Сиёҳдона (Cие дона) — ин тухми растании бӯстонист ба монанди тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад. Гулаш зарди моил ба сафедӣ ва инчунин бунафш низ мешавад. Баргаш дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофи калонтар аз ғилофи тухми банг (кирмрезонак) аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Сиёҳдона: ин гармкунанда ва хушккунандаи рутубатҳои нодаркор, пазонанда ва барои хориҷ шудан тайёркунандаи онҳо мебошад, инчунин аз узвҳои дохилӣ кандани онҳо (ахлот) ва поккунандаи бадан аст; шир, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар инро бихӯранд ва бо равғани савсан сиришта, занҳо аз таг бардоранд, бачаи зинда ва мурдаро аз шиками онҳо меафтонад, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) ҷанинро зуд хориҷ мекунад, бар зидди заҳрҳои тармизоҷ тарёқ мебошад.
Инро бихӯранд ва гузошта банданд, сурфаи хунукмизоҷ ва рим қай карданро таскин медиҳад; барои дарди узвҳои даруни сина, ростнафас, истисқо (водянка), зардпарвин, беҳузур (беҷо) шудани дил, бемориҳои сипурз ва қулинҷи бодӣ даво мешавад. Инро ҳар рӯз ба дили наҳор бо мудовамат бихӯранд, пешоб, ҳайз ва дигарро равон мекунад; агар бо равған бихӯранд, ранги рухсорро сурх мегардонад, башараро соф мекунад; агар бо сирко бихӯранд, ҳамаи навъҳои кирми меъдаро ихроҷ менамояд. Аз 4,5 то 10,5 грамми онро бо оби нимгарм бихӯранд, барои саги девонагазида дору ва бар зидди заҳри ғунда тарёқ мешавад; ҳамин миқдорро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, таби дурӯздармиён ва таби балғамии кӯҳнаро шифо мебахшад; бо об ва асал бихӯранд, ростнафасро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад; бо танакори арманӣ бихӯранд, душвории шошиданро ислоҳ менамояд.
Сиёҳдонаро сӯхта, бо рубби мӯрд, яъне бо оби ҷӯшонида ғафсгардонидаи мӯрд биёшоманд, бавосирро шифо мебахшад. Хоми онро бибӯянд ё дар латта баста, як шаб дар сирко тар кардашудаи онро соида, батакрор субҳ дар бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз сардӣ бошад, дафъ мекунад, бастагии сурохи биниро мекушояд; зуком ва назларо барҳам медиҳад, инчунин кач шудани рӯйро ба ибро меоварад — дар ин бобат давои бемисл аст.
Чун ҳафт адад тухми онро як соат дар шири занон тар карда, дар бинии касе, ки иллати зардпарвин дошта ва чашмонаш зард гашта бошанд, бичаконанд, иллатро дафъ мекунад. Сиёҳдонаро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ даромехта, дар бинӣ бирезанд, оби дар гавҳараки чашм фуромадаро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, дафъ мекунад. Ва агар кӯфтаи сиёҳдонаро батакрор чун сурма ба чашм кашанд, гавҳаракро аз он оби фуромада холис мегардонад, ба шарте ки иллат дар ҳолати саршавӣ бошад.
Сиёҳдонаро гарм карда ба сар гармбандӣ намоянд, зукомро дафъ мекунад ва агар ба узвҳои дигар гармбандӣ кунанд, бодҳоро таҳлил медиҳад. Сиёҳдонаро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко омехта, ин таркибро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки аз сардӣ бошад, таскин медиҳад.
Онро кӯфта, ба пеши сар гузошта банданд, назлаҳои кӯҳнаро банд менамояд ва дарди сарро, ки сабабаш хунукӣ бошад, басанда месозад, сурохи бандшудаи биниро мекушояд; агар кӯфтаи онро бо сиркои ҳамр (винный уксус) ё бо сиркои ангурӣ хамир сохта гузошта банданд, озахҳо, холи рӯйи пӯст, иллати пӯстпартоӣ, дарди буғумҳо, доғи сафеди пӯст, пес, донача ва обилаҳо, инчунин шукуфаи пӯстро дафъ мекунад; бо пешоби кӯдакон хамир карда гузошта банданд, варамҳои сахт, озахҳо ва холро дафъ мегардонад.
Сиёҳдонаро кӯфта, бо оби тарбузи абӯҷаҳл (ҳанзал)-и тару тоза сиришта, ба атрофи ноф бимоланд, кирми кадудонаро (солитёрро) бо қуввати тамом ихроҷ мекунад; бо оби дарманаи тар даромехта бимоланд, кирмҳои дарози шикамро башаст ихроҷ менамояд. Сиёҳдонаро маҳин ос карда, бо хуни кӯршабпарак ё бо хуни фароштурук ва ё бо хуни мори афъӣ даромехта бимоланд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо асал ва равған сиришта бимоланд, агар бачадон ҳангоми омадани ҳайз дард мекарда бошад, дарди онро шифо мебахшад; бо равғани гулисурх сиришта бимоланд, қутурро хоҳ тар бошад ва хоҳ хушк, шифо мебахщад.
Сӯхтаи онро бо мумравғане, ки аз муми занбӯри асал ва равғани савсан тартиб дода ё дар равғани ҳино гудохта бошанд, даромехта гузошта банданд, сари калро сиҳат мекунад, рехтани мӯйро манъ менамояд ва дар сари кал мӯйро мерӯёнад — барои ин кор батакрор бояд гузошта банданд.
Сиёҳдонаро андак бирён карда, кӯфта, бо гулоб хамир сохта гузошта банданд, захмҳои савдовии соқи поро дафъ мекунад; бо пешоби кӯдакон хамир карда гузошта банданд, решҳои сарро, ки рутубаташон монанди асал бошад ва дигар решҳои тарро, ки аз сардӣ бошанд, шифо мебахшад. Сиёҳдонаро то бӯяш баромадан бирён кунанд, инро сиёҳдонаи бӯдода меноманд. Сиёҳдонаи бӯдодаро кӯфта, дар равғани зайтун пухта, се-чор қатра аз он равған дар бинӣ чаконанд, зукомеро, ки бо атсаи бисёр бошад, дафъ месозад.
Вале агар сиёҳдонаро аз ҳад зиёд бихӯранд, одамони гарммизоҷро ба дарди гулу гирифтор мекунад — давои ин дар сирко тар карда хӯрдан аст. Инчунин ба гурда ҳам зиёнкор аст — давои ин хӯрдани катиро мебошад. Микдори як бор хӯрдан аз сиёҳдона дар як рӯз барои одамони хунукмизоҷ то 7 грамм аст, вале барои касони гарммизоҷ то 1,75 грамм мебошад. Агар сиёҳдона ёфт нашавад, ба ҷойи он арпабодиён бихӯранд, раво мебошад ва инчунин нисфи вазни он тухми шибитро хӯрдан низ ҷойиз аст. Аз сиёҳдона равған ҳам тайёр мекунанд. Ин бо роҳҳои гуногун ҳосил карда мешавад:
- Бигиранд дар таносуби 70 грамм сиёҳдона 17,5 грамм равғани бодоми талх — ҳардуро якҷо бикӯбанд. Бар он андак оби гарм пошида, баъд бошиддат фишор дода, равғани онро биситонанд.
- Колбаро дар ҳаҷми хоҳиш гирифта, ба он гили бӯта бимоланд ва даруни онро то гарданаш аз сиёҳдона пур созанд ва дар гулӯи колба лифи зағирпоя ҷо намоянд. Баъд бигиранд лаган ё тунукаи ғафсро аз миёнаҷояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сурох кунанд. Колбаи пуркардашударо сарозер дар он сӯрох гузоранду аз боло ва атрофи он дар рӯйи лаган оташи тез биафрӯзанд. Равғани сиёҳдона ҷудо гашта, дар лиф покшавон ба поён фуруд меояд.
- Як миқдори муайян сиёҳдонаро дар ҳашт баробари вазни он оби ширин як шабонарӯз тар карда, баъд то чоряки об мондан биҷӯшонанд. Ва онро аз матоъи бофташ зич гузаронида, соф намуда, дар зарфе аз болояш равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун ду баробари он об андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об бухор шуда, равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи равғани сиёҳдона дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хӯрдани ин ва молиданаш барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ҷингак шудани узвҳо, дарди буғумҳо аз сардӣ, сустии олатҳои таносул, дафъ кардани гиреҳи асабҳо, мондагӣ, дарди камар, барои қувват бахшидани боҳ ва ба ҳаракат овардани аъзои таносул, ҳатто барои касоне, ки аз мардӣ маҳрум гашта бошанд, даво мебошад. Агар маҳз бо равғани зайтун ин равғанро тайёр карда бошанд, барои барқарор кардани қуввати одамони аз мардӣ маҳрум ва ноумед давои бемисл аст, ҳам хӯрданаш ва ҳам молиданаш. Миқдори як бор хӯрдан аз равғани сиёҳдона дар як рӯз то 7 грамм аст.