Таҳлили умумии хун

Таҳлили умумии хун ки онро бо забони русси “Общий анализ крови” мегӯянд. Ин таҳлилҳое мебошанд, ки духтурон моро водор мекунанд то супорем, барои чӣ зарур ҳастанд? Хуни вена аз хуни нӯги ангушт чӣ фарқияте дорад? Рақамҳое, ки дар коғазчаи натиҷаҳои таҳлил нишон дода шудаанд, чӣ маънӣ доранд? Хун  ба камтарин тағйиротҳо дар саломатӣ  хеле зуд вокуниш нишон медиҳад. Мана барои чӣ аввалин таҳқиқе, ки духтур таъин мекунад – таҳлили умумии хун аст. Тарзи иҷрокунӣ (проседура) хеле оддӣ аст: бо сӯзани якдафъаина—скарификатор дар болиштаки ангушт сӯрох ё рахнаи сабуки 2- миллиметра мекунанд, ба зудӣ қатраи хун пайдо мешавад. Агар он нокифоя бошад, ҳамшираи тиббӣ ангуштро сабук зер мекунад ва хунро бо макак (пипетка) ҷамъ мекунад. Баъдан бошад таҷҳизоти (аппарати) аз хориҷа воридотшуда ё чашми тезбини худи духтур-лаборанти соҳибтаҷриба ҳисоб мекунанд, ки  дар он чӣ ва ба кадом миқдор мавҷуд аст.

Тахлили умумии хун

Нишондиҳанда Номи кӯтоҳшуда. Меъёр миқдор Рамзкушоӣ Гемоглобин Hb

120–160 г/л  барои мардҳо 
120–140 г/л  барои занҳо

Сафедае, ки дар такиби эритроситҳо мавҷуд аст, барои интиқол додани молекулаҳои кислород аз шушҳо ба органҳо ва ҳуҷайраҳо —  ва баръакс интиқол додани гази ангидриди карбон ба шушҳо масъул аст. Агар миқдори гемоглобин кам шавад, ҳуҷайраҳо кислородро камтар мегиранд. Ҳангоми анемия (камхунӣ), пас аз хунравӣ, ҳангоми баъзе бемориҳои ирсӣ  ҳамин тавр рӯй медиҳад. Гематокрит Нt

40–45% барои марҳо
36–42% барои занҳо

Нишон медиҳад, ки дар хун чанд фоизро ҳуҷайраҳои  — эротриситҳо, лейкоситҳо ва тромбоситҳо ташкил медиҳанд,  дар муқоиса бо қисмати моеъгии он   – плазма,  Агар гематокрит кам шавад, пас одам ё хунравиро  аз сар гузаронидааст ё дар вай системаи ташаккулёбии ҳуҷайраҳои хун яку якбора зарар дидааст. Ин ҳолат ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва аутоиммунӣ рӯй медиҳад. Баландшавии гематокрит дар бораи ғафсшавии хун шаҳодат медиҳад, масалан

Ҳангоми беобшавии организм. Эритроситҳо RBC

4–5*1012 дар як литр барои мардҳо
3–4*1012 дар як литр барои занҳо

Ҳуҷайраҳое, ки гемоглобинро интиқол медиҳанд. Тағйирёбии миқдори эритроситҳо ба таври зич бо гемоглобин алоқаманд аст: эритроситҳо кам бошанд – гемоглобинҳо низ кам ҳастанд (ва баръакс). Нишондиҳандаи рангӣ (Цветовой показатель/ЦП)
0,85–1,05 Муносибати (баробарии) дараҷаи гемоглобин ба миқдори эритроситҳо. Нишондиҳандаи рангӣ (ЦП) дар ҳолати анемияҳои гуногун тағйир меёбад: ҳангоми норасоии В 12 – фолий, анемияи апластӣ ва аутоиммунӣ — зиёд мешавад ва ҳангоми анемияи норасоии оҳан — кам мешавад. Лейкоситҳои WBC

3–8*109 дар як литр барои муқовимат ба инфексияҳо масъул ҳастанд. Ҳангоми инфексияҳо ва лейкозҳо миқдори лейкоситҳо зиёд мешавад. Ҳангоми инфексияҳои вазнин, бемориҳои онкологӣ ва аутоиммунӣ аз сабаби зарарбинии ташаккулёбии лейкоситҳо дар мағзи устухон кам мешаванд. Нейтрофилҳо NEU то 70% миқдори умумии лейкоситҳо Ҳуҷайраҳои ғайримуқаррарии ҷавоби иммунӣ бо миқдори хеле зиёд дар қабати зери луобӣ ва пардаҳои луобӣ мавҷуд ҳастанд. Вазифаи асосии онҳо – фурӯ бурдани микроорганизмҳои бегона мебошад. Зиёдшавии миқдори онҳо оиди раванди (просесси) илтиҳоби фасоднок (газаки фасоддор) хабар медиҳад. Агар раванди (просесси) фасоднок мавҷуд бошаду, аммо дар таҳлили хун зиёдшавии нейтрофилҳо ба назар нарасад, шумо бояд бештар хавотир шавед,

Эозинофилҳо EOS 1–5% миқдори умумии лейкоситҳо

Ба мисли нейтрофилҳо ба масъунияти (иммунитети) ғайримуқаррарӣ дохил мешаванд. Зиёдшавии миқдори онҳо барои аллергияҳо  ва бемориҳои паразитӣ , махсусан инвазияи кирмҳо хос аст. Лимфоситҳо LYM 19–30% Ҳуҷайраҳои иммунитети хосса. Агар ҳангоми илтиҳоби назаррас, нишондиҳанда аз 15% пасттар шавад, муҳим аст, ки миқдори умумии  лимфоситҳо ба 1 микролитр баҳодиҳӣ карда шавад. Он бояд аз 1200 – 1500 ҳуҷайра кам набошад.

Тромбоситҳо PLT
170–320*109   ба як литр. Ин ҳуҷайраҳо барои манъ кардани хунравӣ – гемостаз масъул (ҷавобгар) ҳастанд. Инҳо ба монанди партовҷамъкунҳо  низ ҳастанд ва боқимондаҳои бархӯрдҳои илтиҳобӣ – комплексҳои масъуниятии гардишкунандаро дар мембрана ҷамъ мекунанд. Миқдори аз меъёр камшудаи тромбоситҳо метавонад оиди бемории масъуниятӣ (иммунологӣ) ё илтиҳоби вазнин шаҳодат диҳад. Суръати таҳшиншавии эритроситҳо (СТЭ/СОЭ)

10 мм/ч (мм/с) барои мардҳо
15 мм/ч (мм/с) барои занҳо.

Баландшавии СТЭ (СОЭ) оиди раванди (протсесси) илтиҳобӣ ё дигар раванди патологӣ хабар медиҳад. Бе сабаби узрнок баланд шудани СТЭ (СОЭ) набояд аз мадди назар дур монад!

Дар омади гап (зимнан)

Баъзеҳо пеш аз таҳлил, аз бегоҳӣ сар карда гуруснашинӣ мекунанд (рӯза мегиранд) – чунин меҳисобанд, ки бояд хун дар пагоҳӣ ва ҳатман бо шиками гурусна супорида шавад. Ин тавр нест: барои таҳлили умумии хун  ин аҳамияте надорад.  Дуруст аст, ки картошкаро бо чарбуи хук (сало) шабона хӯрдан лозим нест, вагарна аз афташ дар пагоҳӣ миқдори лейкоситҳо аз муқаррарӣ зиёдтар хоҳад буд! Лекин баъди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, офтобхӯрӣ ва физиопроседураҳо, инчунин пас аз таҳқиқи рентгенӣ беҳтар аст якчанд рӯз мунтазир шавед, вагарна натиҷаҳо «нуқсдор» шуда мемонанд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …