Шеър барои зодрузи дустон – рафиқон – ҷураҳо, дугона, шинос
Қади сарват Илоҳо хам нагардад,
Дили шодат ба даври ғам нагардад.
Дуои мо ҳамин бошад шабу рӯз,
Ки як муй аз сари ту кам нагардад.
Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ,
Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу боши.
Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ,
Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ.
Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ,
Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ.
Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур,
Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур.
Ёрон ба канору зодрузат хушруз,
Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур.
Дӯстӣ оламест пурэъҷоз,
Дилрабо боғу бӯстони ӯст,
Чун дили тифлакони маъсуме
Тозаву соф осмони ӯст,
Баҳравар шуд ҳар он ки аз нураш
Хуб донам ҷаҳон аз они ӯст.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегуем,
Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегӯем.
Бубини умр то дусат сол мегӯем,
Туро бо зодрузат мо муборакбод мегӯем.
Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол,
Шӯҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.
Забони ҳақ шиори безабон бош,
Нишони ворисони бенишон бош.
Аламбардори руҳи сарбадорон,
Бақоҷуи дуои модарон бош,
Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош.
Қади сарват илоҳо хам набинад,
Дили шодат илоҳо ғам нагардад.
Илоҳо бошию садсола боши,
Ба болои сари мо соя бошӣ.
Илоҳо мисли моҳ тобанда боши,
Чу ғунча бо лаби пурханда бошӣ.
Ҳамеша мо дуогуи ту бошем,
Ки дар олам каси арзанда боши.
Муборак ҷашни иқболат,
Туро 35 умин солат.
Ба сад рафтан таманноро,
Бидидем дар хати фолат.
Табрикоти зодрӯзи барои табибон!
Табибон посбони бахти инсонанд,
Табибон роздони дардмандонанд.
Зи ту миннатдор ҳастем шифокор,
Ба дарди мо даво бахшо шифокор.
Илоҳо сарбаланд боши ҳамеша,
Наҷотбахшу давобахши шифокор.
Шеър барои зодрузи Модарон
Таваллудат муборак модар!
Муборак зодрузат модари ҷон
Набинад гам вуҷудат модари ҷон
Танат бедард боду хотират шод
Ки ман гуям дурудат модари ҷон.
Аё модар лабат дар ханда бошад,
Гули руят моҳи тобанда бошад.
Барои заҳмате бар мо кашидӣ,
Ба поят сар ниҳем арзанда бошад.
Нигаҳбонат Худо бошад,
Паноҳат Мустафо бошад.
Ҳабибат ҷилди Қуръону,
Ҳаётат босафо бошад.
Шеър барои дустдошта – духтар – зан / писар — бача
Шабнамҷони зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.
Эй ҳусни баҳор зодрузат табрик,
Бо бахт ҳазор зодрузат табрик.
Хушбахту саодату саломат бошӣ,
Бо авҷу барор зодрузат табрик.
То ту боши рӯнамои бахти ман рӯи ту бод,
Сарҳисоби зиндагиям бар сари куи ту бод.
Дилкашоли туям, дар ҳар мақому ҳар замон,
То аҷал чашмам напушад чашми ман суи ту бод.
Лабонат доимо пурханда бошад,
Ғами дунё зи ту дилканда бошад.
Ҳама рӯзу ҳама моҳу ҳама сол,
Бароят ин ҷаҳон арзанда бошад.
Камилаи зебо илоҳо бахт ёрат бод,
Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод.
Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед,
Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед.
Аё Азизаи зебо, ситора дар замин ҳастӣ,
Аё Азизаи доно, ту моҳе дилнишин ҳастӣ.
Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад,
Аё Азизаи, хуршеди яктое, ту нури нозанин ҳастӣ.
Қадат гул,чеҳра гул,пироҳанат гул,
Лабат гул,остин гул, доманат гул.
Ба ин гулҳо, ки дори дар сару по,
Ки парварда ба рузи зоданат гул.
Зайнура ҷумла мавлудат муборак,
Ҳамон рухсори хушнудат муборак.
Тамоми хонавода бар ту гуянд,
Зайнура рӯзи мавлудат муборак.
Садои як парвоз,
Фуруди як фаришта.
Оғози як меъроҷ,
Ва шуруи як зиндагӣ.
Таваллудат муборак!
Шеър барои зодрӯзи Падар
Падар эй чароғи хона! Марди дарё, марди дилҳо
Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон.
Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо.
Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по…
Падар таваллудат муборак!
Шавед садсолаю дарде набинед,
Зи умри хушгузар гарде набинед.
Зи умри хушгузар эй гул ба домон,
Ба сад соли дигар гарде набинед.
Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон,
Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон.
Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст,
Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст.
Осоиши умри мо шумоед
Бар риштаи меҳри мо вафоед.
Дар ҳар нафасе шумо бо моед
Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.
Эй дусти азиз ҷашни зодруз муборак,
Ин рузи хучаставу дилафруз муборак.
Муборак зодрузат бошад эй дуст,
Ситора бар сарат гул пошад эй дуст.
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳам ёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.
Ту гули шукуфтаруи ҳама гулфишон,
ту баҳори бехазони ҳама бехазон бимони.
Ҳама дам кунем дуоят ки чунин ҷавон бимони.
Кунад хуршеди бахтат нурфишонӣ,
Ба коми дил бирас дар зиндагонӣ.
Чу дустонат бигуфт бо меҳрубонӣ,
Умедам ҳасти, хушбахте бимони.
Борони бахт резад эй кош бар сари ту,
Хезад навои шодӣ аз бому аз дари ту.
Эй кош —- ту умр бини дар даҳр,
Бошад доим худованд, ёри ту ёвари ту.
Гули зебандаи аёми навруз,
Муборак бодат ин мавлуд ин руз.
Набинӣ дар ду олам дарду ғамро,
Саодат хоҳамат ҳам бахти фируз.
Имдоди Худой бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи азалӣ бувад нисорат.
Ҳамеша шодкому шодмон бош
Ҳамеша рӯҳбахши дустон бош.
Ба маҳфилҳо гули руи сабад бош
Ҳамеша дил бидеҳу дилситон бош.
Хоҳам хонаат ба кудакони хандабарлаб пур бод
Худ миёни он ҳама гулғунчаҳо хандон бош.
Зиндагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми туст
Офтоби бахт доим дар сарат нурпош бод.
Ҳамеша бахтёру шод бошед
Зи дарду ранҷу ғам озод бошед.
Зи гулзори муҳаббат гул бичинед,
Рухи зарди ҷудоиро набинед.
Гули себарга пояндози поят,
Ҳама хушбахтиҳои дунё бароят.
Бихоҳам бар ту умри Саъдиёна,
Бихоҳам ҷону дилро шодиёна.
Рухат хуршедсон пурнур бодо,
Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо.
Туро ҳусни накӯву дилнишин бод,
Хушиву некрузиҳо қарин бод.
Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад,
Ҳаётат мисли номат нозанин бод.
Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад,
Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад.
Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад,
Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад.
Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,
Аз домани умедат,гулдастаҳо бичинӣ.
Туро орзу дорем давлату ганҷ,
Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.
Аз бахт хандонат бинам,
Чун лаъл рахшонат бинам.
Дар ҳар баҳори умри худ,
Доим гулафшонат бинам.
Эй чашмаи ишқи ман ,хурӯшон бошӣ,
Эй моҳи муҳаббатам,дурахшон бошӣ.
Дар рузи таваллудат дуое дорам,
Эй боғи саодатам , гулафшон бошӣ.
Шеър барои зодрузи фарзанд
Худо доим нигаҳдори ту бошад,
Калиди бахт мададгори ту бошад.
Ба дунё омади баҳри ҳама,
Каси хушбахттарин ёри ту бошад.
Ту бахти модари ту бахтёри,
Падарро такягоҳ дар рузгорӣ.
Зи ту дорад ҳама уммедворӣ,
Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ.
Мавлуди накуи умр бодо табрик,
Ин як зи ҳазори умр бодо табрик.
Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод,
Ин авҷу барори умр бодо табрик.
Маҳу осмон бошад раҳнамоят,
Замину осмон гуям саноят,
Ҳамеша гул бирезад зери поят,
Калиди бахт бошад даркушоят.
Си баҳори пурсафоро дар задӣ,
Ту гули садбарги тар бар сар задӣ.
Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо,
Зинда бош эй хонаи уммеди мо.
Ҳарки боши одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар ки гирад домани покат ба даст,
Бахт шав, иқбол шав, поянда бош.
Ҳар субҳ туро сафо расонад,
Ҳам давлати бебаҳо расонад.
Бар рузи таваллудат азизам,
Сад бори дигар Худо расонад.
Ҳамеша шодмону хушнаво бош,
Барои дустон обу ҳаво бош.
Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,
Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош.
Шуморо нозанин гуем хато нест,
Ба дунё беҳтарин гуем хато нест.
Ба боғи ҳусн лабҳои таратро,
Чу барги ёсамин гуем хато нест.
Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.
Шеърҳои гуногунҷабҳа барои зодруз
Ҳар чи мақсуди дилат бошад диҳад парвардигор,
Гар ту як бошӣ Худо бидиҳад ҳазору сад ҳазор.
Хоҳамат ишқ –ишқи яктое
Ки ба дарё чунин омӯзад.
Хоҳамат бахт – бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.
Ба руят осмон дар ханда бошад,
Ҷамолатро ҳама гул банда бошад.
Ба ин айёми некӯ зодрӯзат,
Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад.
Бар чил ки расидаи гулафшон бошӣ,
Дар кишвари меҳр моҳи даврон бошӣ.
Алифбо барои сухан гуфтан нест,
Барои навиштани номи туст.
Ададхо пеш аз таваллуди ту ба саф истодаанд,
То рози зодрӯзи туро бидонанад.
Таваллудат муборак!
Ин ҳадяи осмонӣ чашмонат,
Дилбаста ба шамъдони чашмонат.
Эй ишқ таваллудат муборак, қалбам,
Такдим ба мехрубонӣ чашмонат.
Имдоди Худой бод ёрат,
Иқболи замона дар канорат.
Чашме нарасад ба эътиборат,
Ҳифзи яздони бувад нигорат.
Намехоҳам сарат хамгашта бошад,
Намехоҳам дилат ғамгашта бошад.
Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан,
Дилат шоду лабат пурханда бошад.
Хоҳамат ишқ ишқи яктое,
Ки ба дарё чунин омузад.
Хоҳамат бахт-бахти яктое,
Ки дили зиндагӣ барафрузад.
Диловарҷон, орзумандам, ки ту шоҳбайти ғазал бошӣ,
Ба хони зиндагонӣ беҳтар аз қанду асал бошӣ.
Ё раб камоли офаридаат бардавом бод
Иқболу давлату шарафат мустидон бод.
Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.
Таманно мекунем бо қалби саршор ,
Шуморо бод бахти хуш мададгор.
Дар синаат базми тарабу сур бошад
Ҷонат зи ғами ранҷу бало дурр бошад.
Орзуву дуои мо бароят ин аст
Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад.
Мавлуди хуҷастаат баҳор асту баҳор,
Иқбол ба бар намуда давлат иқбол ба канор.
Дар рӯзи таваллудат таманно дорем
Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор.
То чаҳон бошад, ҳамеша шод бошӣ,
Бош дилшоду зи ғам озод бошӣ.
Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо,
Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош.
Муборак бод шуморо ҷашни зодруз,
Шумо зеботаред зебо дар ин рӯз.
Гули нози, маҳи нозӣ, шаҳи ноз,
Илоҳо то абад бошӣ сарафроз.
Зодрӯзи ту буи баҳор оварда,
Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда.
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар уммед ки дори бирасӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
Ҷуз дуоят нагуем, ки Рудакӣ гуфта,
Сад сол бизи, сад ҳазор сол бизӣ.