АСОСӢ / Ҷаҳон / Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард долларро ташкил додааст

Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард долларро ташкил додааст

Ҳаҷми умумии сармоягузории  Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар ин бора Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар ин кишвар зимни суханронӣ дар нишасти ҳамоиши байналмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” хабар дод.

«Ҳаҷми умумии сармоягузории ҷамъшуда аз Русия, тибқи омори Тоҷикистон, 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан 900 миллион доллари он сармоягузории мустақим аст», — гуфт ӯ.

Намояндаи савдо гуфт, дар Тоҷикистон 330 корхона бо иштироки Русия фаъолият мекунанд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар Душанбе муаррифии шароит ва имконоти фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкориҳои ширкатҳои ватанӣ бо сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Дар форум намояндагони беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Инчунин хонед инро

W1XDCzYjTyZFKUPKP1MfGui6qsKfWFFU

Намоишҳои эътирози дар саросари Русия сани 23-юми январ баргузор шуданд

Рӯзи 23 январ дар Русия барои пуштибонӣ аз Алексей Навалний ва дигар маҳбусони сиёсӣ тазоҳурот …