АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сир ва хусусияти табобатии он

Сир ва хусусияти табобатии он

Сир —   Ин пиёзакест, ки онро саримсоқ низ меноманд ва ба забони русӣ чеснок мехонанд. Сир навъҳои бӯстонӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Бӯстониаш низ ду қисм мебошад: якеаш бисёр дандона ва дигараш фақат яклухт мебошад. Қисми саҳроияш ба қадри пиёзи кӯчак ва якдандона аст. Навъи кӯҳиаш низ яклухт аст. Беҳтарини ҳамаи ин навъи бустонии бисёрдандонаи он аст.

сир - чеснок

  Мизоҷи сир дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк мебошад, ки истеъмоли ин ба дарун раво нест.

  Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии ин: таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафс ва варамҳо, поккунанда аз ахлоти носара, кушояндаи гиреҳхо, хушккунандаи рутубатҳои нодаркори буғумҳо ва меъда, рақиқкунандаи хуни ғафс, равонандаи пешоб, ҳайз ва арақ, бар зидди заҳрҳо ва заҳролудшавӣ тарёқ аст.

  Агар инро ба мизоҷ, фаслҳои сол ва микдори эътидол риоя карда бихӯранд, саломатии мизоҷи баданро нигоҳ медорад, зарари обҳои гуногун ва ҳавои вабоиро дафъ мекунад, хусусан бо сирко бихӯранд, феълҳои номбурдааш боз ҳам қавитар мегардад, инчунин ҳалқро пок ва овозро равшан мегардонад; дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас (астма), фаромӯшхотирӣ, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, ларзак, аксари бемориҳои асабонӣ, дарди буғумҳо, ирқуннасо (радикулит), ниқрис (подагра), дарди сурин ва монанди инҳоро шифо мебахшад; ахлоти ғафсро тит ва пароканда мекунад, бемориҳои сипурзро бартараф менамояд; бодҳои тиҳигоҳ (холияки паҳлу) ва қулинҷи бодиро, ки ин дарди дар узвҳои бадан даврзананда аст, дафъ месозад, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда бармеоварад, ҳамаи кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, ҳатто кирми кадудонаро (солитёрро) ҳам хориҷ мекунад. Агар инро одамони тармизоҷ бихӯранд, қуввати боҳ (пушти камар) мебахшад, манӣ пайдо мекунад, вале агар гариммизоҷон бихӯранд, мании онҳоро хушк мегардонад, ташнагӣ меоварад.  Сирро ба шартҳои дар боло гузошташуда риоя карда бихӯранд, барои табҳои кӯҳна, захмҳои шуш ва дарди меъда даво мешавад ва ташнагиро, ки сабабаш

бисёрии балғам ва гиреҳи мосориқо бошад, дафъ мегардонад. (Мосориқо мӯрагҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо ба ҷигар кашида мешавад). Инчунин хӯрдани сир чакмезакро шифо медиҳад, ранги рухсорро некӯ мегардонад, ғизоҳои бадҳазмро латиф менамояд, варамҳоро таҳлил медиҳад, сангҳои гурдаро майда карда мерезонад, азияти газидани мор ва дигар ҷонваронро дафъ мекунад, барои саги девонагазида даво мешавад, шиддати заҳри ғундаро мешиканад. Агар инро бо шароб биёшоманд, заҳри афъиро ҳам дар бадан безиён менамояд. Сирро бардавом истеъмол намоянд, мӯйи сафедро резонида, ба ҷояш мӯйи сиёҳ мерӯёнад. Агар инро бо анҷир ва мағзи чормағз бихӯранд, аз подзаҳр (доруи заҳр) қавитар мегардад.

  Сирро бо зира ва барги санавбар пухта бихӯранд, дандонро мустаҳкам мекунад; агар бо шири гӯсфанд пухта, баъд бо равғани гов бирён карда, бо асал ширин намуда, яъне ҳалво сохта бихӯранд, барои ба ҳаракат овардани олати мардӣ ва боҳ давои бемисл аст.

  Вале сирро дар фасли гармо, аз ҳад зиёд, одамони гарммизоҷ ва касони дорои мизоҷи хушк бихӯранд, зарар мекунад, дарди сар медиҳад, хунро месӯзонад, инчунин ба чашм, шуш, бавосир ва занони  ҳомила зиён мекунад ва касоне, ки исҳол дошта бошанд, бадтар мекунад, барои ханозер низ зиёнкор аст, дар бадан сафрои бисёр тезро пайдо мекунад, боҳро суст мегардонад, бемориҳои гуногунро бармеангезад.

  Агар сирро дар об пухта, бо камтар намак ва бо андак равғани бодоми ширин ва ё равғани маска изофа карда бихӯранд, зарар намерасонад. Инчунин инро бо кашниз, сиканҷабин, оби анори майхуш ва монанди инҳо бихӯранд, дафъи зарар мекунад.

  Обашро ба чашм кашанд, сиёҳии таги чашмро ислоҳ мекунад. Сирро дар сирко парварда, яъне як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бо он сирко ғаргара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда берун меоварад, забҳаро шифо мебахшад. (Забҳа — дарди гулӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар ҳалқ ба амал меоад).

  Сирро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасоро шифо мебахшад.

  Сирро дар хамир ё дар гил печонида, дар зери оташ пухта, ба дандон бимоланд, дарди онро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод ё рутубат бошад, таскин медиҳад.

  Инро кӯфта, бо асал сиришта, ба обила ва доначаҳои пӯст, шукуфаи пӯст, решҳои тари сар, сабӯсаки сар, доғи сафеди пӯст ва қӯтур бимоланд, шифо мебахшад, лекин пӯстро захмин ё реш мекунад. Бо асал ва сирко сиришта бардавом бимоланд, зардоби ҷамъшуда ва умуман варамҳои баданро таҳлил медиҳад.

  Сирро бо шир пухта, хамир сохта гузошта банданд, дубайла (кӯряра) ва пучакҳоро мекафонад. Агар инро сӯхта, соида, бо асал хамир карда гузошта банданд, хуни шахшудаи зери пилки чашмро дафъ мекунад.

  Инро дар равған бирён карда бихӯранд ва ин сири пухтаро бо ҳамон равған сиришта бимоланд, захмҳои обдори сарро дафъ мекунад.

  Равғанеро, ки дар он чанд бор сир ҷӯшонида шуда бошад, бимоланд, инчунин бихӯранд, хуни дар ҷоҳои дури бадан шахшударо мегудозад, аз хунукӣ кафидани пӯстро шифо мебахшад; барои дарди буғумҳо, қулинҷи балғамӣ, яъне дарди рӯдаи ғафс аз зиёд гаштани балғам ва аз ахлоти часпак харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад.

  Хокистари сирро бо асал хамир карда бимоланд, барои доғи пес ва доғи сафеди пӯст даво мебошад, инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, хуни дар таги пӯст хобидаро ислоҳ медиҳад ва қӯтури пӯстро шифо мебахшад.

  Барг ва пояи онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, ҳайз ва пешоби бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) тифлро хориҷ месозад.

  Сири хомро бо навшодир якҷо кӯфта, ба доғи пес ва доғи сафеди пӯст бимоланд, даво мебошад; агар бо зифт сиришта бимоланд, милкаки нохунро сиҳат мебахшад, инчунин дағалӣ ва каҷии нохунро ислоҳ мекунад.

  Дар чанд ҷо қайд гардидааст, ки агар гирифтори иллати фолиҷ рӯзи аввал як дандона, рӯзи дувум ду дандона, рӯзи севум се дандона ва ҳамин тариқ рӯзе яқдандонагӣ зиёд карда, дар рӯзи чилум чил дандона бихӯрад ва аз рӯзи чилу якум якдандонагӣ камкунон дар рӯзи ҳаштодум як дандона хӯрда, ба анҷом расонад, аз бемории фолиҷ начот хоҳад ёфт ва ба давои дигар эҳтиёҷ нест.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …