АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Шӯра -дар заминҳои шӯразор

Шӯра -дар заминҳои шӯразор

Шӯра — ин чизе мебошад, ки мо дар заминҳои шӯразор мебинем, рангаш монанди қирав аст. Агар намии замини шуразор тамоман кам, яъне қоқ гардад, он гоҳ хокаш ба ранги сиёҳ метобад.

Дар вақги қадим ана ҳамон хоки шӯразорро дар об ҷӯшонида, оби софи онро ба ҷойи салқин мегузоштанд. Шӯрааш монанди намак шах шуда, дар рӯйи об қарор меёфт; ё монанди қилҳои сафед, ё мисли намаки реза мегангг. Онро ҷудо карда истода мебурданд; ҳам дар корҳои тиббӣ ва ҳам барои тайёр кардани борут. Ин боз як навъи дигар ҳам дорад, ки онро шӯраи қаламӣ мегӯянд.

солончак

Тайёр кардани ин чунин аст. Оби софи шӯра ҷӯшонидашударо дубора меҷӯшонанду хунук мекунанд. Шӯраи аз ин баста борик-борики дарозак аст, ғафсӣ ва дарозиаш ними чӯби гӯгирд барин, вале андак нӯгтез аст. Ана ҳаминро шӯраи қаламӣ меноманд. Алҳол шӯраро дар замони мо селитра мегӯянд — ҳамон селитрае, ки ҳамчун нурии минералӣ ба заминҳои зироат мепошиданд.

  Мизоҷаш дар охири дараҷаи севум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он; агар инро бихӯранд, гиреҳҳои дар рагҳо ва дар дигар ҷоҳои дохили бадан пайдошударо мекушояд, баданро аз балғам ва римҳо пок мекунад. Хусусияти поккунандагӣ ва инчунин дарунро поккунандагии он аз намак ва танакор қавитар аст. Барои иллатҳои сипурз ва дарди миён фоида дорад. Агар инро бо шакар бихӯранд, пешоби бандшудаеро, ки бо ҳеҷ як даво кушода нагашта бошад, ба зудӣ равон мегардонад. Барои ин бояд, ки шӯра як грамм ва шакар 7 грамм бошад. Боз як намуди табобати пешоби бандгашта аз ҳамин иборат аст, ки агар каси пешобаш бандшуда 4,5 грамм шӯраи қаламиро бо 9 грамм хардал (горчица) ба он микдор об, ки ба як дафъ нӯшида тавонад, биёшомад, ҳамон соат пешобаш кушода мегардад.

  Микдори як бор хӯрдан аз шӯра дар як рӯз то 1,75 грамм аст. Вале хӯрдани ин ба сурхрӯда (сурхной) ва гурда зарар мекунад. Дар ин гуна зарарҳояш асал ё катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …