Турб ин сабзаи машҳур аст, ки зироат мекунанд. Мизоҷи тухми ин гарм аст дар дараҷаи севум ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Яъне тухмашро бихӯранд, барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ форам аст, вале хӯрдани худи турб ба одамони тармизоҷ ва меъдаашон рутубатнок зарар дорад. Зеро ки бехрешаи он, яъне қисми заминии он дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии турб: агар инро бихӯранд, ахлоти ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) менамояд, варам ва моддаҳои ғализро дар даран таҳлил медиҳад, бод пайдо мекунад, оруғ меоварад агар беҳад бихӯранд (вале тухмаш несткунандаи оруғ аст), барои баъзе одамон ҳазмкунандаи таомҳои ҳазмнопазир, хусусан барги он, вале дар баъзеҳо, ки меъдаашон рутубати бисёр дошта бошад, ҳазмро манъ мекунад, ҳатто ба дараҷае зарарнок аст, ки феъли меъдаи онҳоро вайрон месозад (хусусан худи турбро бихӯранд), зеро ки дар турб моддаҳои сабуки зуд бадбӯйшаванда мавҷуданд ва пешобро меронад. Агар барги баҳории онро пухта, бо равғани зайтун бихӯранд ё бо ин равған пухта бихӯранд, ғизоияташ аз худи турб зиёдтар мегардад. Дар турб се хосият мавҷуд аст: баргаш парокандакунандаи бодҳои дарун мебошад, тухмаш пешобро меронад ва худи турб балғамро қатъ мекунад.
Хурдани турб ба сар, дандон ва ком зарар дорад, агар аз ҳад зиёд истеъмол намоянд.
Даруни турбро холї карда, равғани гули сурх дар он рехта, ба рӯйи оташ гузоранд, то равған биҷӯшад, баъд он равғанро нимгарм чанд қатра дар гӯш чаконанд, барои нест кардани боди даруни он, дарди гӯш зуд ва хуб таъсир мекунад. Агар оби турбро бо равғани гули сурх якҷо карда, дар оташ биҷӯшонанд, то он ки обаш бухор шуда раваду равған бимонад, ин равғанро низ бичаконанд, ҳамон таъсирро дорад.
Хӯрдани турб ба чашм зарар дорад, вале оби онро дар чашм чаконанд, доғи таги гӯшаи чашмро аз тарафи бинї дафъ мекунад. Ва агар оби баргашро дар чашм чаконанд, қуввати бинишро тез мегардонад.
Барги турбро кӯфта, ба зери чашм гузошта банданд, хунеро, ки дар таги чашм мурда ва аз доғи кабуд зоҳир гашта бошад, дафъ мекунад. Ва баргашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба чашм гузошта банданд, оби бегонаи дар гавҳарак фуромадаро, ки соҳибашро кӯр мегардонад, пароканда сохта, чашмро аз нав равшан месозад.
Турбро дар об ҷӯшонда, он обро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо мебахшад, моддаҳои дар даруни сина пайдошударо суюқ гардонида, берун меронад ва дарди гулӯро, ки аз хӯрдани занбуруғи заҳрнок ба амал омада бошад, сиҳат мекунад. Турбро дар об ҷӯшонида, он обро бо асале, ки дар он сирко андохта турш карда бошанд, омехта, бо он ғарғара кунанд, дарди гулӯи шадидро дафъ мекунад, сарфи назар аз он ки ба халқ зарар дорад. Дар ин ҳолат зарари мазкури онро сиркову асал дафъ месозад. Ҳамин оби турб ҷӯшонидашударо батанҳої агар занҳо бинӯшанд, шири онҳоро зиёд мегардонад.
Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст: оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кӯмак медиҳад. Вале агар турбро пеш аз таом бихӯранд, намегузорад, ки таом ба бадан нуфуз намояд, балки худаш дар қаъри меъда канор гирифта, ғизои хӯрдашударо дар сари меъда нигоҳ медорад ва намегузорад, ки он ба қисми поёни меъда фурояду ҳазми дувуми худро баҷо оварад. Аммо ин ҳолат барои осон қай кардан қулай мебошад, хусусан пӯсташро бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯранд.
Хӯрдани турб барои узвҳои даруни сина, паҳлӯ ва сипурз мувофиқ аст, инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба узвҳои мазкур фоида мебахшад. Табиби машҳур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм мекунад, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷигар ва сипурз мекушояд; истисқо иллатҳои сипурз ва зардпарвинро фоида дорад; тифлаш феъли меъдаро вайрон мекунад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зудї аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад». Агар хӯроки вазнин тановул карда, аз болояш 2,5 грамм тухмашро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм мекунад. Агар ин миқдор тухмашро кӯфта, бо сиканҷабин бинӯшанд, башиддат қай меоварад, бо ин восита меъдаро аз ахлоти бегона пок мегардонад.
Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2-3 грамм бихӯранд, луққос зада дард кардани пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад, ирқуннасоро сиҳат мебахшад, дарди суринҳоро дафъ мекунад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи турбро низ бихӯранд, бемориҳои мазкурро дафъ месозад, балки аз тухмаш зӯртар аст.
Турбро кӯфта, бо асал даромехта, ба захмҳои хабиса (злокачественные язвы), решҳои бадтарини фасодашон ширмонанд ва асалранг гузошта банданд, шифо мебахшад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо сирко сиришта, ба доғи ғонағароё (гангрена) ва ба шукуфаи пӯст гузошта банданд, онҳоро нест мекунад. Худи турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир карда, ба рихинакҳои рухсора гузошта банданд, чеҳраро аз аз онҳо пок менамояд.
Турбро дар об ҷӯшонида, он обро занҳо бинӯшанд, ҳайзи бастаи онҳоро равон мекунад. Бандҳои барги турбро кӯфта, фишурда обашро гирифта, 25 грамм аз он бинӯшанд, санги хичакро майда карда мерезонад, вале агар инро бо сиканҷабин даромехта бинӯшанд, таъсираш зудтар ва зиёдтар мегардад дар ин амал. Оби барг ва банди барги онро ба миқдори 75 грамм гирифта, бо шакар ширин карда бинӯшанд, тамоми зардобро аз бадан дур мекунад ва бо ин восита иллати истисқоро ҳам шифо мебахшад; агар инро бо намак бинӯшанд, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад, гиреҳҳои даруни ҷигарро мекушояд ва зардпарвинро нафъ мебахшад. Даруни турбро кофта гирифта, дар он ковокї тухми шалғам пур кунанду даҳани онро бо порчаи турб маҳкам намуда, баъд онро ба миёни хамир гирифта, дар қӯри оташ пухта, бо асал бихӯранд ҳамин тариқ се рӯз пай дар ҳам амал кунанд, санги хичакро майда карда мерезонад. Ва агар як худи тухми турбро бихӯранд, ҳайз ва шири занонро ҷорї мекунад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад, инчунин қайовар низ мебошад; барои дарди ҷигар, ки аз хунукї бошад, шифо мебахшад ва барои варами сипурз фоида дорад.
Агар турбро кӯфта, ба мавзеъи мори афъї газида гузошта банданд, зарари заҳри онро нест мекунад ва агар тухмашро кӯфта, бо шароб даромехта гузошта банданд, мори шохдор газида ва заҳрҳои ҷонварони дигарро, ки ба бадан андохта бошанд, безарар мегардонад. Хоҳ турби тарошидаро бар болои каждум партоянд, хоҳ обашро бар каждум бирезанд, каждум мемирад. Касеро, ки турб хӯрда бошад, каждум бигазад, зарар намекунад. Оби турбро бар аъзои бадан молида, шаб дар ҳар ҷо, ки бошад, бихобанд, ҷонварони заҳрандоз наздик намеоянд.
Хӯрдани турб ранги рухсорро некӯ мегардонад. Турбро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир сохта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; ва агар инро бо асал хамир карда, ба доғҳои зери чашм гузошта банданд, онҳоро дур мекунад. Оби турбро ба шукуфаи пӯст бимоланд, фоида дорад. Тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба доғҳои нуқтамонанди сиёҳ ва сафеди дар рӯйи пӯст пайдошуда ва инчунин ба дигар доғҳои бегонаи пӯст гузошта банданд, пӯстро аз он доғҳо пок мекунад, аз он ҷумла доғҳои кунҷидакро ҳам дафъ ва ранги рӯйро тоза месозад, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.
Ногуфта намонад, ки турбро аз андоза зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, ахлоти баданро бадбӯй мегардонад; инчунин ба сар, дандонҳо ва ҳалқ зарар мерасонад. Дар ин гуна ҳолат намак, асал ва зираи дар сирко тар кардашударо хӯрдан даркор аст, то ки зарараш ислоҳ ёбад.
Турбро як шабонарӯз дар сиркои тунди ангурї тар карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, сипурзи сахтшударо мулоим мекунад, инчунин онро бо таом бихӯранд ҳам, чунин фоидаро дорад.
Чунонки гуфтем, тухмашро бихӯранд, қай меоварад, вале барои дарди ҷигар ва дарди сипурз дору мешавад; дар бобати пешоб ва ширу ҳайро равон кардан ва дафъ намудани заҳрҳо фоидаи аҷиб дорад. Агар инро бо шароб бихӯранд, бар зидди газидани мори шохдор дармон мешавад. Дар ин бобат тухми турб аз худи турб зӯртар аст. 2,5 грамм тухмашро баъд аз таом бихӯранд, онро ҳазм менамоянд ва агар бо сиканҷабин бихӯранд, меъдаро пок мегардонад. Агар инро кӯфта ба шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, шифо мебахшад ва агар бо сирко хамир карда гузошта банданд, захми ғонағароё (гангрена)-ро, ки дар тибби ҳозира илоҷпазир нест, сиҳат мекунад; бо асал даромехта гузошта банданд, дарди пайвандакҳо (буғумҳо)-ро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 3,5 грамм аст, аз обаш то 100 грамм ва аз худаш то 70 грамм мебошад.
Аз турб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Тухм ва оби барги онро дар ибтидои тухм бастан кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар зарфе аз болои он об ду баробари вазни он равғани зайтун ё равғани кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯшида-ҷӯшида, об бухор гашта меравад ва равған боқї мемонад. Ҳамин равған равғани турб ҳисоб меёбад. Аз ин равған ҳар рӯз як ё ду қошуқ бихӯранд, фолиҷ ва каҷ шудани рӯйро сиҳат мекунад, азияти заҳри каждум ва ҷонварони дигарро низ дафъ мекунад. Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, бодҳои даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш садоҳои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ месозад ва дардашро ҳам таскин медиҳад. Агар аз рӯ бимоланд, низ иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад; шахшӯлии пӯстро ислоҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад, доғҳои сафеди пӯст ва песро аз пӯст пок мекунад.