанда чун паҳлавони қавиҳайкали майдони кор тасвир меёбад:

Диловар биёмад ба кирдори бод, Чу кӯҳе дар он пахтазор истод.

Баровард дасти ялй з-остин, Шигифто, ки оташ бишуд пахтачин! Гули пахтаҳоро чунон пай ба пай, Ба доман ҳамерехт он некпай, Ки гуфтӣ, зи ҳар гӯшаи осмон Фитод ахтарон дар дили Каҳкашон.

Симои Орифро дигар иштирокдорони асар, аз ҷумла мо- дари ӯ, тақвият медиҳанд. Муколамаи Ориф ба модараш хеле пурҳаяҷон ва муассиркунанда буда, боиси афзунии рӯҳи маъри- фатии асар гардидааст. Бубинед, истифодаи санъати ташхис суха- ни Орифро чи қадар ширину дилнишин намудааст:

Мабодо, ки ман дер монам ба хоб, Ба бистар бубинад маро офтоб. Мадеҳ фурсат, эй модари пурҳунар, Ки хуршед хезад зи ман зудтар.

Дар достони «Тоҷу байрақ» дар баробари баҳри мутақориби мусаммани маҳфуз (ё мақсур) вазнҳои дигари шеърӣ низ истифо- да шудаанд. Лоҳутӣ вазъият ва ҳолати рӯҳии фотеҳони саҳроро ба воситаи чанд суруд, ки вазну қофияи дигар доранд, нишон медиҳад ва бо ин иқдоми худ имконияти васеи арӯзи тоҷикиро дар эҷоди бадеӣ таъкид менамояд:

Суруде, ки ҳар ранҷбар месуруд, Дар он базми имрӯзӣ ин гуна буд: Шуд бахти саркаш роми мо, Омад зафар дар доми мо.

Пур шуд ҷаҳон аз номи мо, Мо фотеҳем, мо фотеҳем…

Ҳамин тариқ, Лоҳутӣ дар ифодаи ғояи ватандорӣ ва ҳифзи номусу шарафи инсонӣ дигар мафҳуми муқаддас — байрақро чун воситаи тасвир қарор дода, бо ҳамин меҳнати бунёдкоронаро чун сарчашмаи асосии хушбахтии инсоният тараннум карда- аст. Умуман, шеърҳои тоҷикистонии шоир маҳсули сафарҳои ӯ ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, вазъияти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро дар нимаи аввали асри ХХ равшану возеҳ инъикос менамоянд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро «Шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ» мегӯянд ?
  2. Барои чӣ Лоҳутӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус дошт ?
  3. Оид ба ашъори ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи Лоҳутӣ маълумот диҳед.
  4. Шумо аз мутолиаи достони «Тоҷу байрақ» ба чӣ хулоса омадед?
  5. Образи Ориф ба образи Баҳром (аз «Шоҳнома») чӣ монандӣ дорад?
  6. Мавқеи образи модарро дар «Тоҷу байрақ» шарҳ диҳед.

[1] Гурд — паҳлавон, далер.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …