АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Тут ва фоидаи вай

Тут ва фоидаи вай

Тут — Ин меваи маълум аст, ки расидаи он сафеди ширин мебошад.   Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум тар аст ва бисёр ширинаш то дараҷаи дувум гарм аст.

  Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ба майнаи хушк рутубат мебахшад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, ҳоли бади ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, боҳро меафзояд, чарбии гурдаро қувват медиҳад, пешобро меронад, дарунро мулоим менамоад, барои обила (нағзак) ва сурхича (сурхакон) дору мешавад.

тут

  Баргашро ба пучак ва монанди ин решҳо гузошта банданд, зуд онҳоро пазонида мекафонад.

  35 грамм решаашро дар об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, кирмҳои кадудонаро (солитёрро) аз шикам хориҷ мекунад. Ҳамон миқдор решаашро дар 300 грамм об то чоряки об мондан биҷӯшонанд ва он обро бо шакар ё бо асал биёшоманд, барои хафа шудани гулӯ аз хӯрдани гиёҳи заҳрнок ва ё дигар заҳрҳо, девонагӣ, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), дарди камар ва дарди пушт, ки аз ҷамъ шудани хилти хом бошад, багоят фоида дорад.

  Агар баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд ҳам, ҳамин навъ фоида дорад. Бо обе, ки дар он решаи тут ҷӯшонида шуда бошад, гарғара кунанд, дарди гулӯи хафакунанда ва ханозерро шифо мебахшад. Инро кӯфта, гузошта банданд ҳам, ҳамин гуна асар дорад. 28 грамм решаҳои борики онро дар об ҷӯшонида, 75 грамм анҷирро дар ним литр об то нисфи об мондан биҷӯшонанд  баъд ҳардуро якҷо карда, бинӯшанд, хилти савдоро бошиддат дафъ мекунад. Агар решаи тутро дар об ҷӯшонвда, он обро аз рӯ бирезанд, дарди дандонро таскин ва варамҳои калонро таҳлил медиҳад. Бо шилми тут даҳонро чайқонанд, яъне шилми онро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад ва агар бимоланд, варамҳои бузургро мегардонад.

  Оби решаи тутро, ки аз чок кардани он таровиш мекунад, 175 грамм гирифта, бо 25 грамм барги ток ва барги анҷири сиёҳ ва бо каме оби борон дар зарфе андохта, гирди сарпӯшашро ба хамир гирифта, то шашяки об мондан биҷӯшонанд ва баъд бо он мӯйро бишӯянд, ранги пурқуввате мебошад барои сиёҳ кардани он. Инчунин барги шоҳтут бо барги ток ва барги анҷири сиёҳ дар об ҷӯш хӯрда бошад, барои мӯй ранг мешавад.

  Барг ё пӯсти дарахти онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Инчунин шилми тутро низ бихоянд, ҳамин асарро дорад.

  Решаашро кӯфта, дар вақти ҳаммом кардан бо сирко даромехта, ба шаро (аллергия)-и кӯҳна ва решҳои карахшдори раддӣ гузошта банданд, шифо мебахшад.

  Баргашро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба захмҳо ва сӯхтагии оташ бимоланд, нафъ дорад. Ва агар инро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, обила ва решҳои аксари аъзои бадан ва инчунин қӯтури тару хушкро дафъ мекунад.

  Тути хомро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта банданд, кафидагӣ ва тарқидагии узвҳо, щаро ва инчунин танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, кафидагии миёни ангуштон ва пойро зуд ба ибро меоварад.

  35 грамм оби барги тари тутро биёшоманд, заҳри ҷонварони заҳрнок ва аз ҷумла заҳри ғундаро аз бадан дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ — нависанда

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ чун адиби пуркору сермаҳсул дар рушду нумуи насри давраи нави тоҷик …