Шибит (шибитак), ки онро ба забони русси (дикий азиатский укроб) меноманд. Ин растании хӯрданӣ, ки боғӣ ва даштӣ мебошад, дар халқи мо маълум аст. Аз сабзаҳои мӯътабартарин ва боқадр ҳисоб меёбад. Агар инро дар соя хушк кунанд, қувваташ то ду сол боқӣ мемонад ва баъд аз он бекора мегардад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва дар аввали дувум ҳушк аст. Тару тозаи он дар охири дараҷаи якум гарм ва хушки он дар аввали дараҷаи якум гарм низ, гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар тари онро кӯфта, ба варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонад ва агар бо равғани зайтун сиришта, ба варамҳои напазанда гузошта банданд, онҳоро мепазонад. Онро хоҳ дар ошҳо ва хоҳ бо дигар таомҳо бихӯранд, низ варамҳои дохилиро мегардонад ва ё мепазонад; ҳамаи гиреҳҳои , дар узвҳои бадан пайдошударо мекушояд, ғизоро ҳазм мекунад; инчунин ҳангоми заҳролуд гаҳтани бадан хоҳ аз хӯроки мурдор заҳролуд шавад, хоҳ ҷонварони заҳрнок бигазанд, ба ҳамааш шифо мебахшад; дарди рӯдаҳо ва дигар дардҳоеро, ки дар ҷоҳои дигари бадан пайдо шаванд, таскин медиҳад.
Агар инро бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад ва барои иллатҳои гуногуни дамкӯтаҳӣ давои хубест; ҳиккак, яъне ҳиқичоқро, ки дар натиҷаи пурии меъда содир шуда бошад, таскин медиҳад; сустии меъда, ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад. (Зимнан аз ин огоҳ кунем, ки агар меъда ва ҷигар суст бошанд, соҳибаш ба корҳои сахт намешояд, хӯрок ҳазм намеёбад, вале агар сипурз суст шавад, иштиҳо тамоман баста мегардад).
Ҳар рӯз 50 грамм тари онро дар об 5-6 дақиқа ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, интиҳояш дар рӯзи панҷум ё шашум сангҳои гурда ва хичакро майда карда, ба воситаи пешоб мерезонад. Инчунин хӯрдани шибит хоҳ хушк бошад ва хоҳ тар, иллатҳои қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст ва инро дар тибби ҳозира колит меноманд, шифо мебахшад; таом дар меъда вайрон шуда бошад, ислоҳ мекунад. Ҳар як қисми ин, яъне хоҳ тухмаш, хоҳ баргаш ё пояашро бо баргҳояш бихӯранд, бемориҳоеро, ки аз зиёд гаштани моддаи балғам дар узвҳои даруни сина ё дар меъда ба судур расида бошанд, ба ибро меоварад, инчунин бемориҳои олати таносулро шифо мебахшад. Агар инро бо асал якҷо бихӯранд, зарари ҳамаи заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад ва ба воситаи қай дафъ намудан мадад мерасонад, инчунин ахлоти ғализро аз меъда хориҷ месозад. Низ хоҳ тараш ва хоҳ хушкаш ва ё тухмашро дар об 10 дақиқа ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, бодҳоро аз ҳама узвҳои бадан пароканда менамояд ва агар он бодҳо ғализ гашта ҷой гирифта бошанд, низ таҳлил медиҳад; дардҳои пушт, гурда ва хичакро таскин медиҳад, пешобро меронад, дарди рӯдаҳорр хомӯш месозад; агар аз бисёр истодани таом дар меъда ва ҷӯшидани он дар ин узв дил беҳузур (беҷо) мешуда бошад, қатъ мегардонад; ҳиккакеро, ки дар натиҷаи зиёд гаштани балғам дар меъда ё аз пурии таом дар он ба судур омада бошад, сокин мекунад.
Гӯшти бӯйгирифтаро бо шибит бипазанд, бӯй ва моддаҳои вайронгаштаи онро дур мекунад ва барои зудтар пухтанаш ёрӣ медиҳад ва баъд он гӯшт зудҳазм мегардад.
Шибитро кӯфта, бо асал то қивом шуданаш бипазанд ва онро аз рӯ ба меъда бимоланд, ба осонӣ исҳол меоварад.
Ҳар як қисми шибитро сӯхта, хокистари онро ба захмҳои гуногун бипошанд, онҳоро хушк мекунад ва инак шифо мебахшад.
Баргҳои шибитро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд ё тухмашро бардавом бихӯранд, ҳамаи беморӣ ва иллатҳои бачадонро дафъ мекунад; бодҳои гурда, хичак ва хояҳоро пароканда месозад. Оби шибитро, ки аз кӯфтаи тари он гирифта бошанд, нимгарм дар гӯш чаконанд, барои бемориҳои гӯш даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибит дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар аз ин бисёр бихӯранд, барои одамони гарммизоҷ зарар дорад, зеро мизоҷи шибит ҳам гарм аст; шикамро боднок мекунад ва дилро беҷо месозад. Ва агар оберо, ки дар он шибит ҷӯшонида шуда бошад, аз ҳад зиёд бардавом бинӯшанд, майна, чашм, меъда, хичак ва гурдаро зарар мекунад, яъне ин узвҳоро суст ва заиф мегардонад, инчунин маниро кам ва хушк мегардонад. Инчунин худи шибитро бисёр бихӯранд, низ ба узвҳои мазкур сустӣ меоварад. Дар ин ҳолат барои дафъи зарараш оби лиму, сиканҷабин, оби ғӯраи ангур ва туршиҳои дигар меошоманд, агар ба гарммизоҷон зарар карда бошад ва агар ба хунукмизоҷон зиён карда бошад, кӯфтаи қаранфули гардан, дорчинӣ ва асал бояд бихӯранд.
Агар ёфтани гиёҳи шибит душвор гардад, ба ҷояш тухмашро истеъмол кунанд, раво мебошад.
Аз шибит равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби барги тарашро як миқдор ситонида, дар зарфе аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд ба ҳадде, ки обаш бухор шуда раваду равған бимонад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған насӯзад, яъне доғ нагардад. Ё ки баргашро дар ҳамон равғани зайтун парварда тайёр мекунанд, яъне дар зарфи шиша равғани зайтун рехта, он равғанро аз баргҳои шибит пур мекунанду ба офтоб мегузоранд. Ранги баргҳо табдил ёбад, яъне бипарад, фишурда он баргҳоро дур мекунанду аз нав барги дигар меандозанд. Ҳамин тавр то се-чор маротиба баргро нав карда, баъд равғанро ҷудо намуда, дар зарфи шиша ё чинӣ нигоҳ медорад. Ҳамин равғани шибит ҳисоб меёбад.
Ин равғанро бимоланд, сахтиҳои узвҳои баданро мулоим мекунад, баданро гарм мекунад ва барои мондагии узвҳо, варами дасту поҳо, дур кардани аъзошиканӣ, ларзи табҳо бағоят таъсирбахш ва фоиданок аст.
Мизоҷи тухмаш нисбат ба баргҳои он гармтар ва хушктар аст.
Агар онро дар таомҳо андохта бихӯранд ва ё бо туршиҳо бихӯранд, ҳолати бади меъдаро ислоҳ менамояд. Агар онро бо чизҳои турш турш карда, яъне даромехта, баъд аз таом бихӯранд, сахт қай меоварад, ки барои пок гардонидани меъда аз чизҳои бегона тадбири хубест. Агар тухмашро низ бардавом бихӯранд, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад: дилро беҷо мекунад, куввати майнаро кам мегардонад, чашмро хира ва боҳро суст месозад, аз онро хӯрдан манӣ кам ва ҳатто хушк мегардад.
Тухмашро бисӯзанд, мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк мегардад. Агар онро ба асал сиришта бихӯранд ё бо асал хамир карда гузошта банданд, бемориҳои мақъад ва иллати бавосирро шифо мебахшад. Ин сӯхтаи тухми онро об карда, ба захм ва решҳои тар бипошанд, онҳоро хушк ва сиҳат мекунад ва барои захми закар давои аҷибе ва беҳамто мебошад.
Агар дарун сахт ва фуромаданаш душвор гардад, тухмашро кӯфта, бо асал бипазанд, то он ки ғафси хамиршакл гардад, баъд ба мақъад гузошта банданд, дарунро мулоим карда фуруд меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз шибити сабз дар як рӯз то 25 грамм аст ва агар инро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз тараш то 50 грамм андозанд ва аз хушкаш то 25 грамм. Агар тухмашро хӯрданӣ бошанд, меъёри ин то 10,5 грамм аст.