АСОСӢ / ГУНОГУН / Таҳлили пешоб

Таҳлили пешоб

Ҳангоми бемории андаке ҷиддӣ ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ — бе таҳқиқи пешоб намешавад. Он ҳамчун оинаи аслии ҳолату вазъи организм аст. Яъне биёед шарму ҳаёро як сӯ мегузорем ва муфассал фаҳмида мегирем, ки он рақамҳое ки дар намунаварақаи (бланкаи) гирифтаи шумо дарҷ шудаанд, чӣ маъно доранд.

ТАҲЛИЛИ  УМУМӢ Ё КЛИНИКИ ПЕШОБ

Нишондиҳанда Меъёр Рамзкушоӣ Рангзардии – мисли коҳ Агар пешоб ба чойи сиёҳ монанд бошад, гепатит, сиррози ҷигар, вайроншавии эритроситҳо ҳангоми иллатнокиҳои аутоиммунӣ ва токсикӣ истисно нестанд.

Ранги мисли обшустаи (мағзобаи) гӯштӣ? Духтур бемории илтиҳоби гурдаҳо – гломерулонефритро тахмин мекунад (гумонбар мешавад). Баъзан тағйиротҳои бехавфи рангӣ низ мешаванд: гулобии сурх – аз сабаби баъзе доруҳо, сурхчатоб – агар сабзӣ, лаблабу, қулфинай хӯрда бошанд. Шафофӣ Пурра шаффоф Тира ва барфакдор – шаҳодати илтиҳоби гурдаҳо ё роҳҳои пешоброн. Таҳлука накунед, агар пешоби шаффоф каме истода баъд тира шавад; аксар вақт ҳамин хел мешавад Аксуламал (Реакция) (pH) Туруш (Кислая) аксуламали миёна (Нейтральная) ё  ишқории пешоб ҳангоми инфексияи роҳҳои пешобрав ва ё дар вегетерианҳо  дида мешавад.

tahlili-xun

Зиччӣ (вазни қиёсӣ) 1018–1025 Ҳангоми беобшавӣ ва баландшавии миқдори қанд дар хун ин нишондиҳанда баланд мешавад. Пастшавии зиччии пешоб ҳангоми иллатнокии гурдаҳо, илтиҳоби гурдаҳо ё агар бемор бисёр об нӯшида бошад, мушоҳида мешавад. Сафеда На зиёда аз 0,033% Дар ҳолати сироятёбӣ (инфексия) бемориҳои илтиҳобӣ ё иммунологии гурдаҳо, иллатнокии гурдаҳо ё ҳамту пас аз кори вазнини ҷисмонӣ зиёд шуда метавонад Бактерияҳо, занбурӯғҳо Нест Силиндрҳо Нест ё ангуштшумор аст Миқдори зиёди силиндрҳо ҳангоми бемориҳои гуногуни гурдаҳо мушоҳида мешавад. Эритроситҳо Нест ё ангуштшумор аст Агар эритроситҳо то 100-то дар мадди назар бошанд (микрогематурия), ин дар бораи бемориҳои илтиҳобӣ ва иммунологии гурдаҳо, бемории санги гурдаҳо, иллатнокии онкологии гурдаҳо ё инфексияи вазнин хабар медиҳад. Агар аз 100 –то болотар бошад (макрогематурия), пешоб ранги сурхро мегирад – пас бемории илтиҳобии гурдаҳо ё хунравӣ  аён аст.

Лейкоситҳо дар мардҳо  0-3 – лейкосит, дар занҳо 0-5 Зиёдшавии миқдори лейкоситҳо дар пешоб (лейкоситурия) оиди илтиҳоби гурдаҳо ва роҳҳои пешобрав, цистит, простатит,  иллатнокии иммунии гурдаҳо хабар медиҳад.

Таҳлили пешоб бо усули НЕЧИПОРЕНКО ва  ЗИМНИТСКИЙ

Таҳлили пешоб бо усули Нечипоренко он вақт таъин карда мешавад, ки натиҷаҳои таҳлили умумӣ шубҳаангез ҳастанд: гӯё патологияи аниқе нест, аммо лейкоситҳо ва эритроситҳо андаке зиёд ҳастанд. Барои аниқ кардан пешоби «мобайни фавраи пешоб» зарур аст; банкачаро пас аз саршавии пешобронӣ дар зери фавра мегузоранд ва пеш аз тамомшавии раванди пешобронӣ онро мегиранд. Аз ин ғунҷоиш дар лаборатория 1мл – и онро мегиранд ва миқдори эритроситҳоро ҳисоб мекунанд (меъёр – на зиёда аз 1000), лейкоситҳо (на зиёда аз 2000) ва силиндрҳо (на зиёда аз 20). Агар як ё якчанд параметрҳо зиёд бошанд, пас патология вуҷуд дорад.

Ба таҳлили Зимнитский он вақт муроҷиат мекунанд, ки шубҳаи инкишофёбии иллатнокии гурдаҳо ё илтиҳоби гурдаҳо пайдо шуда бошад. Пешобро дар давоми як шабонарӯз дар 6 — банкача ҷамъ мекунанд: барои пешоби дар ҳар як 4- соатӣ ҷамъшаванда — як банкачаи алоҳидаи пешоб. Дар лаборатория миқдори элементҳо ва вазни қиёсиро (зиччиро) муайян мекунанд. Ҳисобҳои тахминӣ мураккаб ҳастанд, вале муҳим он аст, ки  ғунҷоиши (миқдори) пешоб, ки рӯзона ихроҷ шудааст, бояд аз шабона бештар бошад ва вазни қиёсии ҳамаи порсияҳо ба таври муайяне бояд пастобаланд бошад.

Мана баъзе  нишонаҳои бонги хатари хос дар бораи иллатнокиҳо ва ноҷӯриҳо:

  • 1010–1012. Зиччии пешоб ба зиччии плазмаи хун баробар аст (изостенурия). Ин дар ҳолате мешавад, ки агар бемор доруҳои пешоброн хӯрда бошад ё бемории пиелонефрит берун аз фазаи хурӯҷ ё иллатнокии гурдаҳо дошта бошад.
  • 1002–1008. Зиччии пешоб аз зиччии плазмаи хун камтар аст (гипостенурия). Аломатҳои и пиелонефрити вазнин ба назар аён ҳастанд.
  • Зиёда аз 1025. Аниқтараш хун якбора ғафс шудааст – ҳангоми беобшавӣ  ҳамин тавр рӯй медиҳад, дар кӯдакон – ҳангоми диатези пешобтуршӣ (при мочекислом диатезе).

БО РАНГУ ТОБИШҲОИ ЗАРД

Барои таҳлил 100 — 200мл пешоб, ки пагоҳирӯзӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, басанда аст. Банкачаи хурдеро бодиққат шӯед ва бо оби ҷӯш обгардон кунед, узвҳои таносулро шӯед, то ин ки таҳлил бо дигар ифлосиҳо олуда набошад. Занҳо набояд дар рӯзҳои ҳайз таҳлил супоранд. Оё ягон доруе қабул мекунед? Духтуро огоҳ намоед: чунки баъзе доруҳо ба натиҷаҳои таҳлил таъсир мерасонанд. Барои  диета  ҳеҷ маҳдудияте нест, аммо набояд пеш аз таҳлилсупорӣ аз обҳои минералӣ сӯъистифода кунед, — онҳо аксуламали (реаксияи) пешобро тағйир медиҳанд.

Маълумотҳо аз тарафи хонаи нашриётии  «Здоровье» пешниҳод шудаанд. Оё хатогиеро пай бурдед? Онро намудор  созед ва клавишҳои Ctrl+Enter зер кунед.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …