АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)
Шир

ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)

Умуман ширро бо чизҳои турштаъм, шӯр, бо гӯшт, бо тухми мурғ ва моҳӣ, бо турб ва пиёз, бо меваҳои тар, сабзаҳо, донҳо ва монанди инҳо хӯрдан раво нест, инчунин, аз болои шир ин чизҳоро истеъмол кардан ва аз болои ин чизҳо шир ошомидан ҷоиз нест. Зеро бемориҳои гуногунро ба амал меоварад. Мизоҷи ширҳо умуман мураккаб-ул-қувват бо ҳастии ҳарорат ва рутубат аст. Ба қавли як қатор табибон, дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи ширҳои ҳайвонот поккунанда ва дафъкунандаи ахлоти сӯхта аз бадан мебошанд, қувватбахш ва фарбеҳкунандаанд ва мувофиқи аъзои таносуланд. Фатво медиҳанд, ки шир барои одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ мувофиқ мебошад, ба шарте ки агар дар меъдаи онҳо моддаи сафро набошад.

Агар бичаконанд, дарди чашм ва аксари бемориҳои чашмро шифо мебахшад. Шири ҳар як ҳайвонро бимоланд, варами мақъадро таҳлил ва дардашро таскин медиҳад; захми хичакро ба ибро меоварад; варамҳои зери ноф ва бачадонро таҳлил медиҳад. Агар биёшоманд, рутубатҳои аслии баданро нигоҳ медорад, умрро дароз мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад; боҳро ба ҳаракат меоварад, хусусан шири говмешро (буйволро) бо шакар биёшоманд, таъсираш дар ин бобат зиёдтар аст. Бар зидди ҳамаи заҳрҳои қаттол подзаҳр мебошад ва доруи ҳамаи давоҳои бадбӯ ва хӯрандаи узв мебошад.

Агар ширро бимоланд, доғҳои баднамои баданро пок мегардонад. Ширро биёшоманд, ранги рухсорро некӯ мекунад, хусусан агар одамони гарммизоҷ ва қоқбадан бо шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад ва агар ширбиринҷ пухта тановул намоянд, дар ин бобат боз ҳам хубтар аст. Оби панирро бимоланд, доғи кунҷидак ва дигар доғҳои пӯстро дафъ мекунад ва агар инро бинӯшанд ҳам, ҳамин таъсирро дорад. Оби панирро бо ҳалила биёшоманд, қӯтур ва хоришро шифо мебахшад.

Табибони Ҳиндустон нӯшидани шири хомро, ба ғайр аз шири занон ва шири хар, пайдокунандаи бемориҳои гуногун медонанд. Шири гови навдӯшида, ки ҳанӯз гармии пистон дар он боқӣ бошад, бисёр фоидабахш ва аз қабили оби ҳаёт донистаанд. Вале шири бузи ҷӯшонидаро беҳтар медонанд. Тариқи ҷӯшонидани он ин тавр аст, ки ба миқдори чоряки шир оби ширини холис дохил карда, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки об бухор шуда раваду шир бимонад. Пас баъд аз хунук шудан бинӯшанд. Низ ҳар як ширро баъд аз душида шуданаш, 2-4 соат гузашта бошад, хӯрдани онро бад медонанд. Шири ҳайвоноте, ки бачааш нав мурда ё аз шикамаш афтода бошад, бисёр лоғар ё бемор ва ё ҳомила ва ё навзоида бошад, низ носара ва пайдокунандаи бемориҳои бисёр мебошад, инчунин дар рӯзҳои аввали гирифтани таб нӯшиданаш зарарнок аст, вале дар охирҳои таб фоиданок; қабзияти шикам, сӯзиши чашм, хушкии майна, лоғарӣ ва сустии бадан, инчунин, пириро дафъ мекунад, узвҳри пешоб ва аъзои таносулро муфид аст.

Чун дар шир ҳамон миқдор об андохта бинӯшанд, пешобро бисёр меронад, маҷроҳои шошаро пок мекунад. 

а.) Шири хар. Мизоҷи ин хунуктар ва рутубатноктар назар ба ҳамаи ширҳои дигар аст, яъне то дараҷаи дувум хунук ва дар севум гарм аст. Беҳтаринаш шири хари солим аз он аст, ки нав зоида бошад. Агар куррааш мода бошад, боз ҳам хубтар аст. Бояд ки гарм-гарм ва хунук нокарда бинӯшанд. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани ин барои бадан бисёр сардӣ меоварад, рутубатро меафзояд, фараҳ мебахшад, дарунро аз моддаҳои бегона пок мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, дили гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин ба дигар моддаҳои мавҷудаи бадан ба зудӣ табдил меёбад; барои одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ, агар дар меъдаи онҳо сафро набошад, мувофиқ ва форам аст.  Рехтан ва чаконидани он дар бинӣ, гӯш ва тораки сар ба майна намӣ мебахшад ва инчунин, хушкии он ва бехобиро дафъ мекунад; дарди сар ва бемориҳои майнаро, ки ин ҳама аз хушкӣ бошанд, шифо мебахшад; хуни биниро манъ мекунад, дарди гӯш ва дарди чашмро, ки аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад: сӯзиши чашм, обравӣ, шилпуқӣ, пардаи афтодаи дудранг ва монанди ин бемориҳои чашмро ба ибро меоварад, хусусан агар бо сафедии тухми мурғ ва равғани гули сурх даромехта бичаконанд, нуқтаҳои сурх, пардаи дудранги ба чашм афтодаро зудтар дафъ мекунад. Агар латтаи покизаи пахтагинро ба он шир тар карда, ба чашм, пеши сар, ба гӯш гузошта банданд, барои бемориҳои номбаршуда даво мебошад.

Бо шири хар ғарғара кунанд ё онро дар даҳан гардонанд, дарди гулӯи бадтарин ва дигар дардҳои гулӯ, варамҳои милки дандон ва забончаи ҳалқ, инчунин, варами ғадудҳои бодомшаклро шифо мебахшад; милки дандонро мустаҳкам мекунад, дарди дандонро таскин медиҳад. Қаҳрабо ва сандарусро маҳин ос карда, бо шири хар сиришта, дар бинӣ бирезанд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар шири харро бинӯшанд, барои бемориҳои узвҳои даруни сина, сил, диқ (бемории лоғаркунанда), захмҳои шуш, таб ва иллатҳои гарму тез, лоғарӣ аз гармӣ ва хушкӣ, сурфа, душвории нафаскашӣ, тафс, назлаҳои тез ва хун қай карданро шифо мебахшад (хусусан, бо қаҳрабо ва шилми бодом ва катиро биёшоманд, хун қай карданро ба зудӣ манъ мекунад), дарунро мулоим мегардонад; инчунин, барои истисқо (водянка)-и гарм, сахтии сипурз, тафсидани хун ва сафро шифо мебахшад.

Агар бо шири хар ҳуқна (клизма) кунанд, исҳоли хунинро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳо ва бачадонро сиҳат мекунад. Инро бо чакрарез дар сӯрохи закар бичаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро шифо мебахшад; ва агар бо равғани каду даромехта бичаконанд, захми роҳи пешобро сиҳат мекунад.

Хӯрдани ин шир зарарҳои давоҳои қаттолро дафъ мекунад. Ин ширро бо заъфарон даромехта гузошта банданд, варамҳои зоҳирӣ ва ботиниро таҳлил медиҳад. Ошомидани шири хар ба одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, дарди сари аз хунукӣ, чарх задании сар, ҷаранги гӯшдоштагон зарар дорад, хусусан, инро нӯшида, дарҳол хоб кунанд, ҳиккак (ҳиқичоқ) мекунад, оруғи дуднок меоварад. Ҳамаи ин зарарҳояшро гулқанди асалӣ бихӯранд, ислоҳ месозад.  Миқдори як бор нӯшидан аз шири хар дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст, ки бояд бо шакар, катиро, равғани тухми каду, оби ширинбияи бо ҷӯш ғафсгардонидашуда ва монанди инҳо биёшоманд.

Вале истеъмоли ширашро барои беморӣ харро бо хӯрокҳои муносиби онҳо парвариш кардан даркор аст, масалан, барои хун қай кардан, сил, диқ бо кашнизи тар, барги ҳино, туршак (шавель), шохҳои авсач, барги зуф, коҳу, ҷави дар об таркардашуда ва ғайра. Барои пок кардани бадан, таҳлили варамҳо ва кушодани гиреҳҳо бо карафс, арпабодйён, дармана, бӯймодарони маҳинбарг, ҷави дар об таркардашуда ва бо тухми карафс даромехта додан даркор аст. Ба ҷойи шири хар шири буз ё шири занонро истеъмол фармоянд, раво мебошад.

б) Шири гов. Беҳтарини он аз шири гови ҷавони фарбеҳ ва сиҳат аст.

Мизоҷаш мӯътадил дар гармӣ, сардӣ ва тарӣ мебошад. Хислатҳои шифобахши он: шири навдӯшидаи говро, ки ҳанӯз сард нашуда бошад, биёшоманд, ҷавҳари майнаро қувват мебахшад ва онро намнок мегардонад, рутубатҳои аслии баданро нигоҳ медорад; нисён (фаромӯшхотирӣ), молихӯлиё ва васвосро дафъ мекунад; ранги рухсорро неку мегардонад ва бемориҳои биниро фоида дорад. Бо мудовамат чаконидан ва молидани он аксари беморӣ ва иллатҳои чашмро, ҳатто беилоҷро ҳам шифо мебахшад. Агар бо анзарут даромехта бимоланд, нохунак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки монанди дуд дар қарнияи (сиёҳии) чашм намоён мешавад, инчунин, ширноқро, ки гӯшти зиёдатии дар болои пилк пайдо мешавад, дафъ мекунад.

Агар ин шири навдӯшидаро гармогарм биёшоманд, дилро қавӣ мёгардонаД, ғамро дур мекунад, васвос, дилтапак (дилбозӣ), захми шуш ва силро, ки бе таби моддӣ (бе савдо ва бе балғам) бошад, инчунин харошида шудани рӯдаҳоро шифо мебахшад; дарунро мулоим мекунад, манӣ пайдо менамояд, боҳро қувват мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад. Хӯрдани ширбиринҷ, ки бо шакар нагз пухта бошанд, дарунро мулоим мекунад ва барои қулинҷи ахлотӣ фоида дорад.

Ширеро, ки дар он чанд бор оҳани тафсонро хунук карда бошанд, биёшоманд, исҳолро мебандад. Шири говро бо баробари вазни он оби ширини холис даромехта биёшоманд, пешобро башиддат меронад ва роҳҳои пешобро пок мегардонад, хусусан бо камтар (то як грамм) зок ва 3,5 грамм набот ос карда дохил намуда бошанд, таъсираш қавитар мегардад.

Ошомидан ва молидани шири гов барои қӯтур, хориш, шукуфаи пӯст ва махав даво мебошад. Агар касе заҳр хӯрда бошад ё ӯро ҷонварони заҳрнок газида бошанд (масалан: мор, каждум, ғунда за ғайра), батакрор ширро нӯшида қай кунад, то он ки заҳр аз бадан батамом дафъ гардад, тарёқи заҳр мешавад. Бо шири гов ширбиринч пухта бардавом бихӯранд, умрро дароз мегардонад, ранги рӯйро некӯ мекунад.

Ширро бо мағзи чормағз ва ё бо хурмо бихӯранд, гурда ва баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро некӯ месозад, боҳ ва маниро зиёда мегардонад. Миқдори як бор нӯшидан аз шири гов аз 150 то 300 грамм аст. Вале инро аз ҳад зиёд бихӯранд, дар гурда ва хичак санг пайдо мекунад, шапушро дар бадан ба ҳам мерасонад, ба иллати пес гирифтор месозад ва дар меъда ҳар як модда, ки зиёд бошад, ба ҳамон мубаддал мегардад. Барои дафъи зарараш шакар ва асал хӯрдан даркор аст. Агар ширро бо ин ҳар ду, яъне бо асал ва шакар биёшоманд, дар меъда шах шудани онро манъ мекунад.

Агар шири гов дар меъда шах гардад, аъзошиканӣ ва ларзаро ба амал меоварад, арақи сард медамад, беҳуш мекунад, ақлро беҷо мегардонад. Агар ба дарди гулӯ гирифтор намояд, давои он индов, сиркоасал, инчунин, сиркоро бо пудина даромехта, хӯрда, қай кардан аст ё 4,5 грамм панирмоя хӯрдан аст, ки шири шахшударо таҳлил диҳад.  Ҳакимони Ҳинд гуфтаанд, ки шири гови сафедро бинӯшанд, сафроро, шири гови сурхро бинӯшанд, балғамро ва шири гови зардро бинӯшанд, ҳар сеи ин моддаҳоро аз бадан дафъ мекунад.

в) Шири буз. Ин мӯътадилтарин шири ҳайвонот аст дар мизоҷ.

Хислатҳои шифобахши он: инро биёшоманд, назлаҳоро манъ мекунад. Агар бо ин ғарғара кунанд ё инро дар даҳан гардонанд, варамҳои забончаи ҳалқ, ком ва варами забонро таҳлил медиҳад. Агар инро дар бинӣ ва гӯш бичаконанд, майнаро иамнок месозад. хушкии он, бехобӣ ва дарди гӯши аз гармӣ баҳамрасидаро дафъ мекунад. Ва латтаеро дар ин шир тар карда, ба пеши сар бигузоранд ҳам, чунин хосиятро дорад.

Шири бузро бо катиро ва шилми бодомд ё бо исфаноҳи шустагӣ биёшоманд, барои хун қай кардан, сурфа, сил ва захми шуш, инчунин хунравиҳо аз узвҳои ботинӣ даво мешавад, ки миқдори шир аз 110 то 220 грамм бо яке аз шилмҳо аз 1,75 то 3,5 грамм биёшоманд, барои бемориҳои номбурда дору мебошад ва инчунин, иллатҳои узвҳои даруни сина, дил, дилтапак (дилбозӣ), ғам, васвос ва тарсончакиро дафъ мекунад, ба шарте ки шир навдӯшида бошад ва гармогарм биёшоманд. Бояд буз ҳам ҷавон, фарбеҳ ва беиллат бошад. Хусусан дар ин бобат шири бузи сурх беҳтар аз шири бузҳои ранги дигар будааст.

Шири бузро гармогарм биёшоманд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, захми хичакро бартараф мекунад. Вале шири буз ба одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ зарар дорад, бодангез аст, боиси оруғ ва ҳиккак (ҳиқичоқ) мегардад. Дар вақти аз шири буз панир тайёр кардан, оби панири онро гирифта бинӯшанд, барои манъ кардани исҳоли сафровӣ, бемориҳои аз сафрои сӯхта ҳодис гашта, иллатҳои савдовӣ, зардпарвин ва барои одамони гарммизоҷ даво мебошад, бар бадан об медавонад.

Шири буз барои табҳои диқ (лоғаркунанда) ва табҳои гарми кӯҳна даво мешавад.Агар ба шири буз зарпечак дохил карда биёшоманд дар ин ҳолат обияти он барҳам мехӯрад ва ба ҷойи рондан дарунро мебандад. Тухми райҳонро кӯфта, дар шири буз пухта гузошта банданд, варамҳо, пучак, чиртак ва донаҳоро мепазонад ва мекафонад. Мегуянд, ки шири буз ба узвҳои даруни шикам зарар дорад — давояш катиро хӯрдан аст.

г)  Шири занон. Беҳтарини ин шир шири ҷавонзанони сиҳат ва мӯътадилмизоҷ аст ва агар духтар зоида бошад, боз ҳам хубтар. Мизоҷи шири занон дар дараҷаи дувум сард ва тар аст, агар духтар зоида бошад, мизоҷи шираш боз ҳам сардтар мегардад. Хислатҳои шифобахши он: ошомидани шири занон майна ва ҳалқумро намнок мегардонад, бастагии роҳи биниро мекушояд; сил, диқ (иллати лоғаркунанда), хушкии узвҳои даруни сина, захми шуш, сурфаи хушк ва хун қай карданро шифо мебахшад.

Агар инро дар бинӣ бирезанд, хушкии майна, варами пардаҳои майна ва худи майна, дарди сари гарми аз хушкӣ, беҷо шудани ақл, молихулиё, девонагӣ, аз бисёрии сафро ва хун ҳодисшуда, бехобӣ ва монанди инҳоро дафъ мекунад. Инчунин, латтаро дар он тар карда, пай дар пай ва пеши сар гузоранд ва чун латта гарм гардад, латтаи дигарро ҳамин тавр ба кор баранд, бемориҳои номбаршударо даво мебошад.

Агар инро дар чашм чаконанд, дарди чашмро, ки аз гармӣ бошад ва захми даруни чашмро шифо мебахшад, инчунин, дағалии пилки чашмро ислоҳ мекунад; бо анзарути маҳин соидашуда даромехта чаконанд, нохунак, шилпуқӣ, гӯшти зоиди дар болои пилк овезон ва монанди инҳоро дафъ менамояд. Агар ин шири занонро дар гӯш чаконанд, барои дарди он, ки аз гармӣ ҳодис шуда бошад, захм ва варами гарми онро шифо мебахшад.

Миқдори як бор нӯшидан аз шири занон дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст, ба шарте ки гармогарм ва хунук нокарда биёшоманд ва агар аз пистон макида бихӯранд, беҳтар аст. Зеро ки бинобар нозукӣ ва латофати хислаташ он зуд вайрон мегардад. Ба ҷойи шири занон шири хар биёшоманд, равост. Агар зани ҳомила бар рӯйи шапуш аз пистоии худ шир бидушад, агар шапуш бимирад ё дар зери он бимонад, зан ба духтар ҳомила аст, вале агар шапуш намирад ва зинда барояд, ҳомила ба писар аст.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …