90% — и хун – аз об иборат аст. Дар он сафедаҳо, чарбуҳо, карбогидратҳо, намакҳо, ферментҳо ва микроэлементҳо маҳлул шудаанд. Ҳама гуна ноҷӯрии (вайроншавии) рафоҳати организм фавран дар миқдори таркибии онҳо инъикос мегардад. Таҳлили биокимиёвии хун имконият медиҳад, ки ин гуна тағйиротҳои нозук пайгирӣ карда шаванд ва дарду касалиҳо сари вақт дарёфт карда шаванд. Мана чӣ тавр бузургиҳои (параметрҳои) асосии он рамзкушоӣ карда мешаванд.
Нишондиҳанда Меъёр Тағйирёбии нишондиҳандаҳо чӣ маъно дорад Глюкоза 3,5–6,5 ммоль/л Дараҷаи (сатҳи) глюкоза паст мешавад, агар одам кайҳо боз чизе нахӯрда бошад; ҳангоми тағйирдиҳии вояи инсулин; ҳангоми баъзе ноҷӯриҳои ҳормонӣ (гормональных нарушениях). Баландшавии дараҷаи глюкоза дар ҳолати диабети қанд доштан имконпазир аст Сафедаи умумӣ 60–80 г/л Сафеда ҳангоми афсурдашавии кори ҷигар, гурдаҳо, камхӯрӣ (норасоии ғизо), сироятҳои вазнин ва дар ҳолати сӯхтагиҳо паст мешавад. Миқдори сафеда ҳангоми ғафсшавии хун зиёд мешавад Альбумин 40–60% айнан ба мисли сафедаи умумӣ Билирубини умумӣ 8,5–20,5 мкмоль/л Нишон медиҳад, ки ҷигар чӣ тавр кор мекунад. Болоравии он – нишонаи (симптоми) гепатит, бемории санги талха, вайроншавии эритроситҳо Билирубини мустақим то 15,4 мкмоль/л Зиёдшавии он ба гепатит ишора мекунад, шахшавии сафро (заҳра) (застой желчи (холестаз)), сиррози ҷигар Билирубини ғайри мустақим то 4,6 мкмоль/л Зиёдшавии он оиди пошхӯрии ҳуҷайраҳои хун (гемолиз) шаҳодат медиҳад, В12- анемияи камчин (дефицитной анемии) Трансаминазаҳо – АЛТ (АЛАТ) ва АСТ (АСАТ)
АЛТ (АЛАТ) –
то 30 МЕ
АСТ (АСАТ) –
то 40 МЕ
Ҳангоми гепатит, сиррози ҷигар, диабети қанд, баъзе инфексияҳо ва пас аз қабул кардани баъзе доруҳо, аз қабили – тетрациклинҳо, парацетамол зиёд мешавад Карбамид (Мочевина) то 8 ммоль/л Зиёдшавии он оиди раванди (просесси) вазнини инфексионӣ, гуруснашинӣ, камшавии моъеот (дарунравӣ, қайкунӣ, пешобҷамъшавии аз ҳад зиёд), норасоии гурдаҳо хабар медиҳад Креатинин то 0,18 ммоль/л Дараҷаи (сатҳи) баланд – аломати норасоии гурдаҳо. Аз меъёр кам – хуб мешуд ки ин гуна шахс нағзакак ғизо хурад Лактадегидрогеназа (ЛДГ) то 460 МЕ Ҳангоми зиёдшавии ЛДГ сактаи (инфаркти) миокарла, бемориҳои ҷигар, инфексияҳо, омосҳо шубҳа карда мешавад Фосфотазаи ишқорӣ (Щелочная фосфатаза) (ЩФ) 30–85 МЕ Зиёдшавии он ба бемориҳои ҷигар дар якҷоягӣ бо шахшавии сафро (заҳра), рахит, барзиёдии функсияи ғадудҳои сипаршакл (гиперпаратиреоз) хос аст.
Инҳо фақат бузургиҳои (параметрҳои) асосии таҳлили биокимиёвии хун мебошанд – онҳо ҳамагӣ аз сад-то зиёд ҳастанд. Онҳо барои ташхиси дақиқ заруранд, яъне он вақте ки ноҷӯрии организм аллакай дарёфт карда шудааст. Дар ин гуна ҳолатҳо таҳлили васеъи биокимиёвии хун таъин карда мешавад, ки барои ҳар як бемории алоҳида хосса аст.
Баъзе таҷҳизотҳо (аппаратҳо) коғази чопшудаи натиҷаро на фақат бо меъёрҳо (одатан сутунчаи тарафи рост) нишон медиҳанд, балки онро бо ситорачаҳо ва қавсайни махсусе низ ишора мекунад. Се ҳолати мавқеъи ситорача дар дохили қавсайн ва як мавқеъи берун аз қавсайн — ё дар тарафи чап ё дар тарафи рост, пешбинӣ шудааст. Ситорача аниқ дар мобайни қавсайн – нишондиҳанда идеалӣ аст. Ба тарафи қавси чап ҷафс шудааст – меъёрӣ аст, аммо дар сарҳади поёнӣ, ба тарафи қавси рост ҷафс шудааст – меъёрӣ аст, аммо дар сарҳади болоӣ. Ситорача берун аз қавсайн дар тарафи чап – натиҷа аз меъёр пасттар аст. Сиртора берун аз қавсайн дар тарафи рост – аз меъёр болотар аст.
ТАРЗИ ДУРУСТ СУПОРИДАНИ «ТАҲЛИЛИ БИОКИМИЁВӢ»
Хун барои ин таҳлил аз вена гирифта мешавад. Агар шумо ҳарос дошта бошед, поквиҷдонона ҳамшираро огоҳ намоед: вай пахтаеро бо спирти навшотирӣ тайёр мекунад ва барои ҳолатҳои ғайричашмдошт омода хоҳад буд. Ҳангоми гирифтани хун саратонро ба дигар сӯ гардонед ва нигоҳ накунед, ки чӣ тавр ба венаи шумо сӯзан мехаланд ва пробиркаро аз хун пур мекунанд. Барои он ки дар бораи дард фикр накунед, ҳангоми сӯзанхалонӣ ба пӯстатон, шумо бо биниатон оҳиста ва чуқур нафас кашед.
Ба лаборатория аз пагоҳии барвақт ва бо шиками гурусна омадан зарур аст. Ин сахтгирӣ асоснок аст (сабаб дорад): ҳатто пас аз пиёлаи чой, кофе ё стакани кола дараҷаи глюкоза дар хун боло меравад, дигар нишондиҳандаҳо низ метавонанд тағйир ёбанд ва дар ин ҳолат таҳқиқот ғайриинформативӣ мешавад.