ОТАШИ ИШҚ
Ба гумонам, ки ҷадди ман Зардушт,
На ба ҳар оташе садоқат дошт,
Оташи ишқро парастиш кард
К-у ба дил нури зиндагӣ мекошт!
Шояд аз ин сабаб ман аз хурдӣ
Оташи ишқро парасторам,
Дил фурӯзон бувад аз ин оташ,
Ман таб аз тобу сӯзи он дорам.
Дар дили ҳар касе фурӯзон шуд
Оташи ишқу шуълаҳои умед,
То абад мекунад ба вай таъзим,
Сар фароварда аз фалак Хуршед!
ЧАШМҲОИ ТУ…
Чашмҳоят сиёҳу зебоянд,
Мисли ҳусни ту оламороянд,
Аз нигоҳат аён, ки чашмонат
Чашм не, нури чашми дунёянд.
Метавон дид бо чунин чашмон
Ин чаҳонро фасеҳу равшантар.
Ҷустучӯ мекунам ман аз чашмат
Бахти худро. Даме ба ман бингар,
Чашмҳоят чӣ хубу зебоянд,
Ғосиби беамони дилхоянд.
ТУРО ДОДУ НАКӮ ДОД
Табиат қадди барноро ба ту дод,
н о чашми шӯху шаҳлоро ба ту дод,
Лаби гулгун, рӯхи зебо ба ту дод,
Ба ман танҳо туро доду накӯ дод!
БАҲОР ОМАД…
Ҷаҳон гулпӯш аз файзи баҳор аст,
Баҳори ошиқон дидори ёр аст.
Биё, бо ҳам равему гул бичинем,
Ки бе рӯи ту гул дар чашм хор аст.
НАМЕПУРСӢ…
Миёни ҳар ду абрӯи ту ҳол аст.
Ба наздат омадан амри маҳол аст.
Намеоӣ ба наздам гоҳ-гоҳе,
Намепурсӣ, ки шоир дар чӣ ҳол аст.
ДАР ДИДААТ ҶӮЯМ ПАНОҲЕ
Агар бигзаштааст аз ман гуноҳе,
Бибахшоям, азизам, бо нигоҳе,
Факат дар назди ту хастам гунахгор,
Факат дар дидаат чуям панохе,
ТИЛИСМИ ЗИНДАГОНӢ
Тилисми зиндагониро шикастам.
Аз ин нангинқафас як умр растам.
Ман акнун мурғи озоди замонам,
Лаҷоми зиндагониям ба дастам.
ТУРО МЕПАРАСТАМ
На бутро мепарастам, не худоро,
Туро танҳо, азизам, мепарастам.
Ба уммеде ба кӯят сар ниҳодам,
Дилам бигзошта бар рӯи дастам.
Бигир аз дастам онро, дилбарӣ кун,
Ки ман аз дасти он овора ҳастам.
МАҶНУН БИСОЗАД МАРО…
Азизам!
Табиат туро
Аз он дилбарӯ дилрабо офарид,
Ки Маҷнун бисозад маро.
Бароям туро офарид.
Вале чун нигоҳаш ба рӯят фитод
Ба якбора ҳушаш парид.
Хиҷил гашту дар кӯи ту сар ниҳод,
Вале сир надод…
ГУЛИ СУРХ…
Гули сурхе, ки ҳамранги рухи туст,
Тамошо кун, ниҳолаш бар лаби ҷӯст
Ниҳолашро дар он ҷо ман шинондам,
Зи ҳар гул бештар медорамаш дӯст.
ҶАҲОНИ МОВУ ТУ
Ҷаҳони мову ту аз ҳар ҷаҳон беҳ,
Замони мову ту ,аз ҳар замон беҳ,
Барон халқи кишвар ҳар чӣ хуб аст,
Барои мову ту, ҷоно, ҳамон беҳ!
УМЕДИ ФАРДО
Ҳар кас нарасад ба қадри имрӯз,
Асло накунад умеди фардо…
РУХИ ХУБИ ТУРО
Додаанд оро рухи хуби туро:
Бахти хуш,
Сидқу вафо,
Шарму ҳаё!
МОҲИ ШУҒНОНИЯМ
(Суруд)
Эй моҳи шуғнониям,
Лаъли бадахшониям,
Эй ҷон,
Эй ҷонам,
Ба ту қурбонам,
Ёраки кӯҳистонам.
Ман садқаи чашмонат,
Афтодаам дар домат,
Ҳайҳот!
Ай ҷонам,
Аз нав нишонам
Бар тири мижгонат.
Моҳваши дилрабо,
Бурдаӣ диламро,
Эй ҷони ман.
Ошиқи шайдоям,
Эй гули раъноям,
Хоҳам туву ман
Шинем дар чаман,
Ераки гулпираҳан.
Эй гули себи Шуғнон,
Аҳдатро кардӣ вайрон,
Охир, аз паймон
Гаштӣ пушаймон,
Хуб нест ин корат,
Эй ҷон!
Эй гул, пушаймон машав,
Ҷонам, аз наздам марав,
Бе ту
Бетобам,
Шабҳо
Бехобам,
Бо чашмони пуробам.
Раҳм намо бар ҳолам,
Эй бахту иқболам,
Эй ҷони ман.
Ин ғазали Миршакар,
Тӯҳфаи ту лабшакар,
Эй ҷон
Эй ҷонам,
Ба ту қурбонам,
Ёраки кӯҳистонам.
ШИРИН, ШИРИН
(Суруд)
Ширин, ширин,
Ширинтарӣ аз ҷони ширин.
Ширин, ширин,
Ширинакам ба паҳлуям шин.
Ба дил ҷо шав, ки ғам аз дил барояд,
Табассум кун, ки ғам дигар наояд,
Ҳамеша ду дили якгаштаи мо
Суруди шодии моро сарояд.
Н а қ а р о т:
Дароӣ дар гулистон мисли булбул.
Ба рақс ояд гули садбаргу сунбул.
Чӣ сон гул бе ту хандад дар гулистон,
Туӣ, эй нозанинам, чеҳраи гул.
Н а қ а р о т:
Ба бахти мову ту, эй дилбари ҷон,
Ҳамеша сабзу хуррам шаҳри пуршон,
Накардаст одат ин шаҳри азизам
Ки бе ту по ниҳам дар кучаи он.
На қ а ро т:
Маҳи Шуғнон, ҳамеша гул ба сар бош,
Ба фарқам ҷовидонӣ ҷилвагар бош.
Нависад Миршакар дар васфи ту шеър,
Ба вай илҳомбахши боҳунар бош!
БИШНАВ ЧӢ МЕГУЯМ ТУРО
Сабр кун,
Бишнав чӣ мегуям туро,
Ин қадар беҳуда ашкатро марез.
Рафта будам дар сафар, боз омадам,
Хат накардам гар, сабаб дорад, азиз.
Хат ба ҳар кас метавонам кард, лек
Дил ба ҳар кас доданам мушкил бувад.
Кас чӣ сон, ҷонам, фаромӯш мекунад
Дилбареро, ки умеди дил бувад?
ИШҚУ АМАЛ
Фасли хуби баҳор,
Соҳили Вахш,
Сабзаю лола буду боди саҳар…
Менишастем ҳар ду дар гулзор
Бе маю бе пиёлаю соғар.
Масти дидори якдигар гашта
То дами субҳи нав намехуфтем,
Рози дилро ба зери пардаи шаб
Фош кардему як ба як гуфтем.
То саҳар ҳамсадои мо буд Вахш,
Роз бо мавҷ гуфта меҷӯшид.
Аз паси кӯҳхои сабзбадан
Сар баровард бехабар хуршед…
Бо дили пур зи орзую умед
Ҷониби Вахш—неъмати кӯҳсор,—
Бо суруди саҳар равон гаштем,
Мисли ҳар субҳдам, ба манзили кор
Ёри мо буд бахти мо…
Оре!
Зиндагӣ бебаҳотарин гуҳарест!
Лек бе орзую ишқу амал
Зиндагӣ дашти хушки бесамарест!
ГУЛИ МАГНОЛИЯ
Ба вақти хайрухуш дар соҳили баҳр
Гули магнолия дода ба дастам,
Табассум карда, рафтӣ.
Он чӣ сир буд,
Ки бо як ишваат додӣ шикастам,
Диламро банда кардӣ бо табассум?
Агар чанде пас аз як рӯзи дигар
Гули магнолия пажмурда гардид,
Вале пажмурда ҳаргиз менагардад
Ба лавҳи дил гули паймону уммед,
Ки онро зинда кардӣ бо табассум.
ЗӮҲРАИ МАСТ
Зӯҳраи сеҳрноку мастура…
То парам тезтар ба ҷониби он,
Гул фиристодамаш, ниқобашро —
Канда партофтам ба амри замон.
Дар тааҷҷуб фитода з-ин ҷуръат,
Зуҳраи маст сӯи ман нигарист!
Рашк бурда, азизи ман бо қаҳр
Дод зад: «Ин хунукситора кист?»
«Зӯҳра»,— гуфтам.
Бигӯфт: «Зӯҳра манам!»
Гуфтам: «Эй Зӯҳраи замин, бингар
Суратат дида, сар фаровардаст
Зӯҳраи оомони нилуфар…»
РАШК БИНМУДА…
Рашк бинмуда ман аз ҳоли лабаш пурсидам:
Ки бигӯй, эй хинду
Посбони шакарӣ?
Ё ки тороҷгари лаъли лабаш?
Е ҳарду?
Холи лаб фахркунон,—
Гуфт:
— Хокистари як ошиқи овора ба рӯи оташ.
ОФАРИДАМ ТУРО
Эй бут, эй сояи хаёлотам,
Офаридам туро, ки дар шаби тор
Шамъи роҳам шавӣ,
Вале, ҳайҳот
Садди роҳам шудӣ ту дар ҳар кор.
Ман бибояд туро зи нав шиканам,
Нахӯрам то фиреб дигар бор…
БИГЗОР МОНАД
«Сафедӣ ҳаст дар мӯи сари ту,
Бикан онро!»—зи ман хоҳиш намудӣ.
Чаро онро канам?
Бигзор монад, —
Нишон з-он дам, ки аз ту дур будам.
ФАСЛИ ГУЛ
Ҳама ҷо сабзу хурраму гулпӯш,
Гарми ракс аст лола дар саҳро.
Гарчи пирам, нарафтааст аз дил
Оташи ишқу орзую вафо.
Мекунад ханда бар лаби ҷӯбор
Суи ман ҳар саҳар гули наргис.
Медихад мужда, ки расид баҳор
Фасли гулхез шуд, зи ҷо бархез!
Фасли гулхез шуд…
Ба ёдам ҳаст,
Он саҳар ки ба ҳам дучор шудем,
Бори аввал гирифта даст ба даст,
Сӯи гулзор раҳсупор шудем.
ГУЗАШТА ВА ОЯНДА
Гирам падари ту буд, фозил
Аз фазли падар туро чӣ ҳосил?
Саъдй
Оре, чу қадам ба пеш монам,
Созам ба қафо назар гаҳе ман,
Аммо набувад муродам аз ин
Ҳар дам ба гузашта сачда кардан.
Максудам аз ин нигаҳ ҳамин аст
Бинам баду неки худ дигар бор.
То саҳву хатой рӯзи рафта
Фардо нашавад дубора такрор.
Алҳақ, ки гузаштагони мо низ
Бо фахр гузаштаро сутуданд.
Оянда гули умедашон буд,
Побанди гузаштагон набуданд.
ҶАҲОН РОЗ АСТ
Асрори азалро на ту дониву на ман.
Умари Хайём
Манам инсону фарзанди замонам,
Ҷаҳон роз асту ман кашшофи онам,
Агар ин кор аз дастам наояд,
Ба дӯши зиндагӣ бори гаронам.
* * *
Вуҷуди ман шаҳиди сӯзу соз аст,
Ҷаҳони ман пур аз накшуда роз аст,
Барои банди ҳар розаш кушудан
Талошу ранҷи ман дуру дароз аст.
* * *
Агарчи аз азал будам замингир,
Маро хуршедпарвар кард тақдир.
Фалак дар ҳайрат аст аз ҳикмати ман,
Ки то хуршед раҳ бикшодам охир.
* * *
Аё мурғи саҳар, бинмой парвоз,
Расон бар Ҳофизи хушхони Шероз,
Ки вақти хушёрӣ бар ситора
Намудам ҳукму кардам бар фалак ноз!
ДИЛИ БЕҚАРОР
Боз чун ҳар субҳдам биншастаам
Рӯи санге, бар лаби Баҳри Сиёҳ.
То шавад ором дил, дил бастаам
Ман ба ин бахри азиму мавҷҳо…
Худсарона мевазад боди баҳор,
Нарму форам…
Ҷониби ман ҳар замон
Мавҷҳои хешро беихтиёр
Мефиристад бахри шӯху бекарон.
Аз вазидан монд боди дилкушо,
Мавҷҳо гаштанд ғоиб аз назар.
Баҳр ҳам ором шуд…
Охир, чаро,
Эй дили ман, беқарорӣ ин қадар?
Не!
Дар ин ҷо дил намеёбад қарор.
Хайр
Эй базфи азим, эй мавҷҳо.
Боз дар баҳри бузурги рӯзгор
Орзу дорад дилам созад шино.
ЧАРО ЧУН ШАМЪ СӮЗЙ?
Чаро чун шамъ сӯзй?
Бебақо ӯст,
Ки андар оташаш маргаш ниҳон аст.
Ту аз Хуршед омӯз ин ҳунарро,
Ки месӯзад валекин ҷовидон аст!
ҶУСТУЧӮ ДОРАД ДИЛАМ
Зинда кун дар сина он сӯзе, ки рафт,
Дар ҷаҳон, боз овар он рӯзе, ки рафт
Иқбол
Амр кардӣ:
«Зинда кун сӯзе, ки рафт,
Дар ҷаҳон, боз овар он рӯзе, ки рафт!»
Ҳар чи фармоӣ ба чашм!
Аммо шунав,
Арзи ин ҷӯяндаи асрори нав:
Сӯзи навро орзӯ дорад дилам,
Ҷои он сӯзе, ки рафт,
Рӯзи навро ҷустучӯ дорад дилам,
Ҷои он рӯзе, ки рафт!
ЗАМИН САЙЁРА АСТ
Рӯзу шаб бедор ҳастам,
Дар дилам,
Шамъи ишқу орзу афрӯхта,
Ҷониби сайёраҳову коинот
Асрҳо шуд, ки нигоҳам дӯхта.
Лек медонам, ки дар сайёрае
Баҳри кашфам олиме овора аст.
Чунки баҳри коинотҳои дур
Коинотиям, Замин сайёра аст.
КИСМАТИ ОСМОН БА ДАСТИ МОСТ
Шуд куҳан қиссае, ки мегуфтанд:
«Қисмати хокиён ба дасти самост»
Баъд аз ин фахр карда, бояд гуфт:
— Қисмати осмон ба дасти мост!
ОДАМ…
Одами оддиям!
Шунав, Одам,
Баҳри бахту саодатат шабу рӯз,
Ҳар чӣ омад зи дасти ман, кардам…
Пир гаштам.
Намехурам афсӯс,
Ки ҷавонии хеш бахшидам
Ба диёрам, ки ӯ ҷавон гардад,
Ташналаб будаму бикӯшидам,
Об дар ҷӯи ӯ равон гардад.
Ранҷ бурдам на аз барои ганҷ,
Ранҷ бурдам на баҳри шуҳрати хеш,
Ранч бурдам, ки то чу рӯди Панҷ
Биравад халки ман ҳамеша ба пеш.
Нигаҳам дӯхта ба оянда,
Кор кардам барои бахти Ватан.
Сарфарозам, нарафт беҳуда
Меҳнату ғайрати ҷавонии ман!
ГУЛИ УММЕДИ ДИЛҲОЙ
Бинокори ҷаҳони нав!
Чаҳон бо ту сарафроз аст,
Дилам, шеърам,
вуҷудам бо ту ҳамовозу ҳамроз аст,
Гули уммеди дилҳоӣ,
Фурӯғи чашми биноӣ.
Ба истиқболи хуршеди саодат роҳпаймоӣ.
Матарс аз мушкилиҳои сафар,
Аз роҳи ноҳамвор,
Матарс аз неши хор,
Аз ҳавли дашт,
Аз даҳшати кӯҳсор.
Замон бо ту!
Қадам бебоктар неҳ, эй накӯоин,
Ҷаҳон бо ту!
Қадам чолоктар неҳ,
Амри вақт аст ин!
ИНСОН
Асрҳо боз ҷустуҷӯйкунон
Рӯ ба хуршед дар сафар ҳастам.
То шавад мушкилоти раҳ осон,
Мекунам, ҳар чӣ ояд аз дастам.
Раҳи хуршеди бахт ноҳамвор,
Раҳи ҳамворро намеҷӯям.
Гарчи дар пеш қуллаи бисёр,
Даст аз мақсадам намешӯям.
Пои худ ҳеҷ гаҳ намемонам
Ба раҳи тайнамудаи дигарон.
Раҳкушо аз барои инсонам,
3-ин сабаб номи ман бувад Инсон.
БО НИДОИ ТУ
Ин хақиқат бувад, ки кураи арз
Гирди хуршед бе ту ҳам мегашт,
Бе ту ҳам баҳр буду дарё буд,
Ҷангалу лолазору кӯҳу дашт…
Лек бе ту ҷаҳону ҳастии он
Зишту носуфта буду беқолиб,
Дағалу сард буду худсар буд,
Бекасу бенизому бесоҳиб.
Бо нидои ту орзую ишқ
Бо нидои ту ҷустучӯю амал
Машъали ғайрати ҷавонӣ шуд,
Гавҳари тоҷи зиндагонӣ шуд!
Зиндагиро ту зиндагӣ кардӣ,
Ҳусни дигар ту додӣ бар олам,
Байрақи ифтихори дунёӣ,
Эй худованди олам, эй Одам!
БА ОСМОН ПАРДОХТАМ МАН
Ту кори Заминро накӯ сохтӣ,
Ки бо осмон низ пардохтӣ?
Саъдӣ
Бале, бо осмон пардохтам ман,
Фалак аз ҷуръатам гардид ҳайрон!
Маро дар ин сафар ҳамроҳу ҳамкор,
Тавоно офтоби ақли Инсон…
Бихоҳам, ки ба даст орам ба ёриш
Дили сӯзони Хуршеди ҷаҳонро
Ба теғи илму ҳикмат пора карда,
Кушоям рози оташбори онро.
Фалакро нотавону мот созам,
Набардорад ба қасдам сар дигар бор.
Расонам дасти худ бар чархи гардун,
Бифармоям, ,ки бо амрам кунад кор…
Бале, бо осмон пардохтам ман,
Валекин такягоҳи ман замин аст.
Бихоҳам, ки шавад кораш накӯтар,
Мурод аз кушиши ман хам хамин аст.