АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Тӯтиё (дудиё) — хусусияти тиббии он

Тӯтиё (дудиё) — хусусияти тиббии он

Тӯтиё —  асли ин калима тоҷикӣ — дудиё мебошад, вале дар таъсири забони арабӣ монда тӯтиё гаштааст.

tutiyo

  Тариқи гирифтани тӯтиё чунин аст:

  1. Вақти сурбро аз маъданаш бароварда, ҳангоми гудохтан кӯкаи оташдони онро дутабақа месозанд. Қабати якум ҷоест, ки оташ меафрӯзанд. Ба дарозии як ваҷаб аз лойи часпак қаламҳо сохта, хушконида, дар намакоб тар сохта, аз нав хушк карда, сонӣ дар табақаи дувуми кӯраи сурбгудозӣ, яъне бар болои кӯра ин қаламхоро чапу рост монанди чалипо болои ҳам мегузоранд. Баъд дар кӯра ба рӯйи ангишт сурби хомро гузошта оташ меафрӯзанд, то сурби холис гудохта ва ҷудо гардад. Дар натиҷаи бисёр гудохтани сурб дуди он аз кӯра хеста, бо он қаламҳои гилин бархӯрда мечаспад ва ҷамъу шах мегардад. Вақте ки миқдори муайяни дуда ба он қаламҳо бичаспад, он қаламҳоро берун оварда, дудаашро тарошида мегиранд. Ин дударо тӯтиёи кирмонӣ меноманд. Баъд онро ос карда, монанди шустани сурма дар оби оҳак мешӯянду истифода мебаранд.
  2. Тӯтиёи сабз, ки тӯтиёи ҳиндӣ мебошад, ба ин усул тайёр карда мешавад. Мисро бо зоки сафед якҷо сӯхта тӯшёи ҳиндиро ҳосил мекунанд. Ин дар бемориҳои чашм назар ба тӯтиёи якум камтар ба кор меравад. Дар беморихои чашм аксар тӯтиёи кирмониро истеъмол мекунанд.

  Мизоҷи тӯтиёи кирмонӣ, ба қавли Ҷолинус, дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст ва шустааш сардтар дар мизоҷ мебошад. Мизоҷи тӯтиёи ҳиндӣ гарм ва хушк дар дараҷаи чорум мебошад.

  Хислатхои шифобахши тӯтиёи кирмонӣ: ин аз беҳтарин давоҳои чашм аст. Агар инро чун сурма ба чашм кашанд рӯҳи чашмро қавӣ мегардонад ва саломатии чашмро нигоҳ медорад, инчунин

намегузорад, ки моддаҳои зарарнок аз боло ба чашм фуруд оянд. Пошиданаш барои решҳои чашм, бинӣ, закар, зери ноф, мақъад, саратони решгашта ва захмҳои дигар узвҳо дору мешавад: захм, ҷароҳат ва решҳои хӯрандаро сиҳат мегардонад; ба зери бағал бимоланд, бӯйи бади он ҷоро дафъ мекунад. Агар инро бо равғани гулисурх хамир карда бимоланд, захмҳои асабро шифо мебахшад; агар бихӯранд, хун қай карданро манъ мекунад, меъдаи сустро ба ислоҳ меоварад. Хӯрдани ин захмҳои ботиниро шифо мебахшад ва барои захмҳои зоҳирӣ гузошта банданд, онҳоро ба ибро меоварад.

  Пахта ё матоъи нафисро ба тӯтиёи кирмонӣ олонда, ба сӯрохи закар гузоранд, захми роҳи пешобро, ки сӯзок ном дорад, сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷо равонро аз бачадон қатъ мегардонад.

  Вале хӯрдани тӯтиёи кирмонӣ дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Ин хосияти бади он ба воситаи асал хӯрдан ислоҳ меёбад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз тӯтиёи кирмонӣ то 2,25 грамм аст.

  Хислатҳои тӯтиёи ҳиндӣ: ин заҳр аст, бинобар ҳамин онро ба дарун истеъмол намекунанд.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …