АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)
Тугмачагул

Тугмачагул дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин гиёҳест, ки тоҷикон қалағочкулча ва мӯбофак низ меноманд. Баргаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафшӣ, тухмаш монанди тугмача гирдаки паҳн аст. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва тар аст, вале ба қавли баъзеҳо, дар дараҷаи дувум мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида барои дафъ шудан муҳайё месозад, варамҳои дохилиро рад менамояд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, шири занонро зиёда мегардонад.

Баргашро хоида, бо намак даромехта ба чашм гузошта банданд, носури чашмро пок мегардонад, агар ҳамин тавр хоида, бо намак гузошта бардавом банданд, даҳани носӯрро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба устухони шикаста гузошта банданд, онро ба ҳам мепайвандад. Барги ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, шикастагии узвҳоро шифо мебахшад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва заҳри занбӯрҳои гуногунро аз бадан дафъ мекунад. Кӯфтаи онро бо равғани зайтун ё равғани гули сурх сиришта гузошта банданд, сӯхтагии оташ, сурхбод ва каждумгазидаро шифо мебахшад. Агар хушки онро кӯфта, бо пешоб хамир карда гузошта банданд, решҳои сар ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.

150 грамм шохи онро пухта, бо шакар бихӯранд, сурфа ва гирифтагии овозро шифо мебахшад; овози дағалро, ки сабабаш хушкӣ ва гармӣ бошад, мулоим мегардонад; дарди сипурзро таскин медиҳад ва зардпарвинро сиҳат мебахшад, қӯтури пӯст ва захмҳои рӯдаҳоро сиҳат мекунад; исҳолро мебандад, захми хичак, чакмезакро нест месозад, гиреҳҳои баданро мекушояд.

Барг ва решаашро пухта гузошта банданд, заҳрнокшавии узвҳо, газидаи ғунда ва дарди гурдаро шифо мебахшад. Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, сахтии бачадонро таҳлил медиҳад; агар мақъади касе варам карда бошад, низ нишинанд, шифо медиҳад. Барги тару тозаи онро соида, бо маскаи нави говӣ даромехта, бар бадан бимоланд, ҳеҷ ҷонвар ӯро намегазад.

Барги навбаромадаи онро бо гӯшти парандаҳо якҷо пухта бихӯранд, беҳтарин ғизо мешавад. Вале истеъмоли ин ба дарун меъдаи заифи одамони сардмизоҷ ва тармизоҷонро суст мекунад. Агар ба гарммизоҷон зарар кунад, чизҳои турш бояд бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд, инчунин ҳалилаҷот истеъмол бояд кард.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби гиёҳи тари он дар як рӯз то 175 грамм аст. Мизоҷи тухмаш сард ва тар аст. Ин луоб, яъне оби ғафси бисёр дорад, ки часпанда ва лағжонанда мебошад. Агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, барои сурфаҳои гарм ва хушк дору мешавад, инчунин гирифтагии овозро мекушояд, назларо дафъ мекунад; барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо, захми гурда ва хичак дору мешавад, сӯзонидани давоҳои тунд ва гарммизоҷро дафъ мекунад, азият ва зарари заҳри занбӯрро нест месозад, инчунин ғундагазидаро шифо мебахшад. Агар тухми инро бо тухми себарга баробарвазн гирифта бихӯранд, дарди хичакро шифо мебахшад.

Тухми тугмачагулро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна (клизма) кунанд, сӯзиши рӯдаҳо, бачадон ва мақъадро таскин медиҳад, ин обро бо асал даромехта хуқна кунанд, дарди ҷигарро дафъ мекунад. Тухмашро кӯфта, ба танҳоӣ ё бо ҷави кӯфтаи бесабӯс даромехта гузошта банданд, барои варамҳои гарм, дард ва варамҳои сахти гарм даво мешавад.

Хоҳ барг ва хоҳ тухмашро кӯфта гузошта банданд, барои газидани занбӯр нафъи тамом дорад. Тухмаш низ монанди гиёҳаш барои меъдаи заиф зарар дорад, дар ин маврид оби меваҳоро ҷӯшонида биёшоманд, ислоҳи зарар хоҳад намуд. Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз тухмаш аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар тухми ин ба даст нарасад, ба ҷойи ин тухми гули хайриро бихӯранд, раво мебошад. Гули ин гиёҳро хоҳ хушк карда кӯфта бихӯранд, хоҳ дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ва ё кӯфта гузошта банданд, захми гурда ва хичакро шифо мебахшад. Агар шохҳояшро хоҳ ба дарун истеъмол намоянд, хоҳ кӯфта аз рӯ гузошта банданд, дарди рудаҳоро таскин медиҳад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …