АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Сурб ва хислати он

Сурб ва хислати он

Сурб —  инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта қӯргошим ҳам мегӯянд. Сурб фулуззӣ нарми зудгудоз аст, рангаш ба сиёҳи хокистарӣ моил мебошад.  Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст. Ба русси онро свинец мегуянд.

сурб

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бо равғани гулисурх ё бо оби барги коснии тар, ё оби барги зуф, ё оби барги тугмачагул, ё оби сагангур, ё оби ғӯраи ангур ва ё бо оби кашнизи тар соида, батакрор ба саратони решгашта бимоланд, шифо мебахшад; ба варамҳо бимоланд онхоро тахдил медиҳад, ба захм ва дардҳои пайвандҳо бимоланд, шифо мебахшад.

  Сурбро ба кафи даст молида, кафро сиёҳ гардонида, сиёҳии онро бо обҳои гиёҳҳои номбаршуда бишӯянду он оби шустаро ба чашм бимоланд, дарди чашм, сӯзиш ва қӯтури чашмро дарҳол сокин мекунад.

  Чун сурбро бишӯянд, ба ҳадде ки сиёҳии он аз рӯяш зудуда гардад, баъд онро ба чашм кашанд, реши бадфиол ва раддии чашмро дафъ мекунад. Агар онро соида бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, хуни равонро манъ мекунад; ба қӯтур ва пучакҳо бимоланд, низ фоида дорад.

  31 грамми онро бар миён бибанданд, иҳтилом, яъне ҳангоми хоб шайтонӣ шуданро манъ мекунад.

  Агар сафҳаи (варақи) онро ба ғуддаҳо, ханозер гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад, асабҳои печхӯрдаро рост мегардонад, варамҳоро пас мегардонад.

  Чун ҷавони сиҳат ва дар камоли қувват 31 грамм ё 52 грамм ва 63 грамми онро бар камари худ то 4 — 5 рӯз бибандад, бинобар шиддати сардии мизоҷ ва хушкии мизоҷаш, шаҳвати мардии онро тамоман нест мегардонад, яъне аз хислати мардиаш маҳрум мегардонад.

  17,5 грамми онро дар зери болини касе дафн кунанд, ки худаш надонад, хобҳои парешон мебинад.

  25 грамми онро сафҳа карда, дар кӯзаи обнадида андохта, вақте ки сайёраи Зуҳал дар баландии фалак бошад, дар миёни дарахтон дафн кунанд, дарахтонро аз ҳамаи офатҳо манъ месозад.

Инчунин хонед инро

rimi-ohan

Рими оҳан ва хусусияи шифоии он

Рими оҳан  — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт …