Табрикоти Истиқлол аз Мynet.Tj
Ширкати Mynet.tj ҳаммаи ҳавватанонро аз самими қалб бо 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегуяд. Шукр аз он менамоем, ки Тоҷикистони азизамон ва миллати тоҷик аз марзу замини худ мустақилона роҳбарӣ намуда дар ободии ватан пайваста саҳмгузорӣ менамоянд.
Ба Шумо азизони дил, саломатии қавӣ, саодатмандӣ, дар фаъолияти меҳнатиатии ҳаррӯзаи пурсамаратон файзи зиёде ораду баҳри гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон боз ҳам зебоиву пурнурӣ орад.
Миллату ҳамватани азизӣ ман !
Шуморо бо Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак мегӯям. Истиқлолият ин мустақилияти тоҷикону тоҷикистонниён мебошад ки акнун дар идораи бевоситаи худи мардуми Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикон минбаъд дар рушди суннату арзишҳои миллии худ комилҳуқуқ ва озод ҳастанд.
Аз ин хотир ба Шумо дар мустақилияти колмилро муборакбодӣ гуфта ба ҳаммаи азизонатон бараъкати дастурхони пурфайз, хонаи ободу пурнур ва тану ҷисми бардавомро хоҳонам. Бигузор саҳми шумо дар тараққиёти фарҳангу иқтисодиёти Тоҷикистон мутлақо босазо бошад.
Муборак Истиқлол!
Муборак бодо Истиқлол!
Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати бузургтарин давтоварди миллат – 25 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ, хонаободӣ, садоқат ба Миллату Давлат, дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукуфонии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно дорам.
Истиқлолият Муборак!
Дустони азиз!
Шуморо бо иди Истиқлолияти ватани азизамон – Тоҷикистони пуркуҳсорамон самимона табрик гуфта бароятон аз даргохи Илоҳӣ пеш аз ҳама танисиҳатӣ, хонаободӣ, сарбаландӣ, ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таммано дорам. Инчунин таманно менамоям, ки бо қадами мубораки Истиқлол, орзуҳои неке ки дар дил мепарваридеду ормонҳои иҷронашуда доред ҷомаи амал пушад ва ханда ҳеҷ вақт аз лабони Шумову наздиконатон дур нагардад. Худо ёру мададгоратон бод.
Истиқлол муборак!
Бод истиқлол ҷовид
Дар фазои Тоҷикистон.
Дар дили ман дар дили ту,
Ҳамватан, чун ишқу дармон
Хандаи хуршеди Истиқлол,
Файз мерезад ба ҷони мо.
Зиндаву поянда медорад,
Парчами сабзу забони мо.
Илму фарҳанг аст Истиқлол,
Тахти авранг аст Истиқлол.
Ҳамватан, баҳри ману ту,
Парчами нанг аст истиқлол >>>
Табрикоти Истиқлолияти давлатӣ!
Азизон ва хусусан падарон, модарон, дустон, ҳамкорон, бародарон, хоҳарон ва мардуми аз дуру наздик ба Шумо Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро муборакбодӣ гуфта бароятон саломатӣ, фаровонӣ, бурдборӣ, амонӣ ва муҳаббати беандозаро таманно менамоям ки ободии оилаи Шумо ободии Тоҷикистони пурфайзамон шавад.
Бодо муборак Истиқлол!
Муборак бод бар Шумо Истиқлолият!
Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек ҳамаи сокинони некбину некандеш, босабру таҳаммул ва сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ҷашнгирии истиқлолияти Тоҷикситони азизамон, сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони ягонаамон пешрафту ободӣ орзумандам.
Табрик бар Шумо Истиқлолят!
Шеър дар васфи Истиқлол
Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,
Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.
Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,
Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.
Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,
Ному насабу забони мо Истиқлол.
Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,
Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.
Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,
Моҳест дар осмони мо Истиқлол. >>>
Ҳамватанони гиромиқадр!
Ширкати Mynet.tj 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон самимона шодбош мегӯяд! Бигузор комёбиҳои Шумо раҳнамое барои рушди Ватанамон бошад! Тоҷикистони азизамон бошад доимо осмони пурсафо, саҳроҳои пурфайз ва мардуми созандатар дошта бошад.
Табрик бар Шумо Истиқлол!