АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ чист ва барои чи лозим?

Сиреши саҳроӣ —   Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз барги он хурдтар, пояаш низ аз пояи сиреши кӯҳӣ кӯтоҳ ва бориктар. Гули сиреши даштӣ зардтоб, вале гули сиреши кӯҳӣ сафед аст. Қисми заминӣ, яъне бехрешаи ҳар ду дар сохт ба якдигар монанд: дар мобайни решаҳояш монанди анҷири зард гирдшакли паҳн гиреҳ дорад ва аз он ба атроф решаҳо рафтаанд — фарқи решаи ин ҳар ду дар он аст, ки аз они сиреши кӯҳӣ бузургтар назар ба решаи қисми саҳроии он.

 siresh-daraxt Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: ин дар хӯрдан хислати гармкунандагӣ дорад, таъмаш тунд, бо қуввати хушккунанда мебошад, инчунин тахдилдиҳанда ва моддаҳои ғализро дар бадан рақиқгардонанда аст; устухони шикастаро бо ҳам пайвааст мегардонад, варам ва бодҳои хояҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва заҳмҳои ботиниро дафъ мекунад. 3,5 грамм аз решаи хоми он бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон месозад; 7 грамм бихӯранд, дарди паҳлу, сурфа ва сустии мушакҳоро дафъ менамояд.

  Гулаш ва самарашро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад; агар инро бо шароб биёшоманд, барои газидани каждум ва ҳазорпо дору мешавад. Ва андакеро аз он бихӯранд, қайро осон мекунад. 14 грамм решаи онро бихӯранд, газидани морро шифо мебахшад ва дар ҳолати газидани мор бояд, ки баргашро ҳам кӯфта, ба ҷойи офат гузошта банданд.

  Пояашро дар сирко бо равғани зайтун пухта бихӯранд, иллати зардпарвинро дафь менамояд.

  Оби онро ба сафедаи тухми мург даромехта, латтаро дар он олонда гузошта банданд, сухтагии оташро шифо мебахшад; агар бо гӯгирд сиришта гузошта банданд, шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.

  Оби сиреши тару тозаро бо шароби кӯҳнаи ширин ва ё шароби талх ва заъфарон даромехта биҷӯшонанд, ки бипазад. Баъд онро ба чашм кашанд, тарӣ, шилпуқӣ ва сӯзиши пилкҳои чашмро ба ибро меоварад.

  Сиреши даштии тару тозаро кӯфта, обашро гирифта, онро батанҳоӣ ё бо асал даромехта, нимгарм дар гӯше, ки аз он рим ояд, бичаконанд, сиҳат мебахшад. Ин обро нимгарм дар гӯш бичаконанд, дарди дандони тарафи мухолифро таскин медиҳад. Инчунин агар онро дар равғани зайтун пухта, он равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди дандони тарафи мухолифи онро сокин мекунад.

  Чун гиреҳи маркази решаи онро ковок намуда, дар он равғани зайтун рехта, дар рӯйи оташ гузоранд, то равған ба ҷӯш ояд ва онро нимгарм дар гӯш бичаконанд, дардашро таскин медиҳад ва гаронии гӯшро ислоҳ мекунад. Ин равғанро бимоланд, аз сармо кафидани дасту поҳоро шифо мебахшад, инчунин сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.

  Решаи ин сирешро кӯфта, ба дандони курсӣ бигузоранд, дарди онро сокин месозад. Чун ин решаро бо сирко якҷо кӯфта, ба нарангушти дасти ҷониби дандони кундшуда ва дарднок гузошта банданд, дарди онро таскин медиҳад ва кундии онро ислоҳ мекунад. Агар инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ба шиками гирифтори иллати истисқо (водянка) гузошта банданд, нафъ мекунад. Инро бо дурдаи (таҳшини) шароб пухта гузошта банданд, решҳои римкардаи бадфиолро шифо мебахшад, варами пистон ва хояро таҳлил медиҳад, пучакҳо, чиртакҳо ва решҳои дигари римнокро сиҳат мебахшад; агар бо шароб хамир сохта гузошта банданд, варамҳои гарми сахтро таҳлил медиҳад.

  Решаи инро сӯхта, бо равғани бодоми талх хамир намуда, аввал мавзеъро бо матоъи пашмин хуб бимоланд, баъд он хамирро ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад; инчунин доғи сафеди пӯстро бо матоъи дағал хуб молида, ин хамираро дар офтоб нишаста, ба он доғ бимоланд, онро дафъ мекунад.

  Аммо хӯрдани сиреши даштӣ ба гурда зарар дорад. Дар мавриди зиён карданаш мустако бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

  Миқдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши даштӣ дар як рӯз то 10,5 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад, ба ҷои ин барои боҳ (пушти камар) сабзии даштиро истифода баранд ва бар зидди заҳрнок шудан пиёзи ансулро бихӯранд, раво мебошад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …