Сунбул ( ба русс. Гиацинт) — ин растаниест баргаш ба барги кашниз монанд, поя надорад. Тухмаш дар гирдогирди баргҳои болиғаш ҷой гирифтааст, ки аз спораҳо иборат мебошад. Ин дар чоҳои намнок, дар санг ва шӯхсангҳои тар мерӯяд. Банди баргаш ришта барин борик ва сиёҳи барроқ мебошад.
Қувваташ то шаш моҳ боқӣ мемонад. Мизоҷаш мӯътадил ва андак моил ба гармӣ ва хушкист.
Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, ахлоти сафро, савдо ва балғамро аз меъда ва рӯдаҳо ронда, бо исҳол дафъ мекунад, инчунин ба иллатҳои узвҳои даруни сина ва шуш, дамкӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас ва зардпарвин даво мешавад; ҳайз ва пешобро ҷорӣ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад; зиёни саги девона газидаро дафъ мекунад.
Оберо, ки сунбул дар он ҷӯшонида шуда бошад, дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад. Ин обро дар бинӣ ва бар сар бирезанд, бастагии сӯрохи биниро мекушояд ва зукомро ба ибро меоварад.
Сунбулро кӯфта гузошта банданд, дарди сареро, ки аз бисёр ҷамъ шудани моддахои сардмизоҷ ба амал омада бошад, шифо мебахшад. Вале пухтаи онро бо равған хамир карда гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак- гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад ханозер (хукгардан), носурҳо ва дубайлаҳои (кӯряраҳои ) гуногунро дору мешавад.
Ин гиёҳро дар даҳан хоида, оби онро ба ғараб (раги обрав) ва носури чашм бичаконанд ё хоидаи онро бар он ҷо гузошта банданд, шифо мебахшад.
Онро пухта гузошта банданд, варам ва сахтиҳои хояҳоро таҳлил медиҳад, мулоим мекунад.
Сунбули тарро кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад; заҳри газидаи саги девонаро барҳам медиҳад; ба чоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, хусусан ки тарашро ба ҷоҳои мӯйрехта сахт бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Сунбулро кӯфта, бо мағзи сори гов даромехта бимоланд, барои дарди сар беҳад фоида мебахшад.
Оберо, ки дар он сунбул ҷӯшонида шуда бошад, бо хокистари гиёҳи он даромехта, бо шароб ва асал якҷо карда, сар ва мӯйро бо ин таркиб бишӯянд, барои захмҳои сар дармон мегардад.
Гиёҳи инро сӯхта, ба сар гузошта банданд, рехтани мӯйро манъ мекунад ва агар рехта бошад, аз нав мерӯёнад, сар сабӯсак дошта бошад, дафь мекунад. Агар сӯхтаи инро бипошанд, захмҳои хабисаро хушк ва сиҳат месозад, инчунин захмҳои хӯрандаро ба ибро меоварад.
Лекин хӯрдани сунбул ба сипурз зарар дорад. Дар ин ҳолат гули бунафшаро истеъмол намоянд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сунбул дар як рӯз то 25 грамм аст. Ва агар оберо, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шудааст, нӯшиданӣ бошанд, аз он дар об то 70 грамм андозанд.
Агар ёфтани сунбул душвор гардад, ба ҷойи ин барои бемориҳои шуш баробари вазни он гули бунафша ва нисфи вазни он решаи бепӯсти ширинбияро истеъмол фармоянд, равост.
Яке аз хислатҳои сунбул чунин аст, ки агар дар бадан тир даромада бошад, гиёҳи тари инро кӯфта, аз ҷониби бароиши тир гузошта банданд, тирро кашида берун меоварад. Боз як хислати наҷибе дорад, ки инро кӯфта, ба нохунаки чашм бичаспонанд, онро сиҳат мебахшад.