Вақте ки Шоҳрух писари понздаҳсолаи худ — Улуғбекро ҳукмрони Самарқанд таъин кард, зимоми ҳокимият амалан дар дасти сипаҳсолори номдор, ҳамразми Темур амир Шоҳмалик буд. Аз вақти ба тахт нишастани Улуғбек дере нагузашта, 20 апрели соли 1410 дигар сипаҳсолори темурӣ, ҳокими Туркистон бо қӯшуни сершуморе ба Самарқанд ҳамла овард. Улуғбек маҷбур гардид, ки ҳамроҳи васии худ фирор намояд. Шоҳрух ба маҳзи воқиф шудан аз ин ҳодиса фавран бо лашкари зиёде роҳи Самарқандро пеш гирифт. Дар муҳориба феодали исёнкор сахт шикаст хӯрда, базӯр ҷон ба саломат бурд, вале пас аз ду сол оқибат кушта шуд.
Ҳокимияти Шоҳрух дар Осиёи Миёна комилан барқарор гардид.
Улуғбек аз тобеият ба васӣ хеле дилгир шуда, ҳар гоҳ ба падари худ арз мекард, ки ӯро аз васотат раҳо намояд. Чун вазъи сиёсӣ ҳам пас хондани Шоҳмаликро талаб мекард (ӯ дар байни ашрофзодагони Осиёи Миёна душмани бисёр пайдо карда буд), Шоҳрух хоҳиши писарашро ба ҷо овард. ҳамин тариқа, аз соли 1411 Улуғбеки ҳафдаҳсола на ин ки исман, балки амалан ҳукмрони Мовароуннаҳр гардид.
Дар ин маврид ҳам ҳокимияти олӣ ҳамоно дар дасти Шоҳрух буд. Улуғбек соле чанд бор барои саҷда ба ҳирот мерафт, доир ба муҳимтарин масоил ҳамеша маслиҳати падарро мегирифт, аз кардаҳояш ба ӯ ҳисобот медод ва ғ. Бо вуҷуди ин, ҳамзамононаш Улуғбекро ҳокими мутеъ ҳисоб намекарданд. Ӯ тақрибан дар ҳар бобат амалан соҳибихтиёр буд, вале корро ба ҷое намерасонд, ки боиси бадгумонии падар ва халалдор шудани муносибати байни онҳо гардад.
Улуғбек дар соли 1414 ба муқобили ҳокими Фарғона — шаҳзода Аҳмад амалиёти муваффақиятноки ҳарбӣ гузаронида, қаламрави ӯро ба мулки худ ҳамроҳ намуд ва пас аз чанде Қошғарро ҳам ба тасарруф даровард. Улуғбекро, махсусан, ӯзбекони қувватгирифта ва Муғулистон ба ташвиш меандохтанд. Аввалҳо ӯ ба гузоштани гумоштаҳои худ дар сари ин давлатҳои кӯчнишин муваффақ гардид, вале баъдтар онҳо торафт аз итоати ӯ баромадан гирифтанд.
Соли 1425 Улуғбек дар ноҳияи Иссиқкӯл ва наҳри Или амирони муғулистониро шикаст дода, ғаниматҳои зиёде ба даст даровард. Санги яшме, ки ба мақбараи Темур истифода шудааст, аз ҷумлаи ҳамин ғаниматҳост.[1] Боз як ёдгории ин воқеа навиштаҷоти дараи Ҷелонӯтӣ (дар роҳи байни Ҷиззах ва Самарқанд) мебошад, ки дар он Улуғбек аз юриши худ ва «аз он мардум сиҳат ва саломат ба ин ҷониб баргаштанашро» хабар додааст.[2]
Аммо пас аз ду сол лашкари Улуғбек аз ӯзбекони бодиянишин сахт шикаст хӯрд, ки ба ин, беш аз ҳама, фориғболӣ ва белаёқатии худи Улуғбек ва сардорони лашкари ӯ боис гардида буд. Ғолибон мамлакатро тамоман ғорат карданд. Шоҳрух бо қӯшуни сершумор ба кӯмаки писараш шитофт. Гунаҳкорони дар ҷанг шикастхӯрда бо калтак ҷазо дода шуданд. Улуғбек аз ҳокимият дур карда шуд. Вале падараш аз рӯи илтифот ҳокимиятро боз ба ӯ пас гардонд.
Баъди ин воқеа Улуғбек дигар ба юришҳои ҳарбӣ сардорӣ накард ва он дастаҳое, ки ӯ ба муқобили бодиянишинҳо равона менамуд, одатан ба ягон муваффақияте ноил намегардиданд. Ӯзбекони бодиянишин на фақат қисмати муҳими Хоразмро ишғол карданд, балки чандин бор ба Мовароуннаҳр ва музофотҳои шимолии Эрон ҳамла оварданд. Умуман, пирӯзиҳои ҷангӣ ба Улуғбек насиб нагардид.
Аз муҳимтарин тадбироти Улуғбек дар дохили давлат ислоҳоти пулии соли 1428 буд. Ин ислоҳот дар бобати ба низом даровардани муомилоти пулӣ ва тиҷорат, ки ба андозае манфиатҳои аҳолии меҳнатиро низ ифода мекард, роли мусбат бозид (доир ба ин ислоҳот поинтар батафсил сухан хоҳад рафт). Зоҳиран, дар аҳди Улуғбек андози замин назар ба давраи пас аз ӯ, яъне нимаи дувуми асри ХV ҳаҷман камтар ситонда мешуд. Аз ҳамин ҷост, ки Давлатшоҳ гуфтааст: «Улуғбек дар замони подшоҳии падари худ — Самарқанд ва Мовароуннаҳр мустақилона ҳукумат кард ва дар умури идора ва адлия русуми шоистаеро риоят намуд».
Улуғбек аз Шоҳрух, ки мусулмони мутаассибе буда, вазифаи асосии худро фақат дар дақиқона ва айнан риоя намудани тамоми аҳкоми шариат ва ба ин амр маҷбур кардани табааҳои худ медонист, аз бисёр ҷиҳатҳо фарқ мекард. Дар шаҳри ҳирот – пойтахти давлати темурии аҳди Шоҳрух қоидаҳои сахт ва зӯҳду тақвои намунавӣ ҳукмфармо буд.
Дар айни замон дар ҳироти онвақта адабиёти бадеӣ ва санъати тасвирӣ хеле равнақ пайдо намуд. Писари Шоҳрух шаҳзода Бойсунқар китобхонаи бузурге сохта, бисёр хаттотони номӣ, котибҳо, саҳҳофон, мусаввирон ва ҳатто мутахассисони соҳаи адабиётро ба ин ҷо ҷамъ овард. Ӯ дар баробари китобати матнҳои қадима ва нодир корҳои матншиносиро ҳам ба роҳ гузошт. Таҳияи матни ҷомеи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар ин китобхона бо амри Бойсунқар анҷом ёфта буд, намунаи чунин иқдоми муҳимест. Ғайр аз ин, ба матни мазкур муқаддимаи мукаммале низ навишта шуд. Ин нусхаи «Шоҳнома» то замони мо расидааст ва дар китобхонаи Теҳрон маҳфуз аст.[3]
Аммо муҳити Самарқанд тамоман дигар буд. Дар ин ҷо ҳатто шайхулислом базмҳое меорост, ки занҳои раққоса ширкат меварзиданд. Рӯзе яке аз пайравони мутаассиби шариат аз ӯ пурсид: «Шайхулисломи беислом, кадомин тариқати дин якҷо нишастан ва бо ҳам нӯшидани марду занро раво медонад?»
Саргарми илмҳои дунявӣ гардидани Улуғбек зиддияти байни ӯ ва аҳли таассубро боз ҳам тезутундтар намуд.
Аввалин мураббии Улуғбек дар овони кӯдакиаш қиссагӯ, шоир ва донишманди маъруф шайх Орифи Озарӣ буд. Баъдтар ӯ устодони дигар низ пайдо кард, ки аз байни онҳо, махсусан Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсиддин шӯҳрати зиёде доштанд. Қозизодаи Румиро «Афлотуни замон» меномиданд. Улуғбек аз адабиёт вуқуфи комил дошт, забонҳои туркӣ, тоҷикӣ ва арабиро ба хубӣ медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам мегуфт, илми мусиқиро омӯхта, дар ин соҳа панҷ рисола таълиф намудааст, ҳамчунин нисбат ба илми тиб майлу рағбати зиёде аз худ зоҳир кардааст. Ӯ дар баҳсу мунозираҳои илмӣ иштирок намуда, ҳозиронро бо зеҳни хориқулодда ва дониши амиқи худ дар ҳайрат мегузошт. Бо вуҷуди он ки ӯ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илму фан маълумоти мукаммалеро соҳиб гардида буд, беш аз ҳама, риёзиёт ва, алалхусус, илми нуҷумро дӯст медошт ва аксари вақти худро ба ин роҳ сарф менамуд. Ӯ тавонист дар андак муддат маъруфтарин мунаҷҷимон ва риёзидонони он замонро ба Самарқанд ҷамъ карда, расадхонаи бо асбобҳои мукаммал таҷҳизонидашударо ба вуҷуд оварад. Самараи асосии кори ин расадхона, ки худи Улуғбек бевосита ширкат намудааст, ҷадвали нави нуҷумӣ мебошад ва он муқаддимаи муфассали назариявист, ки барои ин ҷадвал навишта шудааст.[4]
Бо фармоиши Улуғбек дар Самарқанд, Бухоро, Кеш ва Ғиждувон бисёр биноҳои бузургу мӯҳташам сохта шудаанд, ки мадрасаи машҳури регистони Самарқанд аз ҷумлаи ҳамин биноҳост.[5]
Қатли Улуғбек. Низоъҳои феодалӣ
Улуғбек пас аз вафоти Шоҳрух (1447) муддате чанд шаҳри пойтахтии ҳиротро ҷои истиқомати худ қарор дод. Вале дар ҳамин вақт ӯзбекони бодиянишин ба Самарқанд ҳуҷум карда, шаҳрро ба муҳосира гирифтанд. Бинобар ин, Улуғбек маҷбур шуд ба Мовароуннаҳр бозгардад. Дар роҳ ба дастаҳои душман дучор омада, аз қувваи аскарӣ талафоти зиёде дод. Ин боиси паст шудани эътибори ӯ гардид. Аҳолӣ, аз он ки ҳокимияти марказӣ иқтидори гирифтани пеши ҳуҷум ва ғоратгариҳои душманро надорад, изҳори норизогӣ мекард. Аз ин норизогии мардум истифода бурда, писари худи Улуғбек — Абдулатиф бо таҳрик ва ташвиқи рӯҳониёни иртиҷоӣ исён бардошт. Дар муҳориба Улуғбек тамоман шикаст хӯрда, аз тахти салтанат фуроварда шуд. Ниҳоят, дар охири моҳи октябри соли 1449 Улуғбек на бо розигӣ, балки бо фармони Абдулатиф ба қатл расид.
Абдулатиф дер боз орзуи соҳибӣ кардани тоҷу тахтро дар дил мепарварид. Рӯҳониёни мутаассиби ислом ва шайхони тариқати дарвешӣ, ки Улуғбекро бад медиданд, ин майлу иштиёқи салтанатхоҳии вайро боз ҳам афзунтар мегардониданд. Бо ҳамин қасд Абдулатиф падарашро кушт ва барои тамоман эмин будан аз даъвои тахти салтанат бародарашро ҳам нобуд сохт. Лекин аз байн шаш моҳ нагузашта, худи ӯ ҳам аз тарафи сӯиқасдкунандагони ҳарбӣ ба қатл расид. Пас аз ин муборизаи байни Темуриён бо қувваи нав шиддат ёфт. Аз низоъҳои байнихудии ин хонадон тоифаҳои бодиянишин, ки мавқеи онҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат торафт бештар мегардид, истифода бурданд. Аз аҳли хонадони темурӣ ба Абӯсаид муяссар гардид, ки бо кӯмаки қувваҳои муттаҳидаи тоифаи бодиянишини ӯзбек бо сардории Абулхайрхон ҳокимияти авлоди Мироншоҳро дар Мовароуннаҳр дубора барқарор кунад.
Дар давраи ҳукмронии султон Абӯсаид (1451-1469) ҳаёти илмӣ ва адабӣ рӯ ба таназзул ниҳода, ба ивази он таассуби динӣ ривоҷ гирифт, нуфузи рӯҳониёни иртиҷоъпараст ва пайравони дарвешия беш аз пеш афзуд. На фақат Самарқанду Бухоро, балки тамоми Мовароуннаҳр аҳамияти худро ҳамчун мамлакати пешқадами шарқ аз даст дод.
Мавқеи дарвешияи иртиҷоӣ ба дараҷае баланд гардид, ки давлати Темуриён қариб тамоман дар зери итоати шайхи тариқати дарвешӣ, феодали хеле калон Хоҷа Аҳрор қарор гирифт. Метавон гуфт, ки ҳукмронии чилсолаи Улуғбек ба ҳукмронии чилсолаи Хоҷа Аҳрор – яке аз тиратарин симоҳои таърихи халқҳои Осиёи Миёна иваз гардид.
Дар миёнаи асри ХV барои соҳиб шудан ба ҳокимияти олӣ дар Хуросон муборизаи шадид мерафт. Абӯсаид муваффақ гардид, ки тахти ҳиротро ба даст дароварда, сарзамини паҳновареро аз Тиёншон то Бағдод ва аз дашти Қирғиз то дарёи ҳинд ба зери ҳокимияти худ дароварад. Аммо ин иттиҳод аслан фақат дар зоҳир буд, зеро ба муқобили ҷудоихоҳии феодалони калон, ки амалан соҳибони комилҳуқуқи ноҳия ва вилоятҳои тамом ба шумор мерафтанд, мубориза кардан имкон надошт.[6]
Муаррихи он замон Абдурраззоқи Самарқандӣ дар бораи то чӣ андоза қувват пайдо кардани майлҳои ҷудоиталабии онвақтаи феодалӣ, хусусан дар Хуросон, ба тариқи зайл нақл менамояд: «Аҷибтар аз ҳама ин ки ҳар як қалъаи дар он ҷониб воқеъшуда мулки ягон саркардае ҳисоб меёфт».
Мовароуннаҳр аз соли 1469 ба дасти фарзандони султон Абӯсаид гузашт ва Хуросон ба ихтиёри авлоди Умаршайх қарор гирифт. Бузургтарин намояндаи ин хонадон Султон ҳусайн ибни Мансур ибни Бойқаро буд, ки дар ҳирот ҳокимияти қавии худро барқарор намуда, муддати чил сол салтанат ронд.[7]
[1]Массон М. Е., 1948.
[2]Лерх П. И., 1870, с. 26.
[3]Бартольд В. В., 1964 г, с. 120-121; Ромаскевич А. А., 1934, с. 14; Якубовский А. Ю., 1946, с. 20-21; Бертельс Е. Э., 1960, с. 169-170.
[4]Массон М. Е., 1941; Rорӣ-Ниёзов Т. Н., 1950; Шишкин В. А., 1953: Вороновский Д. Г., 1965; Rорӣ-Ниёзов Т. Н„ 1965; Сироҷиддинов С. Х., Матвиевская Г. П., Шишкин В. А., 1965.
[5]Пугаченкова Г. А.,1965.
[6]Дар аҳди Абӯсаид ҳамаи вилоятҳои uарбии Эрон аз Озарбойҷон то соҳилҳои уrёнуси {инд, ки пештар як rисмати давлати Темур ҳисоб мешуданд, ба дасти сулолаи туркмани Rараrуюнлу даромаданд. Дар соли 1458 Ҷаҳоншоҳ ҳатто кӯшиш кард, ки {иротро забт намояд, вале ба ин муваффаr нагардид. Соли 1459 дар байни ӯ ва Абӯсаид муоҳидае баста шуд, ки бар тибrи он rисмати uарбии Эрон бар таҳти тасарруфи Ҷаҳоншоҳ монда, Хуросон ба ихтиёри Абӯсаид гузашт. Абӯсаид пас аз марги Ҷаҳоншоҳ хост ҳокимияти давлати Темуриёнро дар uарби Эрон дубора барrарор намояд, лекин ба чунин нияти худ расида натавонист: дар яке аз муҳорибаҳо ба дасти душмани худ асир афтода, кушта шуд (1469). Ба ин тариrа, rисмати uарбии Эрон ҳамоно дар дасти сулолаи Rараrуюнлу боrӣ монд.
[7]Бартольд В. В., 1964 е; Якубовский А. Ю., 1946.