Ин ду хел аст: сафед ва сурх. Қисми сафеди хишти пухта он аст, ки онро дар қӯраи оҳакпазӣ мепазанд. Қисми дувум хишти сурх аст, ки онро дар хумдони хиштпазӣ мепазанд ба ин тариқ. Як қабат ҳезуми хушк ё саргини хушки гов ва ғайра гузошта, аз болои он хишти хоми хушкро пай мечинанд. Аз рӯйи он боз ҳезум меандозанд ва бар болои он боз хишт пай чида ваҳамин тариқ чанд қабат, ки хоҳанд, ҳамчунин таҳ бар гаҳ сохта, ҳезумҳоро оташ медиҳанд, то ки ҳезум батамом бисӯзад ва ҳамаи хиштҳо пухта гарданд.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дувум гарм ва дар чорум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хишти пухтаи сафедро, ки об нарасида бошад, дар оташ монанди ахгар сурх кунанд ва баъд онро ба он миқдор об андозанд, ки об ба ҷӯш ояд. Сонӣ чодаре ё кампале бар сар гирифта, сарро ба оббухори он бидоранд, то он ки арақ ояд. Ин барои дур кардани моддаҳои зарарноки майна, ки сардмизоч бошанд, назлаҳои кӯҳна, ки касро хдмеша бемор медоранд, инчунин дарди сари дерина — барои ҳамааш давои бемисл мебошад, ки ин дар муддати асрҳои дароз озмуда шудааст. Агар ин хиштро бо намак якҷо кӯфта, бо сирко хамир карда гузошта банданд, сабӯсаки сарро нест мекунад.
Ин хишти пухтаи обнадида ё порчаеро аз он, хусусан, ки сафед бошад, дар оташ гарм карда, қадаре об ё шароб ба он пошида, дар миёни як намад ё кӯрпаи пахтадор печонида, ба узве, ки аз сардӣ ё аз зиёд гаштани моддаҳои хунукмизоҷ газак гирифта ё аз бод пайдо кардан дард мекарда бошад ва ё ба мавзеъи бавосире, ки дарди шадид дошта бошад, гармбандӣ кунанд, он узв арақ меоварад, бо ин восита моддаҳои сардмизоҷи онро дафъ мегардонад, дарди шадиди онро таскин медиҳад ва худи бавосирро гудохта нест мекунад. Агар онро кӯфта, бо оби гӯраи ангур хамир карда гузошта банданд, дона ва обилаҳои дар пӯст пайдошударо шифо мебахшад ва намегузорад, ки дигар ба беруни пӯст зада бароянд. Агар инро бо саргини тари гов хамир карда, ба варамҳо, доначаҳои беранги дар пӯсти бадан пайдошаванда, истисқо (водянка)-и обӣ, истисқои гӯштӣ ва сустии ҷигар, ки касро аз корубор бозмедорад, гузошта банданд, шифо мебахшад.
Хишти пухтаро кӯфта, ба ҷароҳатҳо бипошанд, хунашро аз рафтан манъ мекунад. Ҳар гуна хишти пухтаро, ки оташ бар он нарасида бошад, гарм карда, нишастгоҳи худро бар болояш бидоранд. исҳолро, ки аз зиёд гаштани рутубат бошад ё дар натиҷаи афзудани боди сардмизоҷ сурат гирифта бодпад, ё бавосири дарднок пайдо шуда бошад, таскин медиҳад. Агар ба он хишти гарм равғани гулисурх бирезанд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад. Чун ду хишти пухтаи обнадидаро ба ҳамдигар бимоланд ва гардеро, ки аз ин соиш пайдо шуда бошад, ба узве, ки аз сардӣ дард кунад ва варамида бошад, аввал асал бар он молида, баъд он гардро аз рӯяш бипошанду дар офтоб нишинанд, дард ва варами онро дафъ мекунад.
Табибони ҳозиқ инро озмудаанд, ки агар хишти пухтаро реза карда, дар дӯғи гов андозанду як шаб ҳамон тавр гузоранд, пагоҳӣ он дӯгро соф намуда бинӯшанд, захми кӯҳнаи сиҳатнашавандаро шифо мебахшад.
Аз хишти пухта равған ҳам тайёр мекунанд. Ин равғанро бинобар манфиати баланд ва бисёр доштанаш равғани муборак ҳам меноманд. Санъати тайёр кардани ин равған ба ин тариқ Хишти пухтаи сурхи обнадидаро ба андозаи санҷид реза-реза мекунанд. Баъд онро дар оташ сурх гардонида, ба даруни равғани зайтун меандозанд, то он ки равғанро ба худ ҷазб кунад. Сонӣ онро аз равған берун оварда, кӯфта, дар колбае, ки гили бӯта андуда шуда бошад, пур мекунанд. Дар гулӯи колба нахи зағирпоя ё лифи канаф ҷо мекунанд. Баъд дар як табақи фулузӣ, ки миёнаҷойи табақ барои гулӯи колба сӯрох дошта бошад, колбаро сарозер ва гулӯи онро ба сӯрохи табақ ҷо мекунанду ба зери даҳани колба қиферо мегузоранд ва дар зери қиф зарферо ҷо медиҳанд. Баъд дар табақ аз атроф ва болои колба ангишт гузошта, оташ медиҳанд. Аз гармии оташ дар колба кӯфтаи хишт тафсида, равғанро берун медиҳад ва дар гулӯи колба равған аз нах гузашта софшавон ба даҳани қиф мечакад ва аз қиф ба зарфи поёнӣ меояд.
Мизоҷи ин равған бағоят гарм аст, зуд таъсиркунанда, таҳлилдиҳандаи варамҳо ва парокандакунандаи моддаҳои зарарнок дар бадан мебошад ва арақ меоварад. Агар аз он 4,5 грамм бихӯранд, сангҳои хичакро майда карда мерезонад, пешобро равон мекунад ва тамоми бемориҳои аз сардӣ суратгирифтаи хичакро нафъ дорад, кирмҳои дар меъда ва рӯдаҳо пайдошударо мекушад; барои дарди аз хунукӣ ба амаломадаи рӯдаҳо, бод ва боднокшавии ботинӣ ва зоҳирӣ давои хубест. Қуввати заҳрҳо, аз ҷумла заҳри каждумро мешиканад. Ба миқдори дар боло гуфта бихӯранд, барои иллатҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, нотавон гаштани узвҳо, ирқуннасо (радикулит) ва дарди буғумҳо шифо мебахшад, инчунин хуни дар ягон ҷойи бадан шахшударо мегудозад.
Агар ин равғанро ба чашм кашанд, аз боло фуромадани зардобро, ки гавҳараки чашмро тира мегардонад ва соҳибаш аз ин кӯр мешавад, дафъ мекунад ва дар ин амал бемисл аст. Агар ба он равған пахтаеро олонда ба даруни мақъад бардоранд, хуни бавосирро, ки банд шуда бошад, мекушояд, донаи бавосирро меафтонад, кирмҳои рӯдаи ростро мерезонад. Агар ҳамин тавр пахтаро ба ин равған тар карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшудаи онҳоро мекушояд, бачаро аз шиками ҳомила меафтонад, хоҳ мурда бошад ё зинда, инчунин ҳамроҳаки (ёраки) тифлро низ зуд берун меоварад. Агар ин равғанро ба пушти сар бимоланд, нисён (фаромушхотирӣ)-ро шифо мебахшад. Ин равғанро дар бинӣ чаконанд, бемории саръ (припадка) ва нисёнро сиҳат мебахшад. Агар инро ба дандонҳо бимоланд, кирми дандонро мекушад, дардашро ҳам таскин медиҳад, инчунин ба решҳои бадфиол бимоланд, онҳоро дафь мекунад.
Ҳар рӯз аз ин равган ба микдори 4,5 грамм бихӯранд, иллати саръро нест мекунад. Ва чанд қатра аз ин то чанд рӯз ба даруни бинӣ бичаконанд, низ аз иллати сар наҷот меёбанд. Агар инро ба даруни бинӣкашанд, барои фолиҷ фоида дорад. Агар инро дар гӯшчаконанд, гаронии гӯшро бартараф менамояд. Инак, агар инро дар бинӣ бикашанд, бемориҳои аз сардӣ баамаломадаи бинӣ ва майнаро сиҳат мебахшад.
Аммо ин равғанро бесабаб ҳӯрдан ҷоиз нест. Зеро ба меъда зарар дорад, дар ин ҳолат сирко нӯшида ислоҳ метавон кард.