АСОСӢ / ГУНОГУН / Сохт ва инкишофи устухоно

Сохт ва инкишофи устухоно

Вазифаи системаи такягоҳ ва ҳаракат. Скелету мушакҳо такягоҳи бадани инсон ва аъзои ҳаракат мебошанд. Онҳо ба ҳам пайваст шуда, ковокиҳои махсусро ҳосил мекунанд (расми 4). Дар ин ковокиҳо узвҳо ҷойгир ва ҳимоя карда мешаванд. Масалан, дил ва шушро устухонҳои қафаси сина ва мушакҳои синаю тахтапушт, узвҳои холигии шикам (меъда, рўда, гурдаҳо) –ро қисми поёнии сутунмўҳра, устухонҳои кос, мушакҳои тахтапушт ва шикам муҳофизат мекунанд. Мағзи сар дар косахонаи сар, ҳароммағз дар ковокии сутунмўҳра, узвҳои таносул дар холигии устухонҳои кос ҷой гирифтаанд.

tarkibi-ustuxon

Бофтаи устухон. Устухони (скелети) бадани одам аз бофтаи устухонии васлкунанда таркиб ёфтааст.
Бофтаи устухонӣ дорои тори асаб, рагҳои хунгард ва ҳуҷайраҳои шохадор мебошад. Ҳуҷайраҳои устухон ва шохаҳои онҳо бо ҷўйчаҳои бориктарини пур аз моеъи байниҳуҷайрагӣ иҳота шудаанд. Ин ҳуҷайраҳо тавассути ин ҷўйчаҳо ғизо ва нафас мегиранд. Сохти устухонҳо. Андоза ва шакли устухони (скелети) бадани одам гуногун аст. Асосан се намуди устухонҳоро фарқ кардан мумкин аст:

1) найшакл;
2) суфта (ҳамвор);
3) кўтоҳ (ноҳамвор).

Устухонҳои дарозро инчунин найшакл меноманд, барои он ки даруни онҳо холӣ мебошад. Чунин сохти устухонҳои дароз дар як вақт боиси мустаҳкамӣ ва сабукии онҳо мегардад. Канали устухони найшаклро бофтаи пайвасткунандаи серчарб – мағзи зард ё илики зард пур кардааст. Устухони бадан аз устухонпарда, моддаи зич ва моддаи исфанҷмонанд иборат аст. Танаи устухони найшакл аз моддаи сахту мустаҳкам ва сараки он аз моддаи исфанҷмонанд иборат мебошад.
Дар холигии ин модда мағзи сурх ҷойгир шудааст. Дар ин мағз ҳуҷайраҳои сурхро узви хунофар меноманд. Устухонҳои кўтоҳ бисёртар аз моддаи исфанҷӣ таркиб ёфтаанд. Устухонҳои суфта аз моддаи зич ва исфанҷӣ иборатанд.

Инкишофи устухонҳо. Устухони одам дар бачагӣ ва наврасӣ месабзад, яъне дароз ва ғафс мешавад. Ташаккули скелет дар синни 22-25-солагӣ анҷом меёбад. Ғафсшавии устухон аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои сатҳи дарунии устухонпарда ба амал меояд. Дар натиҷа, дар рўи устухон қабатҳои нави ҳуҷайра ба вуҷуд омада, дар атрофи ин ҳуҷайраҳо моддаи байниҳуҷайравӣ ҳосил мешавад. Дарозшавии устухонҳо аз ҳисоби тақсимшавии ҳуҷайраҳои бофтаҳои тағоякӣ, ки нўги устухонҳоро мепўшонанд, ба амал меояд. Инкишофёбии устухонҳо аз тарафи ҳормони сабзиш танзим карда мешавад. Ба ҳормони инкишоф ҳормони қисми пеши ҳипофиз, ки ҳормони қадкашӣ меноманд, дохил мешавад. Дар ҳолати зиёд шудани ин ҳормон тез дарозшавии устухонҳо мушоҳида карда мешавад.
Қади инхел одамон хеле баланд мешавад, ки онро «гигантизм» меноманд. Дар ҳолати кам ҷудо шудани ин ҳормон инкишофи устухон суст мешавад ва қади ин хел одамон паст буда, онҳоро «карлик» меноманд.

Таркиби химиявии устухон.

Таркиби устухонро об, моддаҳои органикӣ – осеин ва осеомукоидҳо, равғанҳо ва моддаҳои ғайриорганикӣ ташкил медиҳанд. Ин моддаҳо ба устухон сахтӣ мебахшанд. Барои аниқ кардани ин агар устухонро дар як шабонарўз дар маҳлули 10-фоизаи кислотаи сулфат (H2SO4) ё гидрогенхлорид HCl нигоҳ дорем, он гоҳ, намакҳои калсий ва фосфор ҳал мешаванд ва устухон хосияти сахтии худро гум карда, хеле нарм мегардад, ба дараҷае, ки онро гиреҳ бастан мумкин мешавад.
Пайвастагиҳои органикӣ устухонро чандиру мустаҳкам мекунанд. Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон ҳам тағйир меёбад. Таркиби устухони ҷавонон ва миёнасолон бештар аз моддаҳои органикӣ бой мебошад. Таркиби устухони пиронсолон бисёртар моддаҳои ғайриорганикӣ дорад.

Саволҳо

1. Системаи такягоҳ ва ҳаракат чӣ аҳамият дорад?
2. Сохти бофтаи устухонӣ чӣ хел аст?
3. Кадом намудҳои устухонҳоро медонед?
4. Сабукӣ ва мустаҳкамии устухонҳои бозу ба чӣ вобаста аст?
5. Аз чӣ сабаб устухонҳо ғафс ва дароз мешаванд?
6. Вобаста ба синну сол таркиби химиявии устухон чӣ хел тағйир меёбад?

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …