Сулаймонӣ — инро ба тоҷикӣ дорошшикана ва ба забони русӣ сулема (хлорид ртута) мегӯянд. Ин чизест маснӯъи (сунъии) сахт, ки аз симоб ва марги муш тайёр мекунанд ба ин тариқ: дар таносуби симоб 306 грамм ва марги муш 25,5 грамм — ҳардуро бисёр маҳин ос карда, ба воситаи гармӣ додаи бухорашро шах карда мегиранд. Беҳтаринаш ба ранг сафеди он аст, низ ба рангҳои дигар ҳам мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк ва ин заҳри қотил аст. Хислатҳои шифобахши он: инро ба марҳамҳо дохил менамоянд, ки хусусияти дафъ кардани гӯшти ҳаром дорад. Агар бихӯранд, ҳалок мегардонад. Давои инро хӯрдагон шири навдӯшида, шӯрбо ва васма хӯрда, пай дар пай қай кардан асг.
Аз аломатҳои касе, ки инро хӯрда бошад: бехобӣ, беҳушӣ, кӯр шудан, ҷӯшиши хун,ва қайкунӣ аст. Илоҷ ва давои инро хӯрдагон тадбири занҷарф, симоб ва марги муш хӯрдагон аст.
Вале алҳол навъи сурхи онро камтар дар арах ҳал карда, рӯзе аз он қатрае дар як пиёла шир чаконида мехӯранд низ. Аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо — ман ҳам соли 1952 ним ҳаби (таблеткаи) сурхи онро дар ним литр арақ ҳал карда, аз он арақ ҳар рӯз як қошуқи ошӣ истеъмол карда будам.