Ташбеҳ чист? Ташбеҳ калимаи арабист. Маънои луғавиаш монанд кардан аст. Ташбеҳ ба маънои истилоҳӣ номи яке аз санъатҳои маънавист, ки чизе ба чизе монанд карда мешавад. Ҳангоми монанд кардани чизе ба чизе ҳатман сифат ё хусусияти муштараки миёни ҳарду чиз ба назар гирифта мешавад. Шоир ё нависанда, барои он ки мақсади хешро пурра ва равшан баён кунад, хусусияти як чизро бо хусусияти чизи дигар монанд мекунад. Ба таври дигар гўем, ташбеҳ ҳамеша ду тарафи муқоиса дорад. Дар мавриди ташбеҳ истилоҳоти мушаббаҳ (монанд) ва мушаббаҳбиҳӣ (монанда), монандшаванда ва монандкунанда хеле серистеъмоланд. Аҳли қалам он чизро, ки монанд кунанд, мушаббаҳ ва он чизро, ки ба он монанд кунанд, мушаббаҳбиҳӣ гўянд.
Яъне агар касе ё чизе, ки ба касе ё чизе монанд карда шавад, монандшаванда ё ташбеҳшаванда, аммо касе ё чизе, ки монандшавандаро ба худ монанд кардааст, монандкунанда ё ташбеҳ кунанда меноманд. Аксари муҳаққиқон тарафдори онанд, ки шакли осонтару муносибтари ин истилоҳ — монанд ва монанда қабул карда шавад.
Ҳангоми ба ҳам пайвастани ташбеҳшавандаю ташбеҳкунанда калима ва таъбирҳое ба кор мераванд, ки онҳоро ваҷҳи монандӣ (ваҷҳи ташбеҳ) ва адоти ташбеҳ меноманд.
Асоси ташбеҳ аз ду ҷузъ иборат аст: монандии ду чиз (қиёс) ва сабаби ин монандӣ, яъне сифати он. Пас ваҷҳи ташбеҳ ҳамон сифати муштараки ду ҷузъи асосии ташбеҳ мебошад. Илова бар ин, дар монанд кардани ду чиз калимаҳои зиёде ёрӣ мерасонанд, ки онҳоро адоти ташбеҳ меноманд, яъне афзол ва олати ташбеҳ. Аҳли адаб калимаҳои: чунин, монанд, тариқ, -вор, шева, гўӣ, пиндорӣ, сабил, минвол, -сон, осо, мисл, чун ва ғайраро аз ҷумлаи калимаҳои адоти ташбеҳ донистаанд.
Мисол:
Ватан, меҳрат ба дил азбаски ҷо шуд,
Дилам аз хуррамӣ чун ғунча во шуд.
(Мирзо Турсунзода)
Дар мисраъи дуюми ин байт «дилам» монанд (ташбеҳшаванда), «чун» адоти ташбеҳ, «ғунча» монанда (ташбеҳкунанда), «хуррамӣ» ваҷҳи ташбеҳ (сабаби ташбеҳ) мебошад.
Чанд мисол:
Суратат маҳзари ҳусн аст, вале ин маънӣ
Ҳамчу ҳусни дигарон бар ҳама кас зоҳир нест.
(Камол)
Биёр он май, ки пиндорӣ равои ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ.
(Рўдакӣ)
Чаро чун гул занӣ дар пўст ханда?
Сухан бояд чу шаккар пўстканда.
(Низомӣ)
Пушти замин чу рўи фалак гашта аз силоҳ,
Рўи фалак чу пушти замин гашта аз ғубор.
(Рашиди Ватвот)
Зулфро чун ҷони ҳар ошиқ ба бар дорад шиканҷ,
Чунки аз ҷонбозии ошиқ хабар дорад шиканҷ.
(Раҳимӣ)
Ойинавор шоҳиди ором нестем,
Симоб мечакад зи дили беқарори мо.
(Шавкат)
Пайкарам мегашт ҳамчун набзи беморон зи ҷо,
То саҳар аз мавҷи симоб изтиробе доштем.
(Сайидо)
Гаҳе чу шамъ кунам гиряҳои синагудоз,
Гаҳе чу субҳ занам хандаҳои хунолуд.
(Бадри Чочӣ)
Аксари донишмандони илми адаб муҳимтарин шарти ташбеҳро дар он донистаанд, ки бояд ташбеҳкунанда бар ташбеҳшаванда афзалият дошта, сифат ва хислатҳои ташбеҳкунанда аз ташбеҳшаванда мукаммалтару олитар бошад, то ки хислатҳои чизи ташбеҳшаванда хубтару беҳтар намоён шавад.
ХЕЛҲОИ ТАШБЕҲ
Ташбеҳ вобаста ба муносибати гўянда ба хелҳои зерин:
ташбеҳи мутлақ (равшан, сареҳ), ташбеҳи пўшида (музмар, измор), ташбеҳи машрут (шартӣ), ташбеҳи баргашта (тафзил), ташбеҳи акс (маъкус), ташбеҳи баробар (тасвит), ташбеҳи муканно (киноят) ҷудо мешавад.
1. Ташбеҳи мутлақ (равшан, сареҳ). Дар ин навъи ташбеҳ мавҷудияти рукнҳои асосии он — ташбеҳкунанда, ташбеҳшаванда ва адоти ташбеҳ шарт аст.
Мисол:
Чаро чун гул занӣ дар пўст ханда?
Сухан бояд чу шаккар пўстканда.
(Низомӣ)
Дар ҳарду мисраъи Низомӣ ташбеҳ ҳаст, хандаи ёр ба гул ва сухан ба шакар монанд карда шудааст. Дар ин ташбеҳот хандаи ёр ва сухан монандшаванда ва гулу шакар монандкунанда буда, чун ва чу адоти ташбеҳ мебошад.
Мисоли дигар:
Ай лабат гул, оразат мул, турраат сунбул барин,
Ғабғабат дар чарбу нармӣ тухми нимдумбул барин.
(Шоҳин)
2. Ташбеҳи пўшида (музмар, измор). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки дар он адоти ташбеҳ иштирок намекунад ва бештар бо роҳи таъкиду таҳким (ҳукм) сохта мешавад.
Мисол:
Рўят — дарёи ҳусну лаълат — марҷон,
Зулфат — анбар, садаф — даҳон, дурр — дандон.
Абрў — киштиву чини пешонӣ — мавҷ,
Гирдоби бало — ғабғабу чашмат — тўфон.
(Рўдакӣ)
Ин навъи ташбеҳро таркибӣ низ меноманд, барои он ки бештари ташбеҳҳо аз таркиб ва калимаҳои мураккаб сохта мешаванд.
Мисол:
Шаккаршикан аст ё сухангўи ман аст,
Анбарзақан аст ё суманбўи ман аст.
(Мусаъибӣ)
Калимаҳои «анбарзақан» ва «суманбўй» ташбеҳи пўшида мебошанд, зеро шоир гуфтанист, ки ёри ман зақане (манаҳ, занахдон) дорад, ки мисли анбар хушбўй аст.
3. Ташбеҳи баргашта (тафзилӣ). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир аз ташбеҳи аввалаи худ бармегардад ва монандшавандаро аз монандкунанда боло медонад.
Мисол:
Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор нест,
Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.
(Саъдӣ)
Мисоли дигар:
Ин ҷо сухани сарв нагўем, ки паст аст,
Ин ҷо сухани моҳ нахонем, ки зишт аст.
(Камол)
Ин навъи ташбеҳро ташбеҳулмарҷўъ низ гўянд, яъне аз ташбеҳ (монанд) ва тарҷеъ — баргаштан. Шоирон гоҳе қади ёрро ба сарв, рўи ўро ба моҳ монанд мекунанд, лекин баъд
аз гуфтаи худ пушаймон мешаванд ба ин маънӣ, ки гўё «сарв рафтор» надораду «моҳ айб» дорад. Дар ин навъи ташбеҳ афзалияти монандшавандаро аз монандкунанда нишон медиҳанд ва бо ҳамин сабаб, онро тафзилӣ низ меноманд.
4. Ташбеҳи маъкус (акс). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, кишоир ду чизро ба ҳам монанд мекунад ва боз ҷои онҳоро иваз менамояд, мисли ташбеҳи наргис ба чашм ва чашм ба наргис, ё ҳилол ба абрў ва абрў ба ҳилол.
Мисол:
Лола ба рўи хубат монанд, ки сурхрўй аст,
Рўят ба лола монанд, з-он рў, ки хол дорад.
5. Ташбеҳи баробар (тавсия, муздаваҷ, муставӣ). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки шоир сифатҳои ду чизи монандро ба ҳам баробар мекунад ва дар қиёс меорад. Яъне шоир сифатеро меорад, ки ҳам ба ошиқ ва ҳам ба маъшуқа тааллуқ дорад.
Мисол:
Гуфтам: «Зи дили хеш даҳон созамат, ай дўст»,
Гуфто: «Натавон сохт зи як нуқта даҳоне».
Гуфтам: «Зи тани хеш миён созамат, ай моҳ»,
Гуфто: «Натавон сохт зи як мўй миёне».
Дар байти якум шоир дар шакли қиёс «як нуқта»-ро ба
«тангии дил» ва «даҳон» ва дар байти дуюм «як мўй»-ро ба
«нозукии тан» ва «борикии миён» монанд ва баробар кардааст.
Мисоли дигар:
Пушти хамидаи ман ҳамнасаби ҷаъди22 вай аст,
Ҷаъди шўридаи ў ҳамсифати холи ман аст.
(Абдулвосеъи Ҷабалӣ)
6 . Ташбеҳи шартӣ (машрут). Ин навъи ташбеҳ чунон аст,
ки шоир барои ифодаи матлаби хеш чизеро ба чизе шартан
монанд мекунад. Яъне барои муқоиса кардани ду чиз шар-
ти муайян гузошта мешавад. Дар бештари мавридҳо чунин
ташбеҳҳо ба воситаи пайвандакҳои шартии «агар», «гар»,
«ар» ифода карда мешавад. Мисол:
Чун ту ба боғ бигзарӣ, гул нарасад ба бўи ту,
Лек расад ба қоматат сарв, агар равон шавад.
(Хусрави Деҳлавӣ)
Мисоли дигар:
Агар мўре сухан гўяд ва гар мўе равон дорад,
Ман он мўри сухангўям, ман он мўям, ки ҷон дорад.
(Амъақи Бухороӣ)
Байни ташбеҳи шартӣ ва ташбеҳи баргашта тафовути хеле кам аст, онҳо фақат зоҳиран аз ҳам фарқ мекунанд. Агар бигўем: «Рўи ту гул аст, аммо гул вафо надорад», ташбеҳи баргашта ва агар бигўем, ки «гул ба рўи ту он гоҳ монанд мешавад, ки агар вафо дошта бошад», ташбеҳи шартӣ мешавад.
7. Ташбеҳи муканно (киноят). Ин навъи ташбеҳ чунон аст, ки бе истифодаи адоти ташбеҳ ба ташбеҳшаванда аз сўи ташбеҳкунанда киноя карда мешавад.
Мисол:
Гоҳ бар моҳи дуҳафта гарди мушк орӣ падид,
Гоҳ мар хуршедро дар ғолия23 пинҳон кунӣ.
(Унсурӣ)
Мисоли дигар:
Ҳамегиристу ҳаме наргисон-ш лола гудохт,
Ба барги лола бигдохта нуҳуфта зарир.
(Абулаълои Шуштарӣ)
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Адоти ташбеҳ ва ваҷҳи ташбеҳро фаҳмонед.
2. Ташбеҳ чанд хел мешавад?
3. Барои чӣ ташбеҳро як ҷузъи илми баён медонанд?
4. Кадом навъи ташбеҳро ташбеҳи мутлақ меноманд?
5. Ташбеҳи пўшида чист?
6. Тафовути ташбеҳи шартӣ ва ташбеҳи маъкус дар чист?