Номи «Суғд» дар маъхазҳои гуногунзабон дар муддати мадид дучор мешавад.[1] Муҳаққиқи машҳур В. Томашек тахмине пеш ниҳод, ки калимаи «суғд» аз калимаи умумиэроние бармеояду маънояш «рахшидан», «дурахшидан» ва «сӯхтан» аст.[2] Дар фарҳангҳои тоҷикию форсӣ калимаи мазкур тамоман дигар хел шарҳ дода мешавад: «шибарзамин, ё худ пастие, ки дар он ҷо об кӯл мешавад».[3] Дар забони ҳозираи тоҷик алҳол «суғд» гуфта ҷоеро мегӯянд, ки шибарзамину ботлоқ, ҷои киштбоби шодоб бошад, вале, аз афташ, ин тафсир сонитар пайдо шудааст.
Ҳудуди географии Суғд чӣ гуна буд? Ба ақидаи сайёҳи асри VII Сюан-сзан, Суғд кишварест байни дарёи Чу дар шимолу шарқ ва Дарвозаи Бойсун дар ҷанубу ғарб. Маълум, ки ин ҳудуд ҳудуди сиёсию географии Суғд не, балки макони зиндагии суғдиён мебошад. Маъхазҳои арабу тоҷикзабони давраҳои сонӣ (асосан асрҳои Х–ХIII) идроки ҳамонзамонаи масъалаи мазкурро таҷассум намуда, ба ҳар ҳол, баъзе гапҳои қадимаро ҳам ба инобат гирифтаанд. Аз ин маъхазҳо мо воқиф мешавем, ки Суғд ба ду маъно: ба маънои танг ва ба маънои васеъ истифода мешуд. Суғд ба маънои васеъ тамоми водии Зарафшон (баъзан ноҳияҳои болотарини онро истисно мекарданд) ва водии Қашқадарё мебошад. Дар айни ҳол, тасаввуре низ маъмул буд, ки Суғд танҳо ноҳияи Самарқанд мебошад. Муаррихони асрҳои миёна дар бораи «Суғди Самарқанд» бисёр сухан рондаанд. Инчунин «Суғди Бухоро» ном мафҳуме ҳам буд. Ёқут гуфтааст: «Гӯянд ду Суғд ҳаст – Суғди Самарқанд ва Суғди Бухоро».[4] Водии Қашқадарё ҷузъи Суғд дониста мешуд ва зимнан, баъзе муаллифон, масалан, Яъқубӣ Кешро пойтахти Суғд гуфтаанд.[5] Ҳамаи ин маълумотро муҳаққиқон муфассал тадқиқ кардаанд.[6]
Сюан-сзан ва Хой Чао дар бораи Суғд
Сюан-сзан ба Суғд соли 629 омад. Вай менависад, ки Самокиён ё Самосзан (Самарқанд) – мулкест, ки аз шарқ ба ғарб тӯл кашидааст. Андозаи пойтахти кишвар баробари Тирмиз будааст. Мулки Самокиён аз чор тараф бо монеаҳои табиӣ муҳофизат шудааст. Мардумаш хеле бисёр. Дар ин мулк аз дигар мамлакатҳои хориҷа молу сарвати ниҳоят пурқиматтарин бисёр ҷамъ шуда мемонад. Заминаш ҳосилхез асту ҳосили фаровон медиҳад. Долу дарахт нағз месабзад (вай дарахтҳоро бешагӣ номидааст), гулу мева ниҳоят зиёд аст. Дар ин кишвар аспҳои хушзот ҳастанд. Мардуми ин кишвар нисбат ба мардуми кишварҳои дигар дар санъат ва ҳунар (мувофиқи тарҷумаи дигар – дар тиҷорат) пешқадам мебошанд. Иқлим нарму мӯътадил аст. Аҳолӣ серғайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Ин кишвар дар мобайни кишварҳои «барбарӣ» ҷой гирифтааст. Тамоми халқҳои ҳамсоя дар хушахлоқӣ ва накӯкорӣ аз суғдиён ибрат мегиранд. Подшоҳ каси ҷасуру бебок аст ва ҳама ноҳияҳои атроф ба вай итоат доранд. Дар ихтиёри шоҳ лашкари сершумор, аз ҷумла, сарбозони савора ҳаст. Сарбозоне, ки сайёҳ онҳоро «чи-киа» номидааст, мақоми махсус доштанд. Онҳо ба дараҷае фидокор буданд, ки ҳатто бо шодӣ сӯи марг мерафтанд. Вақте онҳо ҳамла кунанд, ягон душман истодагарӣ карда наметавонист.
Сипас, Сюан-сзан аз мулкҳои Мимокия ё Мимохэ (Моймурғ), Сзебудан (Кабудон), Сюйшуаннисзя (Кушония), Бухэ (Бухоро), Сзешуанна (Кеш) ва ғайра сухан меронад. Инчунин дар бораи андозаи онҳо маълумоте оварда, ба ҳамаи онҳо як хел тавсифи мухтасар дода мешавад: «Дар бобати урфу одат ва маҳсулот ба Самокиён (Самарқанд) шабоҳат дорад».[7]
Хой Чао (соли 726) умуман «кишвари Ху»-ро тасвир намуда, ба ҳайъати он Ан (Бухоро), Сао (Иштихон), Ши (Кеш), Ши-ло — Ми (Моймурғ) ва Кан (Самарқанд)-ро дохил кардааст. Гарчанде ҳар яки ин мулкҳо малике дошта бошанд ҳам, ҳамаи онҳо ба арабҳо тобеъ мебошанд. Ин мулкҳо калон нестанд ва дар ҳар яки онҳо дастаи хурди сарбозон ҳаст. Аз чорвои ин ҷо шутур, хачир, гӯсфанд ва аспро ном бурдан мумкин. Пахта мекоранд. Либоси мардум пахтагин аст, шалвор ва ҷомаҳои онҳо пашмин. Мардон саллаи сафед мебанданд ва ришу мӯйсари худро тоза метарошанд. Забони онҳо аз забони мардуми мамлакатҳои ҳамсоя фарқ дорад. Урфу одати онҳо бад аст – ҳар занеро, ҳатто модар ва хоҳари худро ҳам ба занӣ мегиранд. Дар Эрон ҳам, мард ҳақ дошт модарашро ба занӣ гирад. Дар шаш мулк дини зардуштиро мепарастанд, дини Буддо расм не, фақат дар Самарқанд як дайри буддоӣ ҳасту он як роҳиб дорад.[8]
Таърихи сиёсӣ
Алҳол мадракоти кофӣ нест, ки таърихи сиёсии Суғд, алалхусус, таърихи сиёсии мулкҳои он тартиб дода шавад. Маъхазҳо фақат маълумотҳои берабти алоҳида-алоҳида медиҳанд.
Дар ибтидои асри VII, мувофиқи хабари солномаи таърихӣ дар Суғди Самарқанд (дар солнома номашро «Кан» гуфтаанд) оли маҳаллие ҳукм меронд, ки ба ниёгони йуҷӣ нисбат дошт (ё худро ба йуҷиҳо мансуб эълон мекард). Чунин ақида ҳаст, ки баъди ҷулуси худ ин ол бе танаффус қариб, ки аз ибтидои эраи нав ҳукмронӣ кардааст. Унвони малик чжаоу буд.[9] Малики суғдиён дар ҳамон вақт дар «Алуди» ном шаҳри серодам зиндагӣ мекард Солнома навиштааст, ки «Кан давлати муқтадир аст».[10] Дар натиҷа, ҳатто хоқони Хоқонии ғарбии туркҳо Датои (солҳои ҳукмрониаш аз 575/76 то 603) лозим донистааст, ки бо малики Суғд Тайшепи (Э.Шаванн ва К.Ширатори номи ӯро чунин хондаанд) хешу ақрабо шавад ва духтарашро ба занӣ додааст.
Шоҳони Суғд ба авлоди Унаш нисбат доштанд (ин ном дар солномаҳои муаррихони Хитой зикр шудааст ва дар навиштаҷоти суғдиён низ вомехӯрад).[11]
Дар он давраҳо ба Кан, яъне ба Суғди Самарқанд, Ми (Моймурғ), Сао ва Хэ (Иштихон ва Кушония), Ани Сағир (ноҳияе дар сарҳадди шарқии воҳаи Бухоро), Нашебо (Насаф) барин ҳашт мулк тобеъ буданд.[12] Ба ҳамин тариқ, қариб тамоми мулкҳои водии Зарафшон (аз афти кор, фақат ғайр аз қисми ғарбии он) ва инчунин водии Қашқадарё (Насаф) дар зери тасарруфи малики Суғди Самарқанд буд. Амалан маълум не, ки ин иттиҳод кай ба вуҷуд омад, чӣ хусусият дошт ва дараҷаи итоати мулкҳои алоҳида ба ҳукумати марказӣ чӣ гуна буд.
Дар қасри малики Суғди Самарқанд «кохи ниёгон ҳаст, ки моҳи шашум дар он ҷо назр медиҳанд. Дигар маликон ҷамъ омада, ба назрдиҳӣ ёрӣ мерасонанд».[13] Ин хабарро далели ҳамин донистан мумкин, ки дар байни маликҳои Суғд робитаи хешу таборие буд ва ҳамаи онҳо гӯё як аҷдоди умумие доштанд (ба ин маъхазҳо ҳам ишорат кардаанд). Албатта, дигар гуна тавзеҳро ҳам аз эътибор соқит кардан даркор не, яъне эҳтимол меравад, ки фармонбардорони оли ҳукмрони Самарқанд ӯҳдадор буданд, дар маросими назрдиҳӣ ширкат намоянд ва бо ҳамин ба малики худ содиқ буданашонро нишон диҳанд. Аз афти кор, имконпазир будани ҳар ду тавзеҳро дар назар доштан даркор.
Ба гумон аст, ки ҳайъат ва ҳудуди географии ин иттиҳод бетағйир монда бошад. Эҳтимол, дар ин ё он давраи мавҷудияти вай воҳаи Бухоро, ё худ қисми зиёди онро дар бар мегирифт. Инро аз чунин хабари Масъудӣ фаҳмидан мумкин, ки девори атрофи воҳаи Бухороро дар қадим яке аз подшоҳони Суғд сохта будааст.[14]
Дар кадом як давраи вуҷуди Суғд пойтахти он Кеш буд. Ба ин маъхазҳои давраҳои сонитар ҳам ишорат мекунанд, дар ин бора муаррихи асри IХ Яъқубӣ ҳам хабар медиҳад.[15] Тақвияти мулки Кеш дар чоряки якуми асри VII оғоз меёбад.[16] Малик Тичо (мабодо ин талаффузи аҷнабии ҳамон номи эронии Тиш набошад?) малики муқтадире ҳисоб мешуд. Вай ба кадом як давлати хориҷӣ ҳайъати сафорат фиристод; шаҳри Ки-шеро сохт, ки одатан худи ҳамон Кеш мегӯянд. Инчунин хабар ҳаст «Шашепи» ном дигар Малик низ соли 642 бо тӯҳфаю инъоми зиёд ҳайъати сафорат фиристода буд.[17] Дар маъхазҳои таърихӣ дар бораи вай дигар ягон маълумот нест. Вале ин малик танга мебаровардааст. Дар байни тангаҳое, ки дар Панҷакент ёфт шуд, тангаҳое ҳастанд, ки дар рӯи онҳо «ихшид Шашпир» навишта шудааст. Дар тангаҳо идеограммаи оромии «подшоҳ» ҳаст, ки дар тангаҳои суғдӣ унвони ҳокимони тамоми Суғд–ихшидҳоро ифода мекунанд. Дар натиҷаи муқоисаи ин маълумот маълум мешавад, ки аз ҳама аниқтарин шарҳу тавзеҳи он ҳамин, ки Шашпир ном малик подшоҳи тамоми Суғд буд.[18] Албатта, ин фақат яке аз роҳҳои таъвили масъала мебошад.
Вале ҳукмронии Кеш дар иттиҳоди Суғд тӯл накашид. Инак, мувофиқи хабари маъхазҳо, дере нагузашта, дар байни солҳои 656–660 малики нави Кеш Чжаоу Шиагйе (номро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн мегӯяд, ки онро Cho-a-ho хондан даркор) мутеи подшоҳи Самарқанд шуд.[19] Дар омади гап, малики Суғди Самарқанд андаке пештар–дар байни солҳои 650–655 подшоҳи тамоми Суғд шуда буд. Аз афти кор, як фурсати муайян лозим шудааст, ки Кеш ҳукмронии Самарқандро эътироф кунад. Фақат тахмин кардан мумкин, ки дар муддати ин панҷ сол дар байни Самарқанду Кеш мубориза рафтааст ва дар натиҷа Шашпир сарнагун шудаасту ба ҷои вай ба тахти Кеш Шиагйе (Шеаҳо) баромадааст. Унвони ихшиди Суғд акнун насиби Оли Самарқанд шуд, ки аҷнабиён онҳоро Фухуман[20] мегӯянд. Як силсила тангаҳои суғдӣ ҳаст, ки хати онҳоро, ба ақидаи О.И.Смирнова, «ихшид Варҳуман» хондан даркор (ба ақидаи вай, Фухуман талаффузи аҷнабии номи шоҳи суғдиён Варҳуман ё худ аниқтараш Аварҳуман аст)[21]. Номи ин подшоҳ дар катибаи калони суғдии Афросиёб ҳам зикр шудааст.
Дар баробари подшоҳони умуми Суғд маликҳои маҳаллӣ ҳам вуҷуд доштанд. Малики Кеш, ки акнун тобеи Оли Самарқанд буд, «ихрид» ном унвони меросӣ дошт.[22]
Дар маъхазҳои хитоӣ мулки Бухоро Ан, Нэуми, инчунин Бу-хо (Poғ-ho) номида мешуд ва унвони малики он чжаоу буд. Насаби маликҳои Бухоро ва Самарқанд як буд. Дар чоряки дувуми асри VII дар Бухоро Алинга (номи ӯро Бичурин чунин хондааст; Э.Шаванн таклиф мекунад, ки Ho-ling-kia хонда шавад) ном шахсе малик шуд. Маъхази хитоӣ хабар медиҳад, ки Оли Бухоро «аз насл ба насл бист пушт ҳукмронӣ мекунад»,[23] яъне чанд аср ҳукмронӣ кардааст.
Дар ноҳияи Бухоро тангаҳои скифатии (яъне фурӯхамидаи) мисин дар муомилот буд, ки дар рӯяш ба суғдӣ «шоҳ Асвар» навишта шуда буд. Мувофиқи мадракоти палеографӣ ин тангаҳо ба асрҳои IV-V нисбат доштанашон мумкин. Номи шоҳ эронист ва маънояш «аспсавор» аст. Аз рӯи хати тангаҳо маликҳои Бухоро ду унвон доштаанд, ки маънои яке «шоҳ» ва маънои дигараш «ҳоким» будааст.[24]
Мулки Панҷакент мулки мустақили муҳим буд. Ба ҳайъати он ғайр аз ноҳияи худи Панҷакент (он замонҳо номаш Панҷ буд) дар ибтидои асри VIII атрофи болооби Зарафшон ҳам дохил мешуд. Дар ҳуҷҷатҳои суғдие, ки аз кӯҳи Муғ ёфта шуд, Моҳиён (ба маънои «Маҳтобӣ»), Паргор (яъне «Замини болои кӯҳ» — Фалғари ҳозира), Кштут (Кштути ҳозира), Мартушкат (Мастчоҳи ҳозира) ном бурда мешавад. Дар ин ноҳия бисёр деҳаҳо буд. Дар ин ҷо деҳаҳои Мадм ва Қум (алҳол бо ҳамин ном вуҷуд доранд), Заровадк (Зерободи ҳозира), Эскотар («Замини болоӣ», Искодари ҳозира), Хшиканд (Хушекати ҳозира), Варз («Баланд», Варзи Манори ҳозира), Курут (Курути ҳозира), Фатмив (Фатмеви ҳозира), Пахут (Похути ҳозира), Эртмаут (Фалмоути ҳозира), Шавкат («Шаҳри сиёҳ», Шватки ҳозира) зикр гардидаанд. Водии Яғноб ҳам ба мулки Панҷакент дохил мешуд. Аз афти кор, дигар ноҳияҳои Пэтаман (Бутамони асри миёна), яъне дар ин маврид ноҳияҳои кӯҳҳои ҳисор ва Зарафшон ҳам ба ҳайъати мулки Панҷакент дохил мешуданд ё ба он тобеъ буданд. Масалан, дар ҳуҷҷатҳои Муғ деҳаи ҳозираи Анзоб[25] ном бурда шудааст.
Тангаҳои сершумори Панҷакент — Панҷро муҳаққиқон батафсил тадқиқ мекунанд. Муқаррар шуд, ки дар Панҷакент — Панҷ оли маҳаллие ҳукмронӣ мекард (вале номи намояндагони оли мазкур ба ҷуз баъзе истисноҳо то ҳол муайян нашудааст). Дар айёми вазнинтарини вуҷуди Суғд — дар чоряки якуми асри VIII дар натиҷаи ҳамлаи арабҳо мақоми мулки Панҷакент хеле боло шуд зеро дар ибтидо вай ба толону тороҷи арабҳо гирифтор нашуда буд. ҳокими Панҷакент — Диваштак, ки худ аз авлоди шоҳон набуд (дар ҳуҷҷати В-4 кӯҳи Муғ номи падари вай Едхшетака бе унвони «шоҳ» зикр шудааст), ба тахти Самарқанд ва ба унвони «шоҳи Суғду ҳокими Самарқанд Диваштак» иддао дошт ва, аз афти кор, муддате ба ин мартаба ҳам расида буд.
Дар баробари мулкҳои калон мулкҳои хурд ҳам бисёр буданду баъзеи онҳо танга ҳам мебароварданд. Дар «Самитан» ном деҳаи Суғд (дар ҷои Кушонияи қадим, яъне заминҳои деҳаҳои имрӯзаи Метан, Пойариқ, Чалак) маркази мулки хурде буд, ки ҳокими он аз номи худаш тангаи биринҷӣ сикка мезад.[26]
Тақвияти баъзе мулкҳои алоҳидаи иттиҳоди Суғд аз маълумоти маъхазҳои таърихӣ, археологӣ ва нумизматӣ бармеояд. ҳокимияти марказии шоҳи Суғд суст мешавад, танг мегардад. Дар бораи масоҳати иттиҳод аз чанд маъхаз маълумот гирифтан мумкин аст. Соли 712 арабҳо ба писари ихшиди Суғд — Гурак ваъда додаанд, ки ӯро «подшоҳи Самарқанду атрофу ноҳияҳои он, Кеш ва Насафу шаҳру қалъаҳои он» хоҳанд кард. Ба ҳайъати иттиҳоди Суғд инчунин Ми (Моймурғ) ва Сао (Кабудон ё Иштихон)[27] ва эҳтимол, баъзе дигар мулкҳо низ дохил мешуданд. Калонтарин мулки иттиҳоди Суғд — Бухоро истиқлол ёфт ва ба тахти он оли бухорхудотҳо[28] нишаст. Дар тангаҳои намояндагони оли мазкур унвони онҳо «Шоҳи Бухоро» зикр шудааст.[29]
Вилоятҳои Суғд бо дигар вилоятҳои Осиёи Миёна робитаҳои дипломатӣ доштанд ва ба дигар вилоятҳо ҳайъати сафорат мефиристоданд ва аз дигар вилоятҳо ҳайъати сафорат қабул мекарданд. Дар сурати Афросиёб, бешубҳа, омадани яке аз чунин ҳайъатҳои сафорат ва маросими дар Самарқанд қабул шудани онҳо инъикос ёфтааст. Аз навиштаҷоти суғдии таги ин сурат порчаи зерин боқӣ мондааст: «Вақте шоҳ Вархуман (зодаи) Унаш назди вай (яъне сафир) омад ва (сафир) лаб кушод: «Манам дапирпати (сардори дабирон.- Б.Ғ.) Чағониён, номам Бӯкарзод. Аз шоҳи Чағониён Тӯронтош омадам, ба Самарқанд назди шоҳ барои изҳори ҳурмат ва инак, пеши шоҳ истодаам бо эҳтиром. Ва ту (шоҳо) нанмо шубҳае аз ман, на аз худоёни Самарқанд ва на аз катибҳои Самарқанд (шояд ба маънои китобҳои динӣ бошад.- Б.Ғ). Ман хуб воқифам ва нахоҳам расонд зиёне ба шоҳи (Самарқанд). Бодо, шоҳо, давлатат зиёда». Ва шоҳ Вархумон (зодаи) Унаш ӯро рухсат дод. Он (гоҳ) лаб кушод дапирпати Чоч…»
ҳуҷҷатҳои архиви Муғ ривоят мекунанд, ки бо бисёр вилоятҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, бо Чоч, Истаравшан, Фарғона ва ғ. муносибатҳои дипломатӣ амал дошт. Бисёр маъхазҳо ҳикоят мекунанд, ки аз Суғд ба хориҷи Осиёи Миёна ҳайъати сафорат ва аз давлатҳои гуногун ба ин ҷо ҳайъати сафорат меомад.
Обёрӣ. Хоҷагии қишлоқ
Се канали асосии обёрӣ, ки заминҳои ҷануби Самарқандро шодоб мекард, дар асрҳои миёна аз Варағсар («Сари дарғот») ном маҳалле (ҳозир номи ин маҳал «Работи Хоҷа») сар мешуд. В.В.Бартолд қайд карда буд, ки аз тавзеҳу тафсири истилои араб маълум мешавад, ки ин канал пеш аз истилои арабҳо, яъне дар асрҳои VI-VII вуҷуд доштааст.[30] Дар худи ҳамин давраҳо канале буд, ки Самарқандро аз об таъмин мекард.[31]
Аз каналҳои калони тоисломӣ канали Норпайро ном бурдан даркор, ки он ноҳияи Кушонияро обёрӣ менамуд. Дар поёнтари Зарафшон, дар ҳудуди воҳаи Бухоро яке аз каналҳои дар асрҳои миёна калонтарин — канали Шопурком (баъдҳо Шофирком шуд) ном дошт ва зимнан ривояте ҳаст, ки онро Шопур ном кадом як шоҳзодаи сосонӣ сохтааст.[32] Ин канал заминҳои шимолитарини воҳаи Бухоро -ноҳияҳои мулки Варзонаро шодоб менамуд, ки ҳокимони он бо бухорхудотҳо рақобат доштанду зидди онҳо меҷангиданд. Инчунин боз якчанд каналҳои калон мавҷуд буд.[33] Дар воҳаи Қашқадарё ҳам шабакаи мукаммали обёрӣ амал мекард.[34]
Вилояти Самарқанд ба дараҷае ободу шодоб, ба дараҷае сердолу дарахти пуру фаровонҳосил буд, ки аввалин волиёни араб онро «равзат-ул-амир ал-мӯъминин», яъне «боғи халифа» номида буданд.[35]
Зироат дар Суғд асосан обӣ буд, вале ин маъно надорад, ки зироати лалмӣ набуд, баръакс, заминҳои лалмӣ ҳам кор фармуда мешуд. Тавсифи умумии хоҷагии қишлоқ дар як солномаи ҳамон давраҳо чунин аст: «Иқлимаш нарм, барои кишти ҳамагуна ғалла мувофиқ. Мардум дар боғдорӣ ва обчакорӣ моҳир. Дарахт умуман месабзад. Асп, шутур, хар ҳаст».[36]
Бозёфтҳое, ки ҳангоми ҳафриёти кӯҳи Муғ ба даст омад, дар бораи анвои зироат маълумоти хеле муфассал медиҳад. Аз ин ҷо дону донакҳои гуногун ва боқимондаҳои ниҳоли пахта ёфт шуд.[37] ҳуҷҷатҳои Муғ шаҳодат медиҳанд, ки дар ноҳияи Зарафшони Боло зироати асосӣ ғалла ва ангур буд. Инчунин ҷав, арзан ва нахӯд ҳам мекиштанд.[38] Истилоҳи суғдии «ғалла» аз ҷиҳати этимология ба маънои «бехта» алоқаманд аст.[39]
Ғалларо дар осиёб мекашиданд. Хуҷҷати В-4-и кӯҳи Муғ шартномаест дар бобати аз тарафи Моҳиён ном шахсе иҷора гирифтани се осиёб «бо тамоми анҳору бинову сангҳои он»; ҳаққи иҷора бо орд дода мешуд.[40] Гарчанде дар бораи осиёбҳои он давра мо тасаввуроти мукаммал надорем, вале, ба ҳар ҳол, масалан, аз Афросиёб чанд санги калони осиёб ёфт шуд. Дар баробари осиёб дар рӯзгори мардум дастосҳои хурду калон бисёр истифода мешуд.
Дар ҳуҷҷатҳо супоришҳои зиёде ҳаст, ки ғалла, мева ва шароб дода шавад.
Токдорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ буд.
Дар Панҷакент чархуште ёфт шуд. Чархушт чуқуриест, ки дар тагаш боз новачае дорад. Дар паҳлуи чуқурӣ боз як хандақча мекананд, ки он бо новае ба чуқурӣ пайваста аст. Девораҳои чуқурӣ ва хандақчаро бо гаҷ андова мекунанд. Мумкин аст дар таги хандақча тахта ҳам мечиданд, баъд ба болои он янтоқи сабз меандохтанд ва ба болои янтоқ ангур рехта, онро фишор медоданд. Оби ангур дар натиҷаи фишор аз байни янтоқ мегузашту ба воситаи новача ба чуқурӣ мерехт. Пас аз он ки оби ангур дар чуқурӣ таҳшин мегардид, онро гирифта, ба хумҳо меандохтанд. Баъзе чархуштҳои имрӯзаи халқии тоҷикӣ ҳам маҳз чунин сохт доранд.[41]
Дар солномаҳои таърихӣ маълумот ҳаст, ки дар Суғди Самарқанд шароби ангур бисёр буд. Хабар дода мешавад, ки дар ҳавлиҳои боён захираҳои зиёди он солҳо нигоҳ дошта мешуд. Мадракоти археологӣ ва ҳуҷҷатҳои Муғ шаҳодат медиҳанд, ки ин хабарҳо муболиға нест. Дар яке аз ҳуҷҷатҳои Муғ чунин супориш ҳаст: «Ба фалонӣ аз он шароби ноб бояд дод, ки канизакҳо менӯшанд ва дар ин таъхир нашояд. Боқии шароб сар ба мӯҳр шавад ва бо ҳамин минвол маҳфуз монад». Ин гуна хабарҳо гӯё тасдиқи ривояти солномаҳо мебошад. ҳатто вазифаи «сарсоқӣ» вуҷуд дошт.[42]
Дар баробари токзорҳо бисёр боғҳо ҳам буданд. Дар худи ҳамон ҳуҷҷатҳои Муғ унвони «боғбон» зикр шудааст. Меваҳо ниҳоят хушсифат будаанд. Масалан, аз Суғди Самарқанд шафтолуе меоварданд, ки аҷнабиёнро дар ҳайрат мегузоштааст, зеро «ҳар яки он мисли тухми мурғобӣ калон буду ранги онҳо тиллоӣ метофт ва онро «заршафтолу меномиданд».[43] Олуи сафеду зард ҳам барои фурӯш ба хориҷа мерафт.[44] ҳамаи ин тавсиферо, ки Сю-ан-сзан ба хоҷагии қишлоқи Суғд дода буд, пурра тасдиқ мекунад.
Ба ақидаи аҷнабиёне, ки аспҳои хушзоти Самарқандро мехариданд, ин аспҳо ба аспҳои Фарғона монанд буданд.[45] Аз Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Моймурғ дар солҳои 624, 724, 726, 727, 744, 750 ба Хитой барои фурӯш галаи аспҳои хушзоти суғдиро оварда буданд.[46] Диққати муаллифони хориҷиро ин-чунин гӯсфандони Самарқанд, ки «дунбаи бениҳоят калон»[47] доштанд, ҷалб карда буданд, маълум, ки ин ҳамон гӯсфандони машҳури думбакалон аст;
Дар ҳуҷҷатҳои Муғ гову гӯсфанду буз, аспу хару хачир зикр шудааст.[48] Дар баъзе ҷойҳои ҳамвор шутур ҳам истифода бурда мешуд.[49] Шубҳае нест, ки дар Суғд кирмакдорӣ ҳам равнақ ёфта буд. Дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ (ва ашёи аз дигар мамлакатҳо овардашуда) матоъҳои абрешимӣ, пахтагӣ ва пашмӣ бофта мешуд.
Ҳунармандӣ ва тиҷорат
Кӯҳҳои атрофи Суғд пур аз маъданиёт аст. Мувофиқи маъхазҳои хаттӣ, баъзеи онҳо истихроҷ карда мешуд. Масалан, маълумоти аниқ ҳаст, ки тилло ва навшодир истихроҷ мешуд.[50] Тилло на фақат истихроҷ мегардид, балки миқдори зиёди он аз Суғд, аз ҷумла, аз Кеш ва Моймурғ содир ҳам карда мешуд.[51]
Аз Моймурғ инчунин хӯлаи металлие мекашондаанд, ки номи онро «латун», яъне хӯлаи мису руҳ тарҷума кардаанд.[52] Инчунин намак ҳам истеҳсол карда мешуд. Намакро барои хӯрок ва барои таҳияи анҷоми зинату ороиш истифода мебурданд. Дар маъхазҳо махсусан намаки ранга қайд карда шудааст, ки аз Моймурғ ва Кеш меовардаанд.[53]
Миқдори зиёди истихроҷи маъданиёт, пеш аз ҳама, тақозои эҳтиёҷоти дохилӣ ва фақат қисман талаботи содирот буд. Материалҳои археологӣ оид ба ашёи оҳанӣ хеле гуногун аст. Ин гуна материалҳо махсусан аз ҳафриёти Панҷакент фаровон ба даст омад. Яке аз устохонаҳои оҳангарӣ дар ин ҷо дар объекти севум[54] падид омад. Устохона аз ду бинои пайваст иборат аст. Дар яке аз ин биноҳо дар суфаи паст хуме чаппа шинонда шудааст, ки он вазифаи кӯраро адо мекард. Ғайр аз ин дигар асбобу анҷом ҳам ёфт шуд. Ду найчаи думила низ ба даст омад. Оҳангарони Суғд барои ҳосил шудани ҳарорати баланд ду дамро якбора кор мефармуданд, ки дар натиҷа дар дамидан танаффус намешуд, яъне сикли дамиш анҷом пайдо мекард (дар омади гап, ҳалли ин муаммо дар асрҳои миёна дар назди инженерони Европаи ғарбӣ ҳам истода буд).[55]
Дар дигар устохонаи оҳангарӣ (ки он ҳам аз ду қисм иборат аст) асосан ҷои кори оҳангар нағз боқӣ мондааст. Кӯра даҳана ва барои дам додан сӯрохе дорад. Андаруни кӯра як тӯда дажғол. Ба фарши устохона ҳам пораҳои оҳан ва дажғол бисёр рехтааст.[56]
Инчунин белчаи кӯра, афзори оҳангарӣ ёфт шуд, ки аз сандон сар карда, то болғаву путку фонаву исканаҳои калонеро дарбар мегирад.
Маҳсулоти оҳангарон гуногун буд. Агар яроқу аслиҳаро ба назар нагирем, анвои он хеле зиёд аст. Ин ҳам олоти меҳнат — белу табару дос ва ғ; ҳам масолеҳи бинокорию дуредгарӣ — мех, кашак, тиргак, ҳалқа ва ғ. буданд. Аз ашёи оҳанини рӯзгор кордҳои гуногуни оҳанӣ, сагаки оҳанию биринҷии тасмаҳо, пулакчақои гуногун, қайчӣ, калид, шамъдонҳои гуногуни биринҷию оҳанӣ, ҷиҳози зебу зинат ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.[57]
Бо оҳангарӣ истеҳсоли яроқу аслиҳа зич вобаста буд. Оҳангарон дар айни ҳол яроқсоз ҳам буданд, вале аз эҳтимол дур не, ки махсус устоёни яроқсоз ҳам вуҷуд доштанд.
Аслиҳаи ҳамлавари суғдиён аз аслиҳаи дурзану наздикзан иборат буд. Онҳо камонҳои оддию мураккаб, шофу шамшер, ханҷар, гурз, табарзин доштанд. Воситаи муҳофизати бадан сипар, зиреҳ, ҷавшан ва худ ҳисоб мешуд. Хонандаро ба маълумоти интишоршудаи ҳафриёт ва асарҳои махсус[58] ҳавола карда, фақат ҳаминро қайд менамоем: ёфт шудани худи яроқу аслиҳа (масалан, сипару тир аз кӯҳи Муғ, пайкону пулакчаи камон аз Панҷакент ва ғ., инчунин материалҳои зиёди иконографӣ), ахбори маъхазҳои хаттӣ далолат мекунанд, ки яроқсозӣ соҳаи асосии ҳунармандӣ буд. Ин миқдори азими яроқу аслиҳаро фақат шумораи азими устоҳои яроқсоз тайёр карда метавонистанд. Меҳнати онҳо вазнину пурмашаққат буд, вақти бисёр ва маҳорати баландро талаб мекард. Барои мисол камони мураккабро гирем. Мувофиқи мадракоти таърихию этнографӣ, барои тайёр кардани як дона ин гуна камон аз як то ду сол вақт мерафт. Аз Панҷакент ёфт шудани пулакчаҳои устухонии танаи камон далолат мекунад, ки ин гуна камонҳо дар Панҷакент ҳам тайёр карда мешуданд. Аслиҳаи аъёну ашроф, масалан, шамшер ва ханҷарҳои онҳо, эҳтимол, хеле зебу ороиш доштанду асари мукаммали баландсифати санъати ҳунармандӣ буданд. Дар асоси он нусхаҳои яроқу аслиҳа, ки дастраси мо гардидааст, метавон гуфт, ки яроқсозони Суғд усули таҳияи яроқу аслиҳаи шаклан бадеиро аз худ карда будаанд. Дастаи ханҷару шамшерҳо асари ҳақиқии санъат мешуданд, аз металлҳои қиматбаҳо таҳия гардида, бо усули хотамкорӣ ва пулакчабандӣ зинат меёфтанд, ба онҳо шакли сари аждаҳо ва ғ. дода мешуд. Баъзе сипарҳо ҳам ба ҳамин тариқ хеле зебу зинат дода мешуданд.
Афзалияти яроқу аслиҳаи суғдиён на фақат дар шакли зебову мукаммали зоҳирии он буд. Аз ин ҳам муҳимтараш ҳамин буд, ки яроқу аслиҳаи Суғд корагар буд. Шӯҳрати зиреҳу ҷавшани суғдиён дар шарқу ғарб хеле дур паҳн шуда буд. Соли 718 суғдиён чун тӯҳфа ба Хитой зиреҳ оварданд. Яроқсозони Хитой дар асоси ҳамин зиреҳи суғдиён зиреҳсозиро ёд гирифтанд ва дере нагузашта дар лашкари хитоиён чунин зиреҳҳо пайдо шуданд.[59]
Суғди Самарқанд инчунин макони «ашёи бадеии»[60] баландсифат буд. Номи баъзеи он ашёро мо аз рӯи маъхазҳои хаттӣ медонем. Ин ашё чилимҳои қиматбаҳо, атрдонҳои хурди аҷоиб мебошанд. Аз Самарқанд, Моймурғ, Кеш ба дарбори подшоҳони аҷнабӣ чун инъом сангҳои қиматбаҳо ва ашёи аз сангҳои қиматбаҳо сохташуда мебурданд. Масалан, аз Самарқанд гулдоне оварда будаанд, ки аз карнелиан сохта шудааст.[61]
Дар расмҳои рӯи девор бисёр ашёи заргарӣ: табақҳо, қадаҳҳо, ҷомҳо ва ғ. тасвир шудаанд. Баъзе ашёе, ки берун аз ҳудуди Осиёи Миёна ёфт шудаанд (масалан, табақи нуқрагине, ки дар деҳаи Кулагиш собиқ губернияи Перм ёфташуда, алҳол дар Эрмитажи давлатӣ маҳфуз аст), низ аз ҷумлаи асарҳои санъати заргарии суғдиён мебошад[62] ва дар ин табақ саҳнаи ҷанги тан ба тан тасвир шудааст. Дигар асари санъати заргарии суғдиён гуфта баъзан ҳамон табақеро мегӯянд, ки дар он саворе тасвир шудаасту ба тарафи шери ба вай ҳамлакарда тир мепаронад.[63] Вале ин даъво асоси кофӣ надорад, зеро хати он суғдӣ нест ва дар он равшан номи шахсе навишта шудааст, ки бо супориши вай ин табақро тайёр карда будаанд. Таҳлили лингвистӣ ба ақидае меоварад, ки табақи мазкур, эҳтимол, дар Эрон, дар давраҳои баъди сосониён сохта шудааст.[64]
Ба туфайли ҳафриёт бисёр ашёи заргарӣ: гӯшвораҳои тиллоии олиҷаноби ақиқсанги фирӯзачашми марвориднигин, ангуштаринҳои нигинашон аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва шаддаҳои мухталифи рангинкамони рахшону пурнур ёфт шуданд, ки мисли шабнами саҳарии рӯи барги гул партав меафканад.
Дар Суғд ҳунари бофандагӣ хеле ривоҷ ёфта буд. Ба ин бозёфтҳои археологӣ ва хабарҳои маъхазҳои хаттӣ далел аст. Дар Қалъаи Муғ қариб 150 намунаи матоъ ёфт шуд. Гарчанде ин матоъҳо хеле фит гаштааст ва танҳо пораҳои он боқӣ мондааст,[65] ба ҳар ҳол имкон медиҳанд, ки бофти онҳо муайян карда шавад. Мувофиқи ҳисобу китоби М.П.Винокурова, аз 135 намуд матои Қалъаи Муғ, ки ӯ тадқиқ кардааст, 90-тоаш пахтагин, 44-тоаш абрешимӣ ва фақат 1-тоаш пашмин аст (И.Б.Бентович навиштааст, ки «дар байни матоъҳо матои пашмин ниҳоят кам мебошад»). Бофти тамоми матоъҳои пахтагин бофти оддии муқаррарии катонӣ аст. Худи ресмон суст ресида шудааст, тугуну гиреҳҳои зиёд дорад, ғафсиаш ҳам гуногун аст. Худи матоъ он қадар зич нест: дар як см. кв. аз 8–10 тору 10–12 пуд, то 10–14 тору 20–15 пуд ва зимнан намунаҳои дурушттарини он ба катони имрӯза монанд. Умуман аз рӯи ғафсии ресмон, навъи бофт ва зичии матоъ тамоми матоъҳои пахтагинро ба чор намуд тақсим кардан мумкин. Ягон намуди газвори пахтагини гулдор ёфт нашуд.
Газворҳои соф абрешимӣ ҳам чор намуд доранд. Бофти аксари онҳо мураккаби киперӣ (фарангӣ) ё репсӣ буда, баъзеи онҳо катонӣ ё худ муштараки катонию киперӣ мебошанд. Газворҳои абрешимӣ нисбат ба матоъҳои пахтагин зичтар аст: дар як см. мураббаъ то 39-40 пуд ва 39-40 тор дорад. Умуман барои бофтани газворҳои абрешимӣ бофанда бояд усулҳои мураккаби бофандагиро азхуд мекард. Баъзе газворҳои абрешимии Қалъаи Муғ бо усули бофти матоъҳои пахтагин бофта шудаанд ва илова бар ин, намуди газворҳои муштараки пахтагину абрешимӣ, ки дар боло зикр намудем, ишорат мекунад, ки бофандаҳо тадриҷан аз усулҳои бофти матоъҳои пахтагин ба усулҳои бофти газворҳои абрешимӣ мегузаштанд. Ба воситаи ресмонҳои гуногунранг дар газвор гул мепартофтанд. Нақши газвор аз қатори маинчаҳо иборат буд, ки дар миёнҷояш гулбарге дорад (чунин газвори гулдор дар расми рӯи девори Панҷакент ҳаст). Инчунин нақши кунгура ҳам дида мешавад, ки дар миёнҷои ҳар як теғаи кунгура холе ё тарҳи дилшакле ба назар мерасад; ғайр аз ин нақши гули чорбарга, нақши рамзии шохаву гулу барг, нақшҳои мураккаби иборат аз қатори доираҳо ҳаст, ки дар дохили доира гулбарге кашида шуда, атрофи онро шохаву баргу гул печонида гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо. Эҳтимол, баъзе намудҳои газворҳои абрешимӣ аз Хитой ҳам омада бошанд, вале қисми асосии он, бешубҳа, дар худи Суғд тайёр карда мешуд.
Пораи матои пашмин ранги сурх ва рахҳои борики кабудчаи фирӯза дорад.
Албатта, барои бофти ин газворҳо дастгоҳҳои махсус мавҷуд буд. Яке аз қисмҳои дастгоҳи бофандагӣ — шонаи он аз Қалъаи Муғ ёфт шуд (як шонаи бутун ва чанд шикастапораҳои он).[66]
Расмҳои рӯи девори Варахша (ва дар омади гап, Панҷакент), либоси боён нақшу гули ниҳоят мураккаби рангобаранг дорад — аз қатори оддии маинчаҳою гулбаргҳо сар карда, то тарҳи ниҳоят печ дар печи доираҳо, андаруни онҳо расмҳои паррандаҳо ва гурозҳо кашида шудааст.[67] Дар расмҳои рӯидевории Панҷакенти қадим матоъҳое тасвир шудаанд, ки нақши онҳо аз суратҳои шерфил ва парранда иборат буда, гирдогирди онҳоро шаддаҳои марворид гирифтааст. Либоси ашхоси суратҳои Афросиёб ҳам аз газворҳои пурнақшу нигор дӯхта шудааст.
Дар музейҳои мамлакатҳои Европаи ғарбӣ намунаи шоҳиҳое ҳастанд, ки дар онҳо расми шерҳо, гӯсфандон ва гулбаргҳо ҳастанд. Алҳол ин шоҳиҳои рангпаридаи зардчаи тиратоб ё зарди паст ё кабуди сиёҳча мебошад. Маълум, ки ранги ин шоҳиҳо аввал хеле равшану гӯё буду бо мурури вақт, ғайр аз ранги кабуд, дигар ҳама рангҳо хира шудааст. Масалан, муқаррар гардид, ки замоне ранги ин шоҳиҳо сабзи баланд, симобӣ, гулобӣ, норинҷӣ ва сафеди тоза буд. Баъзе аз ин шоҳиҳо бутун аст ва андозаи ҳар як порчаи он 1,6х2,41 м буда, имкон медиҳад, ки андозаи дастгоҳҳои бофандагӣ ҳам муайян карда шавад. Ба ақидаи муҳаққиқон нақши комил иборат аз қатори доираҳое буд, ки бо изораи мавҷдор фаро гирифта шудааст.
Дар пушти газворе, ки дар шаҳри Юи (Белгия) маҳфуз мебошад, бо сиёҳӣ хате навиштаанд, ки В.В.ҳеннинг онро чунин хондааст: «дарозиаш 61 ваҷаб занданичӣ». Мутахассиси номии газворҳои қадимӣ Д.Шепард ин гуна матоъҳоро дар дигар музейҳо ҳам ёфта, хусусияти онҳоро муайян намуд. Вай нишон дод, ки ин газворҳо аз шоҳиҳои хитоӣ фарқи калон доранд ва ин намуд газворҳоро газворҳои суғдӣ номид. А.М.Беленитский ва И.Б.Бентович бо исботу далелҳои иловагӣ ин ақидаро тақвият доданд. Дар маъхазҳои хитоӣ ва дар маъхазҳое, ки воқеаҳои истилои арабҳоро тасвир менамоянд, дар бораи газворҳои абрешимӣ бисёр сухан меравад (яке аз намудҳои он шоҳиҳо «занданичӣ» ном дошт).[68]
Мо дар болои дӯхти либосҳои мардонаву занона, дар бораи намудҳои он ва ғ. таваққуф намекунем. Фақат ҳаминро мегӯем, ки аз рӯи расмҳои рӯи девор ҳамаи онҳоро равшан муайян кардан мумкин аст.[69]
«Суғдиён, — менависад И.Б.Бентович, — чармгариро нағз медонистанд». Мешии хушсифати олиҷаноб ба ҷои коғаз мерафт. «Масалан, ҳуҷҷати машҳури арабӣ (аз Қалъаи Муғ.- Б.Ғ.) маҳз дар чунин мешӣ навишта шудааст. Чарми зардчатоби тунук рӯкаши сипари чӯбин гардидааст. Пораҳои қуттичаи чӯбин ҳам бо чарми сиёҳи заррингул рӯкаш шудааст. Сарпӯши сабади чоркунҷа ҳам як қабат чарми ранга дорад. Мӯзае ҷолиби диққат аст. Дӯхти он айнан дӯхти ҳамон муккиҳоест, ки дар кӯҳистон тоҷикони имрӯза мепӯшанд.[70] Маълум, ки ғайр аз ашёи чармини дар ҳуҷҷатҳои Муғ зикршуда чармгарон афзори аспу ароба, тасма, ғилоф барин чизҳоро ҳам тайёр мекарданд. Дар ҳуҷҷатҳои хаттии Қалъаи Муғ «пӯсти гӯсфанд», «пӯсти барра» ном бурда мешавад, агар гап аз чарм равад, онро боз ҳам тасниф карда, «пӯсти оҳу», «пӯсти гови қисир», «пӯсти ҷавона» гуфтаанд, пӯсти ранга ҳам зикр шудааст.[71]
Мухтасар бошад ҳам, тамоми навъҳои ҳунармандиро тавсиф кардан аз имкон берун аст. Фақат ҳаминро қайд менамоем, ки ҳунарҳои устухонтарошӣ, наҷҷорию дуредгарӣ, кулолӣ ва ғ. хеле тараққӣ карда буд.
Ривоҷи ҳунармандӣ, алалхусус, ривоҷи ҳунармандӣ дар шаҳр боиси равнақи ҳам савдои дохилӣ ва ҳам савдои хориҷӣ гардид. Якчанд маъхазҳо менависанд, ки суғдиён дар тиҷорат «маҳорат» доранд. Таълими бача аз панҷсолагӣ сар шуда, аввал савод меомӯхтанд, сипас, баъди ба синни муайяни балоғат расидан ба онҳо тиҷоратро ёд медоданд. Ҷавонон 20-сола шуда, барои тиҷорат ба мамлакатҳои хориҷа мерафтанд. Маъхазҳо хабар медиҳанд, ки «аксари мардум ба фоида рағбати зӯр дорад».[72]
Савдои хориҷӣ бо роҳҳои бисёр ба мамлакатҳои шарқ ва ғарб, инчунин ба аҳолии даштҳои шимол бурда мешуд. Масалан, робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна ва Византия хеле равнақу ривоҷ дошт. Як қисми ин тиҷорат ба воситаи Эрон ва қисми асосии он ба воситаи Кавкази шимолӣ анҷом дода мешуд. Ба Суғд аз Византия шоҳӣ меоварданд. Дар Суғд аз рӯи намунаҳои онҳо шоҳиҳои аҷоиб мебофтанду боз ба ғарб бурда мефурӯхтанд. Дар сағонаи Мошенная Балка (дар Кавкази шимолӣ) пораи шоҳии суғдӣ ёфт шуд, ки тақлидан ба шоҳиҳои Византия бофта шудааст, вале аз рӯи бисёр хусусиятҳояш маълум, ки шоҳии суғдӣ мебошад.[73]
Аз «роҳи абрешимӣ»-и Кавкази шимолӣ на фақат шоҳиворӣ, балки бисёр дигар молҳо кашонда мешуд. Дар ин бобат табақи византӣ, ки аз атрофи Кунгур ёфт шуд, ҷолиби диққат мебошад. Бешакку шубҳа, тасвироти онро торевтҳои византӣ кандаанд. Византӣ будани табақро ҳамин ҳам тасдиқ мекунад, ки дар он мӯҳри устои византӣ ҳаст. ҳамоно табақ дар Византия дар чоряки дувуми асри VI сохта шудааст. Сарфи назар ба ҳамаи ин дар табақ бо хатти суғдии бухороӣ «подшоҳи Бухоро фалонӣ» канда шудааст. Мувофиқи таҳлили палеографӣ, хат ба охири асри VI ва аввали асри VII тааллуқ дорад. Пас маълум мешавад, ки маҳсули устоҳои византӣ баъди тайёр шудан дере нагузашта то ба Суғди Бухоро расидааст[74].
Бисёр молҳои суғдӣ — аз сангҳои қиматбаҳову ашёи он сар карда, то матову газворҳои аҷоиб ба Осиёи Марказӣ ва ба Хитой бурда фурӯхта мешуд.
Хуллас, ҳаҷми савдои берунӣ хеле калон буд. Дар баробари он савдои дохилӣ ҳам ривоҷ меёбад. Дар ин бора хеле бисёр сикка зада шудани тангаҳои мисин, алалхусус, тангаҳои биринҷӣ шаҳодат медиҳад.
Муомилоти пул дар асрҳои V–VII Суғд дуруст тадқиқ нашудааст. Бисёр тангаҳо, масалан, тангаҳои димнаи Варахша то ба ҳол нашр нагардидааст. Аз асри V сар карда, дар Осиёи Миёна тангаҳои нуқрагине бароварда мешуд, ки он тақлид ба тангаҳои сосонии Пирӯзи I (солҳои 459–484) буд. Дар водии Зарафшон чанд ганҷинаи ин тангаҳо ёфт шуд (дар ҳар як ганҷина садҳо дона танга буд). Ғайр аз ин тангаҳое буданд, ки тақлидан ба тангаҳои сосонии Варахрани V (солҳои 420–438) бароварда мешуданд. Сонитар ин тангаҳо дар Суғди Бухоро воситаи асосии муомилот мешаванд. Ин тангаҳоро одамон «дирамҳои бухорхудотӣ» ё «тангаҳои бухорхудотӣ» меномиданд. Шарқши-носи рус П.И.Лерх[75] оид ба ин тангаҳо махсус асар навиштааст. Сипас, онҳоро бисёр нумизматҳо, аз ҷумла Д.Уокер[76] ва Р.Фрай[77] тадқиқ карданд. Забоншиносон ба кушодани рамзи хати рӯи тангаҳо машғул шуданд. Ба ақидаи ҳеннинг, дар рӯи тангаҳо «Шоҳи Бухоро» навишта шудааст.[78] Нумизматҳо мувофиқи санаи сикка тангаҳоро ба гурӯҳҳо тасниф намуданд; дар бораи макони сикка зада шудани онҳо тахминҳо ҳаст, вале алҳол ягон қарори қатъӣ нест.
Масалан, дар Суғди Самарқанд дар муомилот тангаҳои маҳаллии биринҷӣ буданд, ки хати суғдӣ ва дар рӯи худ расми ду одамро доранд. Вале пули асосӣ ин тангаҳо не, балки тангаҳое буданд, ки дар миёна сӯрохи чоркунҷае доранд ва аз чоряки дувуми асри VII сикка зада мешуданд. Чи қадар бисёр будани ин тангаҳоро ҳамин факт равшан мекунад, ки аз як худи ҳафриёти Панҷакент чандин ҳазор ин гуна танга ёфта шуд. Дар рӯи танга ду аломат ҳаст, ки гӯё «герб»-и подшоҳиро ташкил медиҳанд ва дар пушти танга номи подшоҳ ва унвони вай сабт шудааст. Аз рӯи гуногун будани вазну андозаи ин тангаҳо, ки дар давраҳои гуногун ҳар хел мешуд, гуфтан мумкин, ки тангаҳои мазкур чанд қимат дошт.
Тангаи тилло, аз рӯи ахбори маъхазҳои хаттӣ, дар муомилот иштирок надошт, гарчанде дар катибаҳои суғдӣ «динор» ном истилоҳе дучор мешавад, ки ба маънои «тангаи тилло» омадаасту чун меъёри баҳои ин ё он чиз хизмат мекард.
Дар ҳуҷҷатҳои Қалъаи Муғ аксаран тангаҳои нуқрагин — дирҳамҳо зикр шудаанду танҳо як бор тангаи мисро ном бурдаанд.
Ин ҳолат ба таркиби тангаҳои аз Панҷакент ёфтшуда ҳеҷ мувофиқ намеояд, зеро дар Панҷакент аз ҳама бештар тангаҳои биринҷӣ ёфт шудаанд. Аз афти кор, дар рӯзгори рӯзмарра ва харидуфурӯши бозор асосан тангаҳои биринҷиро кор мефармуданд, ки ин аз равнақи муомилоти пулӣ далолат мекунад; агар пули доду гирифту харидуфурӯш хеле калон бошад ва ё арзиши харидуфурӯшро дар ҳуҷҷат қайд карданӣ шаванд, дар ин сурат арзишро бо тангаҳои нуқра – дирҳамҳо ифода мекарданд.
Ба қудрати иқтисодии Суғд ҳамин чиз далолат мекунад, ки тангаҳои ихшидҳои Суғд дар ҷойҳои хеле дур аз Суғд ёфт шудаанд.
[1] Маҷмӯи маълумотро ниг.: Tomaschӯk W., 1877, s. 74.
[2] Дар ҳамон ҷо, 74–75.
[3] Маҷмӯи мадракотро ниг.: Смирнова О.И., 1963, с. 24–25.
[4] Ёқут, III, s. 394.
[5] Яъқубӣ 1892 p. 299.
[6] Масалан, ниг.:Бартольд В.В., с. 477-478.
[7] Beal S., 1906, p.32-36.
[8] Fuchs W., 1938, s. 451-452.
[9] Оид ба ин унвон ду аrида ҳаст. Баъзе олимон (масалан, В.Радлов ва И.Маркварт) онро туркӣ мегӯянд (оид ба охирин тавзеҳоти ин даво ниг.:Haussig H. W., 1956), дигар гурӯҳ олимон онро эронӣ мегӯянд (аз давраҳои Ремюз: Аӣеl Remusat, 1829, р. 227, п. 2). Аз тарафдорони эронӣ будани унвони мазкур В.Томашек, С.Конов, Х.Шедер ва дигаронро номбар кардан мумкин.
[10] Бичурин, II, с. 280–281.
[11] Альбаум Л. И., 1975, с. 54–55.
[12] Бичурин, II, с. 281.
[13] Дар ҳамон ҷо.
[14] Масъудӣ, 1894, с. 65.
[15] Яъқубӣ, 1892, с. 299.
[16] Умуман дар он ҷо хеле пештар аз ин оли мустаrиле буд. Дар асрҳои V– VI шоҳони Кеш тангае мебароварданд, ки дар рӯи он расм ҳаст ва дар пушти танга сурати ҳокимест, ки шер ё махлуrи шермонанди ба пои rафояш истодаро бо шамшер мезанад. Таклиф кардаанд, ки хати суuдии ин навъ тангаҳоро «Подшоҳи Кеш (?)» хондан даркор (Кабанов С.К., 1961, с.137 ва мобаъд; Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 170, эзоҳи 110).
[17] Бичурин II, с. 316; Chavannӯs Ӯ, 1903, р. 146.
[18] Смирнова О.И., 1963, с.140-141, 62-63.
[19] Бичурин II, с. 316; Chavannӯs Ӯ, 1903, р. 146.
[20] Бичурин, II, с. 317; Chavannӯs Е., 1906, р. 135.
[21] Смирнова О.И., 1963, с. 28.
[22] О.И. Смирнова ҷадвали хронологии маликҳои Кешро тартиб додааст (1962, с. 68).
[23] Бичурин, II, с. 282.
[24] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 169-170.
[25] Смирнова О.И., 1960.
[26] Смирнова О.И., 1967, с. 36–39.
[27] Бичурин, II, с. 311.
[28] Дурусттараш бухорхудо бояд бошад, ниг.: Наршахӣ. Thӯ History of Ӣukhara, 1954, р.108.
[29] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 170.
[30] Бартольд В.В., 1965, а. с. 186-187.
[31] Дар ҳамон ҷо, с. 188.
[32] Дар ҳамон ҷо, с. 198-199.
[33] Оид ба тавсифи шабакаи rадимии обёрии воҳаи Бухоро ниг.: Шишкин В.А., 1963, с. 22-25.
[34] Кабанов С.К., 1956 а, с. 164.
[35] Бартолд В.В., 1965 а, с. 146.
[36] Бичурин, II, с. 281.
[37] Данилевский В. В. ва диг., 1940.
[38] Смирнова О.И., 1963, с. 12-20; Смирнова О.И. ва Боголюбов М.Н.,1963.
[39] Лившиц В.А., 1962 б, с. 136.
[40] Дар ҳамон ҷо, с. 57.
[41] Дар ин бора ниг.: Болшаков О.Г. ва Неъматов Н.Н., 1958, с. 187-188.
[42] Лившиц В.А., 1962, с. 140.
[43] Schafer Е.Н., 1963, р. 1, 117.
[44] Бичурин, II, с. 311.
[45] Schafer Е.Н., 1963, р. 147.
[46] Дар ҳамон ҷо, р. 61.
[47] Дар ҳамон ҷо, р. 64, 296.
[48] Смирнова О.И., 1963, с. 20.
[49] Бичурин, II, с. 281.
[50] Дар ҳамон ҷо.
[51] Schafӯr Е.Н., 1963, р. 754.
[52] Дар ҳамон ҷо, р. 257.
[53] Дар ҳамон ҷо, р. 217.
[54] Беленицкий А. М., 1958, с. 117-119.
[55] A History of Tӯchnology, 1957, р. 643.
[56] Беленицкий А.М., 1961 а, с. 82.
[57] Беленицкий А.М., 1958, с. 135-140; 1901, с. 84-85; 1961 б, с. 88-90.
[58] Масалан, ниг.: Ҷалилов А., 1958, с. 81-95 (тафсири муфид, вале ниҳоят ноrис).
[59] Schafer Е.Н., 1963, р. 261.
[60] Бичурин, II, 1963, р. 259.
[61] Schafer Е.Н., 1963, р. 310.
[62] Дар бораи суuдӣ будани ин ашё М.М. Дьяконов ва А.М. Беленитский навиштаанд. Номгӯи ашёи торевтикаи суuдиро Б.И. Маршак тартиб додааст.
[63] Забелина Н.Н. ва Ремпел Л., 1948; Пугаченкова Г.А., Ремпел Л.И., 1965, с. 149-150.
[64] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 162-163.
[65] Бентович И.Б., 1958, с. 362.
[66] Винокурова М.П., 1957, с. 17-32.
[67] Шишкин В.А., 1963, с. 158-159, 220-221.
[68] Беленицкий А.М., Бентович И.Б., Беленицкий А.М. ва дигарон, 1963.
[69] Сюан-сзан дар бораи Суuд навиштааст: «Кас ҳар қадар бойтар бошад, ҳамон қадар бештар ӯро ҳурмат мекунанд, вале зоҳиран бой аз камбаuал фарr надорад, ҳатто бойтарин одамон бо rаноат мехӯранду бо rаноат либос мепӯшанд» (Веа1s., 1906, I, р. 27). Вале ин «демократизм» танҳо зодаи хаёлоти Сюан-сзан аст, зеро мадракоти археологӣ ва материалҳои археологӣ оид ба сарулибос ин гапҳои ӯро тасдиr намекунанд.
[70] Бентович И.Б., 1958, с. 362-371-372. Инчунин ниг.: Иванов С.В., 1952,с. 49 52.
[71] Смирнова О.И. ва Боголюбов М.Н., 1963, с. 11.
[72] Бичурин, II, с. 310; Chavannӯs Ӯ., 1903, р. 133, п.
[73] Иерусалимская А.А., 1967 а; 1967 б
[74] Лившиц В.А., Луконин В.Г., 1964, с. 165-167.
[75] Лерх П.И., 1875–1909.
[76] Walker S., 1941.
[77] Uгуе R.N., 1949, р. 24–31.
[78] Сhӯnning W.В., apud Uгуе R.N., 1949, р. 28–29.